Осиёи марказӣ: Оромии пеш аз тӯфон

Сиёсат 10.07.2012 08:19

(Таҳти унвони марказ барои Артиши Афғонистон дар марзи ин кишвар бо Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои СРУ сохта мешаванд)

karimИнкишофи воқеъаҳои ахир нишон медиҳад, ки вазъияти минтақа рӯ ба ташаннуҷ оварда ва ба сароҳат маълум аст, ки раъду барқ ба вуқуъ хоҳад пайваст. Хелеҳо дар ин ҳолат мавқеъи интизориро касб кардаанд, ба умеди он ки хонаи ман дар канор аст ва шояд дар амон бимонад. Аммо бархеи дигар оҳиста оҳиста ба анбоштан ва анбор кардани силоҳ машғуланд.

Асабониятҳо дар атрофи Ирон, ки баҳори имсол ба туфайли он ки ИМА муваффақ шуд сиёсати ҷагҷӯёнаи Исроилро як қадар фурӯ нишонад, каме оромиш пайдо карда буд, аммо акнун дубора ба ангезаи аслӣ дар амалкардаҳои маҳофили сиёсӣ ва ҳатто молӣ табдил шудааст.

 Аммо як суол ин аст, ки чаро расонаҳо ва матбуоти ғарбӣ ахиран ба масъалаи Ирон камтаваҷҷух шуданд? Кам кардани таваҷҷуҳ ба масъалаи Ирон як амали тактикии Ғарб буд. Зеро доман задан ба маъракаи зидди иронӣ дар баҳори имсол, дар ҳоле ки Аврупо дар авҷи буҳрони молӣ қарор дошт, авзоъи Миср ва сурия норӯшан боқӣ монда буд ва дар чунин сурат боз доман задан ба масъалаи Ирон барои Ғарб баробар ба худкушӣ буд, аз ин лиҳоз ғарбиҳо кӯшиданд, ки масъалаи Ирон ба сурати муваққат дар расонаҳо, матбуот ва ТВ камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад. Ин худкушӣ на танҳо барои иқтисоди Амрико ва ояндаи сиёсиии Обама мебуд, балки барои тамоми бозорҳои ҷаҳонӣ пайомади кушанда медошт. 

Аммо бо ҳарчи гармтар шудани тобистон, масъалаҳо бештар рӯшан мешаванд, ва дубора баёнияҳои ҷангҷӯёна баландтар садо медиҳанд. Агарчанд ҳоло на ҳама ба ногузир будани ҷанг бо Ирон бовар доранд.

Зарфи чанд моҳи охир, хакерҳои амрикоӣ ва исроилӣ дар ҳамла болои сомонаҳои шабакаи нафту гази Ирон бештар фаъол шуданд ва системаи молӣ ва бонкии Иронро ҳам мавриди ҳамлаи вирусӣ қарор доданд.

Ин далелҳо баёнгари он аст, ки дар шароити беасар будани таҳдидҳои низомӣ талош мешавад, то аз чунин роҳу усулҳо барои таъсиргузорӣ ба иқтисоди Ирон истифода шавад. Талоши Арабистони Саудӣ ва баъзе кишварҳои узви ОПЕК барои коҳиш додани нархи нафт низ дар ҳамин росто қобили арзёбӣ мебошад.  

Аммо масъалаи аслӣ ҳамоно қазияи Сурия аст, ки фаъолиятҳо ва баҳсҳои сиёсӣ ва низомиро дар минтақа суръат мебахшад ва ба нуқтаи охири худ наздик мешавад. Бархе нишонаҳо гӯёи он аст, ки муноқишаи Сурия то фасли тирамоҳи имсол ба натиҷа хоҳад расид. Дар ҳамон давра масъалаи атрофи барномаи ҳастаии Ирон низ дубора доғ хоҳад шуд.  

Бидуни шаку шубҳо ин таҳаввулот таъсири қобили мулоҳизае дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Қафқоз низ хоҳад гузошт. Бояд гуфт, ки аксари раҳбарони кишварҳои минтақа вазиши ин боди сардро кайҳо эҳсос намудаанд. Аз ҷумла Узбакистон бо нигаронӣ аз ҳамроҳ шудан ба низоъи атрофи Ирон дар сурати густариши ин муноқиша то ҳавзаи Хазар, ба таври осемасар аз ОДКБ хориҷ шуд. Озарбойҷон бошад, ба ҳамин суръат ба истеҳсоли автомати Калашников оғоз кардааст. Иттифоқан бояд гуфт, ки ин иқдоми даромаднок хоҳад буд, зеро дар ояндаи наздик Калашников яке аз молҳои серхаридори бозори минтақа хоҳад буд. Масъала фақат ин аст, ки чӣ гуна Озарбойҷон худашро аз ин силоҳи пролетарият ҳифз кунад.

Сафарҳои корӣ, расмӣ, ғайри расмӣ ва ҳамин тавр сафарҳои беунвони мақомоти Вазорати хориҷаи Амрико ва хоса Ҳилари Клинтон ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз як далели дигари он аст, ки бигӯем, ин минтақаро таҳаввулоти азиме дар интизор аст.

… Баъди таҷовуз ба Ироқ ва Афғонистон таҳилгарони Пентагон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар низомҳои минтақа бояд роҳи коҳиш додани талафоти нируи зинда, сарбозони НАТО ҷустуҷӯ шавад, зеро ҷомеъаҳои ғарбӣ ба ин масъала бисёр ҳассос мебошанд.

Маҳз ба ҳамин далел теъдоди ҳузури НАТО дар минтақаҳои даргир ва майдонҳои ҷанг тавассути кам намудани сарбозон коҳиш дода мешавад. Дар айни замон дар ҳамин минтақаҳо нируҳои ҷосусии СРУ ва воҳидҳои махсус тақвият мешаванд ва истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин низ дар чунин манотиқ бештар мешавад.

Истифода аз методҳо ва технологияҳои муосири таъсиргузорӣ дар раванди низоъҳои дохилӣ дар мисоли Либӣ ба амрикоиҳо имкон додааст, ки чунин таҷрибаро дар Сурия такрор кунанд. Дар ҳақиқат ин хеле таҷрибаи коромад аст, ки як гуруҳи шаҳрвандон зимни "барангезиши инқилоб" гурӯҳи дигар ҳамватанони худро несту нобуд мекунанд ва дар чунин шароите афкори ҷомеъаи байналмилалӣ ба бозии якҷониба шак намекунад. Ва дар ҳамин ҳолат, нируҳои ғарбии мустақар дар минтақа ба унвони миёнҷӣ ба баҳонаи ҷудо кардани тарафҳои даргир вориди қазия мешаванд.

Маҳз дар ҳамин росто мутахассисони НАТО дар Афғонистон феълан саргарми коранд. Бино ба бархе маълумоти то кунун дастрас шуда, дар ҳоли ҳозир дар ноҳияҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистон бо шитоби тамом сохтмони иншоотҳои низомӣ ҷараён дорад. Ҳадаф аз ин сохтмонҳо таъмини амалиётҳои вижаи СРУ на танҳо дар дохили Афғонистон, балки дар кишварҳои ҳамсояи он дар Осиёи Марказӣ мебошад.

(Сохтмони яке аз чунин пойгоҳҳо дар деҳаи Ҷорф, маркази вулусволии Шикайи Афғонистон дар марзи Тоҷикистон идома дорад-идора)

Донаҳои бунёдгароии мазҳабиеро, ки дар минтақа Амрико кошта буд, билохира бояд мева ба бор биорад. Ба бовари таҳлилгарон баъди хатми қазияи Сурия кишварҳои Осиёи Марказиро нооромӣ ва бесуботӣ интизор аст. Муҳаррики аслӣ дар ин бесуботиҳо бунёдгароёни исломӣ ва воҳидҳои Ал қоида хоҳанд буд ва идораи ин шабакаҳоро дар ҳолати бӯҳронӣ ҳамин марказҳое ба уҳда хоҳанд дошт, ки феълан бо суръат сохтмони биноҳои онҳо таҳти пӯшиши сохтмони НАТО барои артиши Афғонистон дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ва Узбакистону Туркманистон идома дорад.

Яъне Амрико аз Афғонистон дар ин даҳ соли оянда ҳадди аққал хориҷ шуданӣ нест. Амрико ҳоло интизори сохтани Ховари миёнаи Бузург аст. Он гоҳ ҷобаҷоӣ ё кӯч додани пойгоҳҳои худро бозбинӣ хоҳад кард. Аммо то он замон вақти зиёде боқӣ аст.

Ба назар мерасад, ки президенти Узбакистон дар бораи ин таҳаввулоте, ки минтақаро интизор аст, маълумоти комил ва дақиқ дорад. Ва ба ин далел бо хуруҷ аз ОДКБ талош дорад, ки кишварашро аз бало ҳифз кунад.

Аммо Озарбойҷон фикр мекунад, ки аз ин таҳаввулот мешавад фоида ба даст овард ва Калашников дар ин миён моли бозоргир хоҳад буд…

Артур Вашеров,  номзади улуми сиёсӣ,

Маскав, махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97