Ҷанг накарда буд, ки сулҳ кунад!

Сиёсат 28.06.2012 10:59

Нахустошноӣ

Toiri_abdujabor01Сентябри соли 1980-ум банда донишҷӯи соли аввали факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ будам ва аллакай дар дарси чанд муаллиме ширкат карда будам. Дар яке аз нахустин дарсҳо гапам бо устоди шодравон Ҳилол Каримов бар сари хати форсӣ гурехт ва ҳамсабақон машварат доданд, ки беҳтараш ҳуҷҷатҳоятро гирифта, ба Кӯлоб бирав, ки ин кас падари факулта ва сарвари шарқшиносон аст ва мегуфтанд, ки ноҷо бо ӯ баҳс кардӣ! Хостам воқеан ҳам ҳуҷҷатҳоямро бозпас бигирам, чаро ки он замон ин факултаро факултаи сиёсӣ мегуфтанд ва кам донишҷӯ буд, ки бо устодон ба баҳс пардозад ва худое накарда он донишҷӯ боз аз курси аввал бошаду рӯзҳои нахусти таҳсилаш чунин кунад! Ғарқи ҳамин андеша, ки донишгоҳро тарк кунам ё не, чанд дарси хушку холии дигаре аз ҷониби устодони дигар, ки ҳамагӣ қолабӣ буданд ва бидуни эҳтиром нисбати донишҷӯ хотима меёфтанд, пушти сар шуданд….

…Рӯзи саввуми таҳсилам дар Донишгоҳ буд. Ба дарс Устоде ворид, шуд, ки на қалам дошту на дафтар, на маърӯзаи қаблан омодае, на портфели зебое… Фақат ҳамон курткаи чармини тозаю озода, зебандаю шинамашро дар бар дошт, ки андому симои ориёиашро боз ҳам муассиртару ҷаззобтар карда буд. Гумон кардам, ки омӯзгор нест, балки барои зарурате чанд дақиқа вориди синфхона гаштааст. Аз сӯҳбатҳои бидуни коғазу қалам ва маърӯзаи бидуни варақаш маълумам гашт, ки Ӯ ва фақат Ӯ метавонад маро ва рӯҳи маро оромию таскин бахшад ва таҳсилро рӯҳбаландона идома диҳам. Воқеъан ин симо ва ин мард боис шуд, ки ман дигар фикри тарки донишгоҳро накардам. Нахустин дарсашро, ки бояд мисли дигар устодон тариқи маърӯза (лексия) - и хаттӣ  анҷом медод, аз оғоз то анҷом бо забони шевою гуворо, ширину дилкашу гӯшнавоз ва ҷолиб гузаронид. Ӯ бо забоне ҳарф заданро дӯст надошт, ки таҳти таъсири уламои русу ҷуҳуд моҳияту табиати худро халалдор карда буд… Ӯ Устод Тоҳири Абдуҷаббор буд. Устод зимнан "ҳасту нест", "ҳозиру ғойиб" накард, ба донишҷӯе ҳарфу садои баланде нагуфт, коғазу дафтареро варақ зада истифода накард, то интиҳои соати дарсӣ сари по рост буд ва ҳама он далелу ваҷҳҳо, арқому суханҳое, ки дар робита бо мазмуни "Ҷуғрофиёи Ирон" мегуфт -  аз мағз, аз тафаккури ҷаззоб, аз қалб мегуфт. Вале, нахустин маротиба дар синни хеле ҷавониам шахсеро дидаму эҳсоси ватанпарварию миҳандӯстиам авҷ гирифт, ифтихори миллӣ, ғурур ва  ҳуввияту асолати миллиам ба ростӣ, ки такон хӯрд… Ва воқеан ҳам худро акнун донишҷӯе дар Донишгоҳи воқеӣ эҳсос кардам, дилам, қалбам, ботинам, тамоми вуҷудам тақозо мекард, ки Ӯ хориҷ аз синфхона нагардад ва тамомии мазмуну фанҳои дигарро ҳам Ӯ ва фақат Ӯ бо мо гузаронад. Бадбахтона, ҳам оила, ҳам ҷомеа, ҳам миллатҳо, ҳам гурӯҳҳои дарсӣ бидуни камию костӣ намешаванд, аз ин ҷост, ки чун Ӯ дар интиҳои дарс аз донишҷӯён пурсон шуд, ки агар кадом нафари Шумо суоле дошта бошад, бифармоед! Нафари ҷоҳилу коҳиле аз мо донишҷуён аз ҷо бархоста суоли беадабонаю ҷоҳилонаеро барои Устод ироа намуд, ки "Муаллим, Шумо аз куҷоед?". Аввалин ва охирин маротиба дидам, ки Устод оташину хашмгин шуд, дар ҳаяҷон буд, хашму ғазабашро фурӯ бурд ва гуфт: "Бародар, Шумо аз куҷоед?". Донишҷӯ гуфт: "Ман аз Ховалингам!". Пас Устод посух дод: "Ай, бадбахт! Пас бифаҳм, ки ман ҳам аз Ховалингам! Аммо аз Марву Чорҷӯй, Бухорою Самарқанд, Балху Кобулу Зобул, Теҳрону Тусу Нишопур, Шерозу Исфаҳон ҳам ҳастам!". Бо ҳамин нахустин вохӯрии ману ҳамсабақон бо Устод ҳусни анҷом пазируфт, вале банда рафтам назди ҷадвали дарсӣ, ки Устод Тоҳири Абдуҷаббор боз кай ба мо дарс мегуфта бошанд ва онро барои худ мушаххас намудам. Бадин минвол, ҳар ҳафта фақат ва фақат мунтазир ва муштоқи шеваи гуфтор, ақли таҳлилгару тафаккури интиқодии Ӯ гаштам. Семестри таълимии нахустин ҳам ба анҷом расид ва имтиҳоне аз фанну мазмуни Устод Тоҳири Абдуҷаббор ҳам  пешорӯи мо омад! Гуфта буд, ки "Ман,  маъмулан, нумраи панҷ намегузорам!".  Хушбахтона, ба камина нумраи панҷ гузошт ва бароям бурдбориҳо ҳам хосту ҳатто дастамро  фишурд. Баъди чанд семестри дигар боз Устод барои мо аз мазмуну фанни "Ҷуғрофияи иқтисоди Ирон" дарс гуфт, маълум буд, ки Ӯ нисбатам меҳру муҳаббате дошту ман ҳам Ӯро як навъ қалбан эҳтирому ҳатто парастиш мекардам, чаро ки дар ҳамаи давраи дигари таҳсил фардеро, устодеро, муаллимеро, профессореро дигар бо Ӯ ҳамсангу қобили қиёс наёфтам. Аз сӯҳбатҳою шеваи гуфтори ширинаш сер намешудам, чеҳраи дилкашу назаррабое дошт. Мехостам соатҳои дароз аз сӯҳбатҳояш бархурдор бошам. Мунтаҳо, магар мани кӯдаку навҷавоне метавонистам бо чунин бузургворе, бо чунин алломае, бо чунин Устоде ба тариқи муназзаму доим мусоҳиб буда бошам?

Ифои хидмат дар Афғонистон

Соли 1983, ки ҳанӯз муҳассил будам, Ҳукумати Шӯравӣ ҷиҳати ифои вазифаи тарҷумони низомӣ бандаро ба яке аз сохторҳои Вазорати дифоъи миллии Афғонистон дар ҳайати мушовирини ҳарбӣ раҳнамоӣ кард ва мани донишҷӯи ноозмудае ба маъмурияти хидматӣ ба кишвари ҳамзабони ҷангзадае берун аз Ватан рафтам. Рафтаму нафаҳмидам, ки аз пушти ҳар кадомамон кормандони хадамоти хосаи шӯравӣ назорат мекунанд ва чун ногооҳона боре дар нишасте маҳдуд аз Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳайси сипаҳсолоре на аз нуқтаназари сиёсӣ, балки фақат аз нигоҳу мавқеъи низомию стратегиаш васф кардам, оҷилан дар ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Умури Сиёсӣ муҳокимаам карданду нишони "Ситораи Сурх"- ро, ки қаблан муносибу мувофиқам дида буданд, хатти сиёҳ кашиданд... Аз ҷаласа берун рафтам ва шукрона кардам, ки муҷозоте сангинтар аз инро бароям муносиб надиданд…

…Рафтам ва бори дигар ба тақдиру сарнавишт, қазою қадар, сеҳру ҷаззобияти меҳру садоқат, самимияту алоқамандӣ итминон ҳосил кардам. Рӯзе аз рӯзҳои фориғ аз ифои вазифа дар микрорайони кӯҳнаи Кобул дар мавқеъи "Моркет" дар пайи ҷустуҷӯи маконе ҷиҳати тановул ғарқи фикру хаёл будам, ки садое ошно, садое ҷаззобу дилкаш, овозе, ки ба тариқи шабонарӯзӣ маро тарк намекард, даъватам кард. Баргаштам, ҳамон нахустустодам, Тоҳири Абдуҷаббор аст, ки тановул дорад ва бандаро ҳам сари мизи ғизохӯрие нишонд ва пурсон шуд, ки ин ҷо чӣ мекунӣ ва ҳоказо… Сӯҳбатамон қариб худуди 30 дақиқа ва ё аз он андак бештар давом кард, вале воқеан ҳам агар дарсу машғулиятҳояш таконам дода бошанд, сӯҳбате сарироҳиаш дар Кобулшаҳр қисмату сарнавиштамро, тарзи тафаккуру тахайюламро дигар кард. Ӯро дигар дар Афғонистон вонахӯрдам, чун банда дар музофоти Балх ифои вазифа менамудам ва наврасу донишҷӯе беш набудам, аммо Устод аллакай беҳтарин мутахассису мутарҷими шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон эътироф гашта буд.

Солҳо гузаштанд, банда Устоди Донишгоҳи Кӯлоб гаштам ва барои таълифу дифоъи рисолаи номзадиам боз  ба Душанбе омадам. Аллакай насими бозсозӣ мевазид. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ озодона акнун оид ба озодиҳо, ҳуқуқҳо, манфиатҳо, арзишҳои инсонӣ ва муқаддасоти миллӣ ҳарф задан доштанд. Бандаро ягон авлоду аҷдодаш узвияте дар ягон ҳизб надоштанд, чун гумонам ҳар гуна ҳизб фаъолиятҳои озодонаи инсонро дар доираи ҳамон ҳизб маҳдудтар мекунад ва ба он мутеъ мегардонад!  Аммо сирф ҷаззобияту шахсияти мунаҳсир ба фарди Устод ва ишқу садоқат ба Ватан маро сӯи Ҷунбиши мардумии Растохез кашид. Пешопеш, бояд арз кард, ки Растохез ҳизб набуд, корти узвия ҳам надошт, вуруду хуруҷ ба ин ҷунбиши мардумӣ озодона, довталабона ва ихтиёрӣ ба роҳ монда шуда буд. Чун бори аввал вориди толор шудам, хеле нигоҳашро сӯям дӯхта ҳолпурсӣ намуд, вале дигар чизе нагуфт, чаро ки чизе ман мехостам Ӯ ҳам ҳамонро мехост ва ҳоҷату ниёз ба расмиёти дигаре намонда буд. Ибтидо ба қавле гулҳои сари сабади миллат узвият дар ин ҷунбиши мардумӣ доштанд. Анҷумани тақдирсози ин ҷунбиш дар бинои Иттифоқи Нависандагон доир шуд ва ному унвони расмие барои ин ҷунбиш дар баробари чандин масоил матраҳ ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Банда расман эълом доштам, ки мехоҳам "Ҷабҳаи Миллии Растохез" унвон дошта бошад. Устод муқовимат накард, пешниҳодамро ироа намуд, вале овози камтар гирифтам ва баъзе рафиқон гуфтанд, ки калимаю истилоҳи "ҷабҳа" маънии низомию ҳарбӣ ҳам дорад…

…Оҳиста-оҳиста мардуми озодихоҳу истиқлолталаб гирдиҳам меомаданд ва банда ҳам гоҳу ногоҳ бо онҳо будам. Чун Устод тақозо менамуд, ки зиёдтар зиёиён дар ҳузури мардуми садҳазорнафара сухан кунанд, то тафриқаю ҷудоие ба миён наояд ва ваҳдату якпорчагӣ аз миён наравад, банда тақрибан се - чор маротиба назди омма сухани расмӣ кардам ва мардумро ба сабру таҳаммул ва ҳушёрии сиёсию шаҳрвандӣ даъватҳо менамудам ва ҳатто хитобае ба ҳар ду майдон, ҳар ду пораи як миллату кишвар таҳти унвони "Тафриқа наандозед!" "Чароғи рӯз", соли 1992, № 7) интишор намудам, ки ҳама пуштибонӣ намуда буданд ва Устод ҳам дастгириам карда буд!

Ва аммо… Ӯро охирин дафъа дар назди бинои Порлумон ва Вазорати Умури Хориҷа моҳи ноябри соли 1992 -юм дидам ва насиҳатам кард, ки ҳеч як узви Растохез набояд силоҳу сипоҳе  дошта бошад, ҳеҷ як узви Растохез набояд худро дар хунрезиҳо саҳим донад, то метавонед дар пайи сулҳу салоҳ бошед, мардумро ба ваҳдату якпорчагӣ даъват намоед, қудрати сухан муассиртару коргартар аз силоҳу сипоҳ аст! Хайру маъзур кард ва гуфт: "Бар сари ҷумҳурӣ як сатил оби хунук рехта шуд! Биравам ба Хуҷанд ба Иҷлосия ва бубинам, ки чӣ мешавад!?". Ӯ рафт ба Хуҷанд, банда озими Кӯлоб шудам. Мутаассифона, дигар Ӯро надидам, аз сӯҳбатҳои ҷаззобаш бархӯрдор нагаштам, узвияти дигар ҳизбею  ниҳоду ҷунбишеро қабул надоштам, бо касе чун Ӯ рӯ ба рӯ нагаштам, ки чунин як нигоҳи гирою зеҳни расо, ақли таҳлилгару тафаккури интиқодӣ дошта бошад! Фақат меандишидаму меандешам, ки чаро Худованд нафаронеро сӣ - чил сол қабл аз зарурати зуҳурашон меофараду нафарони дигареро хеле дертар аз оне, ки бояд биофарад?!

 …Мубталои бемории ноилоҷе гашта буд Устод! Шунидам дар  давлатҳои дигар аз Ӯ хостаанд, ки шаҳрвандии он кишварҳоро бипазирад, аммо Устод нафаре набуд, ки ҳатто солимию ҷони азизу сиҳати худро бо Ватан, бо миҳан, бо макони орзую омол, бо нияту таманниёту таваққуъоташ ивазу бадал кунад ва  гуфта, ки "Агар сад ҷон ҳам дошта бошам, фидои хоки кишвари азизам бод, шаҳрвандии кишвари ғайрро қабул надорам!!!"

Меъмори истиқлол кӣ буд?

Тоҳири Абдуҷаббор (Тоҳирҷон Ҷабборов) 10 - уми феврали соли 1946 дар деҳаи Ашти ноҳияи ҳамном таваллуд шуда буд. Соли 1962 - юм ба факултаи ҷуғрофиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1966 - ум ба итмом расонид. Дар Пажӯҳишгоҳи ботаника ва соли 1968 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АУ ҶТ кору фаъолиятро идома дода, соли 1969 ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АУ ИҶШС мустақар дар Маскав дохил шудааст. Соли 1974 - ум дар мавзӯъи "Масоили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Покистон" рисолаи илмию тадқиқотӣ таълиф ва муваффақона дифоъ карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илуми иқтисод шуда буд. Сипас, то соли 1976 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶТ кор карда буд. Соли 1976 то соли 1987 бо фосилаи андак дар сафарҳои тӯлонии хидматӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ифои вазифа намуда буд. Дар сафорати ИҶШС ба ҳайси тарҷумон ва солҳои 1985 -1987 дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Кобул машғули кору фаъолият низ буд. Муддате дар Донишгоҳи кооперативӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ ва шурӯъ  аз соли 1989 то соли 1990 дар Шӯрои таҳқиқоти нируҳои истеҳсолгари АУ ҶТ кор кардааст. 21 - уми июни соли 1991 Ҷумбиши мардумии "Растохез" - ро номнавис кард. 25 - уми феврали соли 1990 вакили мардумии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №124 (Ашт) вакили Шӯрои Олии ҚТ интихоб шуд.

Баъди сессияи 16 -уми ШО ҳудуди ҷумҳуриро тарк кард. Аз декабри соли 1992 то аввали соли 1993 дар Маскав ба сар бурд. Баъд ба Ҷумҳурии Исломии Ирон ҳиҷрат кард. То соли 1996 дар бахши русии родиюи ин кишвар фаъолият кард. Соли 1996 ба Бишкек омад ва дар Донишгоҳи улуми башарии Бишкек ба ҳайси доктори илми иқтисод, дар Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ба ҳайси мудири кафедра ва дар Академияи молия ва иқтисоди Бишкек, Академияи мудирияти назди раисҷумҳури Қирғизистон, Академияи идораи умури давлатии назди раисҷумҳури Қирғизистон ба ҳайси профессор фаъолият кардааст.

Соли 2005 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - дӯстоштатарин кишвар баргашт. Соли 2007 дар Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон корро оғоз кард ва баъдан ин ахирин нуқтаи фаъолиятҳояш гашту риштаи умраш гусаст ва ҷисман морою дунёро падруд гуфт. 21 -уми апрели соли 2009 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт мадфану маскани худро дарёфт…

Як соли ахири ҳаёт аз саратон азият дид, вале ин саратон ҳам, ки Ӯро фақат ҷисман афгору хаста карда буд ва аз по дарафтонда буд, натавонист ақлу тафаккурашро тираю хира гардонад.

Ёдам омад, ки ба қароргоҳи марказии Растохез тирамоҳи соли 1991  зани солхӯрдае муроҷиат кард, ки дар дасташ як ҷуфт пойафзори нав дошт. Гуфт, писаронам намедонам андозааш чанд, вале инро ман аз ноҳияи дурдасте барои писархондам Тоҳири Абдуҷаббор аз ҳисоби пасандозҳои нафақаам овардаам. Чун Устод ҳузур надошт, гуфтам, хола сабру таҳаммул пешаи худ кунед, ки Ӯ ҳоло дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумон ширкат дорад, то минбаъд нафақаи Шумо ҳам зиёдтар гардад ва ҳам соҳиби озодию мустақилият гардем! Вале, яқин медонистам, ки ин лаҳзаҳо дар порлумон Устод аз ҳақиқат, озодиҳо, ҳуқуқ, манфиатҳо, ҳувияту асолатҳо, арзишу муқаддасоти ватану ватандорӣ ҳарф мезад, бо забони шевою ҷаззоб, бо лаҳни гӯшнавоз, вале далеронаю ҷасурона мегуфт, чаро ки ғуломтабиату хуҷайинпарасту мансабталаб набуд!!! Масалан, чун Ӯро номзад ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи 1991 ва рақиб бо марҳум Раҳмон Набиев пешбарӣ намудем ва ҳама аҳли толор раъйи мувофиқ ва ризояту пуштибонӣ доданд, баъди андак тафаккуру танаффус Устод ба манфиати Давлати Худойназар номзадии худро бозхонд ва аз ширкат дар интихобот ҳамчун номзад худдорӣ варзид! 

Тоҳири Абдуҷаббор ва забон

Toiri_AbdujaborМатлабу мақолаеро дар маҷаллаи "Садои Шарқ" таҳти унвони "Муҳити зист ва забон" ҳанӯз 20 сол қабл  таълиф ва интишор намуда буд, ки баҳою арзиши чандин асарҳоро барояш имрӯз ҳам қоилам! Ва гумон мекунам, агар зиёиёни тоҷик имрӯзҳо тамомии навиштаҳою асар, маърӯзаю  таълифоташро дар китобе таҳти унвони "Маҷмӯаи осори Тоҳири Абдуҷаббор" гирдоварӣ ва интишор менамуданд, соли 2016  ҷиҳати  70 - солагиаш ёдкарди хубу шоистае аз ин абармард мегашт…

….Аллакай ду даҳсолаи истиқлолияти миллию давлатии мо сипарӣ шуд, чандин маротиба аз истиқбол ва таҷлили ваҳдати миллӣ, ки самараи ҳамин истиқлол аст низ гузашт, аммо часпу талош, заҳматҳои шабонарӯзию ҳанӯз сӣ сол қабл оиди ин гуна муқаддасот ҳарф заданҳою арзишҳои нави миллиро ба миён бо зиёиён гузоштанҳоятон аз ёдҳо зудуда нашудаанд! Зиҳӣ абармард, зиҳӣ шахсияте, ки худро дар баробари ҳуввияту асолат, истиқлолияту ваҳдати миллӣ  қурбон намудӣ! Аксарияти мардуми  тоҷик дар райъпурсии ахири даврони салтанати шӯравӣ ширкати мустақим доштанд ва қариб ҳама райъ бар он дода буданд, ки бояд Тоҷикистон минбаъд ҳам дар ҳайати Империяи Шӯравӣ боқӣ монад, мунтаҳо фақат Шумо будед, ки тоҷиконро дар ҳайати империяҳои аслии худ - Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён тасвиру тасаввури дуруст карда метавонистед ва дасту остин барзада нахустин матни Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро таълиф ва китобат намудед ва соҳибихтиёрии кишварро талаб менамудед!

Шумо будед, ки мардуми фақиру бенаво дар интихоботи шаффофе, ки гузашта буд, бидуни доштани калӯшу шакару собуну равғане Шуморо намояндаи аслии худ дар порлумони кишвар  интихоб намуд ва бо чашми сару гӯши шунаво медиданд, ки аз ҳуқуқу озодӣ, манофеъу муқаддасоти онҳо ба тариқи хастанопазир ҳимоят ва дифоъ менамудед, ҳар санаду ҳуҷҷат ва қонунеро, ки матраҳ менамуданд, бидуни таҳқиқу таҳлиле, бидуни мутолиаю муҳокимае қабул надоштед…

Аз байни аксҳои зиёде аксе аз Устодро имшаб барои замимаи ин матлаб дуру дароз муойина мекардаму меомӯхтам, меандешидаму ифтихор мекардам, ки бо чунин абармарде, ки нахустин озодихоҳу истиқлолталабу истиқлолнависи давлату миллати азизамон буд, сӯҳбатҳо доштам, аз дарсу панду андарзҳояш баҳраҳо бурдам, Ӯро дар гӯшае аз қалбам ҷойгоҳе додам, Ӯро ёд кардам, чунки воқеан ҳам ёдкарданист, Ӯро васфу мадҳ кардам, чунки воқеан ҳам мадҳу васфкарданист, Ӯро ситоишу парастиш кардам, чунки воқеан ҳам қобили ситоишу парастиш аст. Ҳар ҷо ки пурсиданд, гуфтам, айёме узви Растохез будам ва узвияти ҳизбу ҷунбишу ҳаракату наҳзати  дигареро қабул надорам…

Шахсияту азамат, ҷаҳонбинию ҷаҳондонӣ, ақлу идрок, футуввату ҷавонмардӣ, заковату хиради чунин абармардонро ба тариқи мукаммал ба риштаи тасвиру тасаввур кашидан мушкилоти зиёде дорад!

Бубахш, Устод, агар камию костие дар нигораю ёдкардам раҳ ёфта бошад! Чаро ки ба андешаи банда боз даҳ солу сад соли дигар зарур аст, ки мо ба қадри гуфтаҳо, андешаҳо, мулоҳизаҳо, пешниҳод, дурбиниҳо, пешбиниҳо, ҳақталошиҳо, шабзиндадориҳо, садоқату самимиятҳои Шумо бирасем! Пӯзиш мехоҳам, ёдат ба хайр, мустақилтарин фарди истиқлолталабу озодихоҳ!

Ҷумъахон АЛИМӢ, махсус барои "Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97