Ойниҳол Бобоназарова, раиси бунёди ҷамъиятии "Дурнамо+":
- Ман дар маҷмӯъ тарафдори ҳеч гуна фронтҳо нестам, вақте ки сухан дар бораи фронт меравад, мафҳуми фронт дар зеҳни мардуми мо, ҷангу набард аст. Вақте ки мо Фронти халқӣ мегӯем, дар тафаккури мардуми Тоҷикистон як мафҳуми тарсу ваҳм аст. Асосан фронт ба маънои ҷанг фаҳмида мешавад, яъне ки бо мақсади ҷанг фронт ташкил мешавад ё бо мақсади ҳимоя аз ҷанг ва ғайра. Мо шоҳиди он будем, ки дар Русия ҷаноби Путин чунин як фронтро ташкил кард ва интелегенсияи Русия, хеле аз чунин як иқдом хафа шуданд ва чандин маротиба аз Путин даъват карданд, ки ин корро накунад, чунки ҷомеъа тақсим мешавад.
Дар Тоҷикистон бошад, аз номи Фронти халқӣ мардум хотираи хуше надоранд. Ин мафҳум бо омаданаш, як ҷанги шаҳрвандии даҳшатнокро ба ҷой гузошт ва чӣ аз тарафи гурӯҳҳои Фронти халқӣ, чи аз тарафи баъзе аз силоҳбадастони оппозитсия хело одамҳо қатл ҳам шуданд. Аз ин рӯ Фронти халқӣ навобаста аз он ки бо силоҳ аст, ё бидуни силоҳ аст, солҳои дароз аст, ки дар тафаккури мардум як чизи даҳшатнок аст ва ҳамин захмҳоро аз нав зинда кардан ман фикр мекунам, ки ҳеч зарурият надорад. Ман намедонам, ки масалан, кадом шахсе аст, пушти ин фронт. Ҳатто он нафаре ҳам, ки ба расонаҳо мусоҳиба додаву мафҳуми Фронтро дар зеҳнҳо аз нав эҳё кард, мо ӯро намешиносем, ки кист(?). Аммо ман фикр намекунам, ки дар ин рӯз таъсиси ҳамчунин чиз зарурият дошта бошад, ҳеч зарурате намебинам. Агар гурӯҳе пайдо шавад, ки ҳадафҳои созанда дошта бошад, бо як номи зебо зуҳур мекунад, тавре ки ин шахс иддаъо дорад, ки ҷомеъа бидуни коррупсия бояд бошад, яъне ки имрӯз Тоҷикистон дар ҳолати ниҳоят мушкил аст ва мо кумак мекунем, ҳамин чиз аз байн биравад. Шарт нест, ки фронти халқӣ ташкил карда шавад. Мешавад, ҳамчунин ташкилоте бо як номи дигаре таъсис дод, то ки боис нашавад то ба зеҳни мардум бори дигар садама зада нашавад ва мардумро боз як бор такон надиҳад. Ин фронт чизи хубе нест, ин ҳатто хатар ҳам дорад.
Нуралӣ Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ
Ягон зарурат ба таъсиси Фронти халқӣ вуҷуд надорад, зеро он захмҳои як бахши аз мардумро тоза мекунад. Фронти халқӣ ба мисли ИНОТ моли таърих шудааст ва хуб мешуд, ки агар ҳамон моли таърих бимонад.
Ҳоло маълум нест, ки ин Фронти халқиро кӣ аз нав эҳё кардан мехоҳад. Барои муассисони ин Фронт гирди худ ҷамъ овардани нирӯҳои сиёсии мухолифи ҳукумат комилан номумкин ба назар мерасад. Ман аҳзоби киссагиро дар назар надорам.
Агар ҳукумат дар пайдо шудани ин идея даст надошта бошад, пас он ноком мемонад. Агар иҷозаи ҳукуматро дошта бошад, пас мақсад маълум аст, истифода бурдан аз таҷрибаи В..Путин дар интихоботи президентӣ.
