Президент Назарбоев дар гӯши фил хоб аст

Сиёсат 08.12.2012 12:38

Ё Остона ба гапи Тошканд даромад

Nazarboev va KarimovАхиран Остона эълом доштааст, ки Қазоқистону Узбакистон дар мавриди бунёди иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ, мавқеи яксон доранд.

Кримбек Кушербоев, муовини нахуствазири кишвари Қазоқистон, ин мавзеъгирии кишвари худро дар Тошканд дар остонаи сафари қарибулвуқуъи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба Узбакистон баён доштааст.

Муовини нахуствазири Қазоқистон ҳамчунин ба ин нукта таъкид кардааст, ки мавқеъгириҳои яксони Узбакистону Қазоқистон дар мавриди бунёди ниругоҳҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар кишварҳои болооб, бо дастури раисони ҷумҳури ин ду кишвар сурат гирифтааст. Ӯ аз ҷумла мегӯяд: "Дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа, ки хеле ҳассос ҳаст, Узбакистону Қазоқистон бо дастури сарони ин ду давлат мавқеи ягона ва ба ҳам мувофиқашударо доранд."

Аммо К. Кушербоев бо таъкид рӯи бунёди ниругоҳи "Қамбарота" дар Қирғизистон ибрози назар карда, гуфтааст, ки он бояд дар асоси пажуҳишҳои байналмилалӣ бунёд гардад.

Агарчӣ ин мақоми баландпояи қазоқ аз ниругоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон, ки мояи норозигии шадиди Узбакистон аст, ёдовар нашудааст, аммо эъломи ҳамраъйӣ бо зиддиятҳои давлати Узбакистон дар баробари бунёди ниругоҳҳои азим ҳамин маъниро медиҳад, ки Остона ба яқин дар ин маврид ҳам дар паҳлуи Тошканд қарор хоҳад гирифт.

Мавзеъгирии Остона замоне эълом мешавад, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, моҳи сентябри соли равон зимни сафари худ ба Қазоқистон ҳушдор дода буд, ки агар кишварҳои болооби Осиёи Миёна ба ҳангоми бунёди ниругоҳҳои бузурги гидроэнергетикӣ манфиати кишварҳои поёнобро сарфи назар кунанд, ин ба ҷанг хоҳад кашид.

Президенти узбак дар мавриди ниругоҳи барқи обии "Роғун" ва "Қамбарота"-и Қирғизистон таъкид намуда, ки ин тарҳҳои бузург бояд бо кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Узбакистон маслиҳат шуда, манофеи онҳо низ ба назар гирифта шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон як даҳа бештар аст, ки дар пайи таҳримҳои бемавриду бадхоҳонаи Тошканд дар мавриди дастрасӣ ба маводи сӯхт ва энергетикӣ ба буҳрони амиқе рӯ ба рӯст. Ҳатто Узбакистон бе ҳеч далели қонеъкунанда монеъи убури барқи харидашудаи Тоҷикистон аз Туркманистон дар чанд соли пеш аз тариқи қаламрави кишвари худ низ гардид. Ва ин сахтгириҳо ва таҳдидҳои Тошканд Душанберо водор ба ҷустани тадбир дар баробари рафъи буҳрони энергетикӣ сохт. Ва акнун ки Тоҷикистон мехоҳад барои раҳоӣ аз буҳрони бардавоми гирдроэнергетикӣ "Роғун"-ро бунёд кунад, боз ҳам пофишориҳои Тошканд, иҷрои ин амрро кунд гардонидааст. Аммо Тоҷикистон роҳе ҷуз бунёди Роғунро надорад. Ва инро дар Тошканд ҳам хуб дарк мекунанд. Аммо Ислом Каримов, ки ҳамеша дар баробари Тоҷикистон дандонҳои худро нишон медиҳад, пас аз пажуҳиши байналмилалӣ ва гузориши безарар будани бунёди ин ниругоҳ аз асп пойин фароварда шуд, аммо боз ҳам намехоҳад пояшро аз узангу берун бикашад. Ва акнун аз дур паёми ҷанг медиҳад.  

