«Хонаи Озодӣ», (Freedom House),созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, ки ҳоло танҳо аз шаш як нафар аҳолии сайёра аз матбуоти озод баҳраманд ҳаст, ки нишондиҳандаи пасттарин дар даҳсолаи ахир аст. Мардуми Тоҷикистон низ ба гуфтаи созмон аз матбуоти озод баҳравар нестанд.
Нашрияи «Миллат» дар пайи гузориши созмони мазкур хост таҳлилу назарҳои соҳибназарони ватаниро ба хонандаи худ матраҳ бисозад. Нашрия пурсид, ки оё дар воқеъ матбуоти мо озод аст?
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонӣ
- Ман мувофиқ ҳастам ба ин гуфтаи Хонаи Озодӣ. Бисёр масоиле ҳастанд, ки матбуоти мо дар он ҷуръати баҳс карданро надорад. Вобастагии иқтисодӣ, зери фишор ҳастанд ва агар сензураи ошкорои қонунӣ нест, аммо сензураи ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. Ҳатто дар матбуоти хусусӣ ҳам. Омилҳои асосии он, бозори реклама ва даромади хуб, ки надоранд, бинобар ин ба назарам, эҳтиёҷ ба сарпарастони давлатӣ доранд. Вобастагии дуввум ин аст, ки аксаран дар чопхонаи давлатӣ чоп мешаванд ва ҳар замоне ҳукумат бихоҳад, метавонад чопашонро манъ кунад. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки муҳарриронро маҷбур месозанд, то худсонсуриро риоя кунанд.
Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж", директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, Раиси Медиаалянси Тоҷикистон:
- Васоити ахбори оммаи кишвар дар пешорӯи интихоботи президентии соли 2013 эҳтимол дорад бо мушкилоти тоза ба тоза, ки бо аз нашр мондан анҷом меёбад ва одатан пеш аз интихобот сурат мегирад, рӯ ба рӯ шаванд. Далели муҳимтарин дар ин маврид ҳамоно соли 2004 аст, ки нашрияҳои мустақили он замон ба мисли "Рӯзи нав", "Оламу одам", "Нерӯи сухан" бо баҳонаҳои гуногун пеш аз интихоботи парлумонӣ дар кишвар, аз нашр бозмонданд.
Чаро чунин эҳтимол вуҷуд дорад? Зеро ҳаводиси тирамоҳи соли 2010 дар водии Рашт, ки бо қатъи муваққатии фаъолияти се нашрия; "Фараж", "Нигоҳ", "Пайкон" ва маҳдудияти дастрасӣ ба панҷ сайти интернетӣ анҷом ёфт, бори дигар собит сохт, ки мустақилият ва сатҳи ҷуръати чопхонаҳои ба ном мустақили кишвар ҳанӯз ба он ҳадде нест, ки бе тарсу ваҳм нашрияҳои мустақилро чоп кунанд. Яъне, масъалаи набудани як чопхонаи амалан мустақили новобаста аз мавқеъгирии мақомот, ҳанӯз ҳам чун мушкили аслӣ дар роҳи рушди озодии сухан дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Аз ин рӯ, Карл Маркс дуруст гуфта буд: То замоне чопхонаи озод нест, аз озодии матбуот ҳарф задан ҷуз масхараи озодӣ чизи дигаре нест!
Рамзия Мирзобекова, рӯзноманигор:
-Ба фикри ман матбуоти мо озод аст, вале озодии мо махсусияти худро дорад. Аллакай имрӯз мо метавонем дар ин ё он мавзӯъ гап занем, яъне имрӯз сензура нисбат аз солҳои пештар камтар шудааст, вале дар баробари ин метавонем дар баъзе мавридҳо саркӯб шавем. Ба додгоҳ кашидани рӯзномаҳо - ин як намуди саркӯбии рӯзномаҳо ҳисоб мешавад, чунки системаи судии мо вобаста аз мақомоти иҷроия аст ва ҳамраъйи қариб бо ҳамаи сохторҳои ҳукуматӣ аст. Барои ҳамин дар бисёри мавридҳо кашмакашиҳои судӣ ба фоидаи рӯзномаҳо ҳал намешаванд.
Зафари Суфӣ, муассиси нашрияи "Озодагон":
- Бубинед, вақте созмонҳо ва ниҳодҳои бо ном байналмиллалие, ки аз номи ин ё он кишвар сохта, ё ҳидоят мешаванд албатта ҷойи суол доранд. Дар Тоҷикистон матбуот озод аст ё нест, ба унвони муассиси як расона гуфтани ман, то ҷое шояд зери суол биравад, фикр мекунам ин беҳтарин суол ба хонандагони нашрияҳост ва онҳо хубтар метавонанд натиҷагирӣ кунанд. Ин ки бархе аз мавзӯъҳо дар Тоҷикистон манъ шуда аст, ҷойи баҳс нест, ҳамчуноне дар ҳар кишвари дигар низ, хатҳои сурхе кашида шудааст, ки намешавад аз онҳо гузашт. Бо тавваҷҷуҳ ба ин намешавад гуфт, ки дар Тоҷикистон озодии матбуот вуҷуд надорад. Ба назари ман озодтарин матбуот метавонад дар Тоҷикистон бошад, агар соҳибони расонаҳо, ки аксарияташон дар асл рӯзноманигоранд, ба арзишҳои рӯзноманигорӣ содиқ бошанд. Чунки дар ҳеч ҷойи дунё расона дар дасти рӯзноманигорон нест, албатта манзури ман матбуоти мустақил аст. Он чи дар гузориши Хонаи Озодӣ омадааст, матбуотро бо расона омехтаанд ва матбуот чизи дигар асту телевизион чизи дигар. Матбуот яке аз бахши расонаҳои хабарӣ аст. Ҳоло дар ихтиёри давлат қарор доштани телевизион ва бархе аз чопхонаҳо ва дастгоҳҳои пахш, ҳеч ҷойи баҳс нест. Воқеан дар телевизионҳои Тоҷикистон имконот барои баҳси озод вуҷуд надорад, яъне телевизионҳои алтернативие, ки саросарӣ бошанд, мавҷуд нест. Агар дар кадом як ноҳияе ё остоне як телевизионе, ки ҳеч сармоя надорад ва онро иҷозат додаанд, ё сабти ном шудаву фаъолият надоранд ва дар кишвар ношинохта аст, маънои онро надорад, ки мо телевизиони мустаъқил дошта бошем. Хулоса озодии матбуот дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо дар чи ҳад аст, ҳамон ҳаде, ки ин ҷо хонанда бардошташро дорад. Агар аз ин бештар бихоҳад, бовар кунед, ки матбуот пештар меравад. Агар элитаи сиёсии кишвар ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ фаъол бошанд ва бештар аз ин бихоҳанд, ҳатман матбуот боз болотар хоҳад шуд. Аммо вақте ки матбуот иҷрокунандаи рисолати ҳама ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ бошад, дигар табиист, ки ин бори сангин дар душаш барои дарозмуддат камарашро мешиканад.