Русия Тоҷикистон ва Қирғизистонро мусаллаҳ месозад

Сиёсат 10.11.2012 14:56

Дуруст мекунад ё не?

rusМақомоти рус гуфтаанд, барои бахшҳои низомии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди якуним миллиард доллар ҷудо мекунанд. Дар ин бора нашрияи "Ъ"-и Русия бо истинод ба манобеъи худ хабар нашр кардааст. Бино ба иттилоъи ин нашрия, Русия қасд дорад то тобистони соли 2013 ба бахши низомии Қирғизистон ба маблағи 1,1 милиард доллар кумак ироа кунад. Сипас ироаи кумакҳо ба маблағи 200 миллион доллар ба бахши низомии Тоҷикистон дар назар будааст.

Нашрияи "Комерсант" навиштааст, кумаки 200 миллионӣ таъмири таслиҳоти зиддиҳавоӣ ва модернизатсияи артиши Тоҷикистонро дар назар доштааст. Мақомоти марбута ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти моҳи гузаштаи худ дар бораи кумаки Русия барои модернизатсияи бахши низомии Тоҷикистон таъкид карда буданд.

 Генерал Мамытов Токон Болотбекович - раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон), аз ҳизби «Ор номус», собиқ фармондеҳи нируҳои марзбонии Қирғизистон рӯзи 6 ноябр аз тариқи Телевизиони Қирғизистон гуфт, ки то ҳол дар бораи кумаки низомии Русия ба Қирғизистон дар ягон манбаъи расмӣ чунин матлабро надидааст ва иттилоъ надорад. Хабарнигори мо аз соҳибназарони тоҷик суол кард: ки «Русия Тоҷикистон ва Қирғизистонро мусаллаҳ месозад, ба назари шумо оё ин амали дуруст аст»?

alyevДмитрий Аляев, журналист, ш. Маскав:

Мусаллаҳсозии ин ё он кишваре, ки кишварҳои бузурги минтақаӣ ё ҷаҳонӣ, ба мисоли Русия ва ё Амрико аз он манфиатро интизоранд, ногузир аст.

Кишварҳои хурдтар, бахусус кишварҳое, ки ҳанӯз институтҳои демократии соҳибрушдро доро нестанд, ҳамеша бо доштани нируи низомӣ ва аслиҳаи муосири беҳтар аз дигар ҳамсоягонашон ба худ фарқ медоданд.

Хуллас, агар инҳо аз сӯи Русия мусаллаҳ намешуданд, табиист, ки кишвари дигаре ин корро мекард.

Аммо муҳим аст, ки фурӯшандаи ин аслиҳа бояд дарк кунад, ки ин аслиҳа ба дасти кӣ меафтад ва он ба чӣ кор истифода мешавад. Аз як тараф ин кор ба хотири манфиатҳои ҳимоятӣ ва аз тарафи дигар фурӯши аслиҳа, барои мисол Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилӣ, ва аҷиб, ки ба ҳар ду тараф, ки ин мусаллаҳгардониро метавон ҳамчун дастгирӣ аз ҷанги бародаркӯшӣ талаққӣ кард.

Умуман, дар замони имрӯза дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қазоқистон, вобаста ба нооромии вазъ ва рақобатҳои дохилӣ интизор бояд шуд, ки аслиҳа он кореро анҷом хоҳад дод, ки маҳз барои он кор пешбинӣ шудааст.

Ahmadi_Ibrohim11Аҳмад Иброҳим, рӯзноманигор

Русия ҳамон аслиҳаҳои аз эътибор соқитшудаашро барои Тоҷикистон медиҳад. Путин ваъдаи модернизатсияи артишро барои Тоҷикистон низ дода буд. Ҷониби Русия ба ҳамин миқдор кумак ва мусаллаҳ мекунад, ки камтарак дандон тез кунанд, муқобили ҳамдигар, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ҳам. Вай ҳамон қадар кумак мекунад, ки яроқнок шаванд ва дилпур шаванд, ки ман дигар тарафро мағлуб карда метавонам ва ҳадди ақалл мағлуб намешавам, суханҳояшон дурушт ва муқовиматашон шадидтар шавад, ки бештар ниёз ба Русия дошта бошанд. Русия ин ҷо ва Амрико дар он тарафи уқёнус ба як хазинаи яроқу силоҳ табдил шудаанд ва ҳатман бояд яроқҳояшонро ба фурӯш бигзоранд, зеро дигар он яроқҳо куҳна шудаанд, масалан дар ҳамин дивизия дар ҳудуди 1800 тонк куҳнаю фарсуда шудаанд ва ба ҳеч дарде намехӯранд. Тамоман ин модернизатсияи артиши мо вақте ҳамзамон ё "параллельно Қирғизистонро кумак мекунад ва ё Узбакистону дигаронро, ҳадафаш як чиз аст, дандонҳои инҳоро ба муқобили ҳамдигар тез кардан, ки аз ҳамдигар сахт натарсанд, масалан Тоҷикистон аз Узбакистону муқовимат кунанд ва ҳамон муқовимат авҷ бигираду муҳтоҷи Русия шаванд, то ҳам пойгоҳашро ин ҷо мустақарр созад, Узбакистон бубинад, ки Тоҷикистон бақувваттар аст, боз чашмаш метарсаду боз ниёзманди Русия мешавад. Хулоса ин мусаллаҳсозӣ ба фоидаи ин ҷо нахоҳад буд.

