Русия, харҷи мотами СССР аз они мо…

Сиёсат 28.12.2012 10:21

Ё чаро Тоҷикистон бояд ба ҷои Русия ҷуброни Шӯравиро бипардозад?

rusiaРӯзи 14 декабр Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид (КАИ СММ) дар ҳисоботи худ таҳти унвони «Тафсири дуюми натиҷаи фаъолияти экологии Тоҷикистон» аз вазъи партовгоҳҳои вилояти Суғд изҳори ташвиш карда, онро барои Тоҷикистон ва кишварҳои поёноби дарёи Сир хатарзо эълон намуд.

Баъд аз мутолиаи хабари мазкур дар майнаи ноқобили ман саволе пайдо шуд, ки чаро созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ на соли 1992 ва на солҳои баъд дар мавриди партовгоҳҳои Тоҷикистон изҳори ташвиш накарданд? Назари ман на танҳо партовгоҳҳои уран, ки нишони шӯравии собиқ мебошанд, инчунин ба партовгоҳи пулҳои мурдаи шӯравӣ ва мошинҳои куҳнаи аврупоӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аст.

Бо мақсади ба хонандаи муосири рӯзномаҳои тоҷик фаҳмотар шудани масъала воқеаҳои соли 1992-ро хотиррасон кардан мехоҳам.

Ҳамон сол, яъне соли 1992 кишвари муқтадири Шӯравӣ бо имзои чанд нафар пош хӯрд ва дар Тоҷикистони камбизоат ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, минбаъд садҳо ҳазор ҷони халқи тоҷикро аз байн бурд.

Мавзуъи барои чӣ дар Тоҷикистон сар задани ҷанги шаҳрвандиро бори дигар ба хотир овардан мехоҳам. Зеро ин мавзуест, ки онро тоҷикон бояд ҳаргиз фаромӯш накунанд ва ҳаргиз гумон накунанд, ки чунин иғвое ба сари онҳо бори дигар такрор намешавад.

Соли 1991, вақте ки пошхӯрии шӯравии абарқудрат на ба таври маҷозӣ, балки ба таври воқеӣ ҳувайдо шуд, як зумра қувваҳои дохили Тоҷикистон дар хаёли тақисми боигарии боқимондаи шӯравӣ шуданд. Бадбахтона, президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ки бо сабаби солхӯрда будан қобили таҳлил кардани вазъи ҳолати баамаломада набуд (модоме, ки ӯ қобил набуд, дастаи сиёсатмадорони атрофаш ҳам чунин буданд), артиши пурзӯри дар ҳудуди Тоҷикистон қарордоштаи шӯравиро ба Русия таслим кард. Дар парлумон «мо қобилияти хӯрондану пӯшондани артиши мазкурро надорем» гуфтани президент аз хотири насли тоҷики ибтидои солҳои 90 ҳаргиз фаромӯш намешавад. Туркманҳо ва литвагиҳо, ки дар ҷадвали қонуни буҷаи солонаи Иттиҳоди шӯравӣ мудом пас аз Тоҷикистон қарор доштанд, аз артиши шӯравӣ саркашӣ накарданд. Ҳатто нафаре аз сиёсатмардони кишварҳои мазкур дар ин маврид сухане нагуфт. Вале раиси кишвари тоҷик аз артише, ки мебоист барои пояндагии ҳукумати ӯ истифода мегашт, аз он саркашӣ кард.

Ҳамин буд ибтидои муноқишаи сармояи нодуруст бахшшудаи тоҷики баъдишӯравӣ. Зеро ҷанги солҳои 1992-2000, ба андешаи ман, маҳз ҷанги тақсимоти сармояи шӯравӣ буд.

Акнун бозпас мегардем ба мавзӯи ба партовгоҳи байналхалқӣ табдил ёфтани қаламрави Тоҷикистон.

Кишвари мо тибқи қудрати иқтисодие, ки алҳол дорад, бояд ягон хел партовгоҳ надошта бошад. Ман инчунин партовгоҳҳои ашёи ҳастаиро дар назар дорам. Бояд дар куҷое ҳуҷҷате мавҷуд бошад, ки ҳамон партовгоҳҳоро моли Русия ё ягон кишвари дигар эътироф кунад. Дар ҳар сурат, мо бо сабаби кишвари истеҳсолкунандаи маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ ва биологӣ набудан ҳаргиз наметавонем партовгоҳ дошта бошем. Гап дар мавриди он одамоне аст, ки ба хотири манфиатҳои рӯзмарраи худ баъзе мавзеъҳои Тоҷикистонро ба партовгоҳи маводи ба ҳаёти башар хатарноки кишварҳои хориҷӣ табдил додаанд. Аз ҷумла ба партовгоҳи кишвари Русия.

