Изҳороти севвуми ҲУСДТ ва нигаронии бемавриди ҲНИТ

Сиёсат 08.09.2012 10:43

ZOIROV_RAHMATILLOҲУСДТ бо интишори баёнияе дигар аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, ба хотири ончи бетаваҷҷуҳӣ ба ҳаводиси Хоруғ хонда, башиддат интиқод кардааст.

Дар ин баёния, ки рӯзи 24 август пахш шуд, омадааст, ки президент бо гузашти як моҳ аз оғози нооромиҳо дар Бадахшон ба таври боиста ба ин ҳаводис вокуниш нишон надода ва аз ҷумла ба пайвандони афроди кушташуда ибрози таслият накардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи ҲУСДТ президент ба раҳбарони кишварҳои дигар ҳатто дар иртибот бо ҳаводиси табиъӣ пайваста паёмҳои таслият ирсол мекунад. Дар баёния ҳизби мазкур изҳори таассуф кардааст, ки бо вуҷуди зомини иҷрои қонуни асосӣ ва риъояти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон будан, раиси ҷумҳур аз иқдомҳои ниҳодҳои қудратӣ барои эҷоди вазъи буҳронӣ, ки паёмадҳои ғайри қобили пешбинӣ барои кишвар дорад, ҳимоят мекунад.

Дар баёнияи худ, ҲУСДТ аз давлати Тоҷикистон қотеъона тақозо кардааст, ки амалиёти низомӣ дар Бадахшонро фавран мутаваққиф кунад ва нируҳои эъзомиро аз ин вилоят дар зудтарин фурсат берун барад.

ҲУСДТ ҳамчунин аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дархост кардааст, ки бо як суханронӣ дар телевизион мавқеъи худро дар мавриди ҳаводиси Бадахшон ва нақзи густардаи Қонуни асосӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ин вилоят ва дар саросари Тоҷикистон рӯшан кунад.

Ҳамчунин, масъулони ҳизб аз давлат хостори таъмини шаффофият дар мавриди амалиёти Хоруғ шуда ва аз ҷумла тақозо кардаанд, ки тамоми санадҳое, ки ахиран дар робита бо вазъияти Бадахшон дар сатҳҳои гуногун тасвиб шудаанд, дар дастраси умум қарор дода шаванд.

ҲУСДТ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки дар сурати иҷро нашудани ин дархостҳо аз сӯйи давлат, ин ҳизб хостори истеъфои раиси ҷумҳурӣ ва ҳайъати давлат хоҳад шуд ва мардумро ба нофармонии маданӣ фаро хоҳад хонд.

Дар баёнияи ҲУСДТ сабаби сар задани нооромиҳо дар Бадахшон "беназмӣ, беқонунӣ ва истибдод дар арсаи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ" унвон шудааст.

Масъулони ин ҳизб аз идомаи нооромиҳо дар ин вилоят изҳори нигаронӣ карда ва навиштаанд, ки яке дигар аз далоили нооромӣ дар минтақа буҳрони давомдори иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст.

Дар баёния омадааст: "Бесалоҳиятии мақомот ва фасоди дастгоҳи идорӣ боис ба таниш дар як моҳи ахир дар Бадахшон шудааст. Талошҳои давлат барои дар инзиво қарор додани ин вилоят интиқоли маводи мавриди ниёзи аввалия ба мардуми минтақаро душвор сохтааст."

ҲУСДТ  ҳамчунин муътақид аст, ки давлати Тоҷикистон на танҳо эътибори худро дар миёни мардум аз даст додаанд, балки ҳамзамон шарикони хориҷии худ, аз ҷумла, Карим Оғохонро, ки байни давлат ва гурӯҳҳои мухолиф дар Бадахшон миёнҷигарӣ кардааст, дар вазъи нохушоянде қарор додаанд.

Ин севумин баёнияи ҲУСДТ дар бораи вазъияти Хоруғ аз замони шуруъи нооромӣ дар Бадахшон аст.

