Қозидомулло, аз Раҳмон не, аз худатон гила кунед

Сиёсат 11.07.2012 10:16

Тараф, ки шикаст шарташ низ мешиканад

TurИмсол аз 15 солагии имзои созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ таҷлил шуд, аммо бидуни ҳам-ҳама ва шавқу шӯре, ки хоси ҷашнороиҳои мақомоти Тоҷикистон аст. Ҳатто намоишҳои театрии бо ширкати донишҷӯён ва хонандагон баргузор нашуд. Донишҷӯён аз маршировка имсол халос буданд. Донишҷӯён аз ҷашни Ваҳдати имсол розӣ буданд.

Фароед! Истгоҳи охирини сулҳ Маҷлиси намояндагон!!!

TurajonzodaГилагузор ва норозӣ дар ҷашни имсол ва умуман аз иҷро нашудани уҳдадориҳои созишномаи Сулҳ Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, Давлат Усмон аз раҳбарони собиқи ИНОТ буданд. Ҳамчунин агар ба нависандаи "Ҷумҳурият" бовар кунем, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ  низ гуфтааст, ки агар раҳбарони пешини мухолифин медонистанд, ки чунин мешавад, сулҳ намекарданд.Ман ба ҳақиқати ин суханон то кунун бовар надорам. Аммо ба ҳар ҳол, ин рӯшан аст, ки оқои Кабирӣ низ аз ҷумлаи касонест, ки эътиқод доранд, ки Сулҳ танҳо хатми ҷанг буд ва адолати иҷтимоиро таъмин накард ва ваҳдатро ба ҷомеъа боз нагардонд. Ин хулосаи мантиқист. Ман низ чунин фикр дорам ва ҳанӯз дар соли 2000-ум дар матлабе таҳти унвони "Исттоҳи охирини сулҳ Маҷлиси намояндагон" дар нашрияи "Наҷот" (он вақт нашрияи дигари мустақил набуд) ин ҳикмати пири юнониро ёдовар шуда будам, "хатми ҷанг, ҳанӯз сулҳ нест, таъмини адолати иҷтимоӣ сулҳ аст". Он замон шояд раҳбароне, ки имрӯз гилагузоранд, савори мансаб буданд ва ин назарияро инкор ҳам мекарданд.

Қозидомулло гила мекунад, вазири амният не, чаро?

Аммо ҳоло… ҳақиқат ин аст, ки раҳбарони мухолифини пешин аз сулҳе ки кардаанд, агар намегӯянд пушаймонем, вале зоҳиран аз муносибати тарафи дигари сулҳ, ки ҳамчунон соҳиби қудрат аст, нороҳат ба назар мерасанд. Ин нороҳатӣ аз назари ахлоқӣ дуруст аст, аммо аз назари қонунмандии табиӣ ва ҳуқуқии ҷомеъашинохтӣ мубтанӣ бар мантиқ нест. Агарчанд дуруст аст, ки тарафи дигари сулҳ, яъне давлат ба бисёре аз арзишҳои демократӣ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеъа дар аксари маврид содиқ нест. То кунун масалан, тафаккури мухолиф ва ҷонибдори давлат ҳоким аст ва як тараф худро барандаи ҷанг ва ҳоким медонад. Ба дурустӣ ва ҳақиқат, ҳақиртарин ва мазлумтарини мардумон дар кишвар тоҷикони соҳиби ин ватан ҳастанд. Бо ин ки рӯз мегузарад, пирӯзии Фронти халқӣ ҳарчӣ бештар маълум мешавад ва чеҳраҳои аслӣ ва муносиби ин ном ба ҳарики мансабҳои муҳим такия мезананд. Ҳоло оқои Тураҷонзода нороҳат аст, ки чаро ба унвони як тарафи Сулҳ беҳурматӣ мешавад ва фаромӯш шуда ва Давлат Усмон низ ҳамчунин. Аммо масалан Сайидамир Зуҳуров, ки ҳам тараф буд, ҳам сулҳ карда буд ва давлат сохта буд, куҷост? Аз вазифаҳои муҳим канор зада шуд ва зоҳиран ба назар мерасад, ки эҳтироми ӯ низ ба дурустӣ ба ҷо намеояд. Шумо тамоми таърихи ҷангҳои дохилиро рӯгардон кунед, дар ҳич ҷанги дохилие вазири амниятеро суроғ намекунед, ки хушном бошад, вале мо мисоли зиндаи онро дорем. Дар таърихи муноқишаҳо ва ҷангҳои дохилӣ камназир аст, ки вазири амният ва дохилаи як режим маҳбубияти умумӣ касб кунад ва он ҳам дар миёни ду тарафи ҷанг. Намедонам, шояд ӯ низ  нороҳат бошад, шояд ҳам не, аммо хомӯш аст. Мисли ӯ, афроди дигаре низ зиёданд. Мақоли хубест, ки худкардаро даво нест… масъала ин аст, ки мушкили ҳамаи тоҷикон дар як ҷо гиреҳ хурдааст, адами ҷасорат, ҳиммат ва шаҳомат…

