Буҳрони шахсият

Сиёсат 10.01.2013 12:56

Ба истиқболи интихоботи президентӣ дар ҶТ

buhroni ShakhsiytИнсон ҳамчун манбаи (кони) душворкоркарди "тилло" ва "уран" дар болои замин мебошад. Дар ҳолатҳои буҳрони экзистенсионалӣ (вақте ки одам ҳамчун саркоргардони "театри ҷаҳонӣ" мавқеи худро аз даст медиҳад) тамошочии Театри Калон на фақат ниёз ба "афиша"-и саривақтиву таъмини оромӣ дар вақти танаффусро дорад. Ҷараёнҳои босуръати глобалӣ аз инсон талаб менамоянд, то ӯ зирак, ташаббускор, масъулиятшинос, мустақил (на ин ки кай борон мебораду...,), қавиирода ва ороста аз матои фавқулқобилияту ҷавоҳироти гуманистӣ бошад. Тавлиди чунин шахсиятҳоро Тоҷикистон бояд дастгирӣ ва муборакбод намояд. Сухан дар бораи он меравад, ки инсон берун аз ҳудуди аҷдодиву миллии худ нуфуз ва имкони таҳмил ва корбасти андешаи солими худро дошта бошад. Инсони дорои сифатҳои дар боло гуфташуда бояд дар ҳар имконият кӯшиш ба ҳалли масъалаҳои кишвари худ бикунад. Бояд аз болои меъёрҳои хурофотӣ нодида гузорад ва берун аз ҳудудҳое, ки Х(икс) ва У(игрик)- и низоми байналмилалӣ муайян менамояд, тамрини шабонаи "асптозӣ" намояд.

Дар таърих мисолҳои зиёдеанд, ки инсонҳои зирак дар нозуктарин лаҳзаҳои раванди ҷаҳонӣ барои миллати худ (бо роҳи ҳила, зурӣ, огаҳии таърихӣ, харидагириву никоҳҳои сиёсӣ) барои гардиши абадӣ дар "бонкҳо"- и бозиҳои геополитикӣ "қоғазҳои қимматнок"-и худро гузоштанд, ки имрӯз ҳамватанонашон аз дивиденди он бархурдоранд.

Иқлими хурофотии Осиёи Марказӣ барои парвариши "инсони байналмилалӣ" мусоидат карда наметавонад. Тоифае, ки бунёди институти тайёркунандаи "ғуломи дипломдор", яъне гаҳвораро фикр карда баромаданд, аз худ тезисеро ёдгор гузоштанд, ки гӯё кӯдак ҳангоми фиғони гӯшхарошаш гуфтан мехоҳад, ки горизонти (паҳно) байналмилалӣ ба андозаи гаҳвораи ӯст. "Инсони байналмилалӣ" ин дорандаи шуур, қобилияти истисноӣ, арзишҳо, огаҳии фавқулода, қобили фаъолияти пурсамари гуногунҷабҳаи берун аз кишвари худ мебошад.

Мумкин аст худ аз худ саволе ба миён биёяд, ки инсон чист? Кист? Моҳият аст ё арзиш? Мусофир дар қатори вақт аст ё чизи дигар? Сифат бояд бошад ё миқдор? Оё дар батни модар ба ӯ уҳдадориҳо (миссия) вобаста карда мешавад ё на?

Дар паҳнои Осиёи Марказӣ аъзои "Римский клуб" Ч. Айтматов тавонист, ки унвони "одами минтақавӣ"-ро (яъне, дар қитъаи Осиёву Аврупо) шарафёб гардад. Шуҳрати ҷаҳониву ҷаҳонбинии қаламии ӯ аз ғулғулаи физикии оламшинохтаҳое чун Сахаров ва Эйнштейну Бор камӣ надошт, аммо ӯ аз он истифода бурда натавонист. Хушбахтона ӯ қолаби адабии худро дар адабиёт дошт ва имрӯз шахсоне, ки бори аввал китоб ба даст мегиранд ва ба зуҳуроти манкуртгардонӣ (дар қиёс бо зулми шуравӣ монандӣ дорад) шинос мешаванд, онҳоро ҳам ба ваҷд ва ҳам ба ноумедӣ наоварда наметавонад.

