Рӯзе, ки Сангак Қурғонтеппаро забт мекард…

Сиёсат 17.07.2012 11:32

qorbanbekovОдилбек Қурбонбеков аз соли 1974 то соли 1980 ба ҳайси котиби кумитаи Ҳизби кумунисти шаҳри Қурғонтеппа фаъолият карда ва аз соли 1980 то соли 1990 мудири маъорифи собиқ вилояти Қурғонтеппа буд. Соли 1990 ӯ ба симати муовини раиси Кумитаи иҷроияи шӯрои вакилони халқи вилояти Қурғонтеппа интихоб шуда ва то соли 1992 дар ин симат кор кардааст.

Оқои Қурбонбеков аз 2 то 10 сентябри соли 1992, замоне ки даргириҳои шадиде дар ин шаҳр ба вуқӯъ пайваст, кафили Раёсати кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа буд. Ҳоло ӯ бознишаста аст ва дар зодгоҳаш, шаҳри Хоруғ, ба сар мебарад.

Шумо ҳамагӣ ҳашт рӯз иҷрокунандаи (кафили) вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа будед. Чаро ин қадар муддати кӯтоҳ?

Охирҳои моҳи августи соли 1992 раиси вилояти Қурғонтеппа Нуралӣ Қурбонов маро ба наздаш хонда, гуфт: "Дар Душанбе дар Шурои Олӣ (порлумон) ҷаласаи бузурге доир мешавад. Ман бояд барои чанд рӯз он ҷо равам. Вазифаи раисии кумитаи иҷроияи вилоятро муваққатан ба Шумо месупорем."

Вале вақте ки Қурбонов аз қаламрави Қурғонтеппа берун рафт, вазъият баногоҳ тағйир кард.

Оё Қурбонов инро қаблан медонист?

Намедонам. Вале дуюми сентябри соли 1992 ба шаҳри Қурғонтеппа ду издиҳоми бузург, яке таҳти сарварии Сангак Сафаров ва дигар таҳти роҳбарии Лангарӣ Лангариев ворид шуданд.

То ин вақт магар онҳо дар шаҳр набуданд?

Не, то ин вақт кумитаи амнияти вилоят хабар дода буд, ки дар бинои фабрикаи (корхонаи) дӯзандагии кӯҳна, воқеъ дар наздикии шаҳри Қурғонтеппа ҳудуди сад ҷавонмард аз ҷумлаи тарафдорони "юрчикҳо" машқи низомӣ мекунанд.

Ва ба ин факти (рӯйдоди) гӯё кӯчак касе таваҷҷуҳ ҳам намекард. Аммо баъд аз чанде гурӯҳҳои бузурге ба Қурғонтеппа наздик шуданд. Вақте ки ду издиҳоми зиёдтар аз панҷсаднафарӣ ба наздикии шаҳр омаданд, ман намояндагони ҳукуматро ба наздашон фиристодам ва хостам ҳадафашонро фаҳмам, ки гуфтанд "мо ба намоиш омадаем ва ҳадафи дигаре надорем."

Намояндагони ҳукумат пурсидаанд, ки пас ин ҳама аслиҳа барои чӣ? Ширкаткунандагони намоиш гуфтаанд, ки "аслиҳа барои муҳофизат аз худ аст, агар мабодо ба мо ҳамла кунанд, мо барои дифоъ аз худамон силоҳ гирифтаем."

Мо гуфтем, ки "ҳеч кас ба шумо ҳамла карданӣ нест ва барои баррасии хуби масъала беҳтар аст аз байни мардум чанд намояндаро ҷудо кунед, то биёянд ба ҳукумат ва сари мизи гуфтушунид биншинем.

Вале намояндани мухолифин инро нахостанд ва гуфтанд, ки "мо талаб мекунем, то ҳукумати феълӣ ба шароити бади иқтисодии мардуми Кӯлоб таваҷҷуҳи бештар кунад, зеро дар ҳоли ҳозир ин мардум аз фақиртарин сокинони Тоҷикистонанд".

Баъд ин масъала чӣ тавр ҳал шуд?

Ман ҳеч аз кабинет (дафтар) берун намерафтам. Як дастам ба ин телефон буду як дасти дигар ба он телефон. Ба ҳама ҷо телефон мекардам, аз ҳама зорӣ мекардам, ки дар нигоҳ доштани сулҳу салоҳ дар Қурғонтеппа сахт ҳушёр бошанд, ба дасиса роҳ надиҳанд.

Sangak01Оё бо намояндагони мухолифин ҳеч мулоқоте сурат гирифт?

