Овозаро, кӣ маблағгузорӣ мекунад?

Сиёсат 09.05.2012 14:44

ovozaЁ озмоишҳои сиёсӣ шурӯъ шуда истодааст.

"Паника"

Баъди ба анҷом расидани сафари кории Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия аз Тоҷикистон, сару садоҳои иғвогарона аз манотиқи гуногуни кишвар баланд мешуд. Нахуст овозае сар зад, ки гӯё тамоми нируҳои ҳарбӣ ҷониби шимоли кишвар ҳаракат доранд. Баъди ду шабонарӯзи дигар сару садоҳо оид ба ҷамъ шудани мардум дар Қӯрғонтеппа аз Русия омад. Дар ҳарду ҳолат ҳам натанҳо мардум, шояд мақомоти дахлдори кишвар ҳам як кам ба ташвиш омада бошанд, ки чунин ҳангомаҳоро кӣ барпо мекарда бошад. Фарзияи аввал. Мардум бехабар аз оғози машқҳои муштараки Пойгоҳи 201 (201 дивизия) ва Қушунҳои ҳарбии Тоҷикистон гумон кардаанд, ки ба куҷое раҳсипор шудани нақлиёти ҳарбӣ нишон аз ноамнӣ дар кишвар дорад. Мусоҳибони мо фарзияи эҳтимолии даст доштани ягон гурӯҳҳоеро ҳам истисно намекунанд, ки бо мақсади халалдор намудани суботи ҷомеаи мо чунин овозаҳоро бофта, паҳн мекунанд. Хушбахтона баъдан овозаҳо мисли боди роҳгузар хомӯш шуданд, аммо ин суол; Чаро дар Тоҷикистон овоза ё худ "паника"- кор меояд?, посух металабад.

Халои иттилоотӣ ва нуқтаи доғ

Коршиносон ба ин боваранд, ки дар ҷомеае, ки халои иттилоӣ ҷой дорад, овозаҳои беасос ва иғвоангезиҳо суботи ҷомеаро халалдор карда, ҳатто ба вазъи сиёсии он кишвар таъсири манфӣ расонида метавонанд. Имрӯз чунин аст, ки иддае аз шаҳрвандони мо ба хабару паёмҳои воқеии пахшнамудаи ВАУ шубҳа намуда, баръакс ба сару садоҳои кӯчагӣ бовар мекунанд. Ин аст, ки Тоҷикистон аз мисоли он кишварҳое мебошад, ки дар лобалои овоза осебпазир аст. Агар дар кишвари мо гурӯҳҳое пайдо шуда бошанд, ки инчунин овозаҳоро байни мардум паҳн мекунанд, пас хуб медонанд, ки мардуми оддӣ аз иттилои зарурӣ оид ба хабару рӯйдодҳои ҳаррӯза бархӯрдор нестанд. Агар нируҳои иғвоангез халалдор намудани суботи ҷомеаи кишвари моро аз тариқи пеш-пеш намудани мардум ба майдонҳо пиёда карданӣ бошанд, як нуқтаи доғашон шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Аммо дар назардошти нишондоди сатҳи зиндагӣ ва хусусиятҳои равонии сокинони ин шаҳр метавон хулоса баровард, ки мардум аз мушкилиҳои ночизи иҷтимоӣ эътироз надоранд. Ба истиснои 8 ҳазор хонаводаҳои эҳтиёҷманди шаҳр, ки барои гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ бо ариза ба идораҳои дахлдори шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат карда, имрӯз мунтазири тақсимоти замин мебошанд. Воқеан ҳам чанд рӯз пеш ҳангомаи "заминтақсимкунӣ" ҷомеаро ба ташвиш оварда буд. Тоҷирони бозори Қӯрғонтеппа нақл мекунанд, ки нафаре мисли бод аз даруни бозор гузашта, ба мардум "паём" овардааст, ки гӯиё ҳукумати шаҳр ба одамони мехостааш қитъаи замин тақсим намуда истодааст. Аҷиб! Кӣ(?),  аз куҷо медонист, ки кадоме аз сокинони шаҳр, ё худ савдогарони ниёзманд дар навбат истода, мунтазири тақсимоти замини наздиҳавлигианд?

Дар ҳукумат хабар надоранд

Саидбек Носиров, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат бо "Миллат" иброз дошт, ки дар ҳоле барои таъмини ниёзмандони шаҳр бо заминҳои наздиҳавлигӣ санади қонуние ба тасвиб нарасидааст, чӣ гуна метавон ба чунин овозаҳо бовар кард? Ба гуфтаи ӯ 29-уми марти соли ҷорӣ қарори Маҷлиси Олӣ оид ба тағйири марзи маъмурии шаҳри Қӯрғонтеппа тасдиқ шуда, дар асоси он аз ҳисоби заминҳои марзи Бохтар 1612 гектар ва аз қаламрави Вахш 163,78 га замин ба ҳудуди Қӯрғонтеппа ҳамроҳ карда шуд. Танҳо баъди пурра муайян намудани марзи нави маъмурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол менамояд, то барои ниёзмандони шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намоянд. Аз ин рӯ шаҳрвандон ба хусус нафароне, ки барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ дар навбат истодаанд, набояд ба ҳар гуна овозаҳои беасос дода шаванд.

