Агар суханони Чиркин рост бошад, Зарифӣ бояд истеъфои худро эълон кунад

Сиёсат 21.07.2012 09:00

Zarifi_va_ChurkinАгар ба суханони Владимир Чиркин, фармондеҳи кулли нируҳои пиёданизоми Русия бовар кунем, Тоҷикистон шартҳои Маскав барои ҳузури баъдии пойгоҳи 201 -умро қабул кардааст. Ин шарт чизе ҷуз ин нест, ки Тоҷикистон бар ивази ҳузури ин пойгоҳи Русия пуле аз Русия дарёфт нахоҳад кард. Ва ба муддате, ки Русия хоста бошад, ба ҳамон муддат, қарордод барои боқӣ мондани пойгоҳи мазкур имзо хоҳад шуд.

Изҳороти зиду нақизи Чиркин ва вазири ватанхоҳ

Хабари розӣ шудани Тоҷикистон ба шароити пешниҳодии Маскав дар бораи боқӣ мондани пойгоҳи 201 ба сурати барқосо аз сӯи хабаргузориҳо нашр шуд ва ба ҳамон шитоб дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз забон ба забон шуд. Ҳоло дигар, 20 соли пеш нест, ки мардум манфиати худро нашиносад. Ва тақрибан аксари кули ҷомеъаи Тоҷикистон аз мавқеъи изҳорнамудаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ дар ин бора пушгтибонӣ мекунанд. Ҷаноби Зарифӣ як соли пеш, рӯзи 18 июли соли 2011 гуфта буд, ки "Агар ягон нафар дар хориҷи кишвар ҳисоб кунад, ки пойгоҳи низомӣ ва ё элементҳои он бояд дар Тоҷикистон ройгон бошад, мо чунин посух дорем, ки сарзамини Тоҷикистон моликият ё ин, ки сармояи падари вазири корҳои хориҷӣ ва ё вазири дифоъи Тоҷикистон нест. Он арзиш дорад. Аз ин лиҳоз агар он расонаҳо чунин фикр дошта бошанд, ки бояд ройгон бошад ва ҳоҷати сухан нест, дар ин ҳолат мо ҳам посух медиҳем, ки дар мавриди бе музд истифода бурдани сарзамини Тоҷикистон низ ҳоҷати гап нест." Ин мавқеъи солим ва назари мардумест, ки худро, миллати худро ва давлати худро эҳтиром мегузоранд.

Аммо ҳар чӣ ҳам бошад, хабаргузориҳо акнун баъди як соли ин изҳороти ватанхоҳонаи вазири корҳои хориҷӣ, суханони Владимир Чиркин, генерали русро нашр кардаанд, ки гуфтааст, Тоҷикистон омода шудааст, ки ба таври ройгон, (безвозмездно) пойгоҳи 201- умро дар қаламрави худ мустақар кунад.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли сарлашкар Чиркин навиштааст: "Тоҷикистон тарҳи қарордод дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия барои 49 соли дигарро қобили қабул медонад." ("Проект соглашения, закрепляющий пребывание в республике Таджикистан 201-й военной базы сроком на 49 лет, таджикистанской стороной считается, в целом, приемлемым", - отметил он. По словам Чиркина, таджикские власти пообещали "максимально содействовать ускорению межведомственного согласования" этого договора. Генерал отметил, что российский проект соглашения предусматривает размещение базы РФ в Таджикистане на безвозмездной основе.) - РИА Новости.

Хомӯшии қабл аз тӯфон ё…

То замони таҳияи ҳамин мақола мақомҳои Тоҷикистон дар бораи ин изҳороти сарлашкари рус ибрози назаре накарда буданд. Аммо рӯзи гузашта, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки музокироти ду ҷониб дар ин маврид ҳануз анҷом напазируфтааст. Ӯ гуфта аст, ки "сари масоили муҳимми ҳамкории низомӣ бояд гуфтугӯҳо сари мизи музокирот ва пушти дарҳои баста анҷом шавад. Ба ин далел Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ҳамкории стратегӣ ва равобити деринаи дӯстона, бо ФР муколамаи маъмулиро идома дода истодааст".

Баҳси пойгоҳи 201-ум ва интихоботи президентии 2013

Музокирот миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи тамдиди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 тайи бештар аз як соли охир, равобити байни ду кишварро сард ва ғайри қобили пешбинӣ карда буд.