Пас аз он ки Русияи подшоҳӣ дар ҷанги Русу Ҷопон дар соли 1905 мағлуб гардид, бо фишангҳои бе нуқтаи марказиаш (он замон дипломатияаш дар миқёси байналмилал заъиф шуда буд) аз ғурури ҳудудтасарруфкунӣ даст намекашид ва дар лаби наҳр ҳангоми "моҳидорӣ" аз ҷониби командаи Ленини ҷинояткору авантюрист бо мақсади нобудсозӣ ба об тела дода шуд. Русия, ки аз ҷанг хаста берун шуда буд қобилияти мустақилона оббозӣ карданро аз даст додаву ғарқ гардид. Пас аз инқилоби Октябр озодии тираи ба худ хоси халқиятҳои Осиёи Миёна тӯли 70 сол "ях баст". Институтгаҳвораи халқиятҳои манкуртшуда донишҷӯёнеро тарбия накард(ба ғайр аз ду се нафар шоиру нависандаи "миёнаҳол"), то ки яхҳои иродарабояндаро "долбить" намоянд. Аз Айтматов ба он хотир ёдовар шудам, ки ӯро на модари ранҷуру носолим, балки яҳудизан тарбия кардааст  (татбиқи намунаи олии тарбия), ки нуги риштаи шуҳрату ҷаҳонбинии ӯ аз дасти ин доя сарчашма мегирад.

Шахсият сохтан дигар асту давлат сохтан дигару масҷиду академик сохтан дигар аст. Давлати бешахсият ҳамчун хӯроки бенамак (ёдноккардашуда) дар "меню"- и ошхонаҳои ҷаҳонӣ рақобат карда наметавонад. Агар ҳар сари 5 сол дар кишвар 5 то академик рӯ бизанад, ин маънои онро надорад, ки мо соҳиби "радарҳо"- и илмӣ шудем ва алвонҷи ливои ифтихорро барои  чанд марҳилаи минбаъда таъмин кардем. То пайдо шудани системаи комили муносибатҳои байналмилалӣ дар асрҳои 17-18 дар таҷрибаи ба даст овардани иқбол "завоевание" бо маънии томаш истифода бурда мешуд. Давлати Сомониён ҳудудҳои калону имкониятҳои фаровон дошт, аммо мардони хонавода курси олии "эффективное управление"- ро нагузашта буданд (ҷое, ки хурофоти динӣ ҳукмфармост зиракии сиёсиву дарки равандҳо ва геополитика мутлақо имконнопазир аст) ва яқин аст, ки зиракии сиёсиву малакаи истифодаи бузургиҳои математикиро (координатаҳо) доро набудаанд.

Пас чунин таассуроте ба миён меояд, ки шояд дар таърих  "дасти ноаёни этногеополитикӣ" вуҷуд дорад, ки ояндаи халқҳоро дар болои бозитахтаи нарду шоҳмот муайян менамояд. Ин даст рамзан пас аз 1000 сол сарамонро сила намуду ба миёни куҳҳои феълӣ овард. Ғафлат ва ноуҳдабароии  таърихиамонро ба назар гирифту ҳудудҳои неъматофаринамонро ҳамчун қиморқарта дар бозии "казинои сиёсӣ"- и мустамликадорӣ барои мабодо пинҳон кард. Дар вақти тақсимотҳои ҷаҳонӣ таърих, забон, ҷуғрофиё ва ғурури халқҳо ба назар гирифта мешавад, ки мо дар тақсимоти ниҳоӣ қурбони забон ва ҷуғрофиё шудем, ки дар он камақлӣ ва  "танқисӣ"- и шахсиятҳо ба мушоҳида расид.

Имрӯз Тоҷикистони донишҷӯи (21 сол дорад) нисбатан хушбахт, гарчанде ки дар обанбори сермоҳии "моҳидорони геополитикӣ" қарор дорад, метавонад бо воситаи сарбанди дарё берун биҷаҳад ва "имтиҳони давлатӣ" аз фанни  "гимнастикаи геополитикӣ"- ро комёб супорад. Хуруҷи нируҳои НАТО дар соли 2014 аз хоки ҳамсоякишвар ва номуросогии эҳтимолии моҳидорҳо ба тирашавӣ ва паст рафтани сатҳи об оварда расониданаш мумкин аст ва бояд Тоҷикистон масъалаи ҷаҳиш ва ё ба кадом самти бехатари соҳил рафтанро муайян намояд.

