Вақте дар Кӯлоб сабус намеёфтанд… Тураҷонзодаро гунаҳкор медонистанд

Сиёсат 07.07.2012 10:59

Блокадаи Кӯлоб равғане бар оташи ҷанги шаҳрвандӣ

JangАввалҳои моҳи июн роҳ ба Кӯлоб баста шуд. Гурӯҳи силоҳбадастоне дар ағбаи Чормағзак тақрибан ягон навъи нақлиётро намегузоштанд, то вориди собиқ вилояти Кӯлоб шавад. Рӯзи дақиқи роҳбандиро касе намедонад, аммо ҳамин моҳ аз ин ҳодиса, ки онро ҳамчун "блокадаи иқтисодии Кӯлоб" ном мебаранд, 20 сол гузашт. Бештари ҳамсӯҳбатони мо ин ҳодисаро "равғани асосии ҷанги шаҳрванд?" медонанд, ки сокинони собиқ вилояти Кӯлобро ба по хезонд ва миёни ду ҷониб оташ даргирифт, ки поёнаш ба ҳама маълум аст. Турко Дикаев, рӯзноманигори маҳаллӣ он замонро хуб дар хотир дорад.

- 2-юми майи соли 1992 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон кушторе рух дод, ки ман онро аввалин хунрезии ҷанги шаҳрвандӣ медонам. Ин куштори чанд нафар то ҳол номаълум аст, ки аз ҷониби кӣ содир шуд, аммо онро ҷонибҳо бори ҳамдигар меандохтанд. Баъди ин гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолиф роҳро ба Кӯлоб бастанд. Ҳодисаи дуввум, дар совхози собиқи TurkТуркманистон рух дод, ки ба мисли ҳодисаи аввал норӯшаниҳои зиёд дорад. Ба дунболи ин аввалин кӯлобиҳои муқими водии Вахш зери фишору таъқиб ба Кӯлоб паноҳ бурданд ва ин оғози ҷангу муҳосираи иқтисодии Кӯлоб буд,- ба ёд меорад Дикаев, ки он замон хабарнигори нашрияи "Кулябская правда" будааст.

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки агар Кӯлобро дар муҳосираи иқтисодӣ намегирифтанд ва Васоити ахбори оммаро зидди мардуми як маҳал истифода намебурданд, кор то ба ҳади ҷанги шаҳрвандӣ намекашид. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, пас аз майдоннишиниҳо мухолифин пайваста тариқи ВАО дар нисбат ба сокинони Кӯлоб ҳарфҳои носанҷида мегуфтанд.

Муҳосираи Кӯлоб кори дасти хадамоти хос

Mahmadsidqi_SaidМуҳаммадсидиқи Саид, як рӯшанфикре, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ тамғаи ваҳобӣ ба ӯ барчасп шуда буд, бар ин андеша ҳаст, ки муҳосираи иқтисодии Кӯлоб тибқи нақшаи хадамотҳои хос анҷом дода шуда буд.

- Онҳо аз замони майдоннишиниҳову қабл аз он месанҷиданд, ки нуктаи заъфи ин мардум дар куҷост. Диданд, ки ин мардум ба осонӣ яроқ ба даст намегирад, аз ин рӯ идеяи дигар, яъне муҳосираи иқтисодиро роҳандозӣ карданд. Албатта, ки тариқи нафарони худ аз ҷониби тоҷикон,-мегӯяд, ӯ.

Тавтеъаи навбатӣ

Бо ин вуҷуд ба гуфтаи  Муҳаммадсидиқ дар тобистон сокинон муҳосираи иқтисодиро ҷиддӣ эҳсос намекарданд, зеро тариқи роҳи Қурғонтеппа гоҳ-гоҳ мавод ворид мешуд ва инчунин, захираҳо ҳоло тамом нашуда буд. Аммо ҳодисае дар моҳи сентябр дар Қурғонтеппа раванди ҳодисаҳоро тағийр дод.

Муҳаммадсидиқ афзуд: "Дар тобистон чанд ҳодиса рӯх дод, ки онро гоҳ ба гардани ғармиҳо мезаданд ва гоҳ ба гардани кӯлобиҳо. Даҳуми сентябри соли 1992  ба хотири бартараф кардани ихтилофҳо дар майдони шаҳри Қурғонтеппа ҷамъомаде сурат гирифт. Аммо ғайриинтизор касе аз болои биноҳо ба сӯи мардуми ҷамъомада тир парронд, ки ихтилофҳоро бештар кард. Пас аз ин ҳодиса тамоми роҳҳо ба Кӯлоб баста шуд ва азоби мардум шурӯъ шуд".

Вақте, ки сабус намеёфтанд… гунаҳкор меҷустанд

Дар муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифтани Кӯлобро сокинони оддӣ ба Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода марбут медонистанд. Ҳарчанд, ин гуфтаҳоро борҳо худи Тураҷонзода рад кардааст, аммо он замон ва ҳоло ҳам сокинони оддӣ бар ин боваранд, ки муҳосираи иқтисодии Кӯлоб аз ҷониби ин рӯҳонии шинохта роҳандозӣ шудааст. Дар моҳи сентябр охирин захираи хӯроки сокинон дар тамоми навоҳии Кӯлоб ба охир расид. Мардум эҳсоси гуруснагии ҷиддӣ мекарданд.

Холмоҳ Азимова, як сокини Кӯлоб мегӯяд, дигар дар дӯконҳо орд набуд ва пайдо кардани хлеб ҳам мушкил шуд.

- Дар аввал шавҳарам аз кадом хоҷагие аз ноҳияи Мӯъминобод 50 кило ҷав овард. Ду рӯз охирин ордро эҳтиёткорона гардоб карда, бо кӯдакон хӯрдем. Орди ҷавро нон кардам, хеле дурушт буд, аммо он замон барои мо аз нони ҷавин дида, нони хуб набуд. Бечора ҳамсояҳо алови чагдони маро дида, бо ҳар баҳона ё худашонро ё кӯдаконашонро ба хона равон мекарданд. Маҷбур будам, ки ба онҳо як лаб нони ҷавин диҳам. Баъдан сабусу тухми ҷорубро ҳам хурдем. Худо он рӯзҳо такрор нашаванд,-мегӯяд, ин зан.

… Мардум фаромӯш карданд ишқ

haqnazar_goibДар ин миён аҳли адабу ҳунар ҳам зиндагии хуб надоштанд. Ҳақназар Ғоиб, шоири муқими Кӯлоб бо ёддоварӣ аз он рӯзҳо гуфт: "Воқеан, вазъият мушкил буд. Мардум, аз ҷумла мо то сабусро хӯрдем. Гови ширдеҳам бемор шуд ва гуфтанд, ки ба ҷуз сабус дигар чизе намехӯрад. Дар ҳоле, ки сокинон хӯрданӣ надоштанд, ҳайрон будам, ки аз куҷо барои говам сабус меёбам. Ба назди як хоҷагидор рафтам. Гуфт, устод, шарм надор ва бигӯ, ки сабусро барои худат мехоҳӣ ё барои говат. Гуфт, агар барои худат хоҳӣ, каме гандум ҳам кумак карда метавонам. Гуфтам, барои говам мехоҳам, аммо ба худам кумак кунӣ хеле минатдор мешудам. Он кас кумак кард ва ин беҳтарин кумак дар ҳақи хонаводаи мо буд. Он замон касе парвои шеъру шоир ҳам надошт. Ҳама дар ғами шикаму як лаби нон буданд".

Бобоҷони Азиз, овозхони маъруф дар ҳамон замон мегӯяд, якбора тую сури мардум кам шуд ва дигар моро ҳам ба ҳеч куҷо тақрибан даъват намекарданд.

- Аз ин сӯ гуруснагӣ, аз сӯи дигар ҳар рӯз ба Кӯлоб як мурда меоварданд. Базм ҳам намешуд, ки моро даъват кунанд. Кам инсонҳо буд, туй кунанд. Зиндагии мо ҳам мушкил буд. Барои гирифтани чанд дона хлеб соатҳо навбат истодан лозим буд. Шукр, ки ба ин рӯзҳо расидем,- гуфт ӯ.

Кӯлоб водии марг

Муҳосираи иқтисодӣ ба дунбол бемориҳои гуногун овард. Сафаралӣ Раҷбмадов, пизишки собиқадор аз лабрез шудани беморхонаҳо аз беморон ёд мекунад.

- Мардум ба хотири зинда мондан ҳама чизро мехӯрд. Аз ин рӯ, домана ва дигар бемориҳо афзоиш ёфт. Сабаби асосии он ҳама бемориҳо гуруснагӣ буд, ки тамоми касал зуд таъсир мекард. Беморхонаҳо аз касал пур шуда буд,-мегӯяд, Раҷабмадов.

Пайёмадҳои муҳосираи иқтисодии Кӯлоб хеле сангин буд. Он муҳосираро то ҳол оддитарин сокини  Кӯлоб дар ёд дорад.

Асрори марг дар Фархор

Аммо он замон дар моҳи октябр ҳодисае дар ноҳияи Фархор рух дод, ки нишонаи олитарин таъсири муҳосира буд. Дар Фархор аз кадом анборе ба мардум гандуми заҳролудшуда тақсим карданд. Зайнура Мусоева, муовини расиси ҷамоати "Гулшан"-и ноҳияи Фархор мегӯяд, дар паи истеъмоли ин гандум наздики се ҳазор сокини ду ҷамоати Фархор ба бемории шиддатнокии варами ҷигар ё ба истилоҳи мардум шикамдамӣ гирифтор шудаанд. Дар паи ин наздики сад нафар ҳалок шуда, ҳазорон тани дигар то кунун маъюб гаштаанд. Зайнурабону гуфт, "дар ҷамоати Гулшан барои табобати ин беморон осоишгоҳи вижае бунёд шуд ва онҳое, ки маъюб шуда буданд, нафақаи маъюбӣ мегиранд. Аммо ҳеч чизро ба тани солим намешавад баробар кард".

Сангак Сафар намехостааст биҷангад

Zani_Sangak1Идома кардани муҳосираи иқтисодии Кӯлоб сокинонро такон медод, то чорае биандешанд. Давлатмоҳ Хоҷаева, ҳамсари Сангак Сафаров мегӯяд, шавҳараш намехост, ҷанг бишавад:

- Ҳар рӯз назди хонаамон меомаданд, ки Бобои Сангак биё, ягон чора бинем, ки намешавад. Ваҳобиҳо омада мекушандамон, биистем ҳамин тавр. Баъди блокадаи иқтисодии Кӯлоб Санг (манзур Сангак Сафаров) аз хона баромад ва бовар мекунед, ки 6 моҳ ман шавҳарамро надидам. Мегуфт, ки мардум гурснагӣ кашанду ман дар хона истам, аз рӯи ҷавонмардӣ нест. То роҳҳо кушода нашуданд, ӯ ба хона наомад,- ба ёд меорад, ҳамсари Сангак.

Аввалин кумак ба Кӯлоб аз сафорати Ирон буд

Бо фармони кӣ Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ гирифта шуд, маълум нест. Аввалин кумаки ғизоиро ба сокинони Кӯлоб Ҷумҳурии исломии Ирон ирсол кард. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, аввалин сафири Ирон дар Тоҷикистон аз он рӯзҳо дар як сӯҳбаташ бо рӯзноманигор Султони Ҳамад чунин ёддоварӣ кардааст: "Қиссаи фиристодани орд ҳам як достон ҳаст. Бачаҳое, ки дар Душанбе буданд, он рӯзҳо тунду тез буданд, ҷавон буданд ва мамониат карданд.  Мо баъди нисфи шаб кормандони худро фиристодем, ордҳоро бар души худашон гирифта бурданд ба аэропорт. Рӯзи дигар онҳоро бо се ҳавопаймо ба Кӯлоб фиристодем. Дар ҳамон замон баъзеҳо кори моро фаҳмидан намехостанд. Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки барои ҶИИ кӯлобӣ ҳам тоҷик аст, оне ки дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор ва ё Бадахшон зиндагӣ мекунад, он ҳам тоҷик аст".

Ҷанг барои наҷот аз гуруснагӣ

Аз оғози муҳосираи иқтисодӣ 20 сол гузашт, вале бисёре аз сокинон бе оби чашм наметавонанд, онро ёд биоранд. Гуруснагӣ, беморӣ ва таҳдиду фишор аз хотироте аз он рӯзҳо барои сокинони оддии Кӯлоб то кунун боқӣ мондааст. Оғози ҷанги шаҳрвандиро низ ба ин муҳосираи иқтисодӣ баста медонанд ва ин мақолро низ бисёриҳо пеш меоранд, ки "Гурусна ба шер мезанад". Воқеан, бештари яроқбадастони Фронти халқӣ зану оилаи гурусна доштанд ва ҳадафи аксарашон наҷоти пайвандонашон аз гуруснагӣ буд. 

Абдулмуъмини Шерхонд

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97