Аз сохтори одам сохтори ҷамъиятии хуб мешавад сохт

Сиёсат 02.01.2013 19:32

(Таҳлили равоншинохтии ҷомеъаи Тоҷикистон дар соли 2012)

Mahmud kabiriСоле, ки сипарӣ шуд, дар он изи худро мебинед. Таҳлил касро таҷрибадор карда, аз хатоиҳои оянда эм мекунад. Бузургони мо ҳар рӯзро ба таҳлил фармудаанд;

Ҳар рӯз зи худат пурс, ту мардӣ,  

Ки имрӯз чи хидмате мардум кардӣ.

Шояд байти зеринро аз назми рӯз ба назми сол гузаронем;

Ҳар охири сол пурс зи худ агар ту мардӣ,

Ки имсол чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Тахлили воқеии дурусти равиши инкишофу такоммули халқи Тоҷикистон  "хишти дурусти меъмор" дар девори қасри миллат ва давлатдории мост. Агар майле ба хоҳишоти замон бошад, таҳлилгарони оянда онро ёфта, "лаънати миллӣ" ба он таҳлилгар мезананд, ки сабаби  "фоҷиаҳои миллат" шудааст.  Дар таърихи давлатдории Осиёи Марказӣ "майл ба хоҳиши замон"-и суханварзон сабаби аз байн рафтани давлат ва давлатдории ҳокимони замон мешуд. Аввалин шахсе, ки "неши санои суханбозон"-ро  бурид президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон буд. Умеди пояндагии ин давлат пайдо шуд.

Дар ҳақиқат, таърифу тавсиф муҳаррики пешбарандаи ақлро меосоёнад ва ин сабаби манъ шудани қудрати эҷодкории одам мешавад. Ин яке аз дастовардҳои имсолаи на танҳо ҷумҳурии мо дар самти демократиясозии ҷамъият аст, балки умумиосиёимарказист, ки намуна барои дигарон аст.

Нигоҳи реалӣ ба тамаддуни башарият моро ба решаи пайдоиши он мебарад ва яке аз решаҳои он халқи ориёист. Онҳо дар бахши кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, давлатдорӣ, тиҷорат ва маориф аз аввалинҳоянд. Воқеаҳои солҳои 40-уми асри ХХ ба сари ин халқ мушкилиҳои зиёд овард. 60 соли том қомат рост мекард, вале ҳолат "реабилитатсия"-ро талаб мекард ва он дар ҷумҳурии мо ба вуқуъ омад; аз зинаи давлатӣ сар шуда, ба мақоми ҷаҳонӣ расид. Наврӯзи ориёӣ  имсол бо қарори СММ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шуд. Ин дастоварди хубест, пайвасткунандаи шоху барг бо реша ва натиҷаи ҷасорати мо дар реабилитатсияи ориёиҳо дар чашми таърих.

Бале, ҷасорат дар чашми носолимон таҳдид аст. Кӯшиши шикастани миёни давлати тоҷикон шуд. Оре, бахти тоҷикистониён баландӣ кард ё сатҳи дипломатияи тоҷик  баланд шудааст, ба ҳар ҳол ин ҳам дастоварди азимест дар имсол.

Қазияи Бадахшон чуноне рух зад, ҳамин тавр хомӯш шуд. Кӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон демократия нест? Нигаронии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ аз равиши ҳодисаҳои Помир, танқиду эътирози одамон, сари вақт таъмин намудани шаҳрвандон аз иттилооти воқеӣ, шафофияти воқеаҳои рухдода аз тарафи ҳукумат, ҳамаи ин кам ҳам бошад дастовардест, дастоварди ҷомеи маданӣ ё шаҳрвандӣ. Ҳарчанд на барои ҳама ва на дар сатҳи байналмилалӣ қонеъкунанда аст, вале ҳукумат тавонист танқидро бе эҳсосот қабул кунад, нисбатан мувофиқ ҷавоб гардонад, таҷрибаи демократӣ бигирад. Мустаҳкамшавии сохторҳои давлатӣ дар Бадахшон, ёд гирифтани ҷанг бидуни вайронкунии ҳуқуқи шаҳрвандон, фишори ҷаҳониро бардошт кардан, дипломатияро оқилона бурдан, ҳанафия ва исмоилияро як дидан, оппозитсияи тафаккуриро фаҳмидан, ҳамаи ин дастовардҳои имсоли Тоҷикистони шариф аст. Ин бисёр хуб аст.

