Президентҳои дарозумр, иштибоҳи шоҳони мусулмонро ислоҳ кунед

Сиёсат 22.06.2012 17:37

MisrМуҳаммад Мурсӣ, ҳоло ҳанӯз номзади ҳизби Адолат ва Озодии Миср дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба эътиқоди ҷонибдорони худ ва ба бовари аксари мушоҳидагарони интихоботи он кишвар дар интихоботи рӯзҳои 16 ва 17 июн пирӯз шудааст. Агарчанд то кунун сад дар сади раъйи интихобкунандагони Миср шумурда шудааст, аммо комисиюни интихоботӣ натиҷаи пешакии интихоботро эълон намекунад. Дар ҳамаи дунё расми пазируфта аст, ки комисиюни интихоботӣ лаҳза ба лаҳза эълон мекунад, ки масалан 60 фоизи овозҳо шумурда шуд ва бар асоси ин шаст дарсад, кадом номзад чанд дарсад овоз гирифтааст. Аммо комисиюни Миср чунин кореро накардааст. Далели он чист? Аввалин далели тайид накардани натиҷаи овоздиҳӣ ин аст, ки комисиюни интихобот зоҳиран зери назари ҳукумати низомии Миср аст. Ва ба бовари тамом, агар номзади низомиҳо, ки Аҳмад Шафиқ аст, бар Мурсӣ, номзади исломхоҳон бартарӣ медошт, ҳатман комисиюни интихоботи ҳукумати низомиҳои Миср эълони пирӯзии ӯро нашр мекард. Хомӯшии ин комисиюн далеле бар бартарӣ доштани номзади исломхоҳон дорад.

Далели дигар ин аст, ки ҳукумати низомиёни Миср, ки боқимондаи режими Муборак аст, ҳамчунон дар дохили худ омилҳои нуфузии Амрико ва Исроилро ҳифз карда ва ин ду кишвар аз ҳар василаи мумкин кор мегиранд, то аз расидани мухолифони режими Муборак ба қудрат ҷилавгирӣ кунанд. Барои онҳо нигаҳ доштани боқимондаҳои режими Муборак дар сари қудрат беҳтарин имконест ё гузинаи мумкин аст. Таоми имконоти дигари онҳо дар ин росто аз даст рафтааст. Ва талош мекунанд, ё ҳукумати низомиро ҳифз кунанд ва ё Аҳмад Шафиқ, генерали собиқро ба қудрат биоранд ва агар ҳам номзади мухолифон пирӯз шавад, салоҳиятҳои онро маҳдуд кунанд ва салоҳияти Шӯрои низомиро афзоиш диҳанд.

Як рӯз қалб аз интихоботи рӯзи 16 июн пароканда кардани порлумони Миср аз сӯи Додгоҳи он кишвар ва ахиран ба ихтиёри Ш?рои низомӣ додани ҳаққи таҳияи Қонуни асосии нави Миср далели нигаронии генералҳо аз пирӯзии Мурсӣ дар интихобот аст. Зеро дар он порлумон гуруҳҳои зидди режими Муборак ваИхвониҳо аксариятро ташкил мекарданд. Низомиён бо пароканда кардани порлумон худро ба пирӯзии номзади исломгароён омода карданд. Ҳоло агар Мурсӣ ҳам президент шавад, ҳаққи қонунгузорӣ бар дӯши на порлумони иборат аз ҷонибдорони ӯ, балки бар ихтиёри Шӯрои низомӣ хоҳад буд.       