Сабаби чунин мавзеъгирии Ислом Каримов, ки дар дунё ҳамчун диктатори минтақа арзёбӣ мешавад, барои мо рӯшан аст, аммо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистонро чӣ расидааст, ки дар муқобили манофеъи мардуми кишварҳои болооб қарор мегирад?

Дуруст аст, ки серро чӣ парвои гурусна, ё саворро чӣ парвои пиёда гуфтаанд. Ва Нурсултон Назарбоев, ки беш аз 20 сол боз бар тахти салтанат нишаставу ба қавле дар гӯши фил хоб аст, азоби солҳо дар бебарқиву бидуни гармӣ умр ба сар бурдани 8 миллион аҳолии Точикистонро аз куҷо медонад. Ҳатто тасаввурашро ҳам карда наметавонад, ки чӣ гуна инсонҳо дар асри 21 метавонанд дар хонаҳои ҳамчун ғор тираву тору сард зиндагӣ дошта бошанд. Ва шояд раиси ҷумҳури муҳтарами Қазоқистон бар асари дарозумрии салтанат аз васвасаи бузургманишӣ сироят шуда бошад. Вале боз ҳам мушовирони Нурсултон Назарбоев дарозумртарин раҳбари кишварҳои Осиёи Марказиро мебояд амиқтар андеша кунанд, ки пояи мулкро риояти адолат пойдор медорад. Вагарна ҳатто дар кишвари фиръавнҳо сарнавишти раҳбарони дарозумр поёни талхе доштааст.

Ҳанӯз дар моҳи сентябри соли гузашта Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон  дар тамоси телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бори дигар хостори кумак ва ҳамкории ин кишвар дар ҷилавгирӣ аз сохти ниругоҳҳои бузург дар минтақа шуд.

Бинобар  баёнияи ҳамон замонии дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қазоқистон зимни  ин тамоси телефонӣ, ки бо ибтикори Ислом Каримов анҷом шуда буд, вай аз ҳамтои қазоқи худ хостааст, ки дар иҷрои  тавофуқот содиқ бимонад.

Бар асоси ин баёния раҳбарони 2 кишвар натоиҷи музокироти анҷомшуда дар дидори 3 ҳафта қабли худро мавриди ситоиш қарор дода, зимни таъкид бар мавзеъи гузаштаи худ дар заминаи истифода аз имконоти обӣ  ва энергетикии минтақа ва сохти ниругоҳҳои нав бори дигар хостанд, ки тарҳҳои бузурги обӣ  ва энергетикӣ дар минтақа  дар пайи анҷоми арзёбиҳои мустақил ва дақиқи байналмиллалӣ  ва бо дар назар гирифтани дидгоҳҳои ҳамаи тарафҳо иҷро шавад.

Коршиносони масоили минтақа мегуянд: Узбакистон эъломи омодагии Маскав барои ҳамкорӣ дар заминаи  сармоягузорӣ дар сохти ниругоҳҳои  нав дар  Қирғизистонро ба зарари барномаҳои тавсиъаи миллии худ медонад ва талоши раиси ҷумҳури Узбакистон  барои  бархурддорӣ аз ҳимояти Остона  бо ҳадафи  камранг  кардани  тавофуқоти  ҳосилшуда дар Бишкек байни мақомоти  қирғиз  ва раиси ҷумҳури Русия  анҷом мешавад.

Тавофуқи  Маскав дар заминаи  ҳамкории бештар дар сохти ниругоҳҳои нав бо Қирғизистон оғози мушкилоти Тошканд буд. Вай бо интиқод аз баландии садҳои 350 метрии Роғун ва 275 метрии Қамбарота афзуд: Давлатҳои Душанбе ва Бишкек бояд кишварҳои поёноб, назири Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар назар гиранд то онҳо низ аз манобеb обии мавҷуд дар минтақа барои бахши кишоварзии худ баҳрагирӣ кунанд.

Аммо чаро бояд мо дар бораи манфиати мардуми поёноб фикр кунем, вале сарвари "гумманисти" кишвари поёноб паёмадхои маргбор ва тахримхои гайриинсониро аллайхи мардуми мо рохандози кунад?!

 «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97