Авҷи нави баҳси Душанбе ва Маскав

Сиёсат 19.07.2012 10:35

Пойгоҳи 201 метавонад моли муштараки Русия ва Тоҷикистон шавад?

rahmonov_va_putinРӯи Пойгохи низомии Русия, ки як даврае бо исми Дивизияи 201-и тирандозии Руссия дар Тоҷикистон ёд мешуд, вақтҳои охир дар матбуоти Руссия ва Тоҷикистон баҳсу андешаҳо радду бадал мешаванд. Албатта, дар матбуоту доираҳои андешманди ин ду кишвари шарики  стротегӣ, ки ин "масъала" асосан  ба ҳарду ҷониб дахл дорад...

Барои чанд сол ва ба чӣ теъдоду дар кадом  нуқтае аз  Тоҷикистон бозмондани ин Пойгоҳро албатта роҳбарияти салоҳиятдори мамлакат ҳал мекунанд. Вале мо чун як фарди Тоҷик ва бузургиву муқаддасии ин сарзаминро аз ҳама дороии Дунё болотар медониста, агар хизмати аскарӣ ҳам кардаем, вале кунун сирф шахси низомӣ ҳам набошем, ба ин масъалаи "ҳаётиву мамотӣ" бефарқу бепарво буда наметавонем. Зеро ин Ватани мост ва азизтар аз ин неъмат надорем!!  "Ҳаётиву мамотӣ" гуфтани мо ба он маънист, ки "агар буду боши ин Пойгоҳ дар баробари ба манфиати Русия будан, суде бар мо ҳам бошад-ҳаётист!"... Ва агар баръакс, "танҳо бо танку тӯпаш...дар Тоҷикистон қарор дошта бошаду номаълум ба чӣ корҳо машғул ва на ба ивази дар хоки мо қарордоштааш яроқу аслиҳа медиҳаду маблағе пардохт намекунад ва дар баробари шаҳрвандони Русия аз мо дар он ҷо  танҳо раҳрӯбу косашӯҳо "хизмат" мекунанд, албатта "мамотист!!"... Аз сӯи дигар, борҳо рух додааст, ки баъзе бадхоҳон ҷониби хоки муқаддаси мо "мили танку тӯпи худро  нишон додаанд"..., вале мо нашунидем ва хабар наёфтем, ки "ин қувваи ҳарбии пурқудрати шарики стротегии мо, ки боз дар мулки мо зиндагии осудаҳолона дорад ва аз обу хоки мо нафас мегирад" ба "онҳо" гуфта бошад, ки: "шумо ба сари ки тиру тӯп нишон медиҳед, мо дар ин ҷо барои чӣ қарор дорем?!."...Агар боз "ҷунин мавқеъ ишғол кунанду барои тамошо омада бошанд", инро  чӣ баҳо бидиҳем?!....

Мо аз ҳеҷ кас муфт на талаби яроқ дорем ва на маблағу чизи дигаре! Миллати мо бо талбандагӣ ва гадоӣ одат накардааст. Бубинед, ки бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷике, ки дар Русия сангинтарин корҳоро иҷро мекунанд, касе талбанда нест. Ҳар касе агар талбандаеро  мебинад, бидонад, ки инҳо ҳамон "соҳибони касби бобоианд", ки қариб дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои олам истиқомат доранд!!...

Вале инро аз мо бештар ҷониби афсару масъулони чунин ҷодаи Русия медонанд, ки: агар дар кишваре дигар пойгоҳи низомӣ дошта бошӣ, албатта маблағи муайяне, ки онро мутахассисони ҷонибҳо ҳисобу китоб мекунанд, бояд пардохта шавад. Чуноне "аз Байконури ба иҷора гирифтаи Русия Қазоқистон маблағи ҳангуфт "ба ҷайб мезанад" ва ё Кирғизистон барои "Манас"-аш аз Амрикои зӯр мегирад.... Яъне, дар ин "росто" меъёрҳои муайяншуда ва қабулшудаи байналхалқӣ амал мекунанд, ки ба ҳама рӯшан аст ва "инро ҳам" ҳамон давлатҳои абарқудрат ва "базадор" фикр карда баровардаанд...