Тарбияи шахсиятҳо аз идоракунии давлату миллат душвортар аст. Ҳар боре, ки сухан дар бораи миллат меравад, маҳбути олмониҳо мешавам, ки кадом омил онҳоро хор шудан намемонад. То соли 1871 қисман дар ҳайати "княжеств" (бекигариҳо, - С. Н.) зиндагӣ мекарданд, ки дар назди хатари ҷангҳои ҳудудӣ тобеи иродаи Бисмарк шуданд ва аз ҳамон замон нисбатан куратории сиёсати (вазни сиёсӣ аз рӯи ҳудуд муайян мешавад -С. Н.) ҷаҳониро бар дӯш доранд. Тоҷикон, ки 1000 сол пароканда буданд, немисҳо 14 соли таҳқири сулҳи Версалро бахшида натавонистанд, ки натиҷаи он ҳузури натсизмро тезонид ва ҳаракати ногузири глобалии корвони ҷавоҳиротҳои демократиро ба таъхир андохт, вагарна худи Олмон метавонист аз ҳисоби сатҳи олии саводнокии аҳолиаш  бо роҳи демократиясозӣ биравад ва падар -  тарғибгари  демократияи ориёӣ бигардад. Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ се шахсият тавонистанд шарафи пештараи миллати дар болои харобаҳо мондаро барқарор бикунанд. Инҳо иқтисодчӣ Л. Эрхард, файласуфи беҳамто К. Ясперс ва шахсияте, ки дар ҳақиқат тавонист бо хислатҳои истисноии маккориву чолокияш (дар мо таги пӯст даромадан мегӯянд-С.Н.) дар як муддати кутоҳ бо роҳи ҳамдилии сиёсӣ ҷои миллати худро дар гирди мизи оилаи миллатҳои аврупоӣ таъмин намояд, Конрад Аденауэр, канслери Олмон буд. Охирин қадами тасхиркунандаи миллати "ҷабрдида" дар асри гузашта, ин дар вақти ҳамроҳшавӣ 20,7 млрд доллар қарзи ГДР(Ҷумҳурии демократии Олмон)-ро, ки дар соли 1971 1,4 млрдро ташкил медод, ба уҳда гирифтанд.

Иқтисодчии беназири австриягӣ Ф. Хайек дар асари безаволи худ "Роҳ ба сӯи ғуломӣ" равшан карданӣ мешавад, ки кадом хусусиятҳои немисӣ дар 60 - 70 сол то натсизм инкишофи "сарбафалак"-и Олмонро вусъат дод. Дар мо чӣ?  Камбудии мо дар он аст, ки насли даврони истиқлол пас аз як сол соҳибкасб мешаваду мо ҳоло ҳам ноомади корро маҳсули ҷанги шаҳрвандӣ медонем. Дар ҷараёни омодаи ҳамл шудани тухми чунин шахсиятҳо дар батни модари азобдидаи тоҷик, ки 70 сол барои дахмасаҳои бунёди муқобилистии идеологӣ заҳмат кашид, гӯё нозире масъули назорати ҷараёни тавлиди "шубҳанок" аст. Мунтазир ва хушбини онем, ки шояд ин тухмҳо ба ҳайси захира барои рӯзҳои номуборак нигоҳдорӣ шуда буданд ва феълан ба "истеҳсолот" рухсат дода шудаанд.

Агар мо президент Раҳмонро бо ҳама сифату хидматҳову моҳияташ "разряд"- и шахсиятро муносиб бидонем, пас таъсири ҳамаи насиҳатҳову кӯшишҳои ӯ куҷо рафта истодааст? Гӯшҳои "шунаво"-и мо аз ҳарду тараф сурох ҳастанд, пас сабаб то андозае дар шунавоии мост.