Ман дар дафтар будам, ки дар боз шуд. Ба кабинет раиси КГБ ва сардори идораи умури дохилии вилоят ва аз паси онҳо Сангак Сафаров ворид шуданд. Сӯҳбати мо бо Сангак Сафаров қариб се соат тӯл кашид. Вай бисёр асабӣ буд, вале дар дафтари ман худро ором нигоҳ медошт.

Сангак Сафаров гуфт, ки "мо ба ҷанг наомадаем ва мақсади мо ҳаргиз дар Қурғонтеппа ҷанг андохтан нест. Талаби мо ин аст, ки вилоятҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб якҷо шаванд ва як вилоят таъсис шавад."

Вақте Санкак фаҳмид, ки ман бадахшонӣ ҳастам, гуфт, ки "ман медонам, барои чӣ Шуморо дар ин рӯзҳо иҷрокунандаи (кафили) вазифаи раиси вилоят мондаанд, вале мо бо мардуми Бадахшон, ки бахусус дар ободонии водии Вахш нақши азиме доранд, коре надорем."

Вақте Сангак телефони "сотка" (ҳукумати)-ро дид, бидуни пурсидани иҷоза ба он наздик шуд ва гӯширо бардошт. Вай куҷое занг зад ва кӯтоҳ гузориш дод: "Ман аз кабинети раиси вилоят занг зада истодаам. То ҳоло тамоми корҳои мо тибқи нақша пеш рафта истодааст."

Бо ин гуфтанаш намедонам ҳадафи ӯ чӣ буд? Тамоми се соати суҳбат ман аз Сангак илтиҷо мекардам, ки бо ҳайате, ки ҳамроҳаш ба шаҳр ворид шуда, дар шаҳр оромиро нигоҳ дорад. Сангак маро умедвор сохт, ки ҳеч гап намешавад.

То мо суҳбатро бо Сангак анҷом додем, ки издиҳом аллакай вориди майдони шаҳри Қурғонтеппа шуд. Ба ғайр аз онҳо, дар ин майдон тарафдорони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, мардуми зиёди маҳаллӣ ва "тамошогарони" бисёре низ ҷамъ омада буданд. Ман ҳамроҳи Сангаку бархе аз намояндагони ҳукуматӣ ба назди намоишчиён рафтем.

Сангак дар назди халқ суханронӣ кард. Намоиш хеле ором ва хуб пеш мерафт. Тасаввур мерафт, ки дар миёни тарафҳои даргир як навъ ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Тақрибан якуним соъат ҳамин тавр намоиш дар ҷараён буд. Вале ногаҳон тамоми кор ранги дигар гирифт.

Чӣ ҳодиса рух дод?

Ногаҳон аз пушти издиҳом нафаре норинҷак дар даст садо баланд кард: "Ҳамааш дурӯғ! Шумо ҳеч вақт сулҳ намехоҳед!". Ин суханон гӯё даъват ба оғози тирандозӣ буд. Вай нав овоз баланд кард, ки аз сӯйи меҳмонхонаи "Вахш" аз автомати Калошников оташ кушоданд.

Тирандозии шадид зуд авҷ гирифт. Майдон ба маҳшар табдил ёфт. Доду фарёди зану мард баланд шуд. Хунрезӣ, даводавӣ, фарёд, зерипокарданҳо шурӯъ шуд.

Он марди фарёдбардошта аз кадом ҷониб буд ва оташро бо фармони кӣ кушоданд?

Муайян карда натавонистем. Тарафҳо ҳамдигарро муттаҳам мекарданд. Ҳукумат ҳаргиз намехост, ки дар шаҳр оромӣ халалдор шавад.

Ба фикри ман, на ин тараф буд ва на он тараф, ин сенарияи махсусе буд аз ҷониби қувваи сеюм. Тирандозии шадид ҳеч паст намешуд. Рӯзи оянда он боз ҳам бештар шиддат гирифт.

Шумо ин вақт дар куҷо будед?

Ман боз бо як азоб ба бинои ҳукумат омадам ва дар дафтари раиси вилоят қарор доштам.

Ҳамчун шахси аввали вилоят барои оромӣ кӯшише кардед?

Ман шабҳо ҳам хоб намерафтам. Ғизои казоие ҳам дар даст надоштам. Тақрибан ҳар соат ба Душанбе телефун мекардам, илтиҷо мекардам, ки барои пешгирии ҷанг тадбире андешанд.

Мақомоти болоӣ ваъда медоданд, ки ин корро кардем, он корро кардем, вале ҳеҷ таъсири он эҳсос намешуд. Дар тӯли се рӯз, а 2 то 5 сентябри соли 1992, Қурғонтеппа оғуштаи хун буд. Садҳо одам аз ин тарафу он тараф ва аз миёни мардуми маҳаллӣ кушта шуданд.