Самтҳои рушду инкишофи сиёсӣ-иҷтимоии миллати мо агарчӣ назаррас ҳаст, аммо орӣ аз камбудӣ нест. Онҳоро дар қиёс равшан кардан мумкин аст.

Барои дуруст дарк кардани ҳолат сиришти одамро ба сохтори давлатӣ муқоиса кардан айни муддаост. Одам ҳуш дорад, давлат президент, давлат пойтахт дорад, одам майна, одам шуур дорад, давлат шуури ҷамъиятӣ, одам зершуур дорад, давлат маҷлиси олӣ, давлат сарвазир дорад, одам зерҳуш ё зеҳн, давлат ҳизб дорад, одам ҳам аз фраксияҳои нафс (талабот- мағзи дарозрӯя), эҳсос (эмотсия- нимкурраи рости майна), ақл (интеллект- нимкурраи чапи майна) ва виҷдон (маънавиёт) холӣ нест. Акнун пайидарҳам онҳоро таҳлил мекунем. 

Нафс ҳизби бадани одам аст, талаботҳои пайкарро дар пеши ҳуш ё шуур мемонад, ку бубинем, аз онҳо рӯй гардонида мешавад?

Эҳсос намояндаи ҳақиқати воқеист, ки дар майнаи рост инъикос мешавад. Дар натиҷаи рост ва дуруст мувофиқат кардани беруну ботин ҳормони ҳаловатбахш - эндорфин медиҳад ва одам аз фаъолияташ  ҳузур мекунад, яъне ризояти майна аз кори одам аст. Ин аст майнаи худмухтор; агар аз кор ё аз касе норизо бошад, ҳеч кайфияти зиндагӣ намедиҳад.

Ақл намояндаи мардум дар сар аст, фраксияи интелегентсия -зиёӣ.

Кори одамро бо ҷамъият мувофиқат мекунад. Ҳарчанд ҳаҷми ақл аз азал аст, вале пур кардани он аз тарафи ҷамъият аст. Беҳуда ақлро пешбарандаи зиндагӣ нагуфтаанд. Баъзе майнаҳо ҳизби виҷдон доранд, ки он намояндаи муҳит аст. Ҳаками сахтгир. Агар нафс кайфияти бадан диҳад, эҳсос ҳаловати зиндагӣ орад, ақл шаъну шараф медиҳад, виҷдон ҳузури ҷон дорад.

Ҳар кӣ ба кадоме доим майл дорад ва аз ҳамон мебинад. Интихоб аз инсон аст. Шояд мувозинат ва муътадилият беҳтар бошад. 

Аҷибаш он, ки дар натиҷаи беадолатии байни ҳизбҳои сиришти одам беморӣ рух мезанад, агар нафс норизо бошад, эҳсоси ноҳинҷор, зиқӣ, тарс, хафагӣ, ғазаб, кина, нафрат, бесабрӣ, рашк орад, ақли сарзанишгар камбағалӣ, беэҳтиромӣ, зиндон, камумрӣ диҳад, виҷдони сарзанишкунанда майнӯшӣ, нашъамандӣ бо фикрҳои безоркунанда, худкушӣ, дузах таҳдид кунад.

Сиришти одам сохтори  муҳофизатӣ дорад, монанде ки давлат сохтори қудратӣ дорад ва онро системаи масуният (иммунитет) меноманд. Шуъбаҳои милиса - ғадудҳои лимфатикӣ (ғудак) дорад, сарҳадбонон дорад, ки онҳоро иммуноглобулин номанд, аскар дорад, номи онҳо антитела мебошад. Киллерҳо дорад… Ана ҳамин гунаст.

Фарқият аз  давлат дар он аст, ки масунияти одам фармони ҳуш ё шуури одамро  намегирад, вазифаи муҳофизатӣ барномасозии ӯст ва аз он рӯй наметобад.