Заъфи иттилорасонӣ

Аммо ба гуфтаи рӯзноманигори мустақил Сайраҳмон Назриев як сабаби боварии мардум ба овозаҳои беасос ин камбудии мо дар самти иттилорасонии ҷомеа аст. Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо дастгоҳи пурқудрате мебояд, ки оҷилан дар пайи пешгирӣ аз паҳншавии ҳаргуна овозаҳои беасос дар байни мардум шаванд. Мутаассифона дастгоҳҳои иттилоотӣ- таҳлилии мақомоти  давлатӣ дорои чунин имкониятҳо нестанд ва масъулони ин марказҳо ба ҷузъ гоҳ-гоҳ хабар намудани хабарнигорон ба ин ё он чорабиниҳои худ, дигар ягон ҳамкорӣ ба намояндагони ВАУ надоранд,- мегӯяд Сайраҳмон Назриев.

Агар ҳамин  дастгоҳҳои иттилоотӣ сари вақт чунин ҳангомаву овозаҳои беасосро таҳлил намуда, тариқи расонаҳои хабарӣ ба мардум расонанд, имкон дорад, ки суботи ҷомеаро аз ҳамагуна шурӯ иғво муҳофизат намуд. Зеро гурӯҳҳои манфиатдор, ки аз дилҳоҳ мушкилиҳои иҷтимоӣ истифода бурда, байни мардум овоза паҳн мекунанд, қаблан меомӯзанд, ки кори ҳукумат дар кадом самт камбудӣ дорад. Бояд марказҳои таҳлилӣ- иттилоотӣ аз ҷиҳати саводнокии кормандон, донишу малакаи таҳлил кардани масоили ҷомеа ва воситаҳои иттилоотӣ пурқувват карда шаванд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, агар марказҳои иттилоотии мақомот сари вақт ба матлабҳои таҳлилию интиқодие, ки дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд, ҷавоб гардонанд, мардум ба он сохторҳои давлатӣ эътимод пайдо мекунанд.

 Ҳарчанд ҳангомаҳои ҳафтаи гузашта мисли боди сар-сари ба ҳукми хомӯшӣ рафтанд, аммо овозаҳои фиребанда мардумро ба фикру андеша водор менамояд. Ин кадом нируе ҳаст, ки дар нуқтаҳои заъфи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ кор мекунад?

Ҳадаф мардуми аз сиёсат дур

Чаро  ҳамеша ҳадаф мардуме қарор мегарданд,ки аз сиёсат дуранд?

Дар посух ба ин суолҳо Алимаҳмад Гулов омӯзгори факультаи педагогии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мегӯяд: "Таъсири овоза дар ҷомеа ба сатҳи саводнокӣ, ҷаҳонбинии одамон вобастагӣ дорад. Иддае инсонҳо ҳастанд, ки баробари шунидани овоза онро таҳлилу тадқиқ менамоянд, магар ин ки ягон хулосаи худро бароранд. Баъзеҳо шояд ба хотири як гурӯҳи аз ҷиҳати донишу ҷаҳонбини сусти одамонро дар ҳадафҳои сиёсӣ истифода бурдан, чунин  овозаҳоро  байни мардум паҳн мекунанд".

Мардум аз куҷо хабардор шаванд?

Дар бештар мавридҳо ҳарзагӯиҳо ва андешаҳои дар тафаккури баъзе одамони ба қавле "бекор" эҷод шуда, ҳам байни мардум ба зуддӣ паҳн мешавад, ки манбаи асосии ин гуна овозаҳои "бе сару нӯг"-ро пайдо кардан имконнопазир аст. Аммо дар мавриди миш-мишҳои ҳафтаи гузаштаи маркази Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа мебояд чунин хулоса баровард, ки дар пешорӯи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва вазъи феълии Осиёи Миёна як хатари асосӣ ҳамин сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ ва халои иттилоотӣ дар минтақа мебошад. Борҳо пешниҳод шуда буд, ки дар маъракаи обуна ба ҳафтаномаҳои даврӣ то ҳадди имкон барои баъзе оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ ҷудо карда шавад. Яъне аз ҳисоби буҷети давлат кам-кам мардумро ба матбуоти даврӣ обуна кард. Чаро не? Моҳона даҳҳо ҳазор сомонии буҷети давлат ҳамчун кумакпулӣ барои пардохти ҳаққи истиифодаи газу барқи оилаҳои камбизоат ҷудо карда мешавад. Ба фикри ман таъмини аҳолӣ бо ғизои маънавӣ муҳимтарин вазифае аст, ки бояд ҳукумат иҷро намояд. Ба хусус дар шаҳру навоҳии Хатлон, ки пахши шабакаҳои радио ва телевизион нисбат ба дигар манотиқи кишвар суст аст.

Хулоса, дар баробари воқифгардонии аҳолӣ ва пур намудани фазои иттилоотии ҷомеа мақомоти марбутаро мебояд дар самти ошкоркунии манбаи овозаҳои иғвоангез ё сарчашмаи чунин хабарҳои бардурӯғ кори худро ҷоннок намоянд. Зеро фишору муборизаҳои сиёсӣ ба қиболи Тоҷикистон ва халалдор намудани суботи ҷомеаи мо аз шакли ошкоро ба пинҳонӣ тағйир мехӯранд. Охир пайкараи таҳаммулпазири миллати моро бо фишору муҳосираҳои иқтисодӣ ва таҳдиду ҳуҷумҳои равонӣ ларзонда нашуду намешавад, ку. Дуруст аст?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97