Баъд аз амалиёти рӯзи 24 июл ин ҳизб бо пахши баёнияе давлатро ба истифода аз равишҳои "ғайримутамаддин ва нақзи Қонуни асосӣ" муттаҳам карда буд.

То кунун аз ҳашт ҳизби сиёсии фаъол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон се ҳизб дар робита ба ҳаводиси Бадахшон изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла ҲКТ ва ҲСД баргузории амалиёти Хоруғ ва истифодаи воҳидҳои артиш дар ин амалиётро маҳкум намуда, онро хилофи Қонуни асосӣ унвон карда буданд. ҲНИТ низ дар ин робита чанд баёния содир намуда, аммо ҳамчунон натавонистааст, ки мавқеъашро ба сароҳат баён кунад. Ин ҳизб дар аввал дар пеш омадани вазъияти бӯҳронӣ фармондеҳони собиқи худро муттаҳам донист, аммо баъди он ки раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар ҷараёни ҳаводис кушта шуд ва раиси шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ боздошт шуд, кушандагони раиси вилоятияшро маҳкум ва хостори тавзеҳи мақомот роҷеъ ба иллати боздошти Шерик Карамхудоев, раиси ҲНИТ дар Хоруғ шуданд. Мақомот ба таври мустақим ба ин дархост посух надодаанд, аммо ба таври ғайри мустақим дар нашрияҳои расмӣ ҳарду мақоми ҲНИТ дар Бадахшонро узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайри қонунӣ унвон карда ва гуфтаанд, ки дар ташкили муқовимати мусаллаҳона алайҳи нируҳои давлатӣ дар рӯзи 24-уми июл даст доштаанд. Ин дар ҳолест, ки худи мақомоти марказии ҲНИТ аз ҳар гуна сӯҳбат дар ин маврид худдорӣ меварзанд. Аз ҷумла дар посухи хабарнигори "Азия плюс" Темур Варқӣ ин мақомот гуфтаанд, ки беҳтар аст дар бораи сарнавишти Ш. Карамхудоев ҳоло чизе навишта нашавад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки Имомназар Имомназаров, аз фармондеҳони пешини ИНОТ ва аз шахсиятҳои бонуфузи Бадахшон, ки рӯзи 22 август террор шуд, низ дар соли 2004 ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар Бадахшон барои якуним сол интихоб шуда буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, мақомоти ҲНИТ ба далели он ки дар ҳамдастӣ ба гуруҳҳои мусаллаҳ ва кумак ба онҳо муттаҳам нашаванд, ҳато аз ҳамҳизбиҳои ҳозиру собиқи боздоштшуда ва кушташудаи худ намехоҳанд ба сурати ошкор ҳимоят кунанд ва дар маҷмӯъ бо эҳтиёт дар мавриди ҳаводиси Хоруғ изҳори назар мекунанд.

Дар ҳар сурат, агарчанд ҲНИТ мехоҳад ба таври расмӣ мавқеъи бетарафоне нишон диҳад, аммо аъзои он дар амал ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гуруҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон ҳимоят кардаанд. Ҳамчунин расонаҳои ин ҳизб низ.

Аммо ба назар мерасад, ки ҲНИТ дар ин миён бештар худашро фиреб медиҳад. Зеро агар фарз бар ин бошад, ки ҲНИТ ҳамдасти ин гурӯҳҳо дониста шавад, кофист, ки ду раиси пешини кушташудаи ин ташкилот дар Бадахшон ва ҳамчунин раиси шаҳрии ин созмон дар боздоштро мақомот далеле барои ин иттиҳом истифода кунанд. Аммо зоҳиран чунин барномае  матраҳ нест ва мақомот натавонистаанд, то кунун кишварҳои ғарбиро дар ин маврид қаноъат бидиҳанд. Пас то сафорати Амрико ва сафоратҳои Иттиҳодияи Аврупо фаъол ҳастанд, хаёли ҲНИТ ҳам метавонад аз ин ноҳия роҳат бошад.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97