Шумо ба суханони ахири президент чӣ назар доред?

Сиёсат 19.04.2012 16:11

Сайдумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ дар парлумон:

 Saidumar_HusayniСуолҳое, ки ҷаноби раисиҷумҳур таъкид карданд, бештар ба Васоити ахбори оммаи Русия, ки воқеъиятҳоро нодуруст инъикос менамоянд дахл дошт ва хоҳиш намуданд, ки воқеъиятҳоро он чуноне ки ҳастанд, ҳамон тавр ба қалам бидиҳанд. Ва он чи эшон ба таври гилаомез гуфтааст, хуб, дигар барои як касе, ки дар ҳақиқат як мамлакате, ки ба мамлакати дигар худро ҳамчун шарики стратегӣ медонад, ин гилаҳо ҷойиз аст. Бояд онҳое, ки шарики стратегӣ мешаванд, онҳо бояд дар мушкилоти ҳамдигар дасти ҳамдигарро бигиранд. Агар дида бошед, дар суханрониашон ҳам як ишора ба сӯи кишварҳое мекунад, ки чи тавр шарикҳои стратегии худро ҳимоят мекунанд, ҳангоми мушкилот ҳамроҳашон ҳастанд, ва изҳори умедворӣ намудааст, ки Русия шарики стратегӣ бояд ба кишвари Тоҷикистон ҳамин тавр муносибат намояд. Ва метавон гуфт, ки ин суханон ҳарфи наве нест, чунки шарики стратегӣ будани Тоҷикистон ба Русия чизи нав нест, дар собиқ ҳам шарики стратегӣ будем. Ин ҳамааш як таъкид аст, вагарна аз қабл шарики стратегӣ будем.

Умедвориҳои кишвари Тоҷикистон аз Русияро метавон гуфт, ки умедвориҳои мантиқӣ аст. Бояд ба хусус ба вазъиятҳое, ки як миқдор болои шарики дигари стратегӣ меояд, он тараф низ бояд мавқеъгириҳои мантиқӣ дошта бошад. Ин гилаҳо, яъне ба ҷо ҳастанд. Аммо асли воқеъа ин аст,ки Русия интизор аст то ҳамсояҳо худ масъалаҳои дохилии худро ҳал кунанд ва агар ҳеч роҳе намонд пас ҳатман ҳарфи гуфтание хоҳад дошт. Бинобар ин қадами аввал ҳамин аст ва шояд он кишвар ягон рӯзе як ҳарфе бизанад, вале то рӯзи ҳарф заданаш мунтазир аст, ки ин мушкилот аз ҷониби худи тарафҳои қазия ҳал шаваду кор ба мавзеъгирии он давлат нарасад.

Расул Тилавзода, коршинос:

Ин шарики стротегии мо дар нохунак моро исбот кард, ки чандон шарики боэътимод нест, ки дар лаҳзаҳои  бисёр ҳассос мо ба он такя кунем.  Бубинед ин шарики мо дар мавриди бунёди нирӯгоҳи Роғун то ба ҳол мушаххас мавқеашро муайян накардаст.  Дар дигар масъалаҳои баҳсталаби Тоҷикистон низ ҳамеша як навъ бетарафиро мегирад ё менигарад, ки ҳамсояҳои мо чӣ мегӯянд. Аз ин рӯ бояд бо ин кишвар эҳтиёткорона доду ситад бояд кард ва аввал манфиатҳои миллии худро ба назар гирем ва баъд аз он чун шарики стротегӣ муносибат кунем. Агар Русия шарики воқеан бе ғараз бошад,  чаро ҳангоме дар кишвар ҷанг сар заду қарзҳое Тоҷикистон аз он дошт, чаро онро набахшиду ба пойгоҳи Окна иваз кард? Ё замони қазияи халабонҳо дидед ки тарафи Русия барои раҳоии онҳо аз тамоми фишангҳо истифода кард. Бинобар ин Тоҷикистон бояд дар сиёсати хориҷии худ кӯшиш намояд, ки бештар манфиатҳои миллии худро дар назар бигирад на хоҳиши ин ё он шарики стротегии худро.

Амният Абдулназаров, муовини раиси ҲУСДТ:

AmniytТоҷикистон дар рӯзҳои аввали мушкилот ва истиқлол худро каме аз даст дод. Он мушкилиҳое буданд, ки Русия аз онҳо ба манфиати хеш хуб истифода кард. Ҳамин буд, ки намояндаи Думаи давлатии Русия  гуфта буд, Тоҷикистон «не ставшая независимая государство», яъне онҳо аз аввал истиқлоли моро қабул надоштанд. Аз ин рӯ онҳо аз заъифии мо истифода бурда, тамоми шартҳои пешниҳодшудаи худро қабул мекарданд. «Окно»- ро бе ягон шарт Русия аз худ кард ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия имрӯз ройгон ин ҷо истодааст. Мо хуб медонем, ки бародарони қирғиз аз Русия ва Амрико пул мегиранд, қазоқҳо барои Байконур ду сад миллион доллар мегиранд, аммо мо шарики стротегӣ гуфта, ҳама чизро ройгон додем. Русия одат кард ва медонад, ки Тоҷикистон дар як вазъияти мушкил қарор дорад ва ҳамзамон медонад, ки шаҳрвандони ин кишвар кӯшиши қабули шаҳрвандии Русияро доранд. Ба замми ин муҳоҷирини бешумори мо дар Русия мебошанд ва Русия ҳар лаҳза метавонад аз онҳо истифода бубарад. Чи тавре ки дар Абхазия бо баҳонаи дифоъ аз шаҳрвандони худ ба Гурҷистон ҳамла овард, имрӯз эҳтимол дорад, ки Тоҷикистон ба ин ҳолат рӯ ба рӯ шавад. Чунки теъдоди бешумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус бештари кормандони вазоратҳои танобкаш, мислии вазорати корҳои дохилӣ нафақаи русӣ мегиранд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97