Кадом кишвар метавонад шарики стратегӣ ва дӯсти Тоҷикистон бошад?

Сиёсат 22.12.2012 11:03

Tajikistan01Тоҷикистон 21- умин солгарди соҳибистиқлолии худро имсол таҷлил кард ва дар муддати ин ҳама сол ба чолишҳои зиёде рӯ ба рӯ будааст. Ба хусус дар боби ҳамкорӣ ва шарикӣ бо Русия аз сӯи ин кишвар Тоҷикистон на ҳамеша мавриди марҳамату лутф қарор мегирад. Ба вижа замоне ки муносиботи Маскав ба Душанбе ҳарчи бештар наздик мешавад, чун "гурбаи сиёҳ" Тошканд ҳамеша аз миён убур мекунад. Дар ин миён бозингари дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гоҳе ба Узбакистон ва гоҳе ба Тоҷикистон дандонҳои дар натиҷаи аз табассуми зиёд намоёнашро нишон дода, паём медиҳад, ки "ман ҳам ҳастам".

Хуб, меравем, ба суроғи соҳибназарон, ки бубинем, онҳо шарикӣ бо кадом кишвареро авлотар ва муфид медонанд:     

shuhratkudratovШуҳрат Қудратов, узви фаъоли ҲУСДТ:

- Дар манотиқи собиқ Шӯравӣ кишвари дӯст ва стратегии Тоҷикистон, агар сиёсати хубро ҳукумати Тоҷикистон пеш бигирад, метавонад Узбекистон шавад. Чунки Узбекистон яке аз кишварҳои пешвои Осиёи марказӣ ва дар собиқ Шӯравӣ мебошад. Дар мадди аввал Тоҷикистон бояд шарикони стратегии худро аз байни ҳамсояҳояш ёбад. Дар собиқ Шӯравӣ боз стратеги хуб ва дӯст Руссия метавонад шавад. Фақат ҳукумати Тоҷикистон бо ҳукумати Руссия дар мадди аввал бояд аз манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии худ ҳимоя карданро тавонад. Ҳоло Руссия кишвари стратегии мо мебошад, фақат ин дӯстӣ ва шарикии стратегӣ яктарафа мебошад, чунки Руссия аз Тоҷикистон дар бисёр маврид дастгирӣ наменамояд.

Mehri SobiriynМеҳр Собириён, иқтисодчӣ:

- Модоме ки сухан аз ҳамкориҳои стратегӣ ва дӯстӣ меравад, танҳо Ирон метавонад дӯст ва ҳамкори стратегии Тоҷикистон бошад. Албатта дар кутоҳмудат мо бояд бо Руссия ҳамкориҳои бисёртар дошта бошем. Чунки дар ҳоли ҳозир аз Руссия вобастагии бисёртар дорем. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки Руссия баробариро намехоҳад ва барои манфиатҳои худ аз имкониятҳои худ истифода карда, ба амалҳое нисбати мо даст мезанад, ки лоиқи як дӯст нестанд. Мисол рондани садҳо муҳоҷири бепаноҳи мо барои раҳоии ду халабони марзшикани худ ва боз ҳам истифодаи ҳамин муҳоҷирон барои бепул дароз кардани муҳлати будубоши базаи ҳарбии худ дар хоки Тоҷикистон. Боз хомӯшӣ ихтиёр кардани Руссия ба ҳангоми аз сӯи Узбакистон бастани тамоми роҳҳои барои ҳаёти муҳимм. Аммо Ирон, агар ҳам ҳамзабонӣ ва торихи муштаракро сарфи назар кунем, навобаста аз ҳолати вазнини худ борҳо дӯст будани худро исбот кардааст. Навобаста аз он ки дар сари ҳокимияти Ирон ислоҳталабон ё инқилобиён ва ё ғайримазҳабиён ҳастанд, Ирон дар нисбати мо нақшаҳои дӯстии нисбатан бетамаъ дорад. Дар замони нав ба истиқлол расидани Тоҷикистон Ирон якумин кишваре буд, ки моро ба расмият шинохт. Баъдтар дар замони ҷанг ҳам Ирон кишваре буд дар қатори ҳукумати Устод Раббонӣ, ки бидуни ҳеч  тамаъ, холисона дар раванди сулҳи Тоҷикон нақши намоён бозид. Дигарон танҳо барои расидан ба ягон мақсади худ барои сулҳи мо кумаке карданд. Боз ҳам Ирон ягона кишваре буд, ки ҳангоми бастани роҳҳо аз ҷониби Узбакистон на танҳо садо баланд кард, балки бар хилофи манфиатҳои рӯзмараи худ чорае андешид, ки дар натиҷа роҳҳои мо кушода шуданд. Моро мебояд бо нигоҳ доштани ҳамкориҳо бо Руссия ва Ирон ҳарчӣ ҳамкориҳоро густардатар бикунем ва дар оянда бо сохтани роҳҳо ва корхонаҳои муштарак бо ин кишвари воқеъан ҳам дӯст додугирифти бештар дошта бошем. Ҳоло нахустин қадаме, ки дар пеш ин аст, ки мо бояд бо гузаштан ба хатти порсӣ тарҳи муштараке бисозем, ки соҳаҳои Илм ва Маорифро ҳамроҳ кунем. Илм ва Маориф, ки ҳамроҳ шуд, навобаста аз низомҳои давлатдорӣ ҷомеъаи мо пеш меравад. Чунки дониши мардум дар натиҷаи истифодаи дастовардҳои илмии Ирон дар соҳаи таълим зиёд мешавад ва сарвати асосии ҳар кишвар, ин мардуми босаводи он аст. Хулоса ҳарчанд наметавонем танҳо Иронро дӯст ва ҳамкори худ қабул кунем, лекин бо нигаҳ доштани робитаҳои мутақобилан судманд бо дигар кишварҳо, бояд Иронро дар ҷои аввал қарор бидиҳем. Наздикии бештари мо бо Ирон талаботи замон аст ва мо бояд аз имкониятҳои худ ҳатман истифода бурда, ба асли хеш наздик бишавем.

