Ба пешвози соли "интихобот"-и байналхалқӣ
Бастану кандани роҳи оҳани Амузанг - Хатлон, қатъи интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон (баъдан 16-уми апрел аз нав барқарор карда шуд) ва дигар таҳримҳои иқтисодии ҳамсоя фишори ошкоро болои тоҷикистониён арзёбӣ мегардад. Чаро ҳамсоя чунин тарҳимҳоро нисбати мо раво мебинад? Ё мунозираи Тоҷикистону Узбакистон ба чӣ анҷом меёбад? Ин зумра суолҳои бешумор имрӯз дар фикри ҳар фарди бедордили Тоҷикистон чарх мезанад. Ҷойи баҳс аст, ки дар чунин ҳолатҳо эҷоди баҳсу муноқишаҳо, ки зарба ба шароити иҷтимоии мардум мезананд, омма сабабро дар фаъолият, коргузорӣ ё сиёсати давлатдорӣ мебинанд. Аммо на ҳамаи мардум ба фаҳми он мераванд, ки кишварҳои абарқудрат бо ҳамин восита кӯшиш мекунанд, то эътимоди ҷомеаи як кишварро нисбат ба сохтори Конститутсиониашон коҳиш диҳанд. Ё ин ки на ҳама шаҳрванди қаторӣ ба фаҳми муборизаҳои иқтисодии абарқудратҳо, ки паси фишорҳои байниҳамсоягӣ эҳсос мешаванд, рафта метавонанд. Ин ҳама фишору роҳбандиҳо ба ҳадде аз чаҳорчубаи расму оини ҳамсоядорӣ берун шудааст, ки акнун ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он изҳори ташвиш намуда, хоҳони мубодилаи афкор миёни роҳбарони кишварҳо шудаанд. Пӯшида нест, ки аксарияти сокинони ду кишвари дар гузашта дӯсту бародар ҳам солҳо боз интизоранд, то чунин як гуфтушуниде миёни президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов доир бигардад.
Маҳдудиятҳои зоҳирӣ
Имрӯз ҷониби Тоҷикистон ба ҷойи вокуниш нисбати тасмимҳои иқтисодии ҳамсоя таҳаммулпазирӣ дорад, аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ шурӯъ аз одитарин сокини русто аз ҳукумати феълӣ баёни мавқеи рӯшан ё худ шарҳу тавзеҳи вазъияти ба амаломадаро интизор аст. Алъон, ки баёноти ҷонибҳо бобати сабабҳои сард шудани муносибатҳо он қадар рӯшан нест, дар афкори омма атрофи ин мавзӯъ андешаҳои зидду нақиз эҷод мешаванд. Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз миллатҳои гуногун таркиб ёфтааст, хоҳони ҳарчӣ тезтар ҳалли масоили баҳсталаби байни ду кишвар шудаанд. Яке аз тоҷирони узбактабори бозори маркази вилояти Хатлон дар эҷоди сардиҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон дасти севвумро мебинад. Ба гуфтаи ӯ мардумони ин ду кишвар дар тӯли қарнҳои гузашта ончунон бо ҳам омезиш ёфтаанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намудан имконнопазир аст. Имрӯз воридоту содироти маҳсулоти ниёзи мардум миёни ду кишвар расман баста аст, аммо бо ҳар восита молу колои зиёди Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад. Албатта дар он сӯйи марказ намегузоранд, ки маҳсулоти истеҳсолии кишварҳои ҳамсоя вориди кишварашон шавад. Аммо ба содироти пинҳону ошкорои маҳсулоти истеҳсоли Узбакистон ба Тоҷикистон касе монеъ намешавад. Зеро ҳукумати мо хурдагир несту он ҷониб аз содироти молаш ба ҳар роҳе, ки бошад, манфиатдор аст. Чӣ ҷойи пинҳон кардан аст, ки беш аз 70% сару либоси миллие, ки дар бозорҳои Хатлон харидори зиёд доранд, аз кишвари ҳамсоя ворид мешавад,- мегӯянд тоҷирони бозори Қӯрғонтеппа.
Носирҷон Маъмурзода, рӯзноманигори хатлонӣ, аз тамоми андешаҳои атрофи ин қазия чунин хулоса баровардааст, ки Узбакистон ягон вақт аз фишор болои Тоҷикистон даст набардоштааст. Танҳо баъзан ин фишорҳо шиддат мегиранду баъзан вобаста ба шароити дохилии он кишвар фаромӯш мешаванд. Ин фишорҳо бо мақсади ангеза додани андешаҳои зидди ҳукуматӣ миёни мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин шакл додани чунин афкори умум, ки гӯё роҳбарияти кишвар дар беҳдошти зиндагии мардум талошҳои нокофӣ дорад, қаблан ҳам эҳсос мешуданд. Шояд дар ин фишорҳо як андоза дасти Русия ҳам бошад, - мегӯяд Носирҷон Маъмурзода. Зеро русҳо барои ба даст овардани шартномаи 49 сола барои нигоҳ доштани пойгоҳи ҳарбии худ дар Тоҷикистон якчанд намуд фишорҳое мисли баланд бардоштани нархи бензин, будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия оварда буданд, аммо онҳо мисли як ҳодисаи маъмулӣ ба ҷомеаи мо таъсири ҷиддӣ нарасонид. Ӯ мегӯяд, ки шояд ин дафъа тавассути ҳамсояи мо ба мо фишор меоранд.