Асабтораи масъули сутунмуҳраи миллат вазифаи бевоситаи худ, ҳамоҳангсозии ҷараёни ба ҳам овардани бофтаҳои  масъулият, қатъият ва виҷдонро дар хун рамзӣ иҷро карда истодаасту халос. Суръатқуттии тоҷикӣ дар вақти ҳаракат ҷойгоҳи шахсияти зиракро дар вақти интихоби "задний ход" ҳам фаромӯш карда истодааст, ки оинаҳои "истеҳсол"- и глобализатсия шаффофияти дилпурро кафолат дода наметавонанд, яъне ки гоҳ гоҳ каҷнамоӣ мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки мо дар марҳилаи глобализатсия қарор дорем, ки шахсият ва миллати ноустувор, нокомил, бемасъулият ва камсаводро ё "диверсия" ва ё маҳлул карда таҳшин менамояд, яъне, ки ё ба ҷаҳони якум мекашад ё ки ҷаҳони нав,- ҷаҳони чорумро (Ливия, Афғонистон, Сомалӣ, Ироқ, Миср наздик карда истодааст- С. Н.) ба вуҷуд меорад, ки дигарбора имкони сулҳ дар ин манотиқ аз эҳтимол дур аст. Ақрабаки "датчик"- ҳои миллат, ки аз металпораҳои динӣ истеҳсол шудааст, дар танааш гароновезаҳои хурофотӣ дорад, ки дар вақти ҳаракат дар шоҳроҳи глобалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои оддӣ нест, ки аҳён   аҳён моро ба ғафлат гирифта, дорад дучори садама мекунад. Замона ҳар рӯз як маротиба тағйир ёфта истодаасту муаллими мо ҳамон воизу отуну муллои бесавод аст.

Бузургтарин шахсияти давраи нави Фаронса Албер  Камю (фарзия ҳаст, ки хадамоти махсуси шуравӣ ӯро нобуд кардааст- С.Н.) чунин мегӯяд, ки "Инсон туъмаи он афкоре (равияҳои хурофотӣ) мешавад, ки ӯ онро кӯр-кӯрона парастиш мекунад".  Агар идеологияи ҷонхароши тоталитарӣ нописандиҳои ифротӣ кард, пас бо ба даст овардани истиқлол приват - дотсентҳои мазҳабии мо баромади дарси семинарии (машваратӣ) моро дар минбари электрикӣ гӯш карданд. Шайтонро аз ҷанги шаҳрвандии мо шармаш омаду ба рухсатии бемуҳлат баромад ва то соли 1997, то замоне ки сулҳ имзо нашуд(дигар илоҷу машваратчӣ набуд) ба кор набаромад.

Халқе, ки динро аз одату аз жанри мусиқӣ фарқ карда наметавонад, ба ӯ талқини маҷбурии  "аз дузахиён бипурс, ки аъроф биҳишт аст" ғуломиродагиву "маҳбусияти табии"-и ӯро вусъат медиҳад, ки миллат саломатиашро аз даст медиҳад. Аз хурдӣ омӯзиши забони Гётеву Гюгову Шекспир, асосҳои физикиву идеяҳои иқтисодии оламгир, адабиётҳои психологиву ба фронти "инқилоби технологиву иттилоотӣ" ҳидоят кардани кӯдак талаботи феълист. Марк Сукерберги ҳангомавӣ лексияҳои Билл Гейтсро гӯш кард ва имрӯз яке аз муваффақтарин миллиардерҳои ҷавон дар олам маҳсуб мегардад, бо имкониятҳои худ ҳар лаҳза метавонад дилхоҳ режиму гуруҳу равияро чун  Ротшилдҳои "афсонавӣ", ки  нисбати Наполеон ҳам вазни пурмоҳияти худро доштанд,  таъсиргузорӣ кунад.

Имрӯз пешгӯинашавандагии вазъияти боду ҳаво ва абри фарогири давон давони сиёсии ҷаҳонӣ (глобализатсия) мисли нозири БДА- ву зиддисӯхтор метавонад дар ҳар ҷои шоҳроҳи трансмиллӣ (фаромарзӣ- С.Н.) пайдо шуда, аз ронанда дафтарчаи коршоямӣ, доруқуттӣ (аптечка) ва лавозимоти оташфишон талаб намояд ва инҷо "коршоямҳо"- и фавқулода метавонанд аз нозири лозима бимаи умумиҷаҳониро талаб ва дар як вақт соҳиби иммунитети нозирдахолатӣ барои убури бемамониати дидбонгоҳҳои марзиро соҳиб шаванд. Камбудии истисноии ин ҳолат он аст, ки дар мостҳои глобализатсионӣ аҳён - аҳён "пират"-ҳои хушкигард пайдо мешаванд, ки он тарафаш аз "шумахерства"- и ронанда вобаста аст.

