Аз мулоқоти Путин бӯи бензин меояд

Сиёсат 05.10.2012 15:23

(Фелесиёсат)

Vladimir_PutinХолаи Ашрафмоҳ аз омадани Путин беҳбуди зиндагии писари муҳоҷири меҳнатиаш дар шаҳри Тамбов, амаки Тулфорбек зиёд шудани нафақаи худашро, ки аз буҷаи Русия мегирад, интизор аст.

Ронандаҳо ва нақлиётчиён сафари Путинро барои худ тақдирсоз мешуморанд, зеро овозаҳо садо доданд, ки Владимир Путин дар рӯзи таваллудаш боҷи гумрукии сӯзишвориро лағв мекунад. Прапоршики куҳансоли марзбон Тоҳирбек чашм ба роҳи марзбонони Русия аст. Пас аз рафтани марзбонони Русия Тоҳирбек фаромуш кардааст, ки бонкаи консерви моҳӣ чубин аст ё оҳанин.

Дар асл мулоқоти ҷанобон Путин ва Раҳмон хеле тақдирсоз хоҳад буд. Зеро акнун одамони калонсоли 60 сола сари мизи мулоқот менишинанд. Ҳар ду зодаи бурҷи Мизон ва дар зиндагӣ мизони зарару фоидаро баркашида метавонанд. Аммо тарозуи ҳамкории ду кишвар дар мизони ИДМ ҳоло ба манфиати Путин аст. Инро Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА аз ҳама пеш дарк карданд. Пас аз хурӯҷи нируҳои Муҳоидаи Атлантикаи шимолӣ ИМА дар байни Покистону Афғонистон пойгоҳи мустаҳками стратегиро барпо мекунад. Дасти ин пойгоҳ ҳатто ба Ирону Либия низ дароз хоҳад буд. Ҳамзамон ба давлати устухон дар гулӯи ИМА -Чин низ аслиҳаи стратегии миёнапарвози ИМА намоиш дода мешавад.Дар тахтаи шоҳмоти геополитикии Осиё акнун ба Путин зарур аст, гашти аспро ба кор барад. Зеро дар тахта дар паси  Пиёдаҳо (Нируҳои Афғонистон) Фарзини Амрикоӣ меистад.

Бозии гашти Аспро Путин танҳо бо кумаки Душанбе истифода карда метавонад. Ва боз ин чиз ҷолиб аст, ки Русия дар мавридҳои зарурӣ Тоҷикистонро ба Узбакистон бо гашти "ракировка" ё ҷойивазкунии шоҳу фарзин истифода бурда метавонад.

Русия бе ташкили пойгоҳи пурқуввати ҳарбӣ дар Душанбе аз бозии абарқудратҳои Ғарб берун мешавад. Пойгоҳи пурқувватро бе майдони ҳавоии Айнӣ ташкил кардан бефоида аст. Русия акнун дар дифои ҳавоии Осиё дар баробари "Окно" бо майдони ҳарбии ҳавоийи хеле ҳам мусоид марзи буферии худро ҳифз карда метавонад.

Боз он чиз таааҷубовартар аст, ки абарқудратҳо аз софдилӣ, соддагиии мо хуб истифода мебаранд. Узбакистон барои иҷораи фазояш барои парвози тайёраҳо аз мо маблағ меситонаду мо пойгоҳи низомиро муфт додаем.

Имрӯз вақти тақдирсоз фаро расид. Коре, ки Путину Эмомалӣ Раҳмони 50-сола соли 2002 кашол доданд, имрӯз бояд манфиатбахш ҳаллу фасл шавад. Мо дар рӯзи Забон бо забони дароз ҳаққи ҳалоли худро тақозо менамоем.

Ба ин хотир то анҷоми музокирот ман забонамро газида, пиёда мегардам…

Фарид Маздак


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97