Оё ҳукумати вилоят ҳеч қудрате надошт?

Дар худи вилоят мо ҳеч гуна қуввае надоштем, ки пеши роҳи ҷангро бигирем. Ҳукумати Қурғонтеппа сахт фалаҷ шуда буд.

Оё ҳамла ба бинои ҳукумати маҳаллӣ ҳам сурат гирифт?

Хайрият, идораи умури дохилӣ ва кумитаи амният бинои ҳукуматро муҳофизат мекарданд. Вале тир аз ҳама ҷониб ба бинои ҳукумат мерасид.

Дар ин ҷанги кӯтоҳмуддат қариб буд худам низ кушта шавам.

Чӣ тавр?

Рӯзи севум ман мехостам ба хонаам, ки аз бинои ҳукумат дар фосилаи 15 дақиқа роҳ воқеъ буд, равам, то асноди шахсиямро наҷот бидиҳам. Вале дар миёни хонаи ман ва бинои ҳукуматӣ ҷанги сахт мерафт ва ман маҷбур будам фосилаи дарозеро давр зада, аз ҷониби дигар ба хонаам ворид шавам. Тақрибан шаш километр роҳро тай кардан лозим буд.

Ман ҳамроҳи милитсионери муҳофизам, ки автомати Калошников дар даст дошт, пиёда ба роҳ баромадем. Милитсионер, ки як марди панҷакентӣ буд, зора мекард, ки наравам. Вале барои ман рафтан хеле муҳим буд.

Роҳи мо аз маҳаллаи ба истилоҳ "ургутиҳо" мегузашт. Вақте ба ин маҳалла ворид шудем, як теъдод ҷавонони мусаллаҳ, ки шароби бисёре нӯшида буданд, ба мо дучор омаданд. Онҳо омада, аз дасти милитсионер гирифта, ба куҷое бурданд.

Истодани ман маъное надошт. Зиёда аз ним соат мунтазири ӯ шудам ва дигар пойида натавонистам. Бо дили хаста ба назди дари ҳавлии масҷиде, ки дар наздикӣ воқеъ буд, равон шудам.

Вақти намоз буд ва дар он ҷо бархе аз мардум ҷамъ омада буданд. Ман, ки мувофиқи вазифаи хеш ҳамеша дар ҳар як иду ҷашнҳои мусулмонӣ аз номи ҳукумати вилояти Қурғонтеппа намозхононро дар масҷид табрику муборакбод менамудам, дилпур будам, ки хатибону ходимони масҷид маро нағз мешиносанд.

Аммо дари масҷид ба рӯйи ман боз нашуд, масҷидиён зоҳиран тарсида буданд. Илоҷе надоштам. Қад-қади канал равон гардидам. Аз тарафи рости канал деҳаи калоне воқеъ аст.

Ҳаво торик мешуд ва ман барои зудтар расидан ба деҳа медавидам. Ногоҳ аз қафо овози баланди мардона "худатро ба шикам парто!" баромад. Ҳамин тавр ҳам кардам. Худро ба замин ҷафс карда, садо намебаровардам.

Ба пеш нигоҳ карда, бинам, тақрибан 200-250 метр аз ман дуртар зиёда аз 100 нафар бо автомат мусаллаҳ, гоҳ-гоҳ ба канал тир меандохтанд ва қад-қади соҳили канал пеш меомаданд. Ба қафо нигоҳ кунам, ки силоҳдорони бештаре омада истодаанд.

Ногоҳ аз пушти девори як ҳавлӣ мӯйсафеде ба ман гуфт, ки "бо паст шудани тирандозӣ худатро ба канал парто, мо мурда ё зиндаатро дар поёни об медорем."

Оббозиҳои даврони кӯдакӣ дар дарёи пуртуғёни Ғунд ба ман кӯмак кард. Ман масофаи зиёдеро тай карда, аз канал берун омадам. Мӯйсафедон ба ёрии ман омаданд. Дар байни онҳо як устои номӣ ва домуллои маҳаллӣ бо исми Самеъ, ки инсони баландҳиммату меҳмоннавози асил буд, маро ба хонааш бурд.

Се шабонарӯз, сарфи назар аз мушкилиҳою хатарҳои зиёд, маро бо ҳамроҳии фарзандонаш парварид. Дар он шароити ҷангӣ ҳатто барои ман телефон ва телевизиюн фароҳам кард.