Пас, ба андешаи соҳиби Пойгоҳ Тоҷикистон чӣ кор бикунад, чӣ бигирад, чӣ гуна рафтор дошта бошад?!...Магар мо аз ҳолат, амалу рафтор, усулу меъёрҳои мавҷудаи пойгоҳи дигари Русия дар Арманистон дарак надорем?! Дарак дорем, ки: дар баробари афсару аскари Русия аз Арманистон низ дар ин базаи ҳарбӣ якхела либоси ҳарбӣ дар тан доранду мисли ҳаминҳо танкасаворанд. Ва ҳамин Пойгоҳи якҷоя ҳаст, ки "бадхоҳони" арманҳо "нақша мекашанду сар боло карда  наметавонанд"...

Модоме, ки маблағу аслиҳа...додан, "ин қадар мушкил аст", пас биёед ай бародарони шарик "модел" ва ё "варианти пойгоҳии арманиро" ба кор ва ё гардиш дарорем?!. Ба ҷойи он ошпазҳо, роҳрӯбҳо ва косашӯйҳое, ки аз мо дар пойгоҳ "хизмат" мекунанд, аскару афсарони мо рафта бо бародарони русу халқҳои дигар паҳлу ба паҳлу  "хизмати мардонагӣ" кунанд?!!...Шояд пас аз ин  касеро  на  ёди  49 сол меояд, на аз ин бештару аз ин камтар?!...

Хусусан, ман ҳамчун шаҳрванди як давлати соҳибистиқлол, ҷонибдори бо ҳама давлатҳо дар асоси эҳтироми баробар зистан ва дӯстӣ кардан ҳастам ва пеш аз ҳама бо Русияи абарқудрат дар ҳама соҳаҳо, хосатан дар соҳаи низомӣ ҳам. Ҳарбӣ ё низомӣ ба он маъно, ки мо аз онҳо таҷриба омӯзем, зеро Русия аз давлатҳои аз сӯи  ҳарбӣ хеле пешрафта ба ҳисоб меравад. Ва агарки шарики бовафои стратегӣ аст, ба шарикаш яроқу аслиҳа, албатта ба ивази чизе (дар назар аст Базаи ҳарбӣ) бидиҳад ва ё корхонаҳои ба ин раванд созгор дар якҷоягӣ бунёд бикунад. Ана он замон ин ҳама ба манфиати ҳарду ҷониб аст...На ин ки дар "ҳуҷҷатҳо" мо - шарики стратегӣ,  дар амал - манфиат сӯи "як ҷониб"....

Мардуми тоҷик агарчанде хеле сулҳпарвар ва некхоҳ аст, "на он гӯлу гарангест", ки манофеъро аз зарар фарқ накунад...

Шояд Русияи абарқудрат "ба хотири" "Сангтуда-1", "Окно" ("Дарича"), дар шарикии ШОС, ИДМ, ва бархе аз созмонҳои якҷоя буданашону дигар манфиатҳои дар Тоҷикистони соҳибистиқлол доштааш,  "ин масъалаи гиреҳхурдаро" бар суди  баробари  ҳарду ҷониб пуштибонӣ бикунад?!...Ва чаро ин қадар ҷониби Русия хостори буду боши дурударози  низомиёнаш дар Тоҷикистон аст?!...Мо гуфтанием, ки: агар ин қадар Тоҷикистонро Русияи бисёр дӯсти беҳад медошта бошад, Пойгоҳашро дар ин ҷо ба муддати ним аср боз нигоҳ доштанӣ аст, чаро ба сухани Тоҷикистон камтар гӯш мекунад?!...Ва баъзе генералҳои рус "меъёрҳои байналхалқии дар ин "росто" қабулшударо" фаромӯш карда, талаби оқилона ва одилонаи моро-"савдои шарқӣ" ном гузоштаанд...Пас, агар "савдои шарқӣ" ба Шумо мақбул набошад, "савдои ғарбӣ" ё "дигар савдоро" қабул бикунед, ки ҳарду ҷониб розӣ бошад?!. "Ҳар савдое"-ро, ки  дар ин ҷода пеша накунем, дар дунё ҳеҷ кас "ба ин усул"-"ман гираму ту ҳеҷ чиз!" розӣ буда наметавонад. Шояд "ин масъаларо" ба муҳокимаи Шӯрои амнияти СММ вогузор кунанд, ки "генералҳои онҳо" чӣ мегуфта бошанд?!... Афсус аз он мехӯрам, ки ҳатто иддае аз генералҳои ин замон "ба савдо чунон дил бастаанд, ки меъёрҳои байналхалқиро ҳам ба савдо гузошта, савдоро ба шарқиву "ғарбӣ" ҷудо кардаанд...Ба ин қабил  "генералҳои савдодӯстдор" кадом "намуди савдо" мақбултар ва фоидаовартар бошад?!...

