Узбакистон боз аз кадом фишанг метавонад алайҳи Тоҷикистон истифода кунад?

Сиёсат 13.04.2012 15:03
Бобоҷони Қайюм, раиси шӯъбаUzbakhoи таҳлили ҲНИТ:

Албатта инҳо охирин фишорҳои Узбакистон нестанд ва он фишангҳои дигаре ҳам дорад, ки барои фишор биоварад. Аз ҷумла яке аз онҳо метавонад ҳамин бастани роҳи вагонҳо бошад0, яъне маводҳои хӯрокиву дигар маводи аввалияро ки боре дар қаламрави худаш баст ва мо натавонистем коре бикунем. Махсусан тоҷирони мо зарари калоне ҳам диданд. Ва метавонад боз ин корро бикунад. Аз тарафи дигар ин бастани роҳи мошингард,  ки метавонад онро бо баҳонае  бубандад ва ин ҳам яке аз фишангҳои дигари ӯст. Вале ман фикр мекунам, аз ҳама  муҳимтар барои Узбакистон чизҳои дигаре ҳастанд. Гурӯҳи Маҳмуд дар Узбакистон ин яке аз фишангҳои асосист ва метавонад дар оянда бо фаъол кардани ин гурӯҳ дар Тоҷикистон, хеле вазъиятро бадтар кунад. Ва ҳамчунин Ҳаракати исломии Узбакистон. Ва Узбакистон дар фаъол кардани ин ҳаракат дар Тоҷикистон даст дорад, ин аниқ аст, чунки ба нафъи ҳукумати Узбакистон аст. Вақте Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҳукумати мо пойгоҳ пайдо кунад, машғулияташ дар инҷо зиёд шавад, ин як ҳошияи аҳамиятӣ барои Узбакистон таъмин мекунад. Зеро аз фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон дар дохили Тоҷикистон  хабарҳои зиёде мешунавем ва мебинем, ки баъзе аъзо ва ҷонибдорони ин гурӯҳ дар дохили кишвари мо фаъоланд ва ин яке аз фишангҳои Узбакистон аст, ки алайҳи кишвари мо истифода хоҳад кард. Мо метавонем бигӯем, ки Тошканд имрӯз якBobojon фишори дигаре гузоштааст, ки фишори равонӣ мебошад. Таври мисол, тибқи иттилоъи маълум ҷо ба ҷо кардани қувваҳои марзии худаш метавонанд фишангҳои навбатӣ бошанд, ки  гарчанде инҳо метавонанд фаъолияте надошта бошанд, вале ҳамин ҷо ба ҷо кардан метавонад баҳона ё «паёмҳое»-ро ба Тоҷикистон бифиристад. Дар кул Узбакистон дар аксари фаъолиятҳои худаш муваффақ будааст, фақат ба ин маъно, ки мавқеи Тоҷикистонро зери таъсири худ қарор диҳад, чӣ дар масъалаи Роғун ва чӣ дар  дигар масъалаҳо тавонистааст, худро ҳамчун кишвари «аввал» матраҳ кунад ва таваҷҷуҳи  дигар кишварҳоро ҳам ба худаш ҷалб кунад ва худро ба дигар кишварҳо шарики муҳимтар матраҳ кунад  ва шартҳо ва ҳадафҳои худашро ба давлатҳои абарқудрат дар минтақа «бипазонад» ва ҷои Тоҷикистонро дар минтақа танг кунад. Дар чанд вақти охир нигоҳ кунем, боз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки Узбакистон бо мавқеи хос дақиқан тавонистааст худро нисбати Тоҷикистон дар бозиҳо муваффақтар нишон диҳад.

Ahmadshohi_komilllАҳмадшоҳи Комил, рӯзноманигор:

Аслан Узбакистон як кишваре ҳаст, ки дар муқобили Тоҷикистон бисёр зараррасон аст. Ба ҳар роҳе, аз ҳар фишанге, бо далеле ва аз ҳар масире он ҳатман халалашро мерасонад. Вақте, ки меояд, дар мавзӯъи дӯстӣ ҳарф мезанад, ҳадафаш душманист, бадӣ расондан аст. Вақте меояд мегӯяд, ки кореро якҷоя анҷом бидиҳем, барои бадии Тоҷикистон ин корро мекунад. Аз ҳар гуна фишангҳо истифода мебарад, бубинед, роҳи қаторҳоро мебандад, ба ворид шудани газ мухолифат мекунад, яъне аз ҳама гуна фишангҳо ба ҳар тарзу ба ҳар сурати мумкин ё ғайримумкин истифода мекунад ва ба муқобили Тоҷикистон равонашон мекунад. Ин роҳи чандинасари сиёсати он кишвар аст ва ин ҳеч гоҳ тағйир намекунад. Ҳатто бо рафтани Каримов ҳам сиёсат тағйир намекунад. Ин сиёсати ҳамон кишвар ҳаст ва сиёсати бадхохона аст ва ҳеч тағйир намекунад.

