Ё "вегетериан" шудан дар Тоҷикистони аграрӣ осон нест
Деҳқонро гӯл заданду дастнигар шуд
Замоне буд, ки дар курраи замин танҳо кишоварз фаъолият дошт. Ӯ соҳиби замин буд, меваву сабзавот истеҳсол менамуду дар бозор мефурӯхт. То замоне деҳқон кору фаъолият дошт, дунё серу пур, оромиву субот барқарор, зиндагии мардум роҳат буду касе аз касе сари тарсу ҳаросе надошт.
Афсӯс ин ҳама хуррамиву хурсандӣ дуру дароз давом наёфт, лашкари балову хатар, тӯдаи муфтхӯрону ғоратгарон сари деҳқон ҳамла карданд, минбаъд дунё пур аз фисқу фасод шуд.
Рӯзе тоҷире назди деҳқон омаду гуфт:
-Биё, маҳсулотатро ба ман бидеҳ, бурда дар бозор фурӯшаму дар ивазаш ба ту зару зевар биёварам.
Деҳқон ғофил аз ниятҳои тоҷир ба ин кор розӣ шуд. Тоҷир маҳсулоти деҳқонро дар бозор бо нархи даҳчанд мефурӯхт ва аз даҳ як ҳиссаашро ба деҳқон медод. Аз ин кор нархи маҳсулоти хӯрокӣ рӯз ба рӯз гарон гардиду зиндагии мардум мушкил шуд. Тоҷир дар як муддати кӯтоҳе сарватманд шуду деҳқон рӯз ба рӯз қоматаш хамида ва саломатиашро аз даст медод.
Аз муносибати деҳқону тоҷир тоифае, ки худро посбон муаррафӣ мекард, огоҳ шуд ва назди деҳқон омада гуфт:
- Биё, ман посбони ту мешавам, то аз касе озор набиниву яғмогарон сарвататро ба сирқат набаранд. Деҳқон розӣ шуд ва минбаъд аз худ посбонон дошт.
Ҳаммол ба деҳқон гуфт, омодааст маҳсулоташро ба ҷои зарурӣ бурда расонад. Деҳқон ба ин ҳам розӣ шуд.
Амбордор гуфт:
- Биё, аз амбори ман истифода бибар, маҳсулотатро дар он ҷо нигоҳ дор, аз ин ба ту бештар фоида мерасад.
Деҳқон розӣ шуд.
Бонкдор назди деҳқон омаду гуфт:
- Замона хуб нест, сарватмандонро ҳар рӯз гурӯҳи дуздону авбошон ғорат мекунанд, нигоҳ доштани сарвату зару зевар дар хона хуб нест, беҳтар аст бо мо ҳамкорӣ намоӣ ва дороиятро дар сандуқи мо бигзорӣ, ҳар вақт хоста бошӣ онро аз мо мегирӣ ва эҳтиёҷотатро бароварда месозӣ.
Деҳқон ба ин пешниҳод ҳам розӣ шуд.
Додхоҳе назди деҳқон омаду гуфт:
- Шунидам, ки ту барои ҳифзи зару зеварат розӣ шудаӣ, ки бо бонк ҳамкорӣ намоӣ, ин кори хуб аст, вале хатарнок. Барои он ки аз бонкдор фиреб нахурӣ, ту ба шахси додхоҳе зарурат дорӣ ва банда омодаам ба ҳайси ҳуқуқдон тамоми муомилоти туро ба таври расмӣ ва ҳуқуқӣ сабт намоям, то фирефта нашавӣ.
Деҳқон розӣ шуд.
Ба назди деҳқон ҳисобдор омаду гуфт:
- Дар ҳар коре бояд ҳисобу китоб бошад. Агар хоста бошӣ, ман аз ин ба баъд муҳосиби ту мешавам, тамоми амвол ва дахлу харҷатро муҳосиба менамоям, аз ин кор фоидаи бештаре ба ту мерасад.