Пароканда кардани порлумони иборат аз мухолифони режими Муборак ва ҳукумати генералҳо, ки дар моҳи январ интихоб шуда буд, охирин талошаки генералҳои мисрӣ барои наҷоти қудрати худ аст. Аммо ба назар мерасад, таҳаввуле, ки дар Миср оғоз шуда, роҳи бозгашт надорад ва низомиҳо дигар имкони баргардондани нуфузи худ ва барқарории режими собиқаро надоранд. Ҳатто агар номзади худ генерал Шафиқро ҳам барандаи интихобот эълон кунанд, сарнавишти ӯ ба эҳтимоли зиёд ҳамсони сарнавишти Муборак хоҳад буд. Яъне ҳар гуна талоши барқарории режими диктатурӣ ноком ва маҳкум аст. Ва баргаштани Шафиқ ба қудрат метавонад ҷанги хонагиро дар Миср ба думбол дошта бошад. Ҳукумати низомии Миср талоши афзоиши нуфузи худ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи мухолифонро бо ҳимояти омилҳои Амрико ва Исроил анҷом медиҳад. Амрико ва Исроил аз даври аввали интихобот то кунун бо тамоми қудрат талош карданд ва танҳо роҳе, ки барои худ муносиб ва мумкин диданд, ҳамин ҳимоят аз Шафиқ ва густариши ҳукумати низомиён будааст. Исроил аз рӯи мантиқ омода нест, ки пирӯзии Ихвониҳоро дар Миср бипазирад. Барои Исроил беҳтар аст, Миср дар гирдоби як ҷанги дохилӣ ғутавар шавад, назар ба он ки исломгароҳо ба қудрат даст биёбанд. Ва илҳом бахшидани Шафиқ ва генералҳои мисрӣ барои идомаи муқовимат бо мардуми худ маҳз ба ҳамин далел аст, ки заминаи як ҷанги дохилӣ фароҳам шавад. Шафиқ ва генералҳои худфурухтаи фиръавнбашараи Миср, мисли Тантовӣ беҳтар аз ҳар каси дигар инро дарк мекунанд, ки Мисрро ҷониби як низоъ пеш бурда истодаанд. Аммо ё фурухтаи Исроилу Амрико ҳастанд, ки ҷасорати аз худгузаштагӣ дар баробари Ватан дар худро пайдо намекунанд ва ё ҳам ба далели ҷиноёте, ки дар тӯли умри режими Муборак содир намудаанд, аз ояндаи худ нигарон мебошанд.

Оқибати рӯёрӯии Ихвониҳо бо низомиҳо ва боқимондаҳои режими Муборак танҳо ҷанг аст. Танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ҷанг ва наҷоти Миср аз саҳна канор рафтани боқимондаҳои режим ва ғайри сиёсӣ кардани артиши он кишвар аст. Ба як ибора агар бишавад, инро ифода кард, бод гуфт, ки генералҳои Миср дар як соли пеш, дар айни бӯҳрони қудрат, бо канор задани Муборак аз қудрат аз як фоҷеъаи бузург пешгирӣ карданд, ҳоло ба таҳдиди аслӣ барои ояндаи Миср табдил шудаанд.

Масъалаи дигар ин аст, ки расонаҳои байналмилалӣ, ҳамон СNN ва BBC ва Евронюс, ки чанд ҳафта ба таври зинда эътирозҳои зидди Муборакро дар замони барканорияш намоиш медоданд, ҳоло интихоботи ҷойгузини Муборакро як иттифоқи камаҳамият ҷилва медиҳанд. Ин ҳам дар ростои манофеъи кишварҳои ғарбӣ аст, ки аз нуфуз гирифтани мухолифони режими Муборак ва хоса нируҳои исломгаро нигарон мебошанд.

Бидуни шак Мурсӣ ба Шафиқ дар интихоботи Миср пешӣ дорад. Ва расонаҳои дунё ӯро намояндаи Ихвониҳо ва исломгароҳо муаррифӣ мекунанд. Дар воқеъ ӯ аз Ихвониҳо намояндагӣ мекунад, аммо на ҳамаи онҳое, ки ҳоло дар майдонҳои Миср рехтаанд ва на ҳамаи онҳое, ки ба интихобот ба пуштибонии ӯ омаданд, ба номзади Иховиниҳо раъй доданд. Балки аксари онҳо ба муқобили Шафиқ ва режими Муборак овоз доданд. Онҳо барои барнагаштани режими Муборак роҳи дигаре ба ҷуз аз овоз додан ба Мурсӣ надоштанд. Онҳо ба хотири он ки Шафиқ, ки аз ҳамроҳони Муборак аст, ба қудрат бар нагардад, ба Мурсӣ раъй доданд. Зеро дигар ҷои баҳс вуҷуд надорад, ки мардум аз президентҳои хаставу пири дарозумр дилгирифта шудаанд. Ва агар касе ҳам ба ҷонибдорӣ аз Шафиқ раъй додааст, умдатан на ба хотири гузаштаи бо фароғат ва бо саодат, балки аз нигаронии оянда раъй додааст. Ба хотири он раъй додааст, ки бовар ба оянда надорад ва мехоҳад ҳадди аққал ҳамин вазъияти мавҷудро ҳифз кунад. На балки барои он ки муборак ва режими ӯ хуб буда, балки нигаронанд, ки ихвониҳо бадтар аз Муборак маълум нашаванд. Мисли он ки дар интихоботи соли 1991 аксари мардум, на ба муқобили андешаи миллӣ ва Давлати Худоназар, балки ба умеде, ки зиндагии нисбатан таъмини шӯравиро ҳифз кунанд, раъй доданд, на ба ҷонибдории Раҳмон Набиев.

