Мазҳакаи Амрико дар Кӯлоб

Сиёсат 25.06.2012 11:53

Ken_GrossБа таваҷҷуҳи Сафорати ИМА дар Душанбе

Намояндагии Агентии Рушди Байналмилалии ИМА-USAID

Намояндагии Ассотсиатсияи Байналмилалии КРЕАТИВ

Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ

Вазорати адлияи ҶТ

Вазорати маорифи ҶТ

Бозиҳои пуштипардагии Бозиев дар Кӯлоб

Соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб Ассотсиатсияи байналмилалии КРЕАТИВ (ЮСАИД, ИМА) намояндагии худро ифтитоҳ бахшид ва озмун эълон намуд, то ашхоси расмию масъули ба соҳаи маориф робита дошта, санаду ҳуҷҷат супоранд. Озмун тариқе ба роҳ монда шуд, ки аксари мутахассисине, ки дар шаҳри Кӯлоб маскун буданд, бехабар ва новоқиф боқӣ монданд. Яъне, ашхоси салоҳиятдору пуртаҷрибае, ки мехостанд ва метавонистанд ба кор қабул шаванд, баъдан фаъолияти худро дар самту соҳаи маориф бо макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ идома диҳанд, маоши беҳтареро соҳиб шаванд ва ҳам нақшу саҳми боризе ҳамчун ашхоси босалоҳият дар ин росто дошта бошанд, бехабар ва берун аз ин озмуну кор монданд. Ҳамин тариқ, маълум гардид, ки аксар ашхоси масъули ба кор "қабулшуда" онҳое шуданд, ки мансуб ба як маҳали Тоҷикистон ҳастанд.

Аввоили моҳи феврали имсол озмуни дигаре эълон шуд, ки барои кору фаъолият дар ҳудуди навоҳии Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг ва Данғара хоҳишмандон ва ашхоси босалоҳиятро даъват менамуданд. Зиёда аз 100 нафар аз ҳудуди водии Вахш, минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе санаду ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуданд ва ҳамин тариқ гӯё як навъ озмуне баъдтар гузаронида шуд ва ҳудуди бештар аз 20 нафарро ғолиби озмун гуфтанд ва расман эълон ҳам намуданд, ки ин кори муваққатӣ аст ва касе мунтазири кори доимӣ нашавад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки қисме аз ҳайати ҳакамони озмун салоҳият ва ваколати гузаронидани чунин озмунро надоранд, чаро ки сухан атрофи таълимоти "андрогогика", "тренинг" ва "усулҳои интерактивӣ" мерафт, вале онҳо қариб ҳеч маълумоте оиди ин мавзуъҳо надоштанд.  Аз байн чанде гузашту боз раҳбарияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавии КРЕАТИВ расман эълон намуд, ки ин кори доимӣ аст ва танҳо ашхосе кор карда метавонанд, ки вақту имкони ба тариқи доимӣ ва мунтазам кор кардан дар ин муассисаро доранд. Ин дафъа ҳам ҳама "хуб" гуфтем. Чанде баъд дар ҳузури тамоми ғолибони озмун раҳбари намояндагии минтақавии ин муассиса, ҷаноби Лутфулло Бозиев ва намояндагони масъули ҷумҳуриявии он ба тариқи расмӣ эълон доштанд, ки барои муайян ва мушаххас кардани ноҳия ва деҳоте, ки ин кормандон бояд минбаъд фаъолият намоянд ва шаффофият дар фаъолияташон таъмин гардад, қуръапартоӣ гузаронида мешавад, то ягон кас минбаъд нагӯяд, ки чаро нафароне дар ноҳияю деҳоти наздик ва боқимондаҳо дар ноҳия ва деҳоти дурдасттар ба кор фиристода шуданд. Масъулин фармуданд, ки тренинги махсус (курси омодагӣ) дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати тамоми кормандон гузаронида хоҳад шуд ва ҳамон рӯзҳо қуръапартоӣ сурат хоҳад гирифт ва ҳар кас бидуни доштани шакку шубҳае озими ҷои кори нави худ бояд гардад. Мунтаҳо чун тренинг эълон шуд ва расман ба кори худ шурӯъ кард, якбора раҳбари минтақавии он, ҷаноби Лутфулло Бозиев ба ҳуҷум гузашта, даст ба таҳқиру тавҳини ширкатдорон мезад. "Сиёсат" намуда, таъкид мекард, ки бояд дуруст шинед, гап назанед, зуд - зуд берун набароед ва ғайраю ҳоказо. Агар касе ба ин гуфтаҳо розӣ набошад, метавонад кор ва толорро тарк намояд. Яъне, як навъ намояндагии ин муассисаи байналмилалӣ моли худ ва ё падараш бошад, ба мардуми калонсол дуғу пӯписа кардан гирифт. Дар сурате ки зимни тренинг барои калонсолон мувофиқи таълимоти андрогогика маърӯза (лексия) набояд аз 10 дақиқа давом кунад, ӯ маърӯзаи хушку холии худро, ки аз он аксари ширкатдорон дилбазан шуда буданд, ҳудуди 1, 5 соат идома дод.