Shodi_ShabdolovШодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили парлумон:

Ҷангҳое, ки дар Тоҷикистон сар зад, дар давраи хараҷу мараҷи демократӣ, ман дар бораи ин қаблан ҳам гуфтам, аз он сабаб буд, ки мо қувваҳои мусаллаҳ надоштем. Ҳар кас яроқро гирифту даромад ба ҳамин шаҳри Душанбе вазифақапӣ, вазифагирӣ. Як гуруҳ аз як тараф, гуруҳи дигар аз дигар тараф. Мо бояд қувваҳои мусаллаҳ дошта бошем. Қувваҳои мусаллаҳ бе чархболу бе танку бе афсарони ҳирфаӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ қувваи мусаллаҳи воқеъӣ буда наметавонад. Дар буҷаи мо маблағ нест, ки мо худамон худамонро таъмин карда тавонем. Нест. Ин буҷаи мо бисёр буҷаи заъиф ва дорои камбуди буҷа аст. Шумо худ тасаввур кунед, ки мардикорони ҳамватани мо куҷо рафтанд(?), ба Русия, ки зиёда аз 3 млд. доллар аз ҳисоби онҳо ба Тоҷикистон ворид мешавад. Ва қисми зиёди даромади буҷаи мо аз ҳисоби ҳамин муҳоҷирон аст ва ин зиёда аз 200 млн. касри буҷа аст, пас мо аз куҷо метавонем, қувваҳои мусаллаҳи худро таъмин созем? Барои ҳамин иқдоми Русия нисбат ба мо ва кишвари Қирғизистон иқдоми дуруст аст. Дигар ин ки мо дар ҳудуди давлатҳои муштаракулманофеъ ҳастем ва байни худ созишномаҳои низомӣ дорем, дар бораи муҳофизат кардани ҳудуди ин кишварҳо аз таҷовузи хориҷа ва созишномаҳо алайҳи терроризм ҳам дорем. Бубинед, мо ин қадар ҳудуди сарҳадии дароз дорем бо Чину Афғонистон, мо ин қадар сарҳадро бояд аз ҳисоби чӣ нигоҳу бин бикунем? Барои ин техника ва лавозимоти ҳарбӣ лозим мешавад. Ҳудуди марзии Тоҷикистон ҳудуди марзии кишварҳои ИДМ аст. Барои ҳамин мо бояд инро муҳофизат кунем, вале барои ин маблағ надорем ва Русия бояд маблағгузорӣ кунад. Вақте ки масъалаи пойгоҳи 201 - ум дар Тоҷикистон буд, яке аз рӯзноманигорҳо гуфт, ки барои будубоши ин дивизия Русия иҷорапулӣ бояд пардохт намояд. Ман гуфтам, ки барои ин пул додан лозим нест, балки кумаки низомӣ намудан лозим меояд, зеро ба воситаи кумакҳои низомӣ мо метавонем сарҳадҳои худро муҳофизат кунем, кумаки пулӣ бошад, фақат барои чанд муддате камбуди буҷаро мепӯшонад ва халос.

oynihol-bobonazarova_45Ойиниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос

Гап сари ин аст, ки ҳар давлат бояд артиши худро дошта бошад ва ба ҳар ҳол бо яроқу аслиҳа таъмин бошад. Аммо як чизи дигар аст, дар шароити имрӯза яроқу аслиҳа ҳам ҳеч нақшеро бозӣ намекунад. Мо масалан дидем, ки 300 ҳазор сарбозони Амрикою НАТО дар Афғонистон натавонистанд масъаларо ҳал намоянд. Дар бисёр давлатҳое, ки даргирӣ шуд, давлатҳои абарқудрат даромаданд ва ба воситаи танку тӯпу аслиҳа масъалаҳоро ҳал карда натавонистанд. Роҳи ягонаи оромии ҷомеъа аз дохили худи кишварҳо вобаста аст. Агар ҳукумат бо мардумаш мусолаҳа намояд, ҳуқуқҳои мардумашро риоят кунад ва аҳолӣ зиндагии хуб дошта бошад, ман фикр намекунам, ки агар то ҳатто, ки Толибон ба сари ҳукумат биёянд, онҳо фикри ба Тоҷикистон ҳамла карданро нахоҳанд дошт, чунки ҳоло барои онҳо проблемаҳои худашон кофист ва барояшон зарурати ба дигар кишвар ҳамла кардан ҳам нест. Бинобар ин ман фикр намекунам, ки ба ин зарурати зиёд мавҷуд бошад.

Jovid_MuqimҶовид Муқим, профессор

Русия, ки барои Тоҷикистон дар доираҳои сиёсӣ ҳамчун шарики стратегӣ шинохта мешавад, албатта ҳар кореро, ки анҷом медиҳад, ҳадафҳои худро дорад. Ва ин ҳадафҳо бештар ба манфиъати Русия хоҳанд буд. Як чизи дигарро мо бояд ба инобат бигирем, ки ин мусаллаҳшавӣ аз чӣ иборат аст ва кадом ҳадафҳоро пеширӯ гузоштааст. Ва агар ин ҳадафҳои Русия гузошта ба ҳадафҳои кишвари Точикистон мувофиқат кунад, ин албатта ба манфиъати миллат хоҳад буд ва агар не, дар ин ҳолат албатта метавонад, оқибати нохуш ҳам дошта бошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97