Имрӯз мавзуи бунёди шахсият дар Тоҷикистон ба монанди орзуи Роғун аҳамияти аввалиндараҷа дорад, ки бояд ҳар яки мо дар ба даст овардани саҳмияи он саҳлангорӣ накунем, ки дивиденд аз саҳмияи шахсиятро бо вату мегават ҳисоб накарда, энергияи онро бо ноқил интиқол намедиҳанд, ба монанди он ки мо мактубро бо хаткашон  неву аз тариқи телефони дастӣ мефиристем. Денӣ Дидро (маорифпарвари фаронсавӣ) мегӯяд, ки "люди перестают мыслит, тогда когда перестают читать".  Баъзан чунон эҳсос мешавад, ки гӯё ниқоби миллатро ба рӯ кашидаем, ки аз ин сабаб нисбати мафҳуми муқаддас эҳтиром, яъне гузаштҳо карда шуд. Ҳолати дилгиркунандаи имрӯза он аст, ки манкуртизми Айтматов ба он овардааст, ки халқиятҳои ҷабрдида баъзан аз дидани варақи сафед ҳам дилгир мешаванд. Гап сари он меравад, ки фақат миллатҳои фарогири маърифату савод ва огаҳӣ арҷгузорӣ мешаванду халос.

Мо пеш аз он ки қасри назаррабо бунёд намоем, бояд пешакӣ болорҳояшро аз чӯби босифати дарахти шахсият фармоиш бидиҳем. Заволи сохтмони шахсият бе чанд "масолеҳ" ногузир хоҳад буд:

1. Беғаразӣ ҳамчун  арматура дар пойдевор;

2. Масъулият ҳамчун пойдевор;

 3. Бовиҷдонӣ ҳамчун қобилияти обногузаронӣ;

4. Маҳорат ҳамчун фарш;

5. Хондан ҳамчун қандили бузург, ки дар ҳар як овезааш номи як мутафаккири олам сабт ёфтааст.

6. Зиракиву одамгароӣ ҳамчун интихоби олии имконотҳои муосири ороишӣ ва хислат ҳамчун ороишоти истисноии куллан аз ҳамдигар фарқкунандаи ҳар як ҳуҷра.

Набояд чун рӯбоҳ аз баландии ток шикоят кард. Имрӯз миллати тоҷик аз  "иммунитети дипломатӣ" танқисӣ мекашад,  ки бояд онро пайдо намояд. Дар китоби Теодор Гертсл, асосгузори анҷумани саҳунистӣ дар соли 1897 (Старо новая страна. Соли нашр 1902-С.Н.) чунин ҷумлае ҳаст:  "если вы этого (бунёди Исроилро дар назар дорад-С.Н.) захотите -это уже не сказка". Бовариву хушбинӣ аз он дорам, ки пас аз чанд даҳсолае, ё шояд дар соли 1831 ба истиқболи 200 солагии  сафари сайёҳи ҷавони фаронсавӣ Аллексис де Токвилл (баъдан як замон вазири корҳои хориҷии Фаронса) ба ИМА, ки аз ҳаёти мардум ва институтҳои демократии Амрико шоҳасари дуҷилда бо номи "О демократии в Америки"-ро мерос гузошт, маҳсули сафари сайёҳи нави фаронсавӣ ба ватани мо иншои шоҳасаре бо номи "О демократии (О..., О...,) в Таджикистане" хоҳад буд.

Ин ҷо бо Айтматов ҳамфикр шуда, мехоҳам бигӯям, ки ақли солим боло бигираду насли оянда (имрӯза) аз иштибоҳоти гузашта биомӯзанд. Ҳушёриву огаҳӣ ёратон бод!

Сарвар  Наврӯзов,

донишҷуи  ДДҲБСТ дар в. Суғд

Аз идора: Зодрӯзи муаллифро, ки бо вуҷуди ҷавонӣ ва ҳанӯз донишҷӯ будан, ҷасурона қалами андеша меронад, хуҷаста бод мегӯем!   

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97