Сорос ба мо шак дорад, мо ба ӯ

Сиёсат 16.06.2012 10:29

sorostБунёди Сорос бо интишори гузорише аз истифодаи ғайримуассири кумакҳои байналмилалӣ барои тақвияти ҳифозати марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ шадидан интиқод кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки вуҷуди фасод дар таъмини амнияти марзҳо монеъаҳои ҷиддӣ эҷод кардааст. Ин гузориш, ки "Масоили марзии Осиёи Марказӣ ва таъсири кумакҳои байналмилалӣ" унвон шудааст, рӯзи 11 июн дар торнамои EurasiaNet.org мунташир шудааст.

Ин гузориш иттилоъи муфассал дар мавриди фаъолиятҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, барои бозомӯзии марзбонон, бунёди пулҳо ва муҷҷаҳазсозии гузаргоҳҳои марзӣ бо фановарии навро пахш карда ва гуфтааст, ки ҳадаф аз ин фаъолиятҳо ҷилавгирӣ аз интиқоли маводди мухаддир ва тавсеъаи тиҷорати минтақаӣ будааст.

Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст: "Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодаи "дуруст" аз кумакҳои байналмилалиро омӯхтаанд ва аз истифодаи муассири кумакҳо барои тақвияти ҳифозати марзҳо ҷилавгирӣ мекунанд."

Муаллифони ин гузориш иддаъо кардаанд, ки ҳатто баръакс расонидани чунин кумакҳо "ба иштиҳои мақомоти худкомаи маҳаллӣ дар ин кишварҳо барои ба даст овардани суди бештаре аз ҳамҷаворӣ бо Афғонистон афзудааст."

Ҷорӣ Гаврилис, яке аз муаллифони ин гузориш мегӯяд: "Дар натиҷа ин кишварҳо гузаргоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ ва фановарии мудерн, сохтмонҳои донишгоҳҳои низомиро дарёфт кардаанд, вале ин нукта маълум нест, ки оё нигаҳбонӣ аз ин марзҳо беҳбуд ёфтааст ё на?"

Дар гузориш омадааст, ки барои Ғарб "марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки чандон ҳифозат намешавад, мушкилзо шудааст. Давлати Тоҷикистон барои таҳкими ҳифозати ин марз чандон алоқаманд нест, зеро қочоқи маводди мухаддир суди бисёре ба ин кишвар меоварад. Бархе аз коршиносон ин маблағро ҳудуди ду миллиард доллар арзёбӣ мекунанд."

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки созмонҳои ғарбӣ аз даст доштани мақомоти тоҷик дар қочоқи маводди мухаддир шадидан интиқод мекунанд. Вале давлати Тоҷикистон ҳамеша ин иддаъоро радд кардааст.

Аз сӯйи дигар, ҷаноби Гаврилис аз таҷрибаи сармоягузорони хориҷӣ дар бунёди гузаргоҳҳои марзӣ дар манотиқи душворгузар истиқбол кардааст. Яке аз ин посгоҳҳои марзии бозсозишуда дар ноҳияи Шӯрообод, дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ аст, ки ду сол қабл аз сӯйи сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъмир ва бо фановарии нав муҷаҳҳаз шуда буд.

Бино ба навиштаи Би-би-сӣ, ҳарчанд кайфияти ин посгоҳ ва нигаҳбонӣ аз марз дар ин қисмати марзи Тоҷикистону Афғонистон ба он гунае, ки дар гузориш омадааст, арзёбӣ нашудааст, вале Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз даргирии мусаллаҳонаи милисаи тоҷик бо як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчиён дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон хабар додааст.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбуотии ин вазоратхона, ин даргирӣ, рӯзи 10 июн дар мавзеъи Деволбарс дар шаҳристони марзии Шӯрообод рух додааст. Тавре, ки Ҷалолиддин Садриддинов, як масъули ин дафтар рӯзи 11 июн гуфт, кормандони ин вазорат барои ифшои гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчӣ дар ноҳияи Шӯрообод амалиёти вижаеро роҳандозӣ кардаанд. Ӯ афзудааст: "Дар ин ноҳия ду задухӯрди мусаллаҳона миёни кормандони мо ва қочоқчиёни маводди мухаддир аз Афғонистон рух дод. Ва дар маҷмӯъ дар ҷараёни ин амалиёт, ки аз шашуми июн оғоз шуда буд, кормандони мо танҳо дар Шӯрообод 190 килограм маводди мухаддирро аз қочоқчиён мусодира карданд, ки миқдори зиёди онро бангдона ташкил медиҳад."

Ин масъули дафтари матбуотии вазорати дохила мегӯяд, ки ду даргирӣ миёни милиса ва қочоқчиён талафоти ҷонӣ дар пай надошта ва қочоқчиёни афғон ба он сӯйи рӯдхонаи Ому фирор кардаанд. 

То соли  2005 нигаҳбонии ин қитъаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба марзбонони рус вогузор шуда буд. Бархе аз мақомоти рус изҳор доштаанд, ки марзбонони тоҷик  ба танҳоӣ  тавони ҳифзи ин марзро надоранд. Аммо давлати Тоҷикистон чунин иддаъоро қабул надорад.

P.S. Ин дар ҳолест, ки нируҳои марзбонии кишвар ба кумакҳои бештари кишварҳои хориҷӣ ниёз доранд. Ва ҳамакнун ба назар мерасад, ки аз кумакхоҳии беҳудуди масъулони тоҷик созмонҳои имдодрасони ғарбӣ хаста шудаанд, ки фаъолияти шаффофи марзбонони тоҷикро зери суол бурдаанд. Сарусадои сармоягузорони ғарбӣ, ба хусус созмони овозадори Сорос замоне баланд мешавад, ки матбуоти тоҷик тайи солиёни ахир аз ношаффофиятии фаъолияти созмонҳои маҳаллии байналмилалӣ, аз ҷумла ғарбӣ дар Тоҷикистон зиёд бонги изтироб задаву фаъолияти муассири онҳоро дар раванди демократиясозии ҷомеа зери суол бурдаанд. Ҳатто дар як нишасти хабарнигорон Рустами Ҷонӣ, муассиси ягона нашрияи нимамустақили ҳаррӯза дар Тоҷикистон бо интиқод аз фаъолияти ношаффофи созмонҳои ғарбӣ гуфт: "Мо умед доштем, ки шумо ба ниҳодҳои Тоҷикистон тарзи зиндагии дурусту шаффофро ёд медиҳед, аммо бо камоли таассуф ин созмонҳо таҳти таъсири ҷомеаи мо қарор гирифтаву мисоли ниҳодҳои давлатии мо фасодзада шудаанд".

Акнун ҷаноби Соросро мебояд, аввалтар фаъолияти созмони маҳаллии худ дар Тоҷикистонро бознигарӣ кунад ва он гаҳ ангушти интиқод сӯйи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон буланд кунад. Не?! 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97