Ҳар кас аз нияташ ёфт

N__EБар гардем сари қонунмандии табиӣ ва ҳуқуқии масъалаи созиши Сулҳ. Дар Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ ва дар санадҳои то имзои он ба тасвиби ду ҷониб расида, ҳич гуна санаи мушаххасе масалан, барои дар қудрат нигаҳ доштани афроди пешниҳодии тарафи дигар мавҷуд нест. Яъне ба забони сода бояд гуфт, ки вазифа додани намояндагони мухолифин ҳадаф набуд, балки василаи расидан ба ҳадаф буд, ҳадаф дар ин миён сулҳ буд. Яъне хатми ҷанг. Ҳадафи ҳукумат ин буд, ки ба мухолифон вазифа бидиҳад ва онҳо ҷангро хатм кунанд. Мардуми авом фикр кард, ки ҳадафи мухолифин аз гирифтани вазифа ҳамвор кардани роҳ барои расидан ба як ҷомеаи маданӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ аст. Ҳадафи ҳукумат бароварда шуд, ба зӯр аст, ба зар аст ё ба фиреб аст, ки субот ва амният таъмин шуд. Аммо мухолифин ба ҳадаф нарасиданд, зеро вазифаро ҳадаф донистанд. Ва ҳар кас аз нияташ ёфтааст. Мутмаинам, ки оқои Тураҷонзода ва раҳбарони дигари мухолифин ба ин мантиқ мувофиқанд.

Дар низоми табиат заъиф помол аст

Аз нигоҳи табиӣ ҳам бояд гуфт, ки гилагузорӣ хислати заъифон аст. Имрӯз, шикоят аз ин ки ҷашни Ваҳдат ё рӯзи Сулҳ таҷлил мешавад ва бидуни ширкати тарафи дигари сулҳкунанда, ҷои баҳс дорад. Соли гузашта Муҳиддин Кабирӣ дар як сӯҳбат ба мантиқи ҷолибе ишора карда буд, ки агар моро даъват намекунанд, шояд ба ҳадде кӯчак ва заъиф шудем, ки моро намебинанд. Дар воқеъ тарафе, ки вуҷуд надорад, чӣ гуна онро мешавад даъват кард ва ба он эҳтиром гузошт? Таваҷҷуҳ кунед, давлате, ки сулҳ карда буд, бо ҳамаи дастгоҳаш сари пост ва аз собиқаи худ ҳимоят мекунад, аммо тарафи дигари ҳуқуқии сулҳ куҷост? Ҳазор бор ҲНИТ бигӯяд, ки мо тарафи сулҳем, қабул нест, аз назари ҳуқуқӣ сулҳро ИНОТ карда буд, на ҲНИТ. Албатта саҳми ҲНИТ дар ҷангу сулҳ шояд беҳтар аз дигар нируҳои узви ИНОТ буд, аммо на ба танҳоӣ. Ва он ташкилот дигар нест. Ба созмоне, ки вуҷуд надорад,  намешавад эҳтиром гузошт, мутмаин бошед, ки агар ба қувваи қаблии худ боқӣ мебуд, ҳич ҳукумате наметавонист шуморо нодида бигирад ва беэҳтиромӣ кунад. Вақте мухолифин андешаи худро ба вазифа иваз карданд, беэҳтиром шуданд ва аз назари фикрӣ халъи силоҳ гаштанд ва рақобатро бохтанд. Ва дар чунин ҳолат ба таври табиӣ нируҳои мусаллаҳи ин иттиҳодия низ дучори буҳрон ва сардаргумӣ шуданд.  Ҳамин дирӯз буд, ки бо Устод Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди Балх сӯҳбатҳои ҷононае доштам, ду рӯзи пайи ҳам мегуфт, "ҳич касе дар Афғонистон бидуни он ки мо ӯро пуштибонӣ кунем, раиси ҷумҳур намешавад". Аҳсан. Ӯ ҳам сулҳ кардааст, вазифа ҳам гирифтааст, аммо заъиф нашудааст. Шумо 7 сол сари вазифа будед, ӯ 11 сол боз, дар вазифа аст. Шумо бо муҷарради вазифа гирифтан, заъифтар шудед, ӯ баръакс қавитар. Боз ҳам ҳамон ҳикмати маъруф, ки "агар роҳати ҷаҳон талабӣ, бирав қавӣ шав, ки дар низоми табиъат заъиф помол аст".