Saidynusi IstaravshaniСайидюнуси Истаравшанӣ, муҳаққиқ:

- Ба назари ман, шарики стротежӣ барои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон аст. Барои Тоҷикистони мо, танҳо ин ду кишвар метавонанд шарики стротежӣ бошанд. Ба ду далел; аввалан, мо ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ва ҳамдинем, ва сониян, ин се кишвар тақрибан бо хатарҳои воҳид ва якнавохт рӯ ба рӯ ҳастанд, чӣ дар ноҳияи сиёсӣ ва чӣ иқтисодӣ.

Sulton HamadСултони Ҳамад, рӯзноманигор:

- Ба назари банда аз миёни кишварҳои абарқудрате, ки дар шароити имрӯза ва дурнамо  метавонанд шарики стратегии мо бошанд, албатта ҳамин Федератсияи Русия ба мо наздиктару мувофиқтар  аст.  Бо ин кишвар дар муқоиса бо давлатҳои дигар  собиқаи муносибатҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодии тӯлонитар дорем. Баъдан ҳудуди беш аз 70 сол дар як давлат будем, ки тӯли ин муддат таърихамон муштарак аст. Забони русӣ дар ҳамин давра забони асосиамон маҳсуб мешуд. Баъди эълони истиқлолият ҳам Русия дар ҳаёти кишвари мо нақши муҳим дошт. Ҳама медонем, ки дар аланга задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Русия даст дошт ва дар барқарории сулҳу субот низ нақши муҳимро бозӣ кард. Имрӯз ҳам дар барору нобарориҳои сиёсату иқтисодиёти  кишвари мо Русия метавонад нақши муассир дошта бошад ва аслан дорад. Масалан, мисоли оддӣ Русия нахост, ки ниругоҳи барқи обии Роғун сохта бишавад, ҳарчанд кӯшидем то имрӯз сохта нашуд. Агар муҳоҷирони меҳнатии мо Русия надошта бошанд, бешак вазъи ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсии мо метавонад рӯ ба мушкилот биорад.

Дар байни дигар абарқудратҳо Русия ягона кишварест, ки бо нуфуси қиёсан камтар  масоҳати васеъ дорад. Аз сӯи дигар Русия ягона кишварест, ки дар хоки мо нируҳои низомӣ дорад ва инро нодида гирифтану кишвари дигареро  шарики стратегӣ хондан, ба фикри ман,  камоли дурандешӣ нест.

 Qahramon BaqozodaҚаҳрамон Бақозода,

раиси маркази таҳқиқотии "Зеркало":

- Хуб аст, ки ШМА бошад.