Дар ҳама давру замон беҳтарин хирадмандон дар ҷустуҷӯи ҷамъияти олӣ буданд, шояд дигар кофтан лозим набошад, чунки намунаи тайёр сиришти одам аст ва нухсабардорӣ лозим меояду халос. 

Муҳим он, ки сиришти одам самти муаяни инкишоф дорад ва ҷамъияти одамон ҳам аз он бероҳа нест, вале фарқият дар вақт аст. Масалан, одам то 25 солагӣ инкишофи ҷисмӣ дорад, то 34 солагӣ эҳсос ташаккул меёбад, то 40 солагӣ ақл рушд дорад ва аз 40 сола боло маънавиёт камол мегирад.

Дар ҷамъият аввал сохти конститутсионӣ, иқтисодиёт, ҷо ба ҷо шуда, зинаи санъат сар мешавад, ки фароғати мардумро таъмин мекунад, баъди он рӯ ба илм намуда, дастовардҳои худро мустаҳкам, зам, инкишоф ва мукаммал мегардонанд. Зинаи маънавиёт аз фарҳанг сар мезанад, яъне ҳикмати ҳастиро меҷӯяд.

Тоҷикистони шариф ҳамқадами замон аст ва таҷрибаи давлатҳои пешина ё дар зинаи баландтари тараққиёт қарордошта барои он омӯзгори рӯзгоранд. Ҳама давлатҳо аз зинаҳои иқтисодиёт, санъат, маориф ва фарҳанг мегузаранд, вале на ҳама халқҳо то зинаи маънавиёт мерасанд. Халқи мо то он зина дар давраи Сомониён расида буд ва маҳз бо ашъори хирадмандони хеш "муаллими башар" будан дар зинаи маъонӣ сабаби зинда мондан шуд. Ин давраи нави эҳёи миллатро ба он зина расонидан лозим аст. Ҷаҳониён ба маънавиёт ниёз доранд ва на ҳама "гени маонӣ" доранд.  Ҷой холӣ аст. Ҳарчанд роҳҳои гуногуни кӯшиши пур кардани он ҷо дорад, вале беҳуда аст.

Акнун ба сари масъала омадем, ки мо аз зинаи санъат (эҳсос) ба зинаи илм (интеллект) гузариш дорем. Муқобилият сахт аст. Пеши шуур бо коғаз рафтан осонтар аст ё бо рӯбобу най, кадомро қабул кардан осонтар аст?! Барои дарки ин биёед ҳақи хидмати овозхону ромишгарро бингарему аз зиёиро. Албатта, фарқ калон аст, яъне шуури ҷамъияти мо ҳанӯз атрофро бо эҳсос қабул мекунад, ҳарчанд ақлгароӣ дар мо назаррас аст.

Ҳамавақт равандҳои иҷтимоиро бо махсус амалҳо метезониданд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо маҷбур хонондани мардум, дар давлатҳои пешрафта бо дастрас будани иттилоъ, зиёд будани таълимгоҳҳо ва ғайра.

Моро ҳам мебояд, ки ин равандгузариш аз эҳсос ба ақлро битезонем ва тезтар майнаи чапи худро бедор бисозем. Мо онро дар машқҳои равонии муосиркардашуда бо назардошти расму русум, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ  мебинем, ки эҳсосро дар контрол гирифтан ва тафаккури майнаи чапро тезонидан имкон медиҳад.

Машқҳои равонии Ҷалолиддини Румӣ халқи туркро қудрати империядорӣ дод, ҳиндуҳо бо йогаи худ, буддоиҳо бо машқҳои руҳии худ  маънавиёти ҷаҳонро пур карданиянд ва миллати хешро миқдор бахшиданд, чеченҳо бо машқҳои равонии нақшбандия ва зикри қодирӣ миллати худро ҷасорат доданд, аврупоён бо машқҳои аутогенӣ ақли худро бедор карда, ҷамъияти пешрафта сохтанд, ҷопониҳо бо машқҳои худ халқи худро тамкин бахшиданд…

доктор Маҳмуд Кабирӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97