Деҳқон розӣ шуд.
Муаллим омаду гуфт:
- То кай фарзандонат мисли ту дар замин кор мекунанду умрро ба заҳмату талхӣ сипарӣ менамоянд? Биё, ман онҳоро таълим диҳаму чашмашонро рушан намоям. Шахси бесавод мисли кӯр аст.
Деҳқон розӣ шуд.
Ҳамин тавр садҳо хидматгузорҳо дар хидмати деҳқон шуданд ва ӯ вазифаашро танҳо аз заҳмат кашидан медонисту халос. Кор ба ҷое расид, ки тоҷиру посбон, ҳаммолу амбордор, бонкдору ҳуқуқдон ва ҳисобдору муаллим ва даҳҳо хидматгузорҳои дигар аз ҳисоби деҳқон музди бедарди миён мегирифтанду сарватманд мешуданд, вале ҳеҷ набуд қомати деҳқон рост шавад. Ин хидматгузорҳо бо мурури вақт дигар аз деҳқон илтиҷо намекарданд, бо зӯру таҳдид амр медоданд, ки дар замин шабу рӯз кор кунад, маҳсулот истеҳсол намояд. Дар як давраи кӯтоҳ деҳқон комилан беҳуқуқ шуд. Дигар хидматгузорҳо барояш нақшаи истеҳсолиро муайян менамуданд, ӯро ба дастнигаре табдил доданд…
Гапи Қосим Раҳбарович ба бозор рост намеояд
Ин амр имрӯз дар ҷумҳурии мо ба воқеият табдил ёфтааст. Деҳқонро касе намешунавад, ӯ истиқлоли истеҳсолӣ надорад, заминро хеҷ гоҳе дар ихтиёраш надодаанд ва нахоҳанд дод. Беҳтарин заминҳоро гурӯҳе ғасб кардаву (инро як комиссияи босалоҳияти давлатӣ бо иштироки мардум дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пайгирӣ намояд, воқеият ба куллӣ рӯшан мегардад) тибқи салоҳдидашон истифода менамоянд ва ё ба чарогоҳе табдил додаанд. Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ оморро асосан аз забони соҳибмансабон ба даст меорад, ҳақиқати ҳол тамоман чизи дигар аст. Агар бовар надошта бошед, як ҳайати намояндагиро дур не, ба кишвари ҳамсоя, Афғонистони ҷангзада бифиристед, нарху навои маҳсулоти кишоварзиро дар нисбати бозорҳои Тоҷикистон муқоиса намоед. Дар Афғонистон ҳам вазорате бо номи кишоварзӣ вуҷуд дорад, аммо дар асл деҳқон дастӣ зироат кишт мекунад ва ба кумаку раҳнамоии вазорате ниёз надорад. Маҳсулот дар Афғонистон дар муқоиса бо Тоҷикистон чанд баробар арзонтар аст ва касе ба ҳукумат мисли мо аз барзиёд иҷро намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ гузориш намедиҳад.
Соли 2011 пас аз ҷамъоварии ҳосил дар таҷлили ҷашни Меҳргон, ки дар Вазорати кишоварзӣ баргузор гардида буд, Муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон хабар дод, ки маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 1997-ум 2,8 маротиба афзуда, истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 2,3, картошка 6, сабзавот 3,3 ва мева 2 баробар афзудааст. Гуфтаҳои ҷаноби Алимардонро вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар гузориши худ бори дигар такрор кард ва изҳор дошта буд, ки бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ 12 барномаи давлатӣ дар соҳоти мухталифи аграрӣ амалӣ мешавад. Бо шунидани ин хабари хуш дар дили сокинони кишвар умеде пайдо шуд, ки дигар аз Ирону Афғонистону Чину Покистон ба ҷумҳурӣ картошкаи ширин ворид намегардад.
