ТАЛКО БЕ ГАЗ МОНД. ПЕШГӮИИ ТУРАҶОНЗОДА СОБИТ ШУД?

Сиёсат 10.04.2012 06:48

Қурби аҳди Алимардон се моҳ

Talko__Turajonzoda_01Барои аввалин бор нест, ки ҷониби Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистонро қатъ месозад. Гази узбакиро мардуми оддӣ аз ёд бурдаанду дастгоҳи гази хонаҳояшонро ҳайкал ном мебаранд, бархе болои дастгоҳро пӯшида ба ҳайси миз дар ошпазхона истифода мебаранд. Аммо интиқоли ин газ барои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, ба вижа ТАЛКО идома дошт. Ин дар ҳолест, ки алайҳи фаъолияти ТАЛКО, бо баҳонаи олудасозии муҳити навоҳии наздисарҳадии Узбакистон маъракаи васеъе доман мегустурд ва гоҳе ҳам "ҳомиёни муҳити зист"-и Узбакситон ба майдон мерехтанд ва алайҳи ТАЛКО шиор медоданд. Ин ҳам дар кишваре, ки интиқолдиҳандаи газ ё "хун" ба "раг"-ҳои ин корхонаи азими бозмонда аз замони Шӯравӣ буд.

Пас маълум мешавад, ки ин ҷо бозии дугонае аз сӯйи сиёсатмадорон роҳандозӣ шуда буд, ки мардум ҷузъиёти онро намедонад.

Вагарна ҳеч мумкин нест, ки интиқоли газ ба хонаҳои мардуми Тоҷикистонро бе ҳеч сабабе ҷониби Узбакистон қатъ кунад ва интиқоли он ба корхонаҳои саноатӣ идома пайдо кунад.

Ин ҷо бояд ғами мардумро масъулони тоҷик мехӯрданд. Ҳамчуноне ки ба фикри фаъолияти ин корхонаҳои саноатӣ гӯё будаанд. Аммо рӯзи ба сари мардум оварда, ба сари  ин корхонаҳои саноатӣ ҳам соя афканд.

Ҳанӯз 4 - уми январи соли ҷорӣ Узбакистон бе огоҳии қаблӣ интиқоли газро барои корхонаи азими ТАЛКО қатъ кард. Ва як ҳайати расмӣ таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон барои музокира ва аз сар гирифтани интиқоли дубораи газ озими Узбакистон гаштанд ва барои интиқоли газ барои чанд моҳаке ба Тоҷикистон муваффақ шуданд. Аммо дубора чанд рӯз пеш ҷониби Узбакистон ҳушдор дод, ки сар аз 1 - уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ хоҳад намуд, "хушбахтона" ин дафъа бо огоҳии пешакӣ ва чунин ҳам шуд, яъне Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ кард.

Илоҷи воқеъаи мо пас аз вуқуъ аст

Тоҷикистон солҳо боз ҳамчун як кишвари осебпазаир боқӣ мондааст. Ҳатто бо тоб додани як ҷумаки гази узбакӣ хонаҳо аз гармӣ, нақлиёт дар роҳ, саноат аз кор боз мемонад.

Дар мардуми тоҷик мақоле аст; "илоҷи воқеъа қабл аз вуқуъ". Аммо ҳар дафъа ҷониби Тоҷикистон илоҷи воқеаро баъд аз сар задани он меҷӯяд.

Бар касе пӯшида нест, ки корхонаи алюминиюм солона садҳо миллион доллар даромад дошту дорад, бо чунин даромад тайи чанд соли фаъолият, он метавонист ҳам чоҳҳои газ шикофаду ҳам дар фикри ашёи хоми ватанӣ шавад ва ҳам корхонаро бо ашёи хоми ватанӣ таъмин созад ва боз ҳазорҳо нафари дигарро соҳиби ҷойи кор кунад. Ҳамчунин имконият буд, ки бо ба роҳ андохтан ва коркарди гази худӣ ҳам корхона, ҳам кишварро аз вобастагии гази Узбакистон раҳо кард ва ҳам аҳолиро аз фақр наҷот бахшид, аммо бадбахтона, касе аз масъулини собиқ ва имрузӣ ширкатро ин андеша ҳатто ба гӯшаи хаёл шояд ҳам наомад.

Ҳукумати Узбакистон гунаҳкор ё ҳукумати худамон?

Барои қатъи интиқоли газ киро бояд гунаҳкор донист? Ҷониби Узбакистон, ё масъулини Ҳукумати Тоҷикистонро? Ин аст суоле, ки боястӣ ба он посух ҷуст.