Шокирҷон Ҳакимов,муовини раиси ҲУСДТ:
- Ин ҷо тақлиди навбатӣ аз таҷрибаи Русия ба назар мерасад. Одатан фронтҳоро дар ҳолатҳои истисноӣ бар зидди омилҳои беруна, ки ба истиқлолияти сиёсии кишвар таҳдид мекунанд ё хатар эҷод менамоянд, таъсис медиҳанд. Ба андешаи ман ягон зарурият ба таъсису фаъолияти як чунин Фронти халқӣ дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад. Мувофиқи мақсад мебуд, ки ягон созмони иҷтимоие бо ташаббуси ниҳодҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шавад, ки интихоботи ҳаққонӣ ва демократиро назорат намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии интихобкунандагон мусоидат кунад. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷуръат, шуҷоат ва самимият намерасад.
Вале маълум аст, ки бештари созмонҳои ғайриҳукуматӣ низ аслан қоидаҳои бозиро, ки ба онҳо ҳукумат ва маъмурияти раёсати ҷумҳурӣ тавсия медиҳанд, риоя карда истодаанд. Дар асл бояд иқрор шуд, то замоне ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муташаккилона фаъолият карданро дарк накунанд, ягон дигаргунии сифатан навро дар давлатдории муосири мо интизор шудан имконият надорад.
Ҳабиб
уллоҳ Табаров, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки бо пирӯз шудани Фронти халқӣ ба курсии вазирӣ такя зада буд:
- Аз ҳеч чиз дарак надорам. Ин хели одам -Қувваталӣ Муродовро, ҳам ки шумо ном бурдед, намешиносам. Аз дигарон пурсед шояд бидонанд. Ягон "самозванец" набошад? Ман дар ягон фронт дохил ҳам намешаваму ягон муносибат ҳам намекунам. Ман ба ягон фронт дигар коре надорам.
Назришоҳи Давлат, таърихнигор:
- Ҳафтаи равон аз матбуъоти даврӣ хабареро хондем, ки як гурӯҳ аз собиқадорони ҷабҳаи "Фронти халқӣ" ва пайравони Сангак Сафаров хоҳони аз нав эҳё сохтани ҳамин фронти халқӣ, аммо бидуни силоҳ будаанд, моро хеле ба таъаҷҷуб овард.
Аввал он ки ҳар гуна инсонҳо метавонанд 100 ё 1000 нафар шуда, ҳизбу ҳаракате ташкил кунанд, ки ин албатта ҳаққи шаҳрвандии онҳост. Баъдан бояд фикр кард, ки то чи андоза метавон дар ин росто муваффақ шуд. Ман, ки ба чунин ҳаракати ташкил мекардагии онҳо на назари неку на назари баде дорам, гуфтаниам, ки ташкил намудани ҳаракате, ки дар худ калимаи "фронт" ва калимаи "халқӣ" - ро дорад, шояд миқдори ками одамон ва сиёсатмадорон вориди он шаванд. Чунки ибораи "фронти халқӣ" барои тоҷикон ва қисми зиёди аъзои собиқи "фронти халқӣ" ба назари ман дағал менамояд. То ҷое, ки ҳамагон медонанд, ин номро на худи тоҷикон, балки бегонагон, яъне аҷнабиён пешниҳод карда буданд ва идеияи онҳост. Агар он собиқадорони ин "фронт" хато ё дурустии кори худро дарк намуда бошанд ва барои озодӣ ва демократияи мардуми ин сарзамин хидмате карданӣ бошанд, беҳтараш ин ибораро тамоман аз ёд бароранд. Зеро ин дигар барои ваҳдатофарии мардуми тоҷик мусоидат намекунад. Барои муваффақ шудани онҳо ба арзишҳои демократӣ пешниҳод менамоям, ки номашро "Адолатхоҳон" бимонанд ва шиорашон "баробарӣ бародарӣ - бародарӣ баробарӣ" бошад. Он замон ба онҳо ҳар адолатхоҳ ва баробархоҳе аз ҳар гӯшаи кишвар шояд бипайванданд ва муваффақ ҳам бишаванд.