Тоҷикистон дигар зораву нола, хоҳишро бас кунад ва аз пушти зиндагӣ шавад, яъне бо ӯ набояд хеҷ гуна роҳи дӯстӣ биҷӯем. Ин сиёсате, ки президен Раҳмон дар амал аз аввал пеш гирифтааст, бисёр дуруст аст . Ӯ намехоҳад, ҳеҷ зарурате нест, ки бо ӯ дӯстӣ кунем. Бе Узбакистон наметавонем бимирем, зинда мемонем, роҳҳои дигар пайдо мешавад, корҳои дигар пайдо мешавад. Бубинед, чанд кишваре пайдо шудааст, ки ҳозиранд ва мегӯянд дар истихроҷи нафту газ ба шумо кумак мекунем. Роҳи беҳтарин ҳамин аст, ки бо унҳо ҳеҷ гуна роҳи дӯстӣ ҷӯстан аслан лозим нест. Бо роҳи худамон, бо зиндагии худамон бояд пеш биравем. Тамом, ана ҳамин роҳ аст дигар . Он гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон обу ҳаво месозанд, ки бо онҳо бояд роҳи дӯстӣ биҷӯем, дуто президент бояд бо ҳам бинишинанд, беҳуда аст. Аслан ҳеҷ кор кардан лозим нест,бо роҳи худамон бояд зиндагӣ кунем.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲУСДТ:

Вақте ки муносибати ду давлати ҳамсарҳад бад шудShokirjon, вобаста ба робитаи худ онҳо кушиш менамоянд, ки ба афкори баъзе давлатҳои минтақа таъсири муассир гузошта, гапи худро низ бо дар назардошти манфиатҳои миллиашон гузаронанд. Акнун сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон, хусусан мардуми Тоҷикистон боз ҳам пасттар шуда, эътибору нуфузи раҳбарияти сиёсии кишвар низ халалдор мегардад. Як чиз боиси нигаронӣ аст, ки бо вуҷуди таъсир доштан Русия барои ҳалли мушкилоти ба вуҷуд омада, хидмати худро пешниҳод накарда истодааст. Чунин вазъият бешубҳа обрӯйи созмонҳои байналмилалии минтақавиро, ки таҳти раҳбарии Русия фаъолият менамоянд, бе қадр мекунад. Вале ман гумон намекунам, ки кор то низоъи ҳарбӣ бирасад.

Бояд тазаккур дод, ки дар фасли баҳору тобистон соҳаи кишоварзӣ ва саноати Узбакистон аз кишвари мо низ бештар вобастагӣ дорад. Шояд бо дарки ин ҳолат чун ҳарвақта ҷониби Узбакистон ба баъзе гузашткуниҳо розӣ шавад. Дигар воситаҳои ба таври осоишта маҳдуд намудани соҳибихтиёрии Тоҷикистон аслан намондааст.

Сироҷи Назар, сокини кишвар:Siroj

 Ба назари ман фишанги асосие, ки имрӯз Узбакистон дар даст дорад ва онро метавонад истифода кунад, ин Маҳмуд Худойбердист, ки солҳо дар он ҷо панаҳ бурдаву оромона зиндагӣ дорад. Дигар ин  Ҳаракти исломии Узбакистон аст ва бояд зикр кард, ки дар фаъолиятҳои он  дасти Тошканд эҳсос мешавад. Агар даст надошта бошад, пас чаро ҲИУ дар Тоҷикистон нисбат ба Узбакистон фаъолтар аст? Дар сурате ки ин ҳаракати узбакҳост ва он ҷо бояд бошад, на дар Тоҷикистон. Дигар чизеро метавон қайд кард, масдуд кардани роҳҳои воридоти маводи ғизоӣ аз дигар кишварҳо тавассути Узбакистон аст, ки  бо  ин амал метавонад норозигии мардумро дар дохили кишвар  боло бибарад ва  вазъро дар кишвар ноором созад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97