Оё мехоҳед ҳамсари шумо ба таври сунъӣ бордор шавад?!

Сиёсат 10.05.2012 08:40

Дар Тоҷикистон барои нахустин бор амалиёти бордоркунии сунъии занон анҷом шуд.  Дар ин озмоиш 6 зани аз 27 то 35-сола ширкат карда, вазъи онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад. Бордор кардани тухмаи занон дар лаборатория анҷом шуда, пас аз 2 то 5 рӯз нутфа ба зойдонии зан гузошта мешавад.

Дастандаркорони ин амалиёт, мегӯянд, ҳадаф соҳиби фарзанд кардани занони безурёт аст. Гуфта мешавад, нархи ин амал дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои дигар ба маротиб арзонтар аст. Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон дувумин кишвари Осиёи Марказист, ки даст ба ин таҷриба задаанд. Динҳои ҷаҳонӣ бордоркунии сунъии занро кори ғайриахлоқӣ мешуморанд ва дар Тоҷикистон низ ҳангоми қабули қонуни дахлдор вакилон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба он мухолиф будаанд.

Нашрияи «Миллат» назари ақшори мухталифи ҷомеаро дар ин маврид, ки «Шумо ба амалиёти бордоркунии сунъӣ дар Тоҷикистон чӣ назар доред» пурсид:

Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари академияи ҲНИТ:

- Ин амал бар хилофи дини мубини Ислом буд ва ҳаром аст. Аммо баъзе аз Zubaydulloдонишмандон агар бордоршавӣ аз шавҳари зан бошад, иҷозат медиҳанд. Бояд зикр кард, ки ин кори дасти кишварҳои қудратхоҳ аст. Бо ин роҳ Ғарб мехоҳанд ахлоқи ҷомеъаи моро хароб намуда, мардуми мусулмонро мутеъ ва фармонбардор намояд. Зеро чун ҷомеъа фасод ва бе ғайрат гашт, дигар ҳоҷат нест, ки мисли Ироқу Афғонистон рафта, бомбборон кунанд ва пули зиёдатӣ масраф намоянд. Бо ин роҳ дигар мардум худ бо пули заҳмати хеш рафта, фарзандони ғайришаръиро ба дунё меоранд, ки хилофи ҳама қавонини динист. Имрӯз бубинед, мард барои фарзанди ҳалоли худро тарбия кардан мушкилӣ дорад, чӣ расад ба фарзандони носолим.  

Мадина Ҷурсизова, муҳоҷир аз шаҳри Оренбург:

Mahina- Ба назари ман аз як ҷиҳат хуб аст, ки баъзе афроди бефарзанд тариқи ин иқдом соҳиби ҷигарбанд мешаванд ва дар хонаи онҳо хушӣ ҳувайдо мегардад. Аммо тарафи дигари масъала ин аст, ки бештари вақт ин тариқ бордоркунии сунъӣ боиси ноқисулақл таваллуд шудани кӯдак мегардад. Боз ин усул барои кисаи ҳама қобили қабул нест ва фикр мекунам, дар ҷойе, ки ман истиқомат мекунам, чунин корҳо 100 ҳазор рубли русӣ меистанд ва на ҳар кас тавони пардохти чунин маблағро хоҳад дошт. Ин бошад аз шароити молии хонаводаҳои корафтода вобаста аст, ки ин гуна маблағро чи тавр метавонанд пардохт кунанд, дар ҳоле ки дар кишварамон маоши ночиз мегиранд. Фикр мекунам, ки агар ин кор дар Тоҷикистон сурат бигирад, маблағаш мисли дигар кишварҳо ҳангуфт хоҳад буд. Як чизи дигарро низ бояд ёдовар шуд, ки пеш аз ин корро кардан ҳаматарафа андеша бояд кард.

Вафо Ризозода, хабарнигор:

-Ин ки парлумон дар чанд соли пеш ин қонунро тасвиб кард ва имрӯз ба маърази иҷро даромад, ба он маъно нест, ки он тасмими дурусте буд. Мо шарқиҳо ва хусустан мусалмонҳо одоту тақоид ва арзишҳои вижаи худро дорем ва ин сирри мондагории низоми хонавода ба наҳвае дар миёни мост. Ин ҳаст, ки мо набояд дар чунин масоиле, ки ба ахлоқиёт бармегардад, аз дигарон пайравӣ намоем. Истифодаи нутфаи як мард дар раҳми зани худ аз тариқи бордоркунии сунъӣ ишколе надорад. Вале гузоштани тухми як марди бегона дар раҳми зан ин хилофи арзишҳои тоҷикӣ ва исломии мост. Дигар ин ки агар як зан солим ҳаст ва мехоҳад, ки соҳиби фарзанд шавад, чаро аз роҳи табиӣ ва никоҳи қонунӣ даст ба чунин иқдоме намезанад?

Шаҳлои Гулхоҷа, рӯзноманигор:

Ба назари ман ин амали хубе нест, вале мешавад мушкили садҳо оилаи безурётро, ки дар вартаи ҷудошавӣ қарор доранд, ҳал кард. Бе ин ҳам нафарони зиёдеро медонам, ки барои фарзанддор шудан маблағи зиёдро сарф мекунанд. Аммо ба ин нукта мехоҳам таваҷҷуҳ кунем, ки муҳим аз шавҳари худ бошад, на ин ки аз нафари бегона. Дар сурати  ғайр ин иқдомро хуш қабул намекунам ва комилан зид ҳастам. Чунки фикр мекунам, оё марди тоҷик дидаву дониста фарзанди бегонаро қабул мекунад ва чи тавр тарбия мекунад. Дигар ин ки ҷомеъаи мо ҳанӯз ба ин чиз омода нест. Аммо бояд як чизро таъкид кард, ки ҳангоме чунин қонунҳоро қабул мекунанд, фикри онҳо дар куҷост, ки қабули ин қонун барои чӣ буд?

Абдурашид Қосимов, сокини ВКМБ

- Аслан дигар бордоркунии сунъӣ барои мардуми тоҷик ҳеч зарурате надорад. Ин аз нигоҳи динӣ ҳам мавриди қабул нест. Дар мо баръакс бояд амал кард, яъне ба ҷои бордоркунии сунъӣ роҳҳои танзими таваллудро ба роҳ бояд монд. Ҳамин фарзандҳое, ки бо роҳи табиъӣ таваллуд мешаванд, худоро шукр барои миллати тоҷик кифоят мекунанд. Дигар ин ки дар шароити кунунӣ фарзанди бисёр ҳам боиси мушкилии оилаҳо хоҳад шуд. Чун фарзанд таввалуд карданро камтар бояд намуд ва ба сифати таълиму тарбия бештар диққат додан лозим меояд. Акнун шояд ин бордорсозии сунъӣ барои касоне бошад ва дурустараш барои занҳое, ки ақим (нозой) мебошанд. Бо вуҷуди ин ҳам бордоркунии сунъӣ чандон амали хуб ва қобили дастгирӣ нест.  Зеро ҳар чизе, ки табиъӣ набошад ва хусусан масоили таваллудӣ, боиси мушкилии тарбия ва ношинохтии волидайн хоҳад буд. Фарзанд он замон ҳиси меҳру шафқат ба волидайнро дорад, ки дар асл аз тухми падару модараш бошад. Мо, ки мусалмонем, ин бемории нозоиро боястӣ ҳавола ба тақдир кунем.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97