Аз таъсиси СССР ба шакли дигар нигаронед ё ҷонибдор?

Сиёсат 17.12.2012 17:25

narod.ru Soviet UnionБарои аввалин бор таъсиси Иттиҳоди Авруосиё соли гузашта аз ҷониби  Владимир Путин, сарвазири вақти Русия ва акнун президенти ин кишвар пешниҳод гардид. Он замон Путин  ҳадафро на эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ, балки ҳамгироии зичтари иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ унвон карда буд.

Аммо бо гузашти як сол Котиби Давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви САҲА бо ишора ба нақшаҳои Маскав дар таҳким ва амиқрафти робитаҳои иқтисодӣ бо ҳамсояҳояш гуфт, ки Русия талош дорад зери номҳои дигар, ба мисли Иттиҳоди гумрукӣ ё Иттиҳоди Авруосиё, Шӯравии пешинро таъсис диҳад. Клинтон таъкид, ки Амрико ба амалӣ шудани чунин тарҳҳо роҳ нахоҳад дод. Аммо дар Тоҷикистон ба чӣ фикранд:

Ато Мирхоҷа, шоир:

Ман дар даврони СССР зиди он будам. СССР як маҳбаси бузург буд барои тамоми миллатҳо ва халқҳои маскунаш. Танҳо тоҷикон дар ин давра чаҳор маротиба террор шуданд ва ба касофати он ҷанги солҳои 90-уми асри гузашта ба амал омад. Мағзҳои миллати моро чун Заҳҳоки морон балъид ва ҳоло ҳам ба худ намеоем.

Аммо роҷеъ ба иттиҳоди кишварҳо мехоҳам бигӯям, ки ба назари ман, вақти он расидааст, ки ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бояд як иттиҳоди аз ҷиҳати иқтисодиву амниятӣ пурзуре таъсис бидиҳанд, ки ба манфиати тамоми маскунонаш бошад. 20 сол аст, ки ба ҳамдигар ҷойе бо шубҳаю ҷойе бо хусумат назар мекунем, ҳол он ки инсони муосир бояд дар ҷаҳони озод, дар давлатҳое зиндагӣ кунад, ки сарҳадҳои рамзӣ дошта бошанд. Наҷоти инсоният танҳо дар ба ҳам омадани ӯст, на дар марзбандиву худнамоиву лашкаркашӣ.

Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲУСДТ:

Ин вобаста аст бо он шакле, ки мехоҳанд онро созмон бидиҳанд. Агар он бо шакли кишварҳои Аврупо бошад, дар ин шакл қабул аст. Ба он хотир, ки дар чунин иттиҳод ҳар як кишвар метавонад соҳибихтиёрии худро ҳифз намояд ва воқеъан соҳибистиқлол аст ва ҳамон ваколати соҳибихтиёриаш ба ҷо мемонад, агар чи дар дохили иттиҳод бошад, ё аз он берун барояд. Лекин агар дар собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ин иттиҳод созмон дода шавад, дар ин ҷо бародари калону бародари хурд боқӣ мемонад. Ба он хотире, ки аввалан, боиси ранҷиши давлату миллат нашавад, мо як менталитети ғуломӣ дорем, афроди воломақому бомартаба ва ё кишвари аз худ бузургтарро аз худ боло медонем. Аз сӯи дигар мо аз лиҳози иқтисодӣ нисбат ба дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ хеле қафомонда ҳастем ва ин ҷиҳат низ метавонад то андозае боз моро дар зери тасарруфи кишварҳои дигар гузорад. Агар ба монанди кишварҳои соҳибтамаддуни Аврупо, ин Иттиҳод созмон ёбад, ҳеч ҷои нигаронӣ надорад.

Абдулло Ҳабибов, раиси бунёди ҷамъяитии "Дӯстони Русия":

Умуман саволро ин гуна гузоштан мумкин нест, ки гӯё СССР аз сар барқарор мешавад. Аслан СССР барқарор намешавад ва ҳеч кас онро барқарор кардан ҳам наметавонад. Кишварҳо истиқлол ба даст оварданд ва дубора онро ҳаргиз намехоҳанд.  Гуфтан даркор, ки танҳо дар доираҳои муносибатҳои иқтисодӣ, ин гуна сохторро дар байни давлатҳо ташкил намуданд, на аз нуқтаи назари сиёсати як давлат ба унвони дигар давлатҳо, балки ҳар як давлат мехоҳад бо қонуни худ зиндагӣ кунад. Масъалаи доду гирифти иқтисодӣ хеле наздик шавад, дар ин сурат давлатҳо метавонанд ба як фикр бирасанд. Ба фикри ман дар ин ҷо сохторе, ки давлатҳоро аз нуқтаи назари иқтисодӣ муттаҳид месозад, ташкил намудан зарур аст.

Комил Бекзода, файласуф:

Ман ҷонибдори ҳамгироӣ ҳастам. Чун воқеъият ин аст, ки ҳамин республикаҳои "носкаш"-и Осиёи Миёна аз ин парокандагие, ки доранд ва дигар қудратҳои беруна ба инҳо дастдарозӣ мекунанд, дар ҳамон иттиҳоди пешина, бо ба ислоҳ даровардан ба сиёсати динӣ, ки ба мардум озодиҳои динӣ дода шавад, барои бақои муваққатияшон то якчанд муддат созгор бошад. Иттиҳодияи бузург метавон ташкил кард, вале ба шарте ки сиёсати империявии Русия рӯйи кор наояд. Мутаассифона то ҳоло Русия ҳамон сиёсати николаевӣ ва шӯравиашро пеш мебарад. Агар муносибаташро ба ин минтақа ва ба ин қавмҳо тағйир диҳад, инҳо дарвоқеъ омода ҳастанд, ки бо Русия ҳамкорӣ кунанд.

Умаралии Сафаралӣ, котиби масъули нашрияи "Ҷавонони Тоҷикистон":

Аз таъсиси СССР ба ҳар шакли дигар розӣ нестам. Чун имрӯз мо соҳибистиқлолем. Истиқлол неъмат аст. Мо бисёр миллатҳоро медонем, ки барои ба даст овардани истиқлол талош меварзанд, аммо бенатиҷа. Худо истиқлоламонро ҳифз кунад!!!

Мухтори Курговадӣ

Он мардоне, ки дар замони СССР зиндаги кардаанд албата аз барҳам хурдани он изҳори нигаронӣ мекунанд. Лекин ба шакли дигар ташкил ё барпо кардани он дар ҳоли ҳозир номумкин аст. Аммо сохторҳои ин ҷамъиятро ба воситаи давлатҳои дар ин шомил будан тағйир додан ва ба фоидаи якдигар аз нав барқарор кардан мумкин аст.

Ҳомид Хостихудоев, геолог:

Ба вуҷуд омадани СССР ба ҳар шакле, ки бошад, ғайриимкон аст. Дигар ин, ки СССР-и куҳнаро мешиносем ва метавонем дар  "канор"-и Ӯ зиндагии шоистатар дошта бошем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97