"Ароба"-и Ислом Каримов аз лой гузашт?
Аз ҷониби дигар кандани роҳи оҳани Амузанг Хатлон-ро қаблан метавонист дарк намуд. Зеро Узбакистон вобастагии ҳаракати қаторҳои худро дар дохили кишвараш бо Тоҷикистон, бартараф намуда буд. Дар шимоли кишвар барои аз як вилоят ба дигар вилояти Узбакистон ҳаракат кардани қаторҳо онҳо аз 150 километр роҳи оҳани қаламрави Тоҷикистон истифода мебурданд. Ин буд, ки баъди як ҳафтаи эълони ташкили системаи ягонаи роҳҳои оҳани дохилиаш Узбакистон ба кандани роҳи оҳани Амузанг-Хатлон даст зад.
Ба гуфтаи коршиноси масоили сиёсӣ Умар Камолов, муҳосираи иқтисодие, ки имрӯз дар баробари Тоҷикистон мушоҳида мешавад, якчанд сабаб дорад. Бист сол пеш дар барқарорсозии сохти Конститутсионии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон кишварҳои Русия ва Узбакистон саҳмгузор буданд. Албатта онҳо дар подоши кумакашон ҳадафҳое рӯи даст доштанд, ки шояд аз амалӣ нашудани онҳо имрӯз бо кишвари мо муносибати норӯшан доранд. Омили дуввуми монеасозиҳо хусусияти иқтисодӣ дошта, шояд ҳамсоя меҳоҳад дар лоиҳаи НБО "Роғун" саҳмдор бошад. Ҳамчунин омили севвум таъсири "бародар"-и калон Русия шуда метавонад. Бубинед, то замоне ки байни Тоҷикистону Русия мушкилу масъалаҳои ҳалношуданӣ набуд, ингуна фишорҳо эҳсос намешуд. Ҳар се омили мавҷуда чӣ дар алоҳидагӣ ва чӣ дар умум сабабгори фишороварӣ ба Тоҷикистон шуда метавонад.
Оғози "бозии калон" дар Ҷайҳун
Аммо ба гуфтаи таҳлилгари ҲНИТ Азимҷон Ваҳобов имрӯз барои дар минтақа мустаҳкам намудани мавқеъ байни кишварҳои минтақа ва берун аз минтақа як рақобати шадид рафта истодааст. Ҳар кишвари минтақа ба хусус Узбакистон, ки фикр мекунад, аз ҷиҳати аҳолӣ ва иқтисодӣ ягона сари баланд дорад, мехоҳанд ҷойгоҳи хоси худро дошта бошад. Вақте Тоҷикистон дар масоили обу энергетика кӯшиши ҳалли мушкилоти хеш аст, ҳамсоя аз амалӣ шудани лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон манфиатҳои иқтисодии худро дар хатар мебинад. Чаро, ки агар НБО "Роғун" пурра бунёд гардад, Тоҷикистон ба як кишвари интиқолдиҳандаи асосии барқ ба Афғонистону Покистону ҳатто Ирон табдил ёбад. Аз ин рӯ ҳамсоя, ки дар бозори барқи минтақа мавқеъ дорад, бунёди чунин ниругоҳҳоро дар кишвари мо намехоҳад.
Аз ҷониби дигар кишварҳои абарқудрате мисли Чину Ирону Русия ин минтақаро зери нуфузи хеш дидан мехоҳанд. Ҳамчунин давлатҳои блоки ИМА ва Ғарб дар минтақа барои худ ҷой дуруст кардан мехоҳанд, аммо бе манфиатҳои иқтисодӣ ҳадафҳои худро дуруст карда наметавонанд. Аз ин рӯ дар Осиёи Миёна байни ин ҳама кишварҳои абарқудрат як рақобате ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ ин ҳама монеагузорие, ки кишварҳои минтақа нисбати якдигар мекунанд, ин як рақобати иқтисодӣ аст.
