Русияи ғиромбоз

Сиёсат 17.04.2012 14:57

Ё "баҷошавакон" бо Искандаров ва Ҷӯраев

Русия кишвари беэътимод

rusia01Тибқи иттилои ахир Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори тоҷик, ки дар таъқиб ба сар мебарад, 10 апрел қаламрави Русияро тарк карда, ба кишвари Олмон рафтааст. Сабаби рафтани худро дар сомонаи "Фергана.ру" шарҳ дода, гуфтааст, ки рӯзҳои ахир ӯро ашхоси номаълум таъқиб мекардаанд. Ӯ мегӯяд, ки масалан доимо як мошини маркаи  "Форд", ӯро думболагирӣ мекардааст, ки ронандаи он як ҷавони осиёӣ будааст. Инчунин дар даромадгоҳи хонаи зисташ ду марди ношиносеро дидаанд, ки ба ҳуҷраи ӯ рафтуомад мекардаанд. Тавре ин хабаргузорӣ гуфтааст, боз мондани ӯ дар Маскав хатарнок буда, имкон дорад, ки ӯро ба Тоҷикистон "биёваранд".

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта Додоҷон Атовуллоҳ аз тарафи як фарди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта, захми зиёде бардошта буд. Аммо то ба ҳол касе дар робита ба ин қазия боздошт нашудааст. Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири нашрияи "Чароғи рӯз" ва раиси ҷунбиши "Ватандор" танҳо шахсияти мухолифини собиқи давлат буд, ки бо вуҷуди имзои Созишномаи сулҳ, ҳамчунон мухолифи сарсахти ҳукумати Тоҷикистон шинохта мешуд. Ӯ аз соли 1992 ба ин сӯ дар Маскав ба сар мебарад ва як навбат бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2001-ум аз сӯи пулиси Русия боздошт, аммо таҳти фишори кишвраҳои Ғарбӣ озод шуд. Кишвари Олмон ба Додоҷони Атовуллоҳ мақоми паноҳандаи сиёсӣ додааст.

Низомхон Ҷӯраеви "муштоқ"-и ватан

Тарк кардани Додоҷони Атовуллоҳ Русияро дар ҳолест, ки рӯзи 29 март Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфара, дар Русия нопадид гашт ва чанд рӯзи пеш дар телевизионҳои Тоҷикистон пайдо шуда, иброз дошт, ки бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон омада, худро ба мақомот таслим кардааст. 

Аммо Анна Ставитская, вакили мудофеи ӯ гуфтааст, ки  нафари таҳти ҳимояи ӯро рабуда ва аз Маскав ба Душанбе бурдаанд, ки аз истирдоди ғайриқонунии муваккилаш ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар шикоят бурдааст. "Ман ба таслими ихтиёрии Низомхон Ҷӯраев бовар надорам. Ӯро яку ним сол боз мешиносам ва медонам, ки таслим шудан аз вижагиҳои Низомхон нест. Ва ба унвони як вакили мудофеъ мутмаинам, ки вай аслан бегуноҳ аст",- гуфтааст ӯ.

Русия хонаи модари касе нест

Бояд гуфт, ки тарк кардани Додоҷони Атоуллоҳ Русияро бе сабаб нест, зеро ин кишвар ҳеч гоҳ дар сиёсати дохиливу хориҷии худ мавриди эътимод набудааст. Зеро ба таври асроромез нопадид гаштани Низомхон Ҷӯраев аз Русия ва пайдо шудани он дар Тоҷикистон низ ҳодисаи нав нест. Балки шеваи озмудашуда дар чанд соли пеш аст. Соли 2005  Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби  Демократи Тоҷикистон, ки дар суҳбате бо Аркадий Дубнов, ("Времени новостей" 31.08. 2004 N°156) Русияро "хонаи дуввуми тоҷикон" гуфта буд, низ дар Маскав нопадид гаштаву баъди чанд рӯз дар боздоштгоҳи Душанбе пайдо гашт.

