Бемории куҳнаи демократҳо хуруҷ кард

Сиёсат 10.12.2012 19:40

Ё ҲДТ киро тарсонд?

"ГКЧП"-и навбатӣ дар ҲДТ, дар нақшҳо кӣ бозӣ мекунад?

HXD"ГКЧП"-и навбатӣ дар ҲДТ омода мешавад. Гуруҳе аз аъзои ин ҳизб дар эътирозе ба гуфтаи худашон бефаъолиятӣ ва бекифоятии Масъуд Собиров раиси кунунии ин ҳизб Кумитаи тадорукот таъсис намуд ва хостори даъвати анҷумани фавқуллода ва интихоби раёсати нави ҲДТ шудаанд. Бозигарон боз ҳам ҳамон ҳунармандони собиқадори ин ҳизб Табаралӣ Зиёев, Амрохон Сафаров ва чанде дигарон, ки акнун Мамлакат Ҷайчиева низ ба онҳо ҳамроҳ шудааст. Албатта ҳоло чанд чеҳраи дигар низ аз фаъолони ҲДТ дар ин тарҳ шарик ҳастанд, ки чеҳраҳои худро пушти шонаҳои Табаралӣ ва Мамлакат пинҳон медоранд. Агар ин тарҳи навбатӣ дар ҲДТ амалӣ шавад, он чорумин табаддулот дар таърихи ин ҳизб хоҳад буд. Ва ҷолиб ин аст, ки дар ҳамаи табаддулоте, ки дар ҲДТ пеш меояд бо номи Табаралӣ Зиёв анҷом мешавад. Ва ҳамеша баъди табадуллот ӯ нопадид мешавад ва ба назар мерасад, дар ин миёна доктор Зиёев ба шуғли аслии худ навиштани китоби таърих барои хонандагони мактабҳои миёна рӯй меорад.

Табаддулоти норозиён номуваффақ буд

Дар соли 2006 вақте дар хамдастии Масъуд Собиров ва Сайидҷаъфар Исмонов ва Табаралӣ Зиеёев айни чунин Кумитаи тадорукот таъсис ёфт ва анҷумани ҲДТ баргузор шуд, вазорати адлия анҷумани онҳоро ба расмият шинохт ва Масъуд Собиров раиси ҲДТ эътироф шуд, албатта аз ҷониби мақомот. Аммо ин кор боиси он гашт, ки аъзои ҲДТ ба ду ҷиноҳ ҷонибдорони М. Искандаров ва М. Собиров тақсим шаванд. Баъдтар С. Исмонов низ аз ҷамъи ҳамроҳони М. Собиров канор рафт ва анҷумани ҲДТ-ро доир намуд ва худашро раис эълон кард, аммо вазорати адлия ин анҷуманро эътироф накард. Баъдтар таҳти фишори додгоҳӣ ҷиноҳи М. Искандаров ва ҳамчунин С. Исмонов амалан аз саҳнаи расмии сиёсӣ канор рафтанд ва аз номи ҲДТ дигар суҳбат накарданд.

Табаддулот алайҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Табадуллоти гузашта дар ҲДТ ба хотири маҳрум кардани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси ин ҳизб аз пуштибонии сиёсии як инсиҷоми расмии сиёсӣ буд. Ҳадафи дигар шояд ҷилавгирӣ аз эҳтимоли муаррифии номзад тавассути ин ҳизб дар интихоботи соли 2007 буд. Нируҳое, ки мехостанд Маҳмадрӯзӣ Искандарови зиндониро аз пуштибионии мардум маҳрум кунанд ва ба ин тартиб ин сару садо баланд набошад, ки раиси як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон бандӣ аст, аз ихтилофоти миёни аъзои ҲДТ ба ҳушмандӣ истифода намуданд ва эҳтимолан бо додани андаке имтиёз ва ваъда тавонистанд таҳаввулеро дар ин ҳизб роҳандозӣ кунанд.

Хуруҷи бемории куҳна

Ҳоло дубора бемории куҳнаи аъзои ин ҳизб хуруҷ кардааст. Табаддулот ва ба ё қавли маъруф "ГКЧП" дар ҲДТ ба як одат ва суннат табдил шудааст. Мисле, ки дар зарфи чанд даҳаи ахир табаддулоти давлатии низомиён дар Покистон ва Туркия ба одат табдил шуда буд.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки мушкили ҲДТ ва буҳрони дохили ин ҳизб бархоста аз буҳрони амиқи раҳбарӣ ва шахсият дар ин ҳизб аст.

