ФЕЙСБУК, ДАВАЙ, ДАСВИДАНИЯ!

Сиёсат 28.11.2012 18:40

facebookМӯҳтарам Бег Сабуровичи гиромӣ!

Як ҷаҳон ташаккур ба Шумо! На танҳо аз номи ман, балки аз номи як коллективи калон.

Ман ин номаро аз номи ҳазорҳо собиқ муътоди Фейсбук менависам, то ба Шумо аз номи ҳамаи мо изҳори сипос намоям.

Шумо дарди моро даво бахшидед! Шумо моро муолиҷа кардед! Шумо давои дарди гирифторӣ ба Фейсбук шудед! Офарин ба Шумо!

Мо ҳама, ва ман шахсан, хеле ва хеле шод ҳастем, ки Шумо ин Фейсбуки лаъинро “профилактика” мекунед ва моро аз чанголҳои бераҳмонаи он раҳо мекунед. Мо ин иқдоми ҳушмандона ва оқилонаи Шуморо аз дилу ҷон ҷонибдорӣ мекунем ва ду даст баҳри ризоият боло мебардорем, то “профилактика”-и Шумо ҷовидона идома кунад ва номи Фейсбук забун ва нест гардад. Офарин ба Шумо!

Ман шахсан ва ҳазорҳо нафари мисли ман пештар соатҳоро дар торҳои лабиринти пурпечутоби ин торнамои аблаҳ сипарӣ мекардем ва чӣ гуна гузаштани вақтро ҳам намефаҳмидем. Ба қадри гарони вақт намерасидем. Аз хушиҳои зиндагӣ бебаҳра будем. Бо кӯдаконамон бозӣ намекардем. Корҳои худамонро иҷро намекардем. Ана бинед, дар ду рӯзе, ки Фейсбук нест, ман ду “отчётам”-ро, ки ду ҳафта боз дар “десктопам” хоб буд, тамом кардам-е! Офарин ба Шумо! Як ташаккури дигар аз номи “супервайзер”-ам барои “отчёт”-ҳо!

Шумо дуруст мегӯед. Сад дар сад дуруст мегӯед! Кӣ ҳаст ҳамин Фейсбук худаш? Ё чӣ ҳаст ҳамин Фейсбук худаш? Соҳибаш кист? Шумо соҳиби онро намешиносед? Ман ҳам намешиносам. Мегӯянд, кадом бачаҳаки ҷавон аст, номаш франк мӣ, ё марка... Ҳа, ҳа Марк ва фамилияаш ҳам аҷиб. Сирк..Сурк..Сукерберг. Мегӯянд, ки ӯ пули хеле хеле бисёр доштааст. Он қадар пулро ба ӯ кӣ додааст-а? Дар ҳамон синну соли ҷавонӣ? Ҳатто 30-сола ҳам нест- а. Аз падараш мерос нагирифта бошад. Дар 23-солагияш аллакай аз ҳисоби фиреби шаҳрвандони бечора ва ба торҳои шайтонияш кашидани онҳо миллиардер шудааст-е. Мутмаинан, ки андоз ҳам намесупорад. Аз Кумитаи андоз аниқ кардан даркор. Ман боварӣ дорам, вай Фейсбуки лаънатӣ ҳатто дастгоҳи оташнишон ҳам надораду пули об намесупорад ва шояд аз “Барқи Тоҷик” ҳам қарздор бошад.

Э, не, Шумо гӯед, ки он ҳама пулҳоро чӣ хел ба даст овардааст- а? Ман медонам! Ҳама медонад! Википедия ҳам медонад! Вай вақте, ки донишҷӯ буд, не, дар Ҷазира не, балки дар Ҳарвард, ба ҷойи он ки ба омӯзиши илм машғул шавад, ҳамроҳ бо чанд беҷогарду дарсгурези дигари мисли худаш шабҳову рӯзҳои дароз нишаста, ройонабозӣ (компутербозӣ) мекард. Онҳо сипас ҳамроҳ фикр карда, ба ҳамин хулоса омаданд, ки бояд ҷавонҳоро аз роҳ бизананд, ба майнаи сари ҷавонон фикрҳои хому пуч ворид созанд, ва ҳамин шабакаро ихтироъ карданд. Ҷинояти гуруҳӣ! Онҳо гуфтанд, ки ин шабакаи иҷтимоӣ аст ва ҳар касе аз 13-сола боло хост, метавонад дар ин ҷо суратҳои худашро бигузорад, дӯстон пайдо кунад ва бо дигарон суҳбат кунад. Аз ҳама мудҳишаш ин ки одамон ҳатто метавонанд гуруҳҳои ҷиноятӣ дар дохили ин Фейсбук созмон диҳанд ва ҳама гуна масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии намешуданиро баҳс кардаву бар пояи давлатҳои мардумдӯсту демократӣ теша зананд. Шумо сари вақт пеши роҳи инҳоро гирифтед! Ман ба зиракии шумо қоил!