Агар Ихвониҳо ба қудрати воқеъӣ даст биёбанд, Миср ва ҳамин тавр олами ислом дучори таҳаввули ҷиддӣ, ҳадди аққал таҳаввули фикрӣ хоҳад шуд. Ихвониҳо то кунун дар Судон, Туркия ва Тунис қудратро дар даст доранд. Албатта ҳукумати исломии Ирон низ навъе аз ҷаҳонбинии исломи сиёсӣ аст, ки бар асоси фиқҳи шиъа бунёд ёфтааст. Ин таърифро дар нисбати ҳукумати исломии Покистон намешавад гуфт. Аз ислом то ҳукумати исломии он кишвар фосила зиёд аст.

Олами ислом ҳамеша аз Миср таъсир пазируфтааст. Миср дар тӯли таърихи чӣ исломӣ хостгоҳ ва мадҳи тамаддун буд ва баъди ислом низ ба унвони як намуна ва хостгоҳи илму андеша шинохта мешуд ва ҳамеша олами атрофро таҳти таъсир қарор додааст. Пирӯзии исломгароҳо дар Миср низ таърихро такрор хоҳад кард, ин пирӯзӣ ҳатман мунҳасир ба фард хоҳад буд. Ва атрофро фаро хоҳад гирифт. Тардид надошта бошед. Ва онҳое, ки аз сари кор омадани исломгароҳо дар ҳаросанд, ҳоло фурсат доранд, ки ба ислоҳ кардани ҳукуматҳои худ бипардозанд, то аз ба қудрат расидани исломгароҳо ба шакли Миср ҷилавгирӣ кунанд.

Гуфтем, ки Миср хостоҳи яке аз панҷ тамаддунест, ки башар офарида. Ирон низ ватани дигари тамаддуни башарӣ аст. Аммо ҷои таассуф ин аст, ки бо вуҷуди сохтани аввалин давлатҳо ва императориҳои таърих ин ду тамаддун натавонистанд ҳукуматҳои худро ҳифз кунанд. Басо миллатҳо ва кишварҳои хурду кӯчак ва бузург шоҳигариҳои худро ҳифз кардаанд, магар соҳибони ду тамаддуни бузург натавонистанд ин корро бикунанд. Монархияи қонунӣ дар дунёи имрӯз намунаи зиндаи шоҳони мурда аст. Шоҳону императорҳо дар кишварҳои аврупоӣ масалан чун диданд, ки мардум шакли идораи онҳоро қабул надорад, ихтиёрро ба намояндагони интихобӣ вогузор карданд ва ба ин тари? ҳам худ, ҳам собиқаи ҳукуматдорӣ ва ҳам давлати миллии худро ҳифз карданд. Аммо дар ин миён як нафар шоҳи мусулмон ҳам нест, ки чунин ҷасоратро дар худаш суроғ карда бошад. Агар шоҳи Ирон ҳамин корро мекард, яъне қудратро ба ихтиёри ҳукумати интихобӣ вогузор мекард ва шоҳаншаҳиро нигаҳ медошт, ҳам худ, ҳам Ирону ирониро наҷот медод ва бидуни шак ин мардум бори севвум тамаддун меофарид. Аммо дареғ…

Вале ҳанӯз ҳам дер нест, шояд ин иштибоҳи шоҳони мусалмонро акнун президентҳои дарозумри мусулмон ислоҳ кунанд ва бо ҷорӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ ва ба ихтиёри мардум вогузор намудани бахше аз қудрат ва ихтиёроти худ, марҳилаи тоза аз тамаддуро ба намоиш бигузоранд.      

Р. Давлат
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97