Мутаассифона, сухани хона ба бозор рост намеомадааст. Мо шоҳиди он будем, ки дар аввалҳои зимистон бозорҳои моро картошкаи ин кишварҳо бо нархи 2 сомониву бист дирам пур кард ва аз картошкаи тоҷикӣ ному нишоне набуд. Ҳама медонанд, ки мо солҳост аз ин кишварҳо картошкаву пиёзу тухми мурғ ва дигар маҳсулотҳоро ворид менамоем, вале боз ҳам дар гузоришҳои худ аз "дастовардҳои беназир"-и хеш лофу газзоф мезанему дар амал гӯйё дастуру супоришҳои раҳбари давлатро иҷро менамоем.
Мансабдорон ба президент "бале" гуфтанду баракс шуд
25 майи соли пор дар семинари машваратӣ-ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоёту шаҳру ноҳияҳоро водор сохта буд, ки боғпарвариро дар ҷумҳурӣ вусъат бахшида, маҳсулоти мевагиро дар бозорҳои кишвар арзон намоянд. Ҳамчунин вазифа гузошта буд, ки нарху наво дар бозорҳо таҳти назорат қарор гирифта, нагзоранд, ки он боло равад. Роҳбарон бо сар ҷунбондану бале гуфтан, Президентро мутмаин сохтанд, ки ҳамин тавр хоҳад шуд, нарху навои меваҷотро дар бозорҳо баррасӣ хоҳанд кард. Ҳукамо ин корро анҷом доданд, вале баракс. Ҳоло, ки мебинем, нархи меваҷот дар бозорҳои мо болотар аст аз кишварҳое, ки меваро аз хориҷ мехаранд. Барои мисол агар дар шаҳри Маскав, ки нисбат ба дигар манотиқи кишвари Русия нуфуси зиёд дорад ва нархҳо нисбатан гаронтаранд, нархи як килограмм гелос ба таври миёна 104 рубли русӣ-15 сомонӣ бошад, пас як килограмм гелос дар пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе, ватани парвариши меваҷот баробар ба 20-25 сомонӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди аққали мардуми Русия агар 6710 рублро (211 доллари амрикоӣ) ташкил диҳад, маоши ҳадди аққали мардуми Тоҷикистон 80 сомониро (16,5 доллари амрикоӣ) ташкил медиҳад, ки 12, 5 баробар болотар аз маоши мост. Беҳтар аст, мо аз ин ба баъд гелосу дигар анвои мевагиро аз Русия ба Тоҷикистон ворид намоем, зеро меваҷоте, ки ба Русия аз кишварҳои Юнон, Итолиё, Ирону кишварҳои Амрикои Лотинӣ ворид мегардад, ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз рӯи нарху наво бамаротиб муносибтару муфидтару арзонтар барои мо тамом мешавад.
"Тоҷикматлубот"-у Кумитаи зиддиинҳисорӣ чӣ кораанд?
Солҳост, ки сохторҳои давлатие ба монанди "Тоҷикматлубот" ва Кумитаи зиддиинҳисорӣ (антимонополия) вазоифи хешро фаромӯш карда, намедонанд дар шароити кунунии бӯҳронӣ ба чи коре даст бизананд. Бозорҳо ҳама сарҳӯй, тоҷирону савдогарон бо хости худашон нархҳоро муайян мекунанд, вале Кумитаи зиддиинҳисорӣ (антимонополия) мӯҳри хамӯшӣ бар лаб ниҳода, гӯйё чизеро намебинад ва "Тоҷикматлубот" то ин дам натавонистааст рақобати бозоргониро ташкил намояд ва пеши роҳи ҳама гуна дарҳамбарҳамиҳоро бигиранд. Суоли матраҳ ин аст, ки наход системаи давлатдорӣ то ба ин ҳадд фалаҷу аз кор бозмонда бошад? То ба кай бояд гузоришҳои бардурӯғу изофанависӣ идома ёбад? Сохторҳои мазкур аз буҷаи давлат, ки он ҳам аз маблағи андозсупорандагон пур мегардад, маош мегиранд, бояд ба қадри ин мардум бирасанд, агар на рӯзе оҳи дили дардмандон сияҳрӯзиашон хоҳад кард.