Тоҷикистон дар соли 2004 ба қарордоди таъсиси пойгоҳи Русия дар заминаи фирқаи 201 имзо гузошт. Муҳлати он шартнома 10 сол буд ва дар соли 2014 ба анҷом мерасад. Коршиносон мегӯянд, ки ҷониби Тоҷикистон акнун мехоҳад, ки аз ҳузури низомии Русия дар кишвараш ба таври судманд истифода кунад. Аз ҷумла, Русия барои ҳузури пойгоҳаш бояд пул пардохт кунад ва қарордоди тоза на барои 49 сол, балки барои 10 соли оянда баста шавад. Як амри табиӣ ва воқеъӣ. Аммо зоҳиран. Дар асл, ба гуфтаи бархе дигар таҳлилгарон Тоҷикистон мехоҳад бо истифода аз фурсат, ҳам пул ба даст биорад ва муҳимтар аз он ҳам муомилаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013-ро анҷом диҳад. Ин амри муҳимтар ба назар мерасад, ба ҳар ҳол ва ба ҳар ҳисоб.

Мазҳакаи "бемулоҳизагиҳои сиёси"-и Чиркин ё Тоҷикистон

Ҳоло бархе аз хабаргузориҳо аз қавли вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳороти Чиркинро дур аз воқеъият унвон кардаанд. 

Владмир Чиркин ҳафтаи гузашта дар ҳузури аъзои Шӯрои федератсия хабар дода буд, ки давлати Тоҷикистон аз имзои тавофуқномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар барои 49 сол сарпечӣ мекунад. Он вақт низ вазорати дифоъи Тоҷикистон изҳороти Чиркинро "бемулоҳизагии сиёсӣ" унвон карда буд. Ин ҷо суоли дигар дар зеҳнҳо пайдо мешавад, ки дар воқеъ Тоҷикистон чӣ мехоҳад, ки ҳам ин суханонро қабул надорад, ки мувофиқат мекунад ба тарҳи қарордод, ҳам акси онро, ки Чиркин боз гуфт, Тоҷикистон розӣ шудааст. Пас ҳар чӣ ҳаст масъала ба хости Тоҷикистон тоб нахурдааст, то кунун.

Бадбахт онҳоянд, ё мо?

"Коммерсантъ", нашрияи чопи Маскав, бо такия ба манобеъи наздик ба ҳайъатҳои музокиракунанда гузориш карда буд, ки давлати Тоҷикистон барои ҳузури низомии Русия дар ин кишвар 250 миллион доллар тақозо кардааст. Пештар ин рақам 300 миллион доллар унвон мешуд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳаргиз дар мавриди миқдори ин пул суҳбате ба миён наоварданд. Ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин маврид гуфтааст, "агар барои баъзе ашхос, ки наметавонанд ин ҷузъиётро дар даст нигаҳ доранд ва онро фош мекунанд ин айби онҳо нест, балки бадбахтии онҳост."

Аммо ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ва Русия дар музокироти ғайри расмӣ шояд ба тавофуқе даст ёфтаанд. Зеро маъракаи омода кардани зеҳнҳо барои бе пул ба ихтиёри Русия додани пойгоҳ аз муддатҳо оғоз шуда буд. Ва изҳори назари С. Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ки гуфта буд, дар музокироти Русия ва Тоҷикистон бар сари масъалаи пойгоҳ пул асли муҳим нест, намунаи ин аст.

Истеъфо аз рӯйи ахлоқ

Ба ҳар ҳол, то кунун дар мавриди пойгоҳи 201 -ум ва додан ё надодани он ба Русия ба таври ройгон ва ё бар ивази пул хелеҳо дар Тоҷикистон изҳори назар карданд. Аммо барҷастарин ва бо сароҳаттарини ин суханон боз ҳам аз Ҳамрохон Зарифӣ буд, ки гуфта буд, "дар бораи бе пул истифода кардани замини Тоҷикистон ҳоҷати гап нест". Ҳоло агар дар воқеъ агар чунин тавофуқе сурат гирифта бошад ва замини Тоҷикистон бе пул дода шуда бошад, пас аз назари ахлоқӣ ва усули футуват Ҳамрохон Зарифӣ бояд барои дар мавқеъи худ истиқомат накардан, бояд маъзарат бихохад ва истеъфо диҳад. Он гоҳ шахсияти мондагори таърих хоҳад буд.

Русия фурсат дорад, аммо Тоҷикистон…?

Аммо барои Тоҷикистон ин ҳоло шикаст, ақибнишинӣ ва бӯҳрон нест, агар ҳам Тоҷикистон ба шароити Русия мувофиқа низ карда бошад. Вазъияти бӯҳронӣ ва ғайри қобили пешбинӣ он гоҳ хоҳем дошт, ки агар Русия тасмим бигирад, ки то баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ музокира дар ин мавридро мутаваққиф кунад. Ва бигӯяд, ки бо раиси ҷумҳури мунтахаб дар интихоботи соли оянда дар ин бора музокира мекунад. Русия барои ин фурсат ва имкон дорад. Аммо Тоҷикистон?

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97