Агар сареътар аз ин ҳам бихоҳед, "Ҷаҳон то ҷаҳон ҷои зӯр асту бас, мукофоти нозӯр гӯр асту бас". Ин мехи 100 аст дар болои ин мантиқ, ки онро мебандем.

Таърихчаи шикаст

Ва мепардозем ба мухтасари таърихчае, ки таъзифи ин мухолифон аз куҷо оғоз шуд.

ИНОТ дар воқеъ як ташкилоти низомӣ ва сиёсие буд, ки дунё онро эътироф карда буд. Оқои Тураҷонзода дар сохтани ин иттиҳод нақши муҳим ва аввалро дошт, дар ин шакке нест. Вагарна ба он муллоҳои мутаассиб мебуд, то ҳоли ҳозир бо шиори имлоӣ меҷангиданд. Ин тактикаи муҳимме буд, ки ҲНИТ амалан худро ИНОТ унвон кард ва пазируфта шуд. Аммо замони трансформатсия ин ҳаракати низомӣ-сиёсӣ, ки ҳукуматро дар ҷанги дохилӣ тақрибан ба зону дароварда буд, ва аксари манотиқи шарқро аз контроли давлат хориҷ карда буд, аз ҳам пошид.

Маъракаи наздикшавон

Davlat_UsmonТаъзифи ИНОТ пеш аз вуруд ба Душанбе дар августи соли 1997 бо ихтилофи раҳбарони мухолифин оғоз шуда буд. Баҳс аз пештар матраҳ буд ва бо раиси Комисиюни оштии миллӣ кӣ бошад, бештар доғ шуд. Тарафи мухолиф бо истифода аз нукоти заъифи раҳбарон ҳамеша талош карда буд, ки миёни онҳо шикофе вуҷуд дошта бошад. Аммо ин тақсири тарафи дигар нест, аз худи раҳбарони мухолифон буд. Дар соли 1999 дар маъракаи наздикшавон ба Эмомалӣ Раҳмон, ихтилофи миёни раҳбарони мухолиф бештар гирифт. Миёнаҳои октябри ҳамон сол буд, ки зимни як нишасти хабарӣ, ман роҷеъ ба ҳамин ихтилоф аз оқои Тураҷонзода суол кардам. Гуфтанд, ки миёни мову оқои Нурӣ ихтилофе вуҷуд надорад. Аммо баъд аз зуҳри ҳамон рӯз ҲНИТ амреро бо имзои шахси Нурӣ ба расонаҳо мухобира кард, ки дар зимни он Ҳ. А. Тураҷонзода аз сафи ҲНИТ ва ҳамин тавр аз муовинати ин ҳизб ихроҷ шуд. Ман ҳоло ин фурсатро наёфта будам, ки сӯҳбатҳои қаблии қозидомуллоро дар Радио нашр кунам, ки ӯ дубора изҳорот дод ва гуфт, ҳаргиз узви ҳизб набуда ва бо лаҳни тунде аз оқои Нурӣ ва ҲНИТ интиқод карда ва гуфт, аз  бадбахтии дигарон ҳамеша истифода карданд. Аммо ба назари ман иштибоҳ тасмими ҲНИТ ва шахси Устод Нурӣ буд, зеро ихтилофро ҳамагӣ чанд соати пеш оқои Тураҷонзода нахоста буд, расонаӣ кунад. Ин маърака оғози таъзиф ва камэҳтиром шудани ҳам Нурӣ ва ҳам Тураҷонзода буд.  Ба думболи он ва ё қабл аз он буд, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ҳабиб Сангинов дар бинои вазорати хориҷа барои хабарнигорон сӯҳбат ороста ва канорагирии худ аз ИНОТ ва Нуриро эълон доштанд. Авҷи дигари расвоии ИНОТ. Искандаров ку аз Нурӣ нороҳат буд, ки ба ҷои ӯ Мирзо ҷагаро ба вазорти умури фавқулода тавсия карда буд. Ин кор ҳам иштибоҳ ва боиси ихтилоф буд. Искандаров ба ҳар ҳол шахси мубориз ва ҷавонмард аст. Аммо Худо биомурзад, Ҳабиб Сангиновро, аслан ба ҳич арзише эътиқод надошт. Ҳамин гуна маъракаи шикастани ИНОТ ба дасти худи муҳраҳои он оғоз ва анҷом шуд.  