Оғуши сарди Русия

Ҳангоме сухан болои Русия меравад дар симои аксари мардуми мо ҳоли зори муҳоҷирини кории тоҷик ба назар мерасад, ки тайи чанд соли ахир ҳамеша зери фишору сардаргумиву саргардонӣ қарор доранд. Аммо ин ҳолро на танҳо муҳоҷирини тоҷик, балки аксари муҳоҷирини дигар кишварҳо низ бар дӯш доранд ва дар баробари ин он тавре коршиносон мегӯянд, барои нафароне, ки дар Русия паноҳандагии сиёсӣ меҷӯянд, низ ҷойи эътимод нест. Ба назари таҳлилгарон барои расидан ба аҳдофи сиёсии худ ин кишвар аз ҳама роҳу усулҳо истифода карда, дар сиёсати геополитикии худ ҳамеша аз ҳар гуна бозиҳо суиистифода кардааст ва мекунад.

Амонуллоҳи Қадам таърихшиноси тоҷик мегӯяд, ки ин гуна шакли сиёсат дар бисёре аз кишварҳо мавҷуд аст, ки аз ду роҳ истифода мекунанд: "Яке қонун ва дигаре сиёсат ва чун диданд, ки барои манофеи сиёсии он кишвар зарурат пеш меояд, агарчанде ғайриахлоқӣ ҳам бошад, қонун дигар ба кор намеояд. Русия низ бо вуҷуди он ки худро абарқудрат мехонад, аз ин истисно нест. Бубинед, дар мавриди халабонҳо аз кадом роҳ истифода кард? Ҳамчунин дар масъалаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ Русия бозӣ кард ва ӯро ба бадтарин шева истирдод карданд. Аммо бояд зикр кард, ки Искандаров дар Русия паноҳанда набуд, аммо чун шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дошт зиндагӣ кунад". 

Сарнавишти Ёқуб Салимов низ бо дасти тақдирнависони Кремл навишта шуд ва акнун ӯ дар зиндони Тоҷикистон рӯзҳои адои ҷазояшро мешумурад.

Амонуллоҳи Қадам ҳамзамон иброз дошт, бархе аз кишварҳо бо вуҷуди доштани гуноҳ ҳам паноҳандаи сиёсии худро ба касе насупоридаанд: "Исроил ҳеч гоҳ касеро, агарчанде ҷинояткор ҳам бошад, ба касе таслим накардааст, на аз роҳи қонун ва на бо дигар роҳ. Кишварҳои Аврупо низ, агар касеро паноҳгоҳи сиёсӣ бидиҳанд, ҳатто ҷурми онҳо исбот шавад ҳам, боз либерализми онҳо намегузорад, ки онро таслим кунанд.  Бубинед, Англия  бо ҳама талошҳое, ки Русия мекунад, Березовский ва Закаевро намедиҳад".

Аммо дар кишварҳои пасошӯрави то ҳанӯз баъзе қонунҳои нонавиштае боқӣ мондаанд, ки наметавон онро ба дигар кишварҳо муқоиса кард. Бисёре аз масъалаҳоро аз роҳи қонунӣ дида, бо роҳҳои дигар, ҳатто ғайриқонунӣ ҳал мекунанд.

Узбакистон лонаи гарми Маҳмуд

Ин дар ҳолест, ки Узбакистон бар хилофи Русия солҳо боз гурӯҳҳои ҷинояткори ҷангии мусаллаҳ ва паноҳҷӯйро дар оғушаш нигоҳ медорад ва ба дархости пайвастаи Тоҷикистон барои таслими ин гурӯҳҳо посухи рад додааст.

Дуруст аст, ки Узбакистон як кишвари побанд ба усулҳои демократӣ нест ва дар ин ҷода ҳадафҳои ниҳони худро дорад. Аммо ғиромбозии Русия ва истирдоди паноҳҷӯён бо бадтарин шева аз ин кишвар боиси адами эътимоди сокинони собиқ кишварҳои пасошӯравӣ аз Кремл шудааст. Ва ин баҳонаро ба Узбакистон медиҳад, ки дар минтақа бештар гардандарозӣ кунад ва худро жандарми минтақа бишуморад.

Ба ҳар сурат Русия дар тӯли таърих ҳеч гоҳ ба дӯстони худ ҳатто содиқ набудааст ва ҳамеша дӯстонашро ба хотири манфиати ночизе фурӯхтааст. Чӣ расад ба паноҳҷӯёни бепуштибон ва бечора, ки худро аз ночорӣ ба оғуши сарди Кремл меандозанд.

Аъзамшоҳи Ширговадӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97