Яке аз мо (Ҷумъахон Алимӣ), ки муаллифи китобе ҳам дар ин робита таҳти унвони "Тренинг чист ва тренер кист?" (Душанбе, 2006. - 200 саҳ.) ҳаст ва зимни озмун ҳам ҳайати ҳакамон аз он истифода карданд, фаҳмониданӣ шудем, ки бо калонсолон чунин муроҷиату муносибат  кардан хуб нест, ин ҷо "конслагер" нест  ва ин муассиса аз ҳисоби андозу пардохтҳои оддитарин шаҳрвандони ИМА фаъолият дорад ва моли шахсии кадом нафаре ҳам нест! Абдулмӯъмин Шерхонов ҳам, ки ҳамчун ғолиби озмун ба кор ҷалбу ҷазб шуда буд, бо риояи таоруфоту муомилаи хуб ба ҷаноби Бозиев (Лутфулло) фаҳмонид, ки набояд "диктаторӣ" ба роҳ монда шавад ва "дикта" кардан дар чунин ҳолатҳо мувофиқи мақсад нест, дар ИМА ҳам, ки чанде зистаму будам, бо чашми сар муойина ва мушоҳида кардам, ки хушмуомилаанд ва ҳамаи ин корҳо ба тариқи шаффоф ба роҳ монда мешаванд. Мардуми Амрико ин пулро барои рушди демократия ба кишвари мо медиҳад, вале бо шеваи диктаторӣ сарф кардани он ба манфиати касе нест.

