Муҳоҷират хатар ба амнияти миллист

Сиёсат 12.01.2013 09:17

Ё чаро Амирқул Азимов, вакили МН ва собиқ дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон тарафдори муҳоҷират аст?

Amirqul AzimБо вуҷуди маълумоти кофӣ доштан аз паҳлуҳои гуногуни муҳоҷират ва шоҳиди бевоситаи мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ будан (шахсан борҳо одитарин ҳуқуқи муҳоҷиратиам нақз шудааст- Ҷ.Қ.), намехостам ёде аз он азобҳо кунам ва дубора ин захми носурро ба дард орам. Касе, ки бевосита шоҳиди ин гиру дорҳо бошад, хуб дар ёдаш нақш бастааст, ки муҳоҷират чист ва чӣ қадар машаққатеро дар пай дораду ба ҷой гузоштааст ва дигар ҳеч мадраку далели коршиносе лозим нест.

Вале мутолиъаи мусоҳибаи вакили порлумон, Амирқул Азимов дар ҳафтаномаи "Вечёрка", гарчанде дар авоили соли 2012 иттифоқ уфтода буд, ба унвони (Амирқул Азимов: "Миграция - естественный процесс, и я её поддерживаю"), маро водор намуд, то чанд ҷумлае дар ин росто навишта кунам. Мавсуф аз раванди муқаррарӣ будани муҳоҷират ёдоварӣ намуда, чанде иқдом ва вазифаҳои Хадамоти муҳоҷиратро зикр намуда, аз ҷумла нигоштааст: "Так что, моё личное мнение о миграции, что это естественный процесс, и я его поддерживаю. А мигрантов не надо лицемерно жалеть".

Бо ҳифзи эҳтироми шахсияти вакили муҳтарами Маҷлиси намояндагон ва дабири собиқи Шӯрои амнияти миллӣ зарур медонам чанд маврид мулоҳизоти худро дар ин робита баён намоям.

Раванди муқаррарӣ будани муҳоҷиратро касе муайян намекунад ва навобаста аз майлу хоҳиши коршиносон, мардуми одӣ ва фақир рӯ ба ин раванди муқаррарии маҷбурӣ меоранд, ки ҳоҷат ба тафсиру таҳлили ҳеч таҳлилгар ва олиме надорад. Ин раванд дар кишварҳое, ки иқтисодашон аз по меуфтад, роиҷ аст ва маҳз сатҳи пасти иқтисодӣ ва гунаҳои зиёди мушкилоти иҷтимоъӣ одамонро маҷбур месозад, ки аз бекорию ноилоҷӣ сарозер ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қавитар шаванд. Ҳеч роҳи дигаре барои интихоб надоранд, ба ҷуз аз муҳоҷират намудан барои пайдо кардани кор ва ё ба гуфти "мутахассисони соҳа", рӯ овардан ба ин "раванди муқаррарӣ". Вагарна кӣ мехоҳад ва киро маъқул аст, ки солҳо дур аз зодбум ва зану фарзанди худ, дар кишвари ғайр ба сар бубарад? Рӯзи рахти сафар бастан ба муҳоҷират сахттарин ва сиёҳтарин лаҳзаест барои муҳоҷир. Ба гуфти шайх Саъдӣ алайҳираҳма: "Аз санг нола хезад рӯзи видоъи ёрон". Таҳаммули азобу машаққат, бардошти ҳама анвоъи таҳқир ва дар вагону таҳхонаҳо ба сар бурдани муҳоҷирони корӣ ба хотири таъмини иқтисодии хонавода ва фарзандонашон аст. Онҳо низ инсонанд ва ин ҳама таҳқирро медонанд, вале номусашон намегузорад, ки зану фарзандонашон дар ватан бе сарпаноҳ ва бе бурдаи нон бимонанд.