"Гӯшаи деҳқон" моҳияташро гум кардааст
Бо иқдоми Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдулоев ба хотири танзим ва пойин овардани нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ дар микрорайонҳои Душанбешаҳр "Гӯшаи деҳқон" ташкил шуда, беш аз чаҳор сол аст онҳо фаъолият доранд. Мутаассифона, дар "Гӯшаҳои деҳқон" нарх нисбат ба бозорҳо бамаротиб гаронтар аст, зеро ин ҷо калимаи "деҳқон" ба хотири гӯл задани шаҳрдорон навишта шуда, соҳибони ин "гӯшаҳо" маҳсулотро аз бозорҳои шаҳр харида, бо иловаи маблағе онро ба муштариён мефурӯшанд. Агар дар бозорҳои калон як бандча сабзиҷот 10-15 дирам бошад, дар ин гӯшаҳо нархи он 50 дирам аст. Гузашта аз ин, онҳо ба мағозаҳои хурди хӯрокворӣ табдил ёфтаанд ва маҳсулоти кишоварзӣ аҳёнан дар ин "гӯшаҳо" фурӯхта мешавад. Ҳолати беҳдоштии "гӯшаҳо" низ ҷавобгӯи талабот нест ва набояд дар асри 21 чунин як дӯконҳои асримиёнагӣ ба мардум хидмат расонад ва онҳо ҳам дар васати хонаҳои зисти мардум, дар пойтахти давлати тоҷикон қарор дошта бошанд.
Гапи президентро намегиранд
Болоравии нархи маҳсулоти кишоварзиро маҳз ҳамон хидматгузорҳое, ки дар боло зикрашро кардем, ба таври сунъӣ эҷод менамоянд. Ин гурӯҳ, ки болои деҳқон мисли мӯру малах рехтаанд, на ба гуфтаҳои Президент гӯш медиҳанд ва на дар ғами беҳбуди зиндагии мардуманд. Ҳарчанд Раисиҷумҳур ҳамасола ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва кишоварзонро таъкид менамояд ки заминро ба деҳқон дода, тамоми воситаҳои техникиро дар ихтиёрашон қарор бидиҳанд, бо нуриву дигар маводи кимиёвӣ таъминашон намоянд, то маҳсулот фаровон ва нарх дар бозорҳо арзон шавад. Афсӯс, ин ҳама мисли пуф кардан дар дашти беканорест ва ҳеҷ нест, ки деҳқон соҳиби замин шаваду нархҳо пойин биёянд.
"Вегетариан" будан ҳам дар Тоҷикистон осон нест
Сокинони пойтахт аз ин ба баъд аз сафҳаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи хусусиёти табобатии меваҷот маълумот мегиранд ва бо ҳамин худро қонеъ месозанд, зеро бо маоше, ки мегиранд, беш аз 90 фисади мардум наметавонанд як килограмм гелосро 20-25 сомонӣ ва як бандча сабзаҷот (кабуди)-ро 50 дирам харидорӣ намоянд. Барои он ки меваҷот истеъмол кунанд, бояд ба Маскав рафта, мардикор шаванду бо нархи арзонтаре гелосу сабзиҷот ва дигар меваҳоро нӯши ҷон намоянд. Дар акси сурат аз ин ба баъд меваро танҳо дар хоби ширинашон мебинанду халос.
Бо ин ҳол агар ман масъули соҳаи кишоварзӣ ва "Тоҷикматлубот" мебудам, савганд ба виҷдони "комсомолиам", ки аз вазифаам истеъфо медодам ва ин масъулияти муҳимро ба уҳдаи касе водор мекардам, ки ватану миллаташро дӯст бидорад ва душмани ҳаромхӯриву рибову ғоратгарӣ бошад.
Ибодуллоҳи Оқилпур