Интихобот; марҳилаи дуввуми маъракаи "фурӯхтан"-ҳо

Ҳамин тавр, интихоботи президентӣ пушти сар шуд ва ҳар кас ба андозаи тамаллуқи худ аз президент ҳақ гирифт. Ба ҷуз Давлат Усмон, ки дар ин миён қурбонӣ шуд. Ва Устод Нурӣ ба қавли М. Искандаров ӯро "фурӯхт". Ва интихоботи порлумонӣ оғоз шуд. Ин метавонист майдони қудратнамоии ИНОТ бошад. Аммо ИНОТ, ки акнун аз ҳам пошида буд, ба сурати ҷудогона натавонист як нафарро вориди порлумон кунад. Ду курсӣ ба ҲНИТ тавофуқи қаблии давлат бо кишварҳои кафил буд. Дар ин муддат мухолифин дигар пароканда ва қобили эҳтиром ва эътироф набуданд. Як таърихча. Дар ҳавзаи 40 -и Ванҷ чанд нафар номзад буд. Аз ҷумла, Мусамиршо Ғафуров аз ҲХДТ ва Содиқ Розиқов аз ҲНИТ. Аммо Саламшо Муҳаббатов, яке аз фармондеҳони муҳимми мухолифин, ки он лаҳза раиси Кумитаи нафту гази набудаи Тоҷикистон буд, ба номзади ҲНИТ ҳатто ҳаққи ворид шудан ба минтақаро надод, то бо мардум мулоқот кунанд ва бар ивази мансабу пул ба нафъи ҳизби ҳоким кор карданд. Ин намуна аст ва аксари афроде, ки аз ИНОТ вазифа гирифта буданд, дар интихоботи порлумонии соли 2000-ум ба нафъи ҲХДТ кор намуданд.

99% вазифагиронро ҳадаф танҳо мансаб буд

99 дарсади касоне, ки аз ИНОТ вазифа гирифта буданд, ҳадафашон танҳо вазифа буд. Вазифаро гирифтанд ва талх нишастанд. Дирӯз мусоҳибаи оқои Тураҷонзодаро хондам, ки аз касоне ном бурда ва ба пеши номи яке пешванди устод гузоштааст. Ростӣ, аксари онҳое, ки аз пешвоёни мухолифин буданд ва вазифа гирифтанд ва гуму нопадид гаштанд, эътибори худро дар пеши на танҳо давлат, балки дар назди ҷонибдорони пешини худ низ аз даст додаанд. Ба ҳамин хотир нороҳати зиёд набошед. Аз ҳамаи онҳое, ки аз ИНОТ вазифа гирифтанд, Аслиддин Соҳибназаров ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро медонам, ки вазифа гирифтанд, аммо шахсияти худро ҳифз карданд, арзишҳои худро иваз накарданд ва дар айни масъулияташон аз гуфтани ҳақиқат нағунуфтанд ва сазовори эҳтиром бонқӣ монданд.

Аз ҳамаи дигароне, ки ИНОТ вазифа дода буд, боз фақат Зайд Саидовро мешиносам, ки шоистаи мақоми худ ва сазовори эҳтиром буд ва ҳаст. Онҳоеро, ки намешиносаму шоиста буданд, мебахшанд.