Самеъ ба ман гуфт: "Халқи оддӣ, кадом миллате, ки набошад, ҳеҷ вақт ба Шумо коре надорад. Бисёриҳо Шуморо аз соли 1974, ки дар ин вилоят кор мекунед, мешиносанд. Мо аз ту, фақат некиро дидаем ва бадиеро дар ёд надорем. Бино бар ин, коре кунем, ки аз маҳаллаи мо бояд сиҳҳату саломат ба хонаат равӣ." Ҳамин тавр аз хатари якум баромадам.

Магар хатарҳои дигаре ҳам буданд?

Бори дигар, ман дар Қурғонтеппа ба дасти як гурӯҳ ҷавонони мусаллаҳ афтодам. Онҳо милҳои туфангҳояшонро ба сӯям гардонда, маро пеш андохтанд. Чанд қадам рафтем ва ман тоқат накардаму пурсидам, ки маро куҷо мебаред? Онҳо "Ба маркази ҷанг, то шумо аз силоҳдорон барои мо автомат бигиред" гуфтанд.

Онҳо таҳдид карданд, ки "Саркашӣ кунӣ, туро бӯғӣ мекунем, раис". Гуфтам, ки "ман раис нестам, дар тӯли 20 сол фарзандҳоятонро тарбият намудаам. Маро ба пеши падару бобоҳоятон бареду бипурсед, агар маро нашиносанду суханҳоямро тасдиқ накунанд, он лаҳза ба ҳар усуле, ки мехоҳед, маро шиканҷа кунед."

Баъд аз шунидани ин суханон онҳо ба ман аз пеш сахттар часпиданд ва мехостанд, ки гулӯямро хафа кунанд. Аммо ман гуфтам, ки "ман раис нестам , ман муаллим, сарвари муаллимони вилоят Қурбонбеков ҳастам."

Баробари шунидани номи ман қумандонашон ба худ омаду гуфт: "Ой бачаҳо, гум шавед. Муаллимро сар диҳед. Ман ин касро нағз мешиносам. Ӯ муаллим Қурбонбеков аст."

Қумандон рӯяшро бо кафи даст пиҳон карду ҷавононро ҳамроҳ гирифта ва аз пешам рафт. Ман озод шуда ва ба роҳам давом додам.

Баъд аз он чӣ қадари дигар дар Қурғонтеппа мондед?

Дар таърихи 7 сентябр шаҳр боз ба дасти гурӯҳи ба истилоҳ "ғармиҳо" гузашт. Раиси вилоят Қурбонов ба ҷояш баргашт. Вале ман дигар медидам, ки барои пеш бурдани фаъолияти мӯътадил ва самаранок дар Қурғонтеппа ягон қудрате надорам. Ман дар заминаи асаб сахт бемор шудам ва муддате барои муъолиҷа ба бемористони пойтахт омадам.

Дигар ба ҷойи зисти қаблии худ нарафтед?

Аввалҳо мехостам биравам. Вале хонаам аз ҷониби афроди бегона забт шуда буд.

Чи тур?

Маълум шуд, ки баъдан дар хонаи шахсии ман худи Сангак Сафаров (раҳбари силоҳдрони Фронти халқи Тоҷикистон) ҷой гирифтааст. Вақте Сангак аз хона мекӯчад, онро ба духтарамакаш Майрамбӣ Сафарова тӯҳфа кардааст.

Ҳоло ҳам хона дар дасти ӯст?

Дар натиҷаи судбозии тақрибан дусола базӯр тавонистем масъалаи хонаро андаке ҳал кунем. Хонаам аллакай ба номи Майрамбӣ гузашта буд ва дар натиҷаи даъвоҳои дурударози додгоҳӣ Майрамбӣ розӣ шуд, ки хонаро фурӯхта, аз нисф зиёди пулашро барои худ гираду камеашро ҳам ба ман бидиҳад. Бо ҳамин, қиссаи хонаам итмом ёфт.

Дигар тамоюле барои баргаштан ба шаҳри Қурғонтеппа надоштед?

Ростӣ, даъватҳо хеле зиёд буд. Акнун дар сохторҳои ҳукуматӣ бисёре аз шогирдонам кор мекунанд, онҳо низ даъват карданд, вале синну соли ман акнун ба ҷое расидааст...

Ҳоло ба чӣ кор машғулед?

Вақте гуреза (фирорӣ) шудем, хешовандонам ба ман дар Баҳрхоруғ, зодгоҳам, хона сохтанд. Ҳоло бо тамоми фарзандонам дар ҳамон ҷо ба сар мебарам.

Вақти холии худро бо китобнависӣ мегузаронам. Дар мавриди чӣ тавр сар задани ҷанг, вазъи вилояти Қурғонтеппа дар солҳои 1990 низ мехоҳам ёддоштҳоямро бинависам.

Мусоҳиб Гулдасти Меҳровар, ш.Хоруғ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97