Оё мо ба сулҳу ваҳдати воқеӣ даст ёфтаем?

Сиёсат 05.07.2012 10:26

Vahdat15 сол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ мегузарад.Тоҷикони аз ҷанг пушаймон ва аз сулҳ муфтахар хотираҳои ин давронро варақ мезананд. Мардуми синачоку қаҳрамони мо ҳатто қотилони ҷигаргӯшаҳои худро ба хотири суботу оромиш кайҳо бахшидаанд ва ғуссаҳои худро дар ғамхонаи дил гӯронидаанд. То ашкашон, ғуссаашон мабодо ин осмони сулҳу сафоро гилолуда накунад.

Аммо нируҳое аз хориҷ ҳанӯз ҳам фазои амни моро таҳдид дорад, шабаҳи ҷанг гоҳе дар Рашту гоҳе дар Суғд ва гоҳе ҳам дар Хуталон аз худ дарак медиҳад.

Аз ин рӯ такя бар мардум ва риояти адолат дар баробари раъият аз бузургтарин амалест, ки барои ҳифзи марзу буми ин сарзамин ва фазои амну осоиштаи кишвар бояд аз сар гирифта шавад.

Дар рӯзи таҷлил аз Ваҳдати миллӣ ба суроғи чанде аз ҳамватанони гиромӣ рафтем, то назарашонро дар мавриди сулҳу ваҳдати имрӯзӣ баён кунанд.

kabiri3Муҳиддин Кабирӣ,раиси ҲНИТ:

- Ба сулҳ даст ёфтаем, вале ба ваҳдати воқеъӣ ҳанӯз не. Сулҳе, ки имрӯз ба даст омадааст, маро қаноъат медиҳад, чунки оромиш ҳаст, субот ҳаст. Вале ваҳдат қонеъ намекунад, ҳанӯз мушкилот дар ин самт вуҷуд дорад.

Султоншоҳ Мирзошоев, бознишаста,собиқ ходими давлатӣ

Mirzoshoev01- Пойдевори бузурги истиқлоли Тоҷикистонро мо ба даст овардаем, лекин дар ин роҳи истиқлолият, дар роҳи сулҳ, ҳоло масъалаҳое ҳастанд, ки бо ташаббусу заҳмати ҳамаи қишру аҳзоби ҷумҳурии мо ба даст оварда шудаанд. Сулҳ аслан чизе нест, ки як касро қаноъат диҳаду дигаронро не. Аз ин сулҳ ва бо ҳам омадани ҳамаи қишрҳои ҷомеъа, гуруҳу ҳизбҳою дигару дигар дар рӯзи таҷлили 15 - умин солгарди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ боз масъулияти ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамин сулҳи ба дастомада ва барои ҳамаҷониба амалигардонии ҳадафҳову ормонҳои ин сулҳу салоҳ дар ҷумҳуриамон бояд аз пештар дида меҳнат бикашем. Масъулиятамон боз бештар бишавад, то ки атрофи сулҳ мубоҳиса бисёр накунему бо амал, бо меҳнат, бо ғамхории ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ин сулҳро ба сулҳи абадӣ ва шукуфоӣ табдил бидиҳем.

Бобоҷон Икромов, сардабири хабаргузории "Вароруд":

Bobojon01- Мафҳуми сулҳу ваҳдат ба ҳамагон маълум аст. Мо имрӯз дар ибтидои ваҳдат қарор дорем, зеро тамоми умр инсоният кӯшиш мекунад, ки ба ин авҷи аъло бирасад. Ҳамаи мо дар орзуи он ҳастем. Ин пеш аз ҳама аз якояки мо қавлу амалро талаб мекунад. Гуфтори нек, ҳам дар ин роҳ амали хуб аст, пиндори нек ҳам, рафтори нек ҳам лозим аст. Дар маҷмуъ як муттаҳидии комил, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати комил иншоаллоҳ, ки дар ояндаи наздик ба мо даст медиҳад. Мо барои ба ин рӯзҳои шодмонӣ расидан ҳамеша бо ҳам будем, кӯшиш кардем ва ба саъодати илоҳӣ низ муваффақ гардидем. Оромию сулҳу ваҳдат беҳтарин атои худовандӣ аст барои миллати мо. Барои ба сулҳу ваҳдати комил расидан, бештар аз ҳар вақт дида, аз мо масъулияти бештар ва бештареро талаб менамояд. Бо рафтори худ, бо кирдори худ, мо бояд собит созем, ки ба ваҳдати комил муваффақ гаштаем. Рӯзи сулҳу ваҳдат муборак бод ба мардуми сарбаланди диёр!

Низом Қосим, шоир ва вакили мардумӣ:

Nizom_Qosim- Ин бисёр суоли забонзада аст. Ҳамин суолро ҳар сол такрор мекунед. Акнун медонам, ки суоли думчадор низ аст. Албатта мо ба сулҳи воқеъӣ даст ёфтем, зеро агар мо ба сулҳи воқеъӣ даст намеёфтем, ба ин қадар чизҳо ноил намешудем. Ин қадар мардум тинҷ, осуда зиндагӣ карда истодаанд, кор карда истодаанд, рӯзгорашонро пеш бурда истодаанд, албатта ҳамааш баракати ҳамин сулҳ аст. Хайр акнун сулҳи комил ҳам нашуда бошад, вале ба ҳар ҳол сулҳ аст. Ин сулҳ дар ташаккулу такомул мебошад. Ва ман боварӣ дорам, ки ба ваҳдати комил, ба сулҳи комил мерасем мо. Ҳамин як чизро инкор кардӣ, гуфтӣ, ки нест, ҳамон ҳам нест мешавад. Ба қадри будагиаш тан додан лозиму шукр кардан даркор.

Низорамоҳ Зарифова, бознишаста, собиқ ходими ҳизбӣ ва давлатӣ:

Nizoramo- Ба сулҳу ваҳдати воқеъӣ расидаему лекин боз бештар кор кардан лозим. Вақте миллат шуд, якдигарфаҳмӣ бояд вуҷуд дошта бошад, ҳурмати якдигар бояд вуҷуд дошта бошад, кору кӯшишу меҳнат бошад ва ҳама якҷоя ва якдилу якзабон шаванду кор кунанд ва аз уҳдаи кори хеш бароянд. Зеро ҳеч кор дар ҷумҳурӣ бе камбудӣ намешавад, бисёр камбудӣ дорем, ҳамин камбудиҳоямонро бояд бартараф намоем. Ҳанӯз моро корҳои зиёде дар пеш аст. Зану мард бояд даст ба дасти ҳамдигар ин роҳро тай бикунанд. Маҳалчигӣ, хешутаборбозӣ ҳаминҳоро ҳамаашро нест кардан лозим. Ҳамин корҳоро агар ҳама якҷоя шуда ба анҷом расонем, албатта ба ҳама хостаҳо даст хоҳем ёфт.

Орзу Ҳамидов, сардабири нашрияи "Пажвок":

Orzu_Hamidov- Аз он ки мебинем дар ҷомеъа оромию субот ҳаст ва то андозае сатҳи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодиямон нисбат ба замони ҷанг нисбатан пеш меравад, гумон мекунам, то ҳадди зарурӣ ба он нарасида бошем ҳам, аммо қадам ба қадам наздик шуда истодаем. Аммо агар инро ба як маҳаке гумон кунем, ки ба қуллаи коммунизм расидану сулҳу ваҳдатро ҳамчун қуллаи коммунизм қарор диҳем, ки ҳатман ба он бирасем, ин аллакай ҳамин сулҳу ваҳдатамон мантиқашро гум мекунад. Инро бояд на аз нигоҳи замони шӯравӣ, балки аз замони истиқлолёбӣ мавриди назар қарор бидиҳем. Агар мо воқеъан ҳамчун ватандор ва миллатдӯст, ки дар суханҳо ифода меёбанд, дар амал бошад, мо ба он даст хоҳем ёфт. Яъне ба сулҳу ваҳдати воқеъӣ даст меёбем.

Раҳматуллоҳи Раҷаб, рӯзноманигор:

Rahmatullo- Созишномаи истиқрори сулҳ, ки баста шуда буд, ин ҳоло бисёре аз мардуми ҷомеъаро қаноъатманд карда наметавонад, чунки сулҳ сулҳи ҳақиқӣ набуд. Чи ваъдаҳое, ки барои оппозитсиюни тоҷик дар он маврид карда буданд, ки то 30% нафарони мухолифинро барои кор намудан дар вазорату корхонаҳо қабул менамоянд, иҷро нашуд. Аз тарафи оппозитсиюни тоҷик дар ин самт гузаштҳо шуда буд ва ҳатто бисёри ҳамон саҳмияи 30 дар саде, ки вобаста ба вазорату идораҳо буданд, иҷро нашуд. Ин сулҳ аз тарафи ду ҷониб, яъне аз тарафи ҳукуматдорони замон ва аз тарафи оппозитсиюни тоҷик баста шудааст. Муддати тӯлоние аз он нагузашта аст, то ҳол дар телевизиону родиюҳои ҷумҳурӣ, яъне ки манзурам ин аст, ки родиё ва телевизиони ҳукуматӣ танҳо саҳми як тарафро нишон медиҳанд. Инро ҳамаи мардуми Тоҷикистон медонанд, ки сулҳ аз як тараф намешавад, зеро ҷониби сулҳ ду тараф аст ва ин ду тараф бояд бо ҳам созиш кунанду сулҳ банданд, на як тараф. Зеро ки як даст ҳеч гоҳ садо надорад. Сулҳ, ки зери суол рафт, ваҳдат ҳам намешавад.

Набояд мо ин шонсро барои душманони миллат, ба хусус душманони дар камин, ки давру бари мо ҳастанд бидиҳем. Модоме ҳар ду ҷониб ин ҷангро таҳмилӣ унвон кардаанд ва президенти Тоҷикистон инро дар маҳзари ом эълон ҳам кард, ки ҷанг таҳмил шуда буд, пас бояд мо ҳушёртар бошем. Баҳонае ба душманони миллат надиҳем, ки аз парокандагӣ ва ноиттифоқии мо суистифода кунанд. Ҳифзи сулҳу ваҳдат бастагӣ ба риояти адолат дорад. Агар адолат риоят шавад, сулҳу ваҳдат ҳам хоҳад буд. Дар акси сурат, кишвари мо осебпазир боқӣ хоҳад монд.

Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор:

Talabsho- Аслан, вақте ваҳдат мегӯем, бояд ба асли калима таваҷҷуҳ дошта бошем, ки он чист. «Ваҳдат» аз вожаи «воҳид» сарчашма мегирад ва ҳар гоҳе ки ваҳдати миллӣ гуфта мешавад, бояд воҳидии миллат пеши назар биёяд. Аммо воҳидии тоҷик куҷо дида мешавад, дар ҳоле ки ба маҳал ҷудо шудаву ҳатто ҳукуматаш ҳам бадал ба як маҳалле шуда. Ба ибораи дигар агар миллати мо дар маҳдудаи як ноҳия ва сиёсатмадорони мо танҳо дар ҲХДТ хулоса бишаванд, магар тоҷик воҳид аст? Аз ин рӯ ҳоло ба ваҳдат расидани моро вақт муайян менамояд, на 27 июн.

Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони варзиш:

Zebuniso_Rustamova- Ба зоҳир ваҳдат вуҷуд дорад. Лекин агар амиқ назар карда шавад, баъзе норасоиҳо вуҷуд дорад. Бисёр мехостам, ки ваҳдати воқеӣ вуҷуд дошта бошад, ягонагӣ бошад. Мо дар маҷмуъ тоҷикем ва бояд фикру мароми мо ободии ватан бошад. Мехостам, ки мардум бештар ба варзиш машғул шаванд, зеро варзиш ин қосиди сулҳу якпорчагӣ мебошад. Агар ҳамаи мардуми тоҷик ба варзиш машғул шаванд, ваҳдат ҳам барқарор мешавад. Зеро танҳо дар варзиш ғолибу мағлуб дасти ҳамдигарро мефишоранд. Ин амал танҳо дар дунёи варзиш мумкин аст ва мардум ин амали шоистаро бояд улгу қарор бидиҳад. Мо тоҷикон, ки мардуми тамаддунофарем, ин маданияти дасти ҳам фишурданро ба тамошои ҷаҳониён бигузорем.

Қӯқаншоев Шаша, ҳуқуқшинос

Quqanshoev_shasha- Ба ин суоли шумо ду тарз ҷавоб гуфтан мумкин аст. Якум ин ки бале, чунки мо аксариятамон шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ будем ва дида будем, ки ҷанг чист ва даҳшати ҷанг чи гуна аст, ки таъсири манфии он то ҳозир аз хотираҳо зудуда нагаштааст. Албатта сулҳи воқеъӣ ба даст омадааст ва маҳсули  ин сулҳро дида истодаем. Маҳз ҳамин озод гаштани мо, озодона кор кардани мо, ин ҳама шаҳодати он аст, ки мо ба сулҳи воқеъӣ расидаем. Вале чанд сол қабл, агар иштибоҳ накунам, соли 2006 - ум буд, президенти кишвар ишора бар он карда буданд, ки ҷанги Тоҷикистон ин ҷанги таҳмилӣ, яъне аз берун таҳмилшуда буд. Агар аз ин нуқтаи назар гирем, ҳанӯз ба он сулҳи мутлақ нарасидаем.  Зеро имрӯз мебинем, ки баъзе роҳбандию роҳканиҳо ба вуқуъ мепайвандад, ки нишонаҳои он ҷанг, агар дар шакли куштор нест, вале дар дигар шакл ва бархе ҷанбаҳои ҳаёт давом дорад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази стратегии назди президенти Тоҷикистон:

Sayfulo_safarov- Бале, ба сулҳи воқеъӣ даст ёфтааст. Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ аз нигоҳи мардум самар овард, он ҳадафу мақсадҳое, ки халқи тоҷик дар пеш гузошта буд, иҷро шуданд. Ва мо метавонем онҳоро дар амалия бубинем. Дар масъалаи ваҳдати миллӣ бояд гуфт, ки албатта мо ба он даст ёфтаем. Ваҳдати миллӣ ягон чизи фантастикӣ нест ва чизи воқеъӣ аст. Ин фақат як раванд аст, раванди бисёр дуру дароз, раванди бисёр мушкил ва бо пасту баландиҳои зиёде. Аз ин сабаб ба даст овардани ваҳдати воқеъӣ кори осон нест. Вале дар айни замон мо метавонем, бигӯем, ки чунин як ваҳдат дорем. Ҳамин қадар заминаҳое, ки барои кору фаъолият ва ободонӣ мавҷуд ҳастанд, самари ҳамин ҳамгироӣ аст. Аз ин рӯ Рӯзи ваҳдатро ба кулли мардуми меҳандӯсти кишвар табрик мегӯям!

Ортиқи Қодир, ҳунарпеша:

Ortik_Kodir- Акнун воқеъияти ин каме дуртар аст, чунки дар забон, дар намоишкориҳо ҳаст, лекин воқеъияти комилаш ҳосил нашудааст. Ман ки дар байни мардум мегардам, бисёр мебинам, ки то ҳол ҳамон зуҳуроти бисёр баду талхи маҳалгароию боз ҳамон қишлоқбозию хешу таборбозӣ, ки мисли як заҳрпечак мардумро ҷудо мекунад, яъне ки халал ворид мекунад. Ҳоло ҳам ҳамин чиз гум нашудааст, зеро инро решааш аз ҷаҳолат аст. Душмани рақами яки тоҷик ҳамин ҷаҳолату бесаводӣ аст. Ҳамин чизҳо намегузорад, ки мо ҳамин садро убур кунем ва ба ваҳдати воқеъӣ бирасем. Умуман, шахсиятҳое ҳастанд, ки дилашон барои Тоҷикистон, барои миллат, барои арзишҳои миллӣ месӯзад, лекин ҳамонҳо канор мондаанд ва ханӯз ҳамон рӯйхатҳои сиёҳ вуҷуд дорад. Ин чизе аст, ки ба ваҳдат халал мерасонад. Ваҳдат бояд дар забон набошад, балки дар дилу вуҷуди ҳама мардум, сар аз мардуми оддӣ то мансабдорони болоӣ вуҷуд дошта бошад. Баъд дар он замон мо ба воқеъияти аслии ин мафҳум хоҳем расид.

Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқшинос:

Ashurboy_imomov- Мафҳуми ваҳдат имрӯз он қадар дастрас нест. Он воқеъан ҳамчун як шиор вуҷуд дорад, чунки ваҳдат бояд барои пешрафту тараққӣ мусоидат кунад. Вақте ки пешравӣ нест, адолати иҷтимоъӣ вуҷуд надорад, ман намедонам ваҳдат чи маъно дорад. Барои ваҳдат адолат ва мутаҳиддии ҷомеъа лозим аст. Ваҳдат ин якпорчагию якдилиии мардум аст. Ваҳдати воқеъӣ ба эътирофи арзишҳои миллӣ бояд равона бошад, лекин мо аз ин чизҳо бештар дар сухан ва шиорҳо гуфтугӯ дорем.

 Усмон Солеҳ, раиси дастгоҳи ҲХДТ:

 - Албатта ин чизро зери шубҳа қарор додан ҳеч мумкин нест. Тӯли ин чанд соле, ки мо инро роҳро паймудем, аз имзои созишнома то ин тараф, сулҳу ваҳдати мо хело ҳам таҳким ёфт. Яъне ки умуман ягон нотинҷӣ, ягон нооромӣ ба истиснои баъзе ихтилофҳо нест, ва дигар мардум дар як фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ карда истодаанд, ҳатто ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ машғуланд. Ҳамаи ин иншоотҳое, ки дар кишвар сохта мешаванд, махсусан дар шаҳри Душанбе чи қадар сохтмонҳои азим, ки сохта мешаванд, ҳамаи ҳамин натиҷаи тинҷию сулҳу ваҳдат аст. Ин сулҳу ваҳдат аст, ки мо ба корҳои созандагӣ машғул ҳастем. Аз ин рӯ ин неъмати бисёр олист, ки ба мо инъом шудааст. Ва ин рӯзро ба ҳамаи мардуми азизи Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97