Ин мардуми бекор, ки дар Фейсбук мешинанд, дигаронро ҳам бекор мекунанд-е. Ана ҳамин гуруҳсозиву гуруҳбозияшон тамоман бад. Ман ку, албатта, узви гуруҳҳои сиёсӣ нестам, бовар кунед, ман фақат ягон калимаи намедонистагиамро дар гуруҳи Забони Порсӣ мепурсидам ва голҳои Мессиро дар гуруҳи Футболи Тоҷикистон ҳисоб мекардем, тамом, вассалом. Вале дигарҳо... оҳ, дигарҳо... Онҳо, мебахшед маро, то ранги турсики ким-киҳоро ғайбат мекарданд. Мегуфтанд, ки чаро барқ несту чаро газ надорему интихоботи мо ким чӣ хел ҳасту аз ҳама бадаш ин ки чиновникҳои поквиҷдони моро бадном мекарданд. Ҳой мардум, о, аввал як бор ба Норак равед, баъд пурсед, ки чаро барқ нест. Шумо дар куҷо будани баъзе вазорату кумитаҳоро намедонеду боз раҳбарони онҳоро танқид мекунед- а. Ҳа, Бег Сабурович, танқид мекунанд. Бе асос. Бе далел. Бе гувоҳ.

Ана, ҳамин Сукерберг, ба фикрам, кадом ҳадафҳое дорад. Бинед, вай бо Медведев дӯст ҳаст, падараш яҳудӣ, ҳамсараш чинӣ ва модараш равоншинос ҳастанд, Барак Обама гоҳ-гоҳ меҳмонаш мешавад... Бо ин хел “связ”-ҳо, вай боз қариб 20 миллиард доллар доштааст! Бист миллард- а! Ин ҳам боз ҳамон пуле, ки Форбс ёфта тавонистааст, боз кӣ медонад, чӣ қадар дороиҳои дигараш ба номи модарарӯсаш пинҳонӣ сабт шудагист. Вай ҳатман ягон ҳадафи бад дорад! Бо ӯ суҳбат кардан лозим, Бег Сабурович. Вале мо, мардуми сарбаланди тоҷик, назди ӯ намеравем! Бигзор, худаш биояд! Адолатро ҳам риоя кардан даркор, агар ки омад, бояд на бештар аз ҳамватанони дигари мо ҳақ дошта бошад ва бояд ба мисли дигарон рӯзи шанбе, соати 10:00 дар навбати қабул биистад.

Бег Сабуровичи гиромӣ!

Ман ин ҳама ҳарфҳоямро ҷиддӣ гуфта истодаам. Баъзе душманони миллат шояд дар ҳаққи ман бадгӯӣ кунанд ва гӯянд, ки ман ин номаро шӯхӣ навишта истодаам. Барои ҳамин, ба гапҳои онҳо бовар накунед. Ба ҳеч ваҷҳ бовар накунед. Ман ҷиддан ҳам тарафдори Шумо. Инҳо ҳадафи нопокашон ҳамин ки бо бадгӯиҳо миёни мо, ҳамақидаҳо, тафриқа андозанд ва ба ин васила талош мекунанд, то мо ба Шумо давай, дасвидания гӯем. Вале, ба ҳадафашон намерасанд! Ба торҳои асаби ин гуна афроди бадгӯ бигзор “пуля” расад! На танҳо Фейсбук, балки барои ин гуна бандагони ношукр бояд ҳамаи Интернетро қатъ кард.

Тафаккури ин гуна одамон аллакай бо заҳр омехта шудааст. Инҳо аз роҳашон баргаштанӣ нестанд. Вақте Шумо Фейсбукро бо СМС-и хирадмандонаи худ қатъ кардед, инҳо ба кадом як дӯсташон бо номи Прокси ва фамилияи Сервер муроҷиат карданд. Бо ана ҳамин гуна роҳҳои ғайриқонунӣ боз вориди Фейсбук мешаванд. Ҳамаи суҳбату баҳсҳо ва қадаму ишораву чашмакзании ин мардумро дар Фейсбук бояд наззора кунем. Инҳо ҳайрон мешаванд, ки чӣ хел? Охир, он ҷо миллионҳо “коммент” ҳаст, вале инҳо намедонанд, ки мо МЕТАВОНЕМ! Мо ҳама корро метавонем. Ҳатто “лайк”-ҳояшонро наззора мекунем ва онҳоеро, ки худашон чизе наменависанду “пассив”-она дигарҳоро дастгирӣ мекунанд, муайян мекунем. Ва ҷазо медиҳем. Ҷазояшон ҳамин ки, интернетро ҳам мекушем, то боз ба ЮТюбу Твиттеру Мой Мир ва Одноклассники нараванд. Ё не, чунки ин дигарҳояш ба мисли Фейсбук хатар надоранд. Дар Твиттер чанд ҷумлаҳак навиштан даркор ва инҳо ҳунари дар чанд ҷумла хулоса кардани фикрҳояшонро надоранд. Дар Мой Мир фақат духтарбозӣ карда мешавад. Одноклассникияш ҳам ҳамин. ЮТюби инҳо умуман кор намекунад, чунки бисёрашон интернети бақувват ва серсуръат надоранд. Хатар дар Фейсбук буд, ки дигар нест. Ва Илоҳо, нашавад.

Боз ҳам, Беги Сабуровичи гиромӣ, як ҷаҳон ташаккур ба Шумо, барои иқдомҳои хирадмандонаатон!

Аз самими дилу ҷон,

узви коллективи собиқ муътодони Фейсбук!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97