Ман ин андешаро бидуни шакку шубҳа ва исботу далели иловагӣ мегӯям. Зеро мо дар қаламрави кишварамон то ҳол на ягон корхонаи коркарди маводи ҳастаӣ ва на кимиёвию биологӣ надорем. Тибқи мантиқ, мо партовгоҳ нестем. Вале гап боз ҳам бозпас мегардад ба шӯравии собиқ, ки 30 декабри соли 1991 меросхӯрии онро Русия ба души худ гирифт.

Тибқи ҳамон шартномаи 30 декабри соли 1991 Русия бояд тақдири партовгоҳҳои дар қаламрави Тоҷикистон бунёдкардаи шӯравиро ҳам ба зиммаи худ гирад. Зеро тибқи ҳамон қарордоди чорнафара Русия тамоми боигарии Шӯравӣ, аз ҷумла боигариҳои тиллою алмос ва ғайраю ҳоказоро тасарруф намуд, ки он мебоист дар байни 15 кишвари мустақили навзуҳур бахш мешуд. Он гоҳ Тоҷикистон ҳам имрӯз метавонист дар бонкҳои ҷаҳон маблағҳо дошта боша два барои зиндагии шоистаи мардумаш пеши Русия сархам набошад.

Тоҷикистон кишваре, аст, ки агар аз лиҳози хатари ҳастаӣ ба он назар кунем, ба кишварҳои поёнобаш дар ҳақиқат метавонад манбаи хатар бошад. Яъне Русия бояд партовҳои ҳастаиашро (зеро он то ҳол ба манфиати Русия хидмат мекунад) аз қаламрави кишвари хурдҳаҷми мо берун кунад. Масалан, Русия метавонад, партовҳои дар ҳудуди вилояти Суғд мавҷудбудаи ҳастаиашро ба кадом як мавзеи дурдасти шимолаш интиқол бидиҳад.

Кишвареро чанд нафар сарнагун карданду кишвари ноқобилеро меросхӯри он карданд, вале имрӯз Тоҷикистонро партовгоҳи маводи ҳастаиашон эълон кардан мехоҳанд. Тоҷикистон ҳаргиз меросхӯри шӯравӣ набуд. Русия аст меросхӯри бомбаҳои атомию биологию кимиёвию водородӣ ва ғайраю ҳоказо. Моро, назари ман миллатҳои ғайри рус аст, ҳатто ба атрофии мавзуи нируи ҳастаӣ роҳ намедоданд.

Акнун ман аз мавқеи имрӯзаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳайрат ҳастам. Ишон ё тамоми айби шӯравии собиқро ба дӯши Тоҷикистони камбизоат гузоштанианд, ё онҳое, ки соли 1992 кишвари абарқудрати шӯравиро аз байн бурданд, имрӯз дар харобаҳои мо боз кишвари дигаре бунёд кардан мехоҳанд.

Ин даъворо ҳар нафаре метавонад ба таври худ шарҳ бидиҳад. Вале, вақте пулҳои (қоғазҳои бесуди шӯравиро) аллакай ба касе нолозимро Тоҷикистон қабул мекард, боқимондаҳои шӯравии собиқ, ба ҷуз Тоҷикистон, дар ҳар гӯша бо ҳар унвон пули худашонро сикка мезаданд. Танҳо иқтисоддонҳои тоҷик буданд, ки пасмондаҳои пули шӯравиро дар қаламрави иқтисодию молиявиашон роҳ дода, кишварҳои дигарро аз муфлисии молиявӣ раҳониданд. Дар натиҷа миллиардҳо доллар боигарии халқи тоҷик дар ивази қоғазҳои беқурбу бесуди шӯравӣ аз марзи Тоҷикистон ба хориҷ интиқол шуд. Онҳое, ки солҳои 90 (тӯли зиёда аз 6 сол) байни ҳам ҷангиданд, маҳз барои ба даст овардани маҳз ҳамон моликияти аз чанголи «дуздони» шӯравӣ боқимонда ҷангиданд.

Ниҳоят боз як партовгоҳ. Вале бо кадом сабабе Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди он садо баланд кардан намехоҳад.

Ман мошинҳои куҳнаи аврупоиро дар назар дорам. Тӯли даҳ соли охир ба Тоҷикистон миқдори зиёди мошинҳои аз партовгоҳҳои автомобилҳои Аврупо интиқолшуда ва бо андаке суробашонро рангу бор додан то ҳол дар бозори техникаи тоҷик гардиш доранд ва ҳамин раванд то ҳол идома дорад. Наход партовҳои техникаи автомобил аз партовгоҳи маводи ҳастаӣ камазарартар аст? Ба назари ман, Тоҷикистон на танҳо аз лиҳози партовгоҳи маводи ҳастаӣ, инчунин аз лиҳози партовгоҳи автомобилҳои куҳнаи кишварҳои Аврупо будан ҳам хатарнок аст. Ин масъаларо бояд мутахассисони СММ мавриди таҳлил қарор бидиҳанд. Зеро мошинҳои куҳна ҳам хоҳу нохоҳ муҳити куҳистони моро олуда мегардонад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, 

                    рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97