Ато Муҳаммади Нур: «Дар ҳар тарафе қарор бигирем, ҳамон тараф барандаи интихобот хоҳад буд»

Сиёсат 28.06.2012 18:26

AtoРӯзи 28 июн дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии  Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мулоқоти Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афгонистон бо  фарҳангиён ва донишмандони тоҷик баргузор шуд.

Ин мулоқот бо ибтикори Анҷумани дӯстӣ ва робита бо Афғонистон, пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон-- «АФРӮЗ» доир шуд.

Волии вилояти Балх зимни суханронии худ бар  зарурати таҳкими равобити Тоҷикистон ва Афғонисто, ба вижа дар бахши фарҳангӣ таъкид намуда, омодагии худро дар ин росто эълон дошт. Вай ҳамчунин ба густариши тиҷорат миёни ду кишвар таъкид намуд ва эълон дошт, ки бандари  наве, ки қарор аст дар минтақаи Айваҷи Тоҷикистон ифтитоҳ шавад, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар  мусоидат хоҳад намуд.

Ато Муҳаммад афзуд,  миёни Афғнистон ва Чин дар мавриди сохмони лӯлаи интиқоли газ аз тариқи Тоҷикистон  тавофуқ ҳосил шудааст, ки ин ба нафъи  Тоҷикистон низ хоҳад буд.

Ато Муҳаммади Нур  зимни ишора ба вазъи сиёсии кишвараш баён дошт, ки фаъолияти сиёсии онҳо танҳо ба вилояти Балх маҳдуд набуда ва дар саросари Афгонистон пуштибонии худро дорад.

Ӯ зимни ишора ба  интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки қарор аст соли 2014 доир шавад, гуфт: «Дар  интихобот мо қасд дорем минҳайси як гурӯҳи сиёсӣ ширкат бикунем.Агар роҷеъ ба шахси худи ман сӯҳбат бикунем, маҷмаи сиёсиеро, ки мо дорем, тӯдаҳои мухталиферо дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон раҳбарӣ кардаем. Ин гурӯҳҳо омода ҳастанд дар бозиҳои сиёсӣ, дар тасмимгириҳо ва интихобот бо мо ҳамкорӣ кунанд. Мо бо ҳамдастӣ дар интихобот метавонем нақши калон ва таъсиргузор дошта бошем. Дар интихоботи ояндаи Афғонистон маҷмаи мо як тараф хоҳад буд.Мо бо қувват ҳаракат хоҳем кард ва дар ҳAttomuhammadi_Nuriар тарафе, ки дар интихобот қарор бигирем, масъала ба нафъи ҳамон тараф ҳал хоҳад шуд

Дар анҷоми мулоқот ба воли вилояти Балх аз ҷониби Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон –«АФРӮЗ»  ҷоизаи «Тоҷики бурунмарзии сол --2011» эҳдо шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97