Talko__gaz_02Аслан дар ин моҷаро ҷониби Узбакистонро набояд гунаҳкор донист, зеро газ бойигарии табиъиӣ он кишвар аст ва ҳама ҳақро қоил аст, ки ин бойигариашро ба кӣ фурӯшад, ё умуман нафурӯшад. Давлати Узбакистон бо баҳонаи он ки гӯё аз нокифоягии захираҳои газ дигар наметавонад ба Тоҷикистон газ интиқол диҳад, фишанги қубури гази самти Тоҷикистонро ба тамомӣ тоб дода, маҳкам кард. Агарчӣ ин чандон баҳонаи қобили қабул ҳам нест, чун тибқи маълумоти Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон миқдори истеҳсоли гази як шабонарӯзии Узбакистон зиёда аз 200 млн. мукааб аст, ки ин ба миқдори газе, ки бояд дар соли 2012 ба Тоҷикистон интиқол медод, баробар аст, вале фикр мекунам бо вуҷуди ин, Узбакситон ба қонуншикании ҷиддие роҳ надодааст. Ин ҷо ба гуфти мутахассиси соҳаи энергетика ва раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов муқассир масъулини Хукумати Тоҷикистон мебошанд, зеро дар муддати 20 соли истиқлол мебоист тарҳу лоиҳае омода месохтанд ва василаҳои дигареро пайдо мекарданд, то ба чунин бумбаст намеуфтодем. Номбурда иброз дошт: "Вақте ки чунин мавзуъро матраҳ месозед, бояд бифаҳмед, ки Узбакистон чаро ин корро мекунад? Чаро?

Шумо бубинед, ки мо чаро газ надорем?! Мо газ дорем, дар умқ ё чуқурии то 6 - 6,5 ё 7 км газ дорем, нафт дорем, ҳама чиз дорем. Захираҳои бисёри ангишт дорем, он рӯи замин аст. Дигар ин ки мо бояд худамонро на танҳо аз лиҳози энержии барқароршавандаи об, ки гидроэнергетика мегӯем, таъмин кунем, балки аз энержии барқарорнашаванда, яъне нафту газу ангишт таъмин кунем, то  муҳтоҷи ҳеч касе нашавем".

Ба гуфтаи раҳбари коммунистони Тоҷикистон дар тамоми дунё таҷриба шудааст, ки агар таносуби энергияи барқароршаванда ва барқарорнашаванда, яъне таносуби энергияи ангишту нафту газ бо таносуби энергияи гидроэнергетикӣ, яъне об таъмин нашавад, ҳеч вақт таъмини пурраи бартарияти энергетикии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ нахоҳад шуд.

Шодӣ Шабдолов бо изҳори нигаронӣ гуфт: "Шояд хуб бошад, ки ҳаминҳо ин таҳримҳоро гузоштанд. Газро бубанданд, роҳи оҳанро бубанданд, шояд, ки мо як бор бедор бишавем, ки мо ҳамин чизҳоро дорем, ё не?! Мо гази фаровон дорем, аммо хоб. Тӯли 20 соли истиқлол дар хоб ҳастем, ки кай Узбакистон барои мо дари ҷаннатро боз месозад. Офарини ҳамон Узбакистон, ки газро бастааст. Бисёр хуб кардааст, ки бастааст, то охирин одаме дар Тоҷикистон аст, бифаҳмад, ки ин давлати шӯравӣ нест, ин давлати сотсиалистӣ нест. Ин давлате ҳаст, ки ҳар кас роҳи худашро ҷустуҷӯ дорад, даромад дошта бошӣ, бифармо, надошта бошӣ, гузар он тараф. Ман ҳайрон, наход, ки баъди бист сол ҳаминро ҳам нафаҳмидем. Ба умеди кӣ мешавед дигар. Дар замони иқтисоди бозаргонӣ ва капиталистӣ ба умеди касе набояд буд".

Ӯ ба ҷо ва ба маврид таъкид намуд, албатта ҷониби Тоҷикистонро зарур буд, тайи солҳои истиқлол роҳҳои бурунрафт аз чунин проблемаҳои муҳимро ҷустуҷӯ менамуд ва ба умеди касе намешуд, чунки дигар дар як моҳу ду моҳ, ҳатто чанд соли дигар намешавад ба якборагӣ чунин пружаҳоеро амалӣ намуд. Барои ин кор вақт лозим меояд ва ин корро бояд аз пештар шуруъ менамудем. Оре хобем, хоб.

Дигар салоҳи кор нест, ки ҳар замон муовини сарвазир, ё каси дигарро барои нарм сохтани ҷониби Узбакистон равон сохт. Чунин шеваи кор дигар на ба гуфтушунид, балки ба зорию тавалло бештар шабоҳат дорад.

Мудирияти нокоромад ва сиёсати ғалати ТАЛКО

Зуҳур Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва маъданҳои Тоҷикистон дар замони шӯравӣ мегӯяд, роҳи ҳалли мушкили газ барои корхонаҳои Тоҷикистон дар кутоҳмуддат эҳёи лӯлаи газ аз Шибирғони Афғонистон ба ҷануби Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ин коршинос газе, ки корхонаҳои Тоҷикистон дар замони шӯравӣ истифода мебурд, гази Шибирғон буд, ки аз тариқи лӯлаҳо ба ҷануби Тоҷикистон интиқол меёфт.

Аммо дар замони шӯравӣ гази Шибирