Файзалӣ Саидов мехост Гулрухсори Сафиро бикушад

Сиёсат 02.07.2012 20:52

FayzaliАз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 15 сол гузашт. Хотираҳои мардум аз он рӯзҳои сиёҳ то рафт хиратар мешаванд. Бисёре аз мардум, ки шоҳиди хунрезиҳо дар кишвар буданд, намехоҳанд, он рӯзҳоро ба ёд биёранд. Ҳарчанд дар бораи он ҷанг чандин китоб навишта шуд, вале қиссаҳои аслии ҷанг ҳанӯз нонавишта мондаанд.

Ҳар нафаре, ки дар соли 1992-юм, дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ, дар Тоҷикистон буд, ба хубӣ ёд дорад, ки кишвар ба майдони тохтутози гурӯҳҳои мусаллаҳ, ниқорситониву ҷазодиҳӣ табдил шуда буд.

 

Ҳар нафаре, ки силоҳ дошт, худро фармондеҳи олам мешумурд ва амр медод. Якеро мекушт, дигареро мебахшид. Дар он солҳо мардуми рӯшанфикр ва ошкоргӯ, ки шояд дар мавзӯе назаре дода бошанд ва ё бо ягон намоянндаи гурӯҳи дигар саломуалейк карда бошанд, таҳти таҳқир қарор гирифтанд.

Дар он солҳо гурӯҳе аз мусаллаҳон ба ҷони шоири саршинос Гулрухсори Сафӣ таҳдид карданд ва ӯ танҳо бо амри тақдир ва кумаки афроди хайрхоҳ, аз қасоси гуруҳи мусаллаҳ ҷон ба саломат бурд. Он қиссаро, ки соли 1992-юм иттифоқ афтода буд, худи Гулрухсор ва Низорамоҳ Зарифова, ҳамсояи шоир ва ходими ҳизбӣ ва давлатӣ , қисса карданд.

Гулрухсор: "Яке Абдусалом ном дошт, дигаре Ҷумъахон ва Қурбону Хоҷаназар. Инҳоро Файзалӣ Саидов фиристода буд. Чунон гурӯҳи байналмилалие  буданд, ки ҳар кадоме намояндаи як миллат буд. Аҷиб. Хонаи мо дутабақа аст. Инҳо аз табақаи якум ворид шуданд. Чӣ хел онҳо ворид шуданд, ин барои ман то ҳол афсона аст. Аз он қадар ҷои танг. Онҳое, ки ворид шуданд, бо автомат, таппонча ва грантомет ворид шуда буданд. Вақте ворид шуданд, диданд, ки танҳоям. Ман дар яке аз китобяҳом низ навиштам, ки вақте қотилони ман дар рӯбарӯи ман бо силоҳ қарор гирифтанд, ҳеҷ кас мисли ман бо Худо наздик набуд. Ман чашмони Худоро медидам. Қудрате, ки Худо барои ман дод, ин буд, ба ҷои он ки аз онҳо тарсам, ба таҳқир кардани онҳо сар кардам. Ба онҳо гуфтам, ки як сӯзан наовардед бо худатон. Гуфтанд, ки чаро? Гуфтам, барои куштани ман, барои куштани як зан. Барои куштани як инсон як сӯзан кифоя буд. Маълум буд, ки хеле фиребхӯрдаанд. Онҳо донистанд, ки ба хонаи як шоире омаданд, ки натанҳо бо дигарон ҳатто бо мӯрча ҳам ҷанг карда наметавонад. Онҳое, ки барои қатли ман омада буданд, ба онҳо шири гарм пешниҳод кардам. Ҷони одам ширин аст. Аксари ҳамсояҳо дарҳояшонро бастанд. Ба ҷуз апаи меҳрубон Низорамоҳ Зарипова, ки ба кумаки мо расид. Гуфт, эй бачаҳо чӣ кор мекунед? Ин шоир аст.

Як шеър ҳам дорам, ки ба ҷои тир дар пеши қотилонаш нону намак пешниҳод намуд. Ҷон ширин аст, ҳамсояҳо аксарашон дарҳояшонро аз дарун маҳкам намуданд, ба ҷуз апаи бисёр меҳрубон ва нозанинам Низорамоҳ Зарипова.

Аз нақли Низорамоҳ Зарипова: «Ман баромадам пешашон, гуфтам, бачаҳо мебахшед, шумо кистед? Гуфтанд, мо фалону ҳамин хел ташвиш накашед. Ман гуфтам, ки «не бачам, ман қатӣ ношуда наметавонам, барои ин ки ман модарам, ин ҳамсояам, ман аз Кӯлобам, пагоҳ як гап шавад, мегӯянд, ки инро қасдан карданд. Ман то наравед, намемонам». Ман Зуҳуршоҳро(шавҳари Низорамоҳ Зарипова-«М») гуфтам, ки ба сари Гулрухсор омаданд, мебарандаш, ӯ гуфт, ки кистанд? Вақте ки аз дар баромад, ӯ маслуқ буд, гуфт, «эй бачаҳои ҷун, шумо куҷо омадед, охир ин духтари ман шоир аст, ин фаришта аст». Мо намешиносем туро мӯсафед, бирав, гуфта, ӯро тела карданд, ғалтид. Ду нафарашон бачаи шинос буданд, якеаш шофёри вазири адлия, апа, туро нағз мешиносем, апаи Низорамоҳ нестӣ(?) гуфтанд. Ҳо, ман ҳамонам, шумо чи кор мекунед? «Мо барои ҳамин апаам омадаем, Файзалиҷон гуфт, ки биё, як чорта базм кунем, биёредаш шеърхонӣ кунад барои солдатҳо»- гуфт якеаш.

Аз нақли Гулрухсор: «Вақте ки писарам Азиз аз рӯ ба рӯям пайдо шуд, ва онҳо аллакай омода буданд, ки маро бубаранд, гуфтам, ки Азиз, писарам, метавонед бо модарат ифтихор бикунӣ. Чун ман медонистам, ки маро куштан мебаранд, яке дар ҳамин ҳолат апаи Низорамоҳ давида рафту писарамро дар оғӯш гирифту гуфт, ки «Бежан омадӣ», яъне нахост, ки бифаҳманд, ки писари ман аст. Чунин гуфт, ки гӯё наберааш омадааст. «Эй Бежан омадӣ, эй зудтар биё, дар куҷо мегардӣ»-гуфта хатои маро ислоҳ кард, чунки он вақт метавонистанд писарамро ҳамроҳам бибаранд.

Аз нақли Низорамоҳ Зарипова: «Достиевро ман гуфтам, хабар шудед, телефона бигиреду маро хабар кунед. Ӯ хабар дод, кӣ рост аст, ҳақиқатан Гулрухсорро бурданд. Баъд Достиев мебарояд, пеши роҳашонро мегирад».

Аз нақли Гулрухсор: «Ҳамин Сайидамир Зуҳуров, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд. Солҳои сол гузаштааст ва ин гапро бояд гуфт, ки агар Сайидамир Зуҳуров раиси Кумитаи амнияти миллӣ намебуд, ман хаёл мекардам, ки нисфи мамлакат ба хун ғарқ мешуд ва нисфи бачаҳои бегуноҳ кушта мешуд. Вақте ки мо омадем ба назди Сайидамир Зуҳуров, ва Зуҳуров ҳамроҳи Достиев маро баргардонданд. Чун қисса маъруф шуд, ҳама фаҳмиданд, СНГ огоҳ шуд, дар Маскав хабар шуданд ва инҳо ҳам донистанд, ки мо шоирашон ҳастем, дигар, ки маро бурда натавонистанд. Таҳқир ва таҳдид дар болои Сайидамир Зуҳуров шуд…»

Манбаъ: «Озодӣ»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97