Аз бетараф бояд тарсид

Сиёсат 07.01.2013 09:54

Ё «қонуни масъулияти падару модар» куҷо шуд?!

dast ba dastБузургтарин дарди ҷомеъа ин бетафовутӣ аст. Аз ҷомеъае, ки нисбат ба манфиатҳои худ бетафовут аст, бояд тарсид, аз миллате, ки нисбат ба ҳаводиси дохилӣ ва хориҷӣ сукут меварзад, бояд тарсид, аз тудаи мардуме, ки дурӯғро рост ва ростро дурӯғ мегуморад, бояд тарсид, аз халқе, ки ҳастиашро ба хотири пур кардани меъда медонад ва тамоми манфиатҳои миллии хешро бад-ин хотир пушти по мезанад, бояд тарсид…

Бо камоли таассуфу нигаронӣ ҷомеъаи мо гирифтори дарди ваҳшатноке амсоли бетафовутӣ гардида, имрӯз ба ҳақиқати талхе рӯ ба рӯ шудаем, ки он ғайриқобили инкор аст. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро иддае аз афроди ҷомеъа дар баробари ҳодисаҳову мушкилоте, ки ба сари инсоният рух медиҳад ва инсонҳоро дучори сияҳрӯзӣ мегардонад ва мувоҷҷеҳи мушкилоте месозад, бетафовутӣ зоҳир менамоянд. Вақте инсонеро мебинӣ, ки дучори мушкил гардида ва ниёз ба дастгирӣ дорад, вале мисли инки онро нодида аз паҳлӯяш убур мекунӣ, магар аз меваи бетафовутии инсонҳо нест? Боз ҳам суол ин аст, ки чаро мо то ин андоза аз ҳам дур уфтодаем ва ҳатто дар мушкилтарин лаҳазот дасти якдигарро намегирем?

Мо ки дар торихи зиндагии худ дорои бузургтарин сарвати ахлоқии ҷаҳонӣ будем ва то имрӯз аз худ ашъору ривоёти зиёде ба ин мазмун ба мерос гузоштаем ва ҳамеша дардмандону коруфтодагонро дастгирӣ менамудем, имрӯз фарҳанги бетафовутиро пеша карда, муқаддасоти миллӣ ва адёнии худро пушти по мезанем. Бо тақлид аз фарҳанги бегона, ки имрӯз тавассути филмҳои ғарбӣ дар мағзу зеҳнҳоямон хона кардааст, такаллуми алфози қабеҳ ва фаҳшоро, ки саросар аз дашному таҳқиру разолат аст, вирди забон меорем ва бо ҳамин аъмоли зишт мутамодияти хешро зери суол қарор медиҳем.

Иллати бетафовутии инсонҳоро нисбат ба ҷомеъа мутахассисон ба тарзу шеваҳои мухталиф шарҳ додаанд ва ҳар кадом дар мавриди худ собит сохтааст, ки маҳз дарди бетафовутии инсонҳо нисбат ба ҷомеъа ва якдигар шароитҳоеро эҷод карда, ки боиси коста гардидани ахлоқи худи инсонҳо гардидааст. Ба хусус дар ҷомеъаи суннатӣ ҳама якдигарро мешиносанд ва бо ҳам робитаҳои иҷтимоӣ, торихӣ ва сабабӣ доранд, ки ин худ ҳамбастагии онҳоро бо риштаҳои сахт бо ҳам мепайвандад ва эътибору хешовандиашонро ба таври зичтаре дарҳам меомезад.

Омӯзишҳо ва таҳқиқотҳо собит сохта, ки яке аз сабабҳои аслии бетафовутии инсонҳо сараввал ба муҳити зист, кашмакашҳо, даргириҳо ва муноқишоти дохилӣ рабт дорад, ки дар чунин мавридҳо инсон нисбат ба якдигар бераҳмӣ зоҳир менамояд ва бетафовут мегардад. Тавре медонем, дар асари низоъҳои дохилӣ ва бурузи ҷангҳои шаҳрвандӣ, ба якборагӣ низоми иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ коста гардид ва ин боъис шуд, ки амвоҷи бекорӣ ва ғоратгарӣ дар кишвар зиёд гардад. Мардум наҷоти худро бо паноҳ бурдан ба шаҳрҳо диданд ва муҳоҷирати рӯзафзуни рустоиён аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба марказ-шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ дар ҳоли афзудан гирифт. Чун рустоиён вориди шаҳр шуданд ва сукунат ихтиёр намуданд, бешак аз маҳаллоти мухталифи ҷумҳурӣ буданд ва возеҳ аст, ки ҳар маҳал шеваву усулу тарзи зиндагии худро доро буд. Бинобар ин шеваҳои мухталифи зиндагии мардуми русто низомҳои мухталифи зистро дар шаҳр бунёд кард, ки байни худ ҳеҷ муштаракоти умумӣ надоштанд. Мардуме, ки ба шаҳр омаданд якдигарро бори аввал медиданд ва бо ҳам қаблан ҳеҷ ошноие надоштанд ва ин ҳама боис шуд, ки дар ҳама кор, ки зикр кардем, нисбат ба якдигар бетафовутӣ зоҳир намуданд, ки чунин як шеваи зиндагӣ имрӯз меъёри аслӣ барояшон гардидааст.

Дар ҷомеъае, ки мардум нисбат ба якдигар ва ҳодисоти ҷомеъа бетафовутӣ зоҳир менамоянд, мусаллам аст, ки арзишҳои зоҳирӣ ва ё ба таври дигар бевиҷдонӣ зуҳур мекунад ва ҳатто кӯдакон дар пайравӣ аз бузургон ба ин марази муҳлик гирифтор мешаванд ва ин одати зишт дар хуну пӯсташон ҷойгузин мегардад. Вақте падар ва ё модар мебинад, ки фарзандаш ба тамошои наворҳои фаҳш ва ё зӯроварӣ, ки хоси фарҳанги ғарб аст, машғул аст, бо бетафовутӣ ва беэътиноӣ онро нодида мегирад ва ин ҳама заминае барои тавлиди фарҳанги фаҳшо миёни кӯдакон мегардад, ки мо имрӯз бадбахтона чӣ дар кӯчаву бозор ва чӣ дар макотибу кӯдакистонҳо мебинему мешунавем, ки забони ҷавонон ба чӣ зиштие дучор омада, вале ҳаргиз намебинем, ки  касе ба ин кӯдак бигӯяд, ки ин амал қобили қабул нест. Ин ҳама падидаҳоеанд, ки бетафовутӣ ва беҳиссии иҷтимоъиро дар ҷомеъа собит месозад ва ҳама гуна ҳисси инсониву дӯстиву рафоқату бародариро заъиф ва аз байн мебарад.

Ин аст, ки нуфуси ҷамъият дар шаҳр ҳар чӣ зиёдтар шавад, саҳнаҳои даргириҳои иҷтимоъӣ, алфози қабеҳу фаҳшо зиёд мегардад  ва идораи фарҳанги иҷтимоъӣ аз асли худ берун мегардад ва ба ҳамон андоза бетафовутии иҷтимоъӣ афзоиш меёбад.

Аҳли фарҳанг ва посдорони русуми ниёкон эҳсоси бетафовутии инсонҳоро пеш аз ҳама аз бетафовутии волидайн нисбат ба хонавода медонанд. Зеро хонавода худ як рукни аслии ҷомеъа ва фарҳанг буда, назорати ахлоқии фарзандонро ба уҳда дорад. Ҳамин падару модар аст, ки фаъолияти бачаҳоро таҳти назорат қарор медиҳад, онҳоро бо роҳи рост ва таълими дурусту нофеъ раҳнамоӣ мекунад. Боз ҳам бо  камоли таассуф ҳарчанд замони компутару интернет ҳам бошад, аксарияти волидайн қодир нестанд фаъолияти фарзандонашонро таҳти назорат дошта бошанд. Намунаи барҷастаи ин ҳамин як навори видюии духтарони мактаби шаҳр аст, ки бори дигар собит сохта, ки мо ҳанӯз ҳам ба арзишҳои аслӣ таваҷҷуҳи лозимӣ намедиҳем ва бо фарҳанге, ки асолатҳои миллии моро дорад аз байн мебарад, майлу рағбати бештаре зоҳир менамоем.

Ҳарчанд ин падидаи шум бори аввал аст, ки аз тариқи интернет пахш мешавад, боз ҳам мебинем, ки ҷомеъа нисбат ба чунин як амали шуму шармсор бетафовутӣ зоҳир менамояд ва ҳатто иддаи зиёде дар ҳалли масъала ва раҳоии ҷомеъа аз ин марази мудҳиш канораҷӯӣ менамояд. Мебинем, ки ҷомеъа сабаби пайдоиши чунин як падидаи шумро ба мактабу маориф рабт медиҳад ва бо ҳамин мехоҳад бори масъулиятро аз шонаҳои худ ба осонӣ холӣ намояд. Аммо фаромӯш мекунанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф таълим додан аст ва боқӣ тарбия ба души волидайн ва иҷтимоъ вогузор мегардад. Боз ҳам дар ин маврид "Қонуни масъулияти падару модар", ки соле чанд қабул гардида буд, ба таври сатҳӣ ва дурӯғин амалӣ мегардад. Аз рӯи инсоф нест, ки мо тамоми масъулиятро ба души муаллиму маориф вогузор намоем. Маҳз ҳамин бетафовутиҳост, ки саҳнаҳои фаҳшро дар ҳама ҷо мушоҳида менамоем, вале худро мисли кӯру кару гунг вонамуд месозем.        

Албатта ҷамъи дигаре омилҳои пайдоиши бетафовутиро дар мушкилоти рӯзгори инсонҳо иртибот медиҳанд, ки ахлоқи ҷомеъа ва инсонҳоро шикаста, бевиҷдонии ҷамъиро ба вуҷуд меоварад. Чунин инсонҳо ҳамеша ҳуқуқ ва ҷойгоҳи инсонҳоро зери по мегузоранд ва арзишҳои муқаддасро, ки мутааллиқ ба инсон бояд бошад, бо бетафовутӣ ва бидуни ҳиссиёти инсонӣ пахш намуда, буҳрони равонӣ ва ахлоқиро дар ҷомеъа эҷод менамоянд.

Инсон як мавҷуди иҷтимоъӣ аст ва Худованд ӯро тавре офарида, ки наметавонад ба танҳоӣ зиндагӣ кунад. Таҷрубаҳо борҳо собит сохта, ки агар тифли кучакеро, ки тоза таваллуд шуда дар маҳале, ки ҳеҷ инсони дигаре набошад, ба танҳоӣ бигзоранд, агар ин кӯдак зинда бимонад ва бузург шавад, аз вай чӣ махлуқе ба вуҷуд меояд. Айни чиз ба инсонҳое, ки дар ҷомеъа ба таври муштарак зиндагӣ мекунанд, иртиботи ногусастанӣ дорад. Вақте инсонҳо бо ҳам зиндагӣ мекунанд, бояд муштаракот ва фарҳанги умумӣ дошта бошанд. Ба ҳодисаҳо, рушди ҷомеъа, муколамаи инсонҳо ҳаргиз бетафовутӣ зоҳир нанамоянд. Бетафовутӣ нисбат ба якдигар ва ҷомеъа меваҳои талхе ба бор меорад, ки билохира ахлоқро ба куллӣ аз байн мебарад. Махсусан волидайн дар тарбияи фарзанд саҳми фаъол бояд бигиранд. Аз қадим то замони пайдоиши низомҳои ҷадид тарбияву таълим ба души волидайн вогузор буд ва ин рисолати бузургро онҳо хеле моҳиронаву устодона анҷом медоданд.

Бо ин ҳама, умед аст ҷомеъа ва инсонҳо дар шифои ахлоқи ҷомеъа худро бештару бештар саҳим дониста, асолатҳои миллиамонро, ки худро миллате бофарҳангу мутамодӣ мехонем, бо ҳама ғановату зарофаташ ҳифз менамоем ва дар ҳодисоти ҷомеъа, ахлоқ ва муоширати неки инсонҳо аз худ бетафовутӣ зоҳир наменамоем ва ҷовидонагии калому адаби ориёии худро посу зинда ҳифз менамоем.

Ибоди Нуруллоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97