migrantyЗиёда аз 1 млн. тоҷик ҳамасола дар кишварҳои ғайр дар муҳоҷират ба сар мебаранд (ахиран Хадамоти муҳоҷирати Русия шумораи расмии тоҷикони муҳоҷирро 1 млн. 60 ҳазор унвон кард) ва ба замми ин бори 5-6 млн. нафари дигарро ба дӯш мебаранд. Интиқоли зиёда аз 3 млд. доллар дар як сол натиҷаи заҳмати сангини онҳост. Агар 3 млд. доллар барои Тоҷикистон фоида расонида бошанд, ин ҳадди аксар 50% меҳнати муҳоҷирон аст. Аз ин бештар фоида ба кишваре мерасад, ки муҳоҷирпазир аст. Фаъолияти ҳама соҳоти зиндагӣ, хусусан фаъолияти бонкҳо ва соҳаи маъорифу тандурустии Тоҷикистон бастагии сахт ба пули муҳоҷирони корӣ дорад. Таҳлили ин мавзуъҳоро ба шакли пурратар наметавон дар як мақола ҷо кард, чунки шарҳи муфассалро мехоҳад. Ин хуб аст, ки барои кишвар солона 3 млд. доллар фоида мерасад. Аммо касе аз мутахассисон ва касоне, ки худро бо таври сунъӣ мутахассиси соҳаи муҳоҷират мепиндоранд, боре ҷиддӣ сари ин масъала андешидаанд? Касе намепурсад, ки ин миқдор пул бо чӣ заҳматҳое ба даст омадааст? Оё касе аз зарари пайомадҳои манфии муҳоҷирати корӣ чизеро қоил аст? Оё боре андешидаем, ки ин миқдор пул ба ивази саломатии зиёда аз 1 млн. нафар одам ба даст омадааст? Чаро фақат аз фоидаи муҳоҷират мегӯему аз зарару зиёне, ки муҳоҷирати корӣ дорад, камтар фикр мекунем?

Имрӯз зарур аст, ки аз зарари муҳоҷират низ барои ҷомеъа чизе гуфт ва андешид. Аз ҳама имкониятҳо истифода намуда, пеши роҳи ҷараёни бемайлони муҳоҷирати кориро боястӣ гирифт. Солҳо дур будани мардҳо аз оила магар барои ҷомеъа зарар нест? Даста - даста ҷавонони аз тарбияи падар бенасиб барои оянда оё хавфнок нестанд ва фардо дарди сари ҷомеъа нахоҳанд шуд? Дар вагону таҳхонаҳои намноку сард зиндагӣ кардани муҳоҷирон ба саломатии онҳо ҳаргиз бетаъсир намемонад. Солҳо дар Русия ва дигар кишварҳо ба сар бурдани муҳоҷирон ва ҳамхоба гаштан ба занҳои ғайру сироят ёфтан аз касалиҳои сифлису ВИЧ СПИД ва билохира бо чунин "раҳовард" озими ватан шудан ва зану фарзандонро аз ин касалиҳои бедаво сироят кардан магар аз фоида дида зарараш беш нест? Пайваста дар ҳолати тарсу ваҳм ва стресс будани муҳоҷирон, ки ба ҳолати равонии онҳо ва бадтар ба фарзандон сироят мекунад, пайомадҳоеанд, ки болои онҳо андешаи амиқ бояд кард. Рӯйдодҳои замони ахир байни мақомдорони тоҷик истеъдодҳоеро кашф намуд. Бино ба натиҷагирии нашрияи  "Азия - плюс" нигариши А. Азимов ба муҳоҷират, ғамхории Б. Зуҳуров аз андозгурезии Фейсбук, фатвои Ғ. Авзалов дар бораи риш ва адвокатии С. Абдулқодирзода роҷеъ ба зиндонҳо, намунаи ин истеъдодҳо мебошад. Беҳтар ин аст, ки масоили ҳар соҳаро мутахассиси ҳамон соҳа ба риштаи таҳлил бикашад. Вакилони муҳтарам агар ба таъсиси як маркази илмии омӯзиши масоили суду зиёни муҳоҷират мусоидат мекарданд, беҳтар мебуд, то ба ҳангоми ибрози назар ва таҳлил дар соҳае, аз мушкилоти он раванд ого-ҳии камтаре надошта бошанд? Чӣ маъно дорад ибораи "…А мигрантов не надо лицемерно жалеть"? Ҳар кас бар ин бовар бояд бошад, ки ҳатман муҳоҷиронро бояд "жалеть" кард. Ва бояд "жалеть" кард, вагарна ҷомеъаи тоҷикро "жалеть" накардаем.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97