Сулҳ бояд бе шарт мебуд

Аз ҳамаи ин ҳам кN.T.E.Eи бигузарем, ба сари пешниҳоди Тоҳири Абдуҷаббор мерасем, ки гуфта буд, сулҳ бояд бидуни шарт сурат бигирад. Агар ин сулҳ бидуни шарт мешуд, имрӯз гилагузорӣ ҳам намедоштем, ки фалон шарташ иҷро нашуд. Он гоҳ фақат масъулияти ахлоқӣ медоштему халос. Сулҳ вақте машрут шуд, фосид гашт. Барои ҳамин ҳоло яке ба он нафрат дораду дигаре аз он пушаймон аст. Сулҳ бояд ба ҷои худаш мебуд, расидан ба интихоботи озод ва таъсиси ҳукумати бетараф ба ҷои худаш. Сулҳ бо вазифа бояд омехта намешуд. Тақсими вазифа ИНОТ-ро фасодзада кард ва омили аз ҳам пошидани он ва фаромӯш гаштани ҳадафҳои аслӣ ва олии мубориза шуд. Агар фарз бар ин бошад, ки дар сиёсат ахлоқ вуҷуд надорад, балки фикр ва зӯр вуҷуд дорад, пас сулҳи машрут низ вуҷуд надорад ва агар дорад, пойдор нест. Ба истилоҳи дигар мухолифин дар ҳақиқат дар пеши тарафи дигар шикаст хӯрдаанд. Бале дар ҳақиқат инҳо бо сулҳ омаданд ва як тараф буданд, аммо аз баҳри арзишҳои худ зимни гирифтани вазифа гузаштанд ва тарафи сулҳ дигар вуҷуд надошт ва дар ин сурат табиист, ки шарти сулҳ низ шикаста мешавад. Зеро шартро тарафи шарткунанда ҳимоят мекунад. Тараф, ки шикаст, шарташ низ мешиканад.

Масалан як нафаре бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим фармондеҳи баталиони 25, иборат аз нируҳои мухолифин қарор гирифт. Ӯ кӣ буд ва чаро фармондеҳи ин танҳо воҳиди нируҳои мухолифин дар дохили пойтахт ҳич яке аз фармондеҳони он замон матраҳ тайин нашуд? Аксари вазифагирифтаҳо аз сӯи ИНОТ ҳамин гуна афрод буданд. Як каси дигар бо номи Зокир Вазиров, ду навбат ба хотири фақат хеши Нурӣ будан, як навбат дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ва як бор баъди Созишномаи сулҳ вазифа гирифт. Чӣ умумияте бо муборизаҳои мухолифин ва умуман фикр, андеша, миллат ва арзишҳо ва озодӣ дорад? Ин гуна мисолҳо зиёданд, ки дар як мақола намеғунҷанд. Ана ҳаминҳо иштибоҳҳои шумоянд, оқоёни гиламанд.

Масъалаи дигар ин аст, ки шахси худи Қозидомулло қаблан мақоми раҳбари маънавӣ ва мазҳабӣ доштанд. Аммо вақте ба курсии муовини сарвазир такия зад, ба таври табиӣ дар миёни ҷомеъа, аз як раҳбари маънавӣ ба як пешвои дунявӣ табдил шуд. Ва гирифтани вазифаи давлатӣ кори иштибоҳ буд. Ӯ бояд дар мақоми раҳбари маънавӣ боқӣ мемонд. Зеро ӯ дар зеҳнияти мардум болотар аз ҳар мақоме ҷой дошт. Иштибоҳе, ки оқои Нурӣ онро содир  накард. Ва вазифа нагирифт.

Ҳоло иштибоҳе, ки оқои Тураҷонзода мекунад, ин аст, ки сиёсӣ меандешад, ҳарфи сиёсӣ мезанад, аммо мегӯяд, ки амал ё фаъолияти сиёсӣ намекунад. Ва мехоҳад ба Эмомалӣ Раҳмон итминон бидиҳад, ки таҳдиде барои сиёсат нест. Табиист, ки бо таваҷҷуҳ ба собиқаи пайкору ҷангу сулҳи Тураҷонзода, рақибе, ки ӯ ҳам коркушта ва ҷангу сулҳдида аст, ба ин ваъда бовар намекунад. Пас,

Ҳоло роҳ якест, худро дубора бозсозӣ кардан, иштибоҳоти гузаштаро эътироф намудан, ба ислоҳи он кӯшидан ва дигаронро водор ба пазириши ҳақиқати худ намудан.

Раҳматкарими Давлат          
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97