Тавассути расонаҳои русӣ (ТВ РТР) хабар дидем, ки борҳо дар ҷангалистони Оренбург ва атрофи ин минтақа яроқу аслиҳаи "таги хок" "ба дод омада" метарканд ва ё онҳоро куҳнашуда гуфта нест мекунанд. Вале чаро ҳамон яроқҳои пиршударо ба яке аз шариконатон ба нархи "савдои шарқӣ" нафурухта, нест мекунед ва мардуми гирду атрофи ин базаҳоро "талхакаф" мекунед?!...Бояд бигуем, ки "маҳз дар давраи сарфармондеҳии Қувваҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин "ҳамин кафон-кафонҳои Оренбург..." зиёд шуд"...Моро ки шарики стротегӣ ном мебаред ва мо шуморо, ба ивази ҳамин "базаи дустдоштаатон" агар аз ҳамон "яроқҳои пир" медодед, на ба "савдои шарқӣ", магар  "потенсиали ҳарбии Русия" халал меёфт?!...Боз ҷониби "базадор", хусусан генерал Чиркин   иброз медорад, ки "Тоҷикистон бобати ин масъала 20 талаб пеш гузоштааст, ки иҷронашавандаанд". Ин хуб аст, ки "20 шарт", барои он ки шумо дар интихоб азоб накашида, аз ин шумор ба якеи онҳо розӣ шавед, вале мо ҳайронем, ки "шумо чӣ мехоҳед ва чун даврони Шӯравӣ "худро эҳсос мекунед", ки "аз шӯравӣ ному нишон намонда ва Тоҷикистон имрӯз давлати соҳибистиқлол аст. Инро шумо-ҷаноби генерал медонед?!... Мо генерал нестем медонему шумо "дар ғами "савдои шарқӣ!!"....Хабар дорем, ки то Сурия ва баъзе аз "давлатҳои ҷабрдидаро" ёрии ҳархела мерасонед, вале шарики стротегиатонро, ки боз дар ҳама созмонҳое, ки шумо мехоҳед аъзо аст, фаҳмидан намехоҳед ва "ба бозор даъват мекунед!!"...

Бовар дорем, ки роҳбарияти олии ин мамлакати абарқудрат "талабу   пешниҳодҳои...  қувваҳои ҷудоиандози камшуморро" сарфи назар карда, "дӯсташро аз душман фарқ мекунад" ва шарики боэътимоди стротегиашро мефаҳмад!!...Ва мушаххасан:  ба ҷойи 10, 20, 30 ва 49 сол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол "зиндагӣ ва хизмати низомӣ  хостан", агар "якҷоя либоси ҳарбӣ ба тан кунем", муносибтар нест магар?!...Чи гуфтед, ҳар касе, ки ҷонибдори  баробарӣ ва ҳақиқат аст?! "Агар дӯстӣ хоҳем, дасти ҳам гирем", - мегӯяд ҳар касе, ки воқеиятро хабар дорад!!...

Неъматуллои Нурулло, рӯзноманигор.   

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97