Намоиши "амбитсия"- ё сояи ҳамсоя
Агар ба вазъи ба амаломада аз ин зовия баҳогузорӣ кунем, пас ба гуфти рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода, фарзияи дигареро ҳам наметавон истисно кард, ки дар шабу рӯзи кандани роҳи Амузанг, дар Душанбе раисони ҷумҳуриҳои Ирон, Афғонистон ва Покистон ҷамъ омада, барои гузаронидани лӯлаҳои гази Ирон-Афғонистон-Тоҷикистон-Чин созишномаеро ба имзо мерасониданд. Узбакистон ки худро яке аз кишварҳои асосии истихроҷкунанда ва интиқолдиҳандаи гази табиӣ дар минтақа мебинад, шояд ин рӯйдоди сиёсӣ ба қавле зарба ба "амбитсия"-ҳои ҳамсоя буд. Аз ҷониби дигар кандани роҳи оҳан ва тариқи вагонҳо кашонидани рейлҳои он аз болои ҳамон пуле, ки гӯиё чаҳор моҳ қабл таркида буд, ҳақиқати он "таркиш"-ро ботил месозад.
Узбакистон қаблан баҳона пеш оварда буд, ки имкони таъмини кишвари моро бо гази табиӣ надорад. Ин дар ҳолест, ки он 200 миллион куб газе, ки солона аз ин кишвар ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд, Узбакистон онро дар як рӯз истеҳсол мекунад. Ҳамчунин оид ба сабабҳои монеъ шудан ба интиқоли гази Туркманистон ба Тоҷикистон низ ҳамсояи мо ягон далели воқеӣ надошт. Ин ҳама нишонаҳои бевосита ва ҳатто бидуни риояи қоидаҳои дипломатӣ поймол шудани ҳуқуқи як кишвари кӯчак нисбат ба ҳамсояи бузургаш аст ва нишонаи беэҳтиромии дипломатии роҳбарияти Узбакистон нисбат ба роҳбарияти Тоҷикистон аст.
Дар ҳамин лаҳзаи ҳасос, ки тасмими таҳримҳои дар боло зикршуда нисбат ба Тоҷикистон ҷуз фишору муҳосираи иқтисодӣ дигар мантиқ надорад, саволу муаммоҳои зер пайдо кардааст: Узбакистон чӣ мехоҳад? Ё агар ин "гашт"-и калони сиёсӣ бошад, пас дар он кӣ даст дорад? Чаро ин таҳримҳо соли гузашта ё шаш моҳ қабл не, балки дар ҳамин шабу рӯз рӯи даст гирифта шуд?
Далели фарҳангӣ
Солеҳҷон Комилов, ҷомеашинос аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба он бовар аст, ки баъзе кишварҳои абарқудрат тараққиёти кишварҳои кӯчакро намехоҳанд. Зеро медонанд, ки лоақал 50 сол тинҷию амонӣ дар сарзаминҳои миёни дарёҳои Сайҳуну Ҷайҳун кифоят аст, то нобиғае мисли Мавлавию Сино ё бузургмарде дар риштаи дигари илм ба дунё биояд. Барои кишварҳои Тоҷикистону як қимсати Афғонистон андак мӯҳлати сулҳу субот кифоят аст, то дар соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг комёбиҳои бузург ба даст оваранд. Оё ҷаҳон чунин як имконро барои ин сарзамин медиҳад?
"Интихобот"-и байнидавлатӣ
Фарзияи дигаре атрофи монеаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна низ вуҷуд дорад, ки ИМА дар Осиёи Миёна ҷойи "нишастан" меҷӯяд. Таҷрибаи садсолаи охир нишон дод, ки навобаста аз онки Амрико нисбат ба дигар абарқудратҳои рақибаш аз Осиё дар масофаи дуртар воқеъ аст, аммо доим сухани охирро мегуфту мегӯяд. Қабзи Афғонистону Ироқ мисоли рӯшани ин гуфтаҳост. Аз ин рӯ дар фишору монеасозиҳо байни Тоҷикистону Узбакистон наметавон дасти амрикоиҳоро истисно кард, ки шояд бо мақсади таъсиси пойгоҳи ҳарбӣ дар яке аз ин кишварҳо, имрӯз ба қавле як "разминка"-и сиёсӣ мегузаронанд. Чаро не? Охир ҳамон абарқудратҳое, ки лофи демократикунонии ҷомеаи ҷаҳониро мезананд, дар қимори интихобот, ки ҳаққи мардуми ин ё он кишвари соҳибистиқлол аст, таҷрибаи зиёд доранд, ку. Пас он ҳама мушкилу монеасозиҳои иқтисодию сиёсие, ки имрӯзу оянда пешорӯи мо пайдо мешавад, бӯйи "интихобот" мекунад, ки хусусияти байннулмиллалӣ дорад пайдо мекунад.
Шумо ҳам онро эҳсос мекунед?
Ҷамолиддин УСМОНИЁН