 

 

Дагихудо Дагиев, пажуҳишгар:

Шарики стротежӣ ё дустӣ  Тоҷикистон кишвареро ном бурдан кори саҳл нест. Вале ба фикри банда агар ин ду мафҳумро аз ҳам ҷудо кунем, то ҷое корро осонтар мегардонад. Чунки шарики сторежии Тоҷикистон метавон номбурд аз зумраи кишварҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибати хуб дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад, зеро ҳамаи ин шаклҳои муносибот барои пешбурди Тоҷикистон заруранд. Аммо ҳамаи ин кишварҳоро ҳамчун дустӣ Тоҷикистон наметавон ном бурд. Барои мисол Тоҷикистон ба мамолике мисли Амрикову Иттиҳоди Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Ирону Афғонистон ва кишварҳои собиқ шуравӣ аз ҷумла Руссия, Узбакистону Қирғизистон, Қазоқистон  муносибати хуб дар масоили иқтисодию сиёсӣ ба роҳ гузоштааст. Аммо чуноне ки гуфтем на ҳамаи ин кишварҳо дуст буда метавонанд, чунки давлатҳои мутараққии ҷаҳон зиёд вақт аз нигоҳи прогматикӣ ё сиёсати амалгарона муносиботи худро бо дигар кишварҳо ва махсусан кишваре ба мисли Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Барои мисол роҳбарияти Тоҷикистон аз замони ба сари қудрат омадан то ба имруз аз Руссия ҳамчун шарики стротежӣ ва дуст ном мебаранд, вале чуноне ки мебинам аз ҳаводиси солҳои охир чандин бор собит гардид, ки на танҳо қисмати зиёди мардуми Руссия, балки роҳбарияти кунунии ин кишвар бо Тоҷикистон ҳамчун шарики стротежӣ муносибат дорад, вале на ҳамчун кишвари дуст. Аммо аз замони истиқлол то ба имруз Ирон худро на танҳо шарики стротежӣ, балки дусти амалӣ низ нишон додааст. Аз ин нигоҳ ба фикри банда Ирону Афғонистон ва Ҳиндустон кишварҳоеянд, ки ба ғайр аз муносиботи стротежи инчунин муносиботи дустона бо Тоҷикистон доранд.

Parvina IbodovaПарвина Ибодова,

раиси Анҷумани Интернет провайдерҳо:

- Эрон.

 

 

Sadii MahdiСаъди Маҳдӣ, устоди ДМТ:

Руссия, Эрон ва агар Афғонистон мустақилияти комил ба даст ораду тинҷ шавад, беҳтарин шарикони мо ҳаминҳоянд. Гарчанде мегӯянд; оянда аз Чин аст, вале барои мо хавфи убури садди Искандарӣ дорад. Гарчанде Руссия баъзе уҳдадориҳои ба зима гирифтаашро иҷро намекунад, вале миллион нафар муҳоҷир ва муздури тоҷик моро ба ин фикр водор мекунад.

Эрон дӯст ва бародарест, ки бо айби пантуркизму мазҳабизму боз чанд "изм"-и дигар аз мо ҷудо афтода буд. Ҳоло Эрон ба мо назари нек дорад ва он пуриқтидор аст, ки аз ин бояд истифода намуд.

Дар хусуси шартномаҳои байни Руссия ва Тоҷикистон ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки ягон иншоот мисли НБО-и Сангтӯда набояд доимӣ ба ягон давлат дода шавад, он бояд як муҳлати муайян баста шавад ва масалан баъди чанд сол он бояд ҳамчун моли Тоҷикистон гардад... ё хайр.

Yqubi SaidЁқуби Саид, хабарнигор:

- Нитсше, файласуфи машҳур мегӯяд, «Беҳтарин ҳамсоя барои мо ҳамсояи як хона дар миёнамон аст. Тақрибан ҳамаи халқҳо чунин ақида доранд». Аз баски чунин ҳикматҳоро пушти сар андохтаем, фикр мекунем, ки беҳтарин дӯст ва ҳампаймон барои мо Туркманистон аст, на Узбакистон ва ё беҳтарин шарики стратегӣ барои Тоҷикистон Ирон аст, на Афғонистоне, ки бо ӯ ҳамсарҳад ҳастему ҳамсояи девордармиён, мувофиқтарин кишваре, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад ба он эътимод баст, фикр мекунам ин Қазоқистон аст, на Қирғизистони ҳамсоя ва наздиктарин ва беҳтарин шарики стратегиамон Русияро медонам .

Фикр мекунам, Тоҷикистон сароғоз бояд бо ҳамсояҳои девордармиёнаш муносибати ҳасанаро ба даст биорад ва баъдан ба суроғи дӯстони «якхонадармиён» биравад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97