Ин ҳизбро дар соли 1995 ба сурати куллӣ раҳбарони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон (на Ҳизби наҳзат) бо истифода аз унсурҳои калаванда ва имтиёзталаб дар дохили худи он ҷиддан пора намуданд. Бо мусоидати раҳбарони ҲНИТ Анҷумани фавқуллодаи ҲДТ дар Алмаато доир шуд, ки тибқи файсалаи он Шодмон Юсуф аз раҳбарии ин ҳизб канор зада шуд ва ба ҷои ӯ Ҷумъабой Ниёзов раиси ҲДТ интихоб шуд. Ҳадаф аз ин иқдом ба гуруҳҳои мухолифин ҳамроҳ намудани ҲДТ ба унвони як ҷумбиши дунявӣ ва либерал буд. Барои раҳбарони мазҳабии мухолифин бисёр зарур буд, ки дар канори худ чанд созмони ғайри мазҳабӣ низ дошта бошанд, то ба ном Иттиҳоди нируҳои мухолифинро таъсис бикунанд. Ва ба дунё нишон бидиҳанд, ки дар ИНОТ танҳо гуруҳҳои мазҳабӣ нестанд. Вагарна ин Иттиҳод амалан аз нируҳои ҲНИТ ва гуруҳҳои дигари мазҳабӣ, мисли ҷонибдорони Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода иборат буд. Як иллати фурӯпошии он ҳам адами эътироф ва эҳтироми ҳаққи аъзои дигари он аз сӯи раҳбарияти ҲНИТ буд. Ин масъалаи дигар аст, ки ёдоварии он ба хотири сайре дар таърихчаи ҲДТ зарур аст ва сабақе шояд битавонад бошад ба аъзои ин ҳизб, ки боз ҳам агар бо мудохилаи дигарон мехоҳанд дар дохили ҲДТ таҳаввуле роҳандозӣ бикунанд.

Буҳрони роҳбарӣ дар ҲДТ

Масъала ин аст, ки ҲДТ то расидани Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба раёсати ин ҳизб дар соли 1999 амалан аз раҳбарони мазҳабии ИНОТ вобаста буд. Дар воқеъ М. Искандаров то ҷое буҳрони раҳбарии ин ҳизбро хотима гузошт, аммо дар сохту соз ва фаъол намудани ҲДТ аз нигоҳи фикрӣ ва созмондиҳии шабакаҳои ҳизбӣ то ҳадди зиёд пешравӣ накард. Шояд фурсати инро пайдо накарда буд. Аммо ба ҳар ҳол дар замони раҳбарии ӯ ҲДТ ба як ташаккули бисёр умда ва фаъол табдил шуда буд, ки по ба пои ҲХДТ ва ҲНИТ пеш мерафт. Зиндонӣ шудани М. Искандаров ҲДТ-ро амалан аз пой афканд, раҳбарони дигари ҲДТ, ки аксаран аз доктору профессорон иборат буданд ва вазифаҳоеро то сатҳи вазирӣ ва муовини вазиру раиси ноҳия ҳам аз ҳисоби ин ҳизб ба даст оварда буданд, мисли (А.Сатторзода, Х. Холиқназаров, Д. Дӯст, О. Бобоназарова ва дигарон) беирода маълум шуданд. Ин ҳол боиси беэътибор шудани ҲДТ гардид. Албатта шахсиятҳое мисли профессор Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров то ҳанӯз дар сафи ин ҳизб ва пайроҳаи пайкор боқӣ мондаанд, аммо талоши онҳо барои бақо бахшидан ба нуфузи ҲДТ кофӣ нест.

Аз ҲДТ ба Масъуд Собиров чӣ суд?

Ҳақиқат ин аст, ки замони раҳбарии М. Собиров ба эътибори ин ҳизб наафзуд. Балки бештару бештар ин ҳизб камэътибор шуд. ҲДТ дар ин муддат дафтари сиёсии худро аз даст дод, ки шарти аслии як ташкилоти сиёсӣ аст, ки ҳадди аққал аъзои он гирди ҳам биоянд ва табодули назар намоянд ва дарсҳои назарии сиёсӣ сурат бигиранд. Бар изофаи ин ҲДТ дар ин миён нашрияи чопии худро, ки яке аз нашрияҳои бо нуфузи кишвар буд ҳам гум кард ва танҳо фаъолияти раёсати ҲДТ дар ин муддат гоҳ гоҳе содир намудани баёния буд. Аммо ба далоили маълум ин баёнияҳо низ гоҳо агарчи тунду тез буданд, вале ҷиддӣ гирифта намешуданд.

Зеро ҳақиқати дигар ин аст, ки дар соли 2010 зимни интихоботи порлумонӣ ҲДТ то ҳадде ҳамкори ҲХДТ шуд ва умедвор буд, ки ҳадди аққал як курсӣ дар порлумонро соҳиб мешавад. Аммо гуруҳи ҳоким чунин лутферо ба раҳбарияти ҲДТ арзонӣ надошт ва аз ҳамон замон тарбузи раҳбари ҲДТ аз бағалаш уфтод. Яъне М. Собиров бар ивази он ки дар муқобили М. Искандаров раёсати ҳизбро соҳиб шуд ва ин ҳол таъбан ба нафъи бархе гуруҳҳои мутанаффизе низ буд, аз ҷониби ин гуруҳҳо амалан ҳеч имтиёзи қобили мулоҳизае ба назар мерасад, ки дарёфт накард. Ба ин тартиб, фаъолияти ҲДТ баъд аз интихоботи 2010 бештар заъифу заъиф шуд. Ҳоло ҳам ба мушкил низ наметавон дарёфт, ки ҳадафи М. Собиров аз ин иқдом чӣ буд? Дар воқеъ ӯ ба ивази раҳбарияш дар ин шаш сол ба ҲДТ чӣ ҳосил гирифт? Ин ки нохушбинонаш ва ҳатто душманонаш аз ҷумлаи аъзои ҲДТ афзуд яқин аст; ин ки худро ба унвони табадуллотгар дар ин ҳизб муаррифӣ кард, ҷои баҳс надорад; ин ҳам ки ҳизб заъифтару беэътибор гашт бештар маълум аст; аз нигоҳи молӣ ва сиёсӣ ҳам М. Собиров сармояе ҳосил накард, ба ҷуз ҷанҷолу даъво. Намояндаи ин ҳизб натавонист вориди порлумон шавад; ҳизби ҳокими шарик ҳам ҲДТ-ро эътироф намекунад ва дар радаҳои қудрат курсие ҳам барои намояндаи ин ҳизб вуҷуд надорад, дар ҳоле ки ҳизбҳои дигари шарики ҲХДТ ё курсӣ дар маҷлис доранд ва ё мансабе дар ҳукумат. Суол ин аст, ки М. Собиров бар ивази ин ҳама ҷанҷолу кашмакаш бо ҳамҳизбиёни худаш чӣ гирифт? Ҳоло ҳам гуфтааст, ки касонеро, ки даъвои баргузории Анҷумани фавқуллодаро доранд ба додгоҳ мекашад. Ҷолиб ин аст, чаро М. Собиров барои нигаҳ доштани ҳизбе, ки манфиъате аз он нест, талош мекунад?

Ин ҳақиқат бори дигар месазад гуфт, ки бебаҳсу мисли об рушан аст, ки зарфи чанд соли охир дар саҳнаи сиёсӣ ҳизбе ба номи ҲДТ амалан нуфуз надорад, балки ба ном мавҷуд аст ва аъзои он дар воқеъ ҳақ доранд, ки барои наҷот ва эҳёи он талош бикунанд. М. Собиров барои ҲДТ то кунун коре накард, балки ин ҳизбро ба вартаи нобудӣ овардааст. Ин мусаллам, аммо як тарафи масъала аст.

Беморӣ барангезанда дорад, ё ба таври табиӣ хуруҷ кардааст?!

Тарафи дигари масъала ва суоли посухталаб ин аст, ки дар воқеъ оё ин аъзои собиқадори ҲДТ ҳастанд, ки бештар дилашон ба наҷоти ин ташкилоти таърихдори сиёсӣ, нахустин ҳизби алтернатив дар баробари ҲК месӯзад? Ва ё касоне дигар бештар аз ин фаъолони ҲДТ дар фикри табдили раҳбарии ин ҳизбанд? Ва ё суол эҳтимолан ба таври дигар бояд гузошта шавад, ҳадаф аз таку дав ва ташкили ин кумитаи фавқуллода чист, эҳёи ҲДТ ва ё танҳо табдили раҳбарияти он?

Оё бемории куҳнаву зотии фаъолони ҲДТ ба таври табиӣ хуруҷ намудааст ва ё барангезанда дорад?

Ҷавоби ин суол пеши фаъолони Кумитаи баргузории анҷумани фавқуллода ва раҳбарияти феълии ин ҳизб аст, ки бояд посухи ин суолро бидиҳанд, агарчанд доноёни умури сиёсат посухи инро додаанд.

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97