Аз ин лаҳза ба баъд ба сари се ширкатдори ин ҷаласа; Ҷумъахон Алимӣ, А. Шерхонов ва Зафари Мирзоён қаҳру ғазаби ҷаноби Бозиев фурӯ мерехт ва ҳар лаҳза мукарраран таъкид мекард, ки ҳатто аз субҳи дигар ҷойҳоятонро ҳам иваз хоҳем кард. Бадбахтона тайи панҷ рӯзи бесамару бефойида дар ин ҷаласаи таълимии ширкаткардаи мо фақат Бозиев ҳукм мекарду худро гоҳ "Уго Чавес", гоҳ "Фидел Кастро" ва гоҳе "Саддом Ҳусайн" тасвиру тасаввур мекард. Бадбахтона, хонуми амрикоие, ки ба намояндагӣ аз Вашингтон (ИМА) ва ҳам раҳбари ҷумҳуриявии ин муассиса (хонуми Ғунчагул Найимова) ширкати мустақим доштанд, ба даҳон об гирифта, хомӯшу сокит буданд ва рехтани қаҳру ғазаби худро ба сари ширкатдорон ҷаноби Бозиев идома медод. Гӯё ҳама таҳти нағораи ҷаноби Бозиев "рақсидан" - ро идома медоданд. Ба ногоҳ ҷаноби Бозиев расман эълон намуд, ки қуръапартоӣ нахоҳад шуд ва фалон-фалон одамон ба фалон-фалон навоҳӣ барои кор хоҳанд рафт. Яъне ин дафъа боз дар шакли хашину дағалтар пушти пардаҳои машкук аллакай нисфишабӣ бо "мушовирин"-и ғайрирасмии худ маслиҳат карда, нафарони худиро ба ноҳияи наздиктарини Восеъ ва Ҷумъахон Алимӣ, Абдулмӯъмин Шерхонов, Зулфия Мирзоева  ва зиёда аз 20 нафари дигарро ба ҳудуди навоҳии дуртар, як навъ ҳамчун ашхоси "муҷрим" "бадарға" карда буд, чаро ки бо донишу малакаи худ ғолиби озмун гашта будем, воситаи дигаре надоштем ва дағалию хушунатро намепарастем.  Абдулмӯъмин Шерхонов ва Ҷумъахон Алимӣ як навъ эътироз баён намуда, талаб намуданд, ки дар ин маврид тибқи ваъдаи қаблӣ ва муқаррароти байналмилалӣ, ки ҳам хоси ИМА ва ҳам ЮСАИД-у КРЕАТИВ-аш ҳам мебошанд, ҷиҳати поймол нашудани ҳуқуқу озодиҳою манфиатҳои шаҳрвандон бояд ҳатман қуръапартоӣ сурат гирад, зеро яке аз принсипҳои Амрико таъмини шафофият дар тамоми раванди фаъолиятҳо мебошад. Аммо амалӣ кардани кор бо чунин шева зидди хостаҳои Амрико ва мардуми он аст. Вале боз ҷаноби Бозиев ва дастаю командаи ӯ дар хашму ғазаб шуданд. Ёвари намояндагии минтақавии ин муассиса, ҷаноби Хушдил Шозедов дар даст сигору дар даҳон сақич аз ширкатдорон талаб менамуд, ки сигору нос накашанд. Ҷаноби Бозиев риштаи суханро ба дасти худ гирифта, расман эълон дошт, ки касеро ба кадом ноҳияе, ки муносиб ва мувофиқ донистааст, бояд рафта кор кунад ва афзуд, ки "Ваъда ба пайғамбар ҳам вафо накардааст!" ва қуръапартоӣ нахоҳад шуд. (Воқеан шакли дурусти он "Хубӣ ба пайғамбар рост наомадааст!" мебошад ва ҷаноби Бозиев (ва ё Бозичаев, мутаассифона, шакли дурусти онро то ҳол намедонам), воқеан ҳам гуфтан мехост, ки ӯ роҳи бадию дуруштиро пешаи худ кардааст!). Аслан ӯ нафаронеро "ҷазо" додан мехост, ки дар ин тренинг фаъолтару донишмандтар буданд ва озодонаю далерона фикру андешаи худро ироа менамуданд, вагарна чаро қаблан расман эълон намуда буд, ки занҳои фарзандорро дар ноҳияи Восеъ ҷой хоҳад карду бонуи Зулфия Мирзоева, ки воқеан  ҳушманду донишманде аст ва собит ҳам кард, ки ӯ дар ин кор аз ҳама занҳо арзандатар ҳам ҳаст ва тифли хурдсол низ дорад, барқасдона ба дуртарин ҷамоат - "Кангурт"-и ноҳияи Темурмалик "бадарға" карданӣ шуд???

Маҷмуан тайи панҷ рӯзи бесамару бефойидае, ки ҳузур доштем, барои худ сабақу мӯъҷиза ва муаммоҳоеро касб кардем ва мехостем тавассути ин матлаби худ таваҷҷуҳи сохтору ниҳодҳои расмию масъули байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро ба чанд масойил ҷалб намоем:

1.Аз сафорати ИМА пурсида мешавад, ки оё чунин тарҳрезию пешбурди кор дар кишварҳои дигар мувофиқ ва муносиб ба сиёсатҳои хориҷии ин абардавлат ҳаст?

2.Оё КРЕАТИВЮСАИДИМА ба муҳтарама Ғунчагул Наимова ва ҷаноби Лутфулло Бозиев ин иҷозаи расмиро додаанд, ки дар ин робита ин муассисаро ҳамчун моликияти шахсию хусусии худ қарор дода, худсарона амалу фаъолият намоянд ???

3.Ва ахиран чаро КРЕАТИВЮСАИДИМА фақат ба сифати ноҳияю макотиби озмоишӣ хонандагони навоҳии Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг ва Данғараро интихоб намудаанду халос???

Аз намояндагии Ҳукумати ИМА дар Душанбе, намояндагиҳои ЮСАИД дар Тоҷикистон ва қароргоҳи расмии КРЕАТИВ дар шаҳри Вашингтон талабу тақозо карда мешавад, ки ба суолоти матраҳи мо посухи расмию масъулонае гӯянд, то минбаъд пеши роҳи такрори чунин амалу фаъолиятҳои номатлубу номуносиб гирифта шаванд!!!

Бо эҳтиром, Ҷ. АЛИМӢ

                      А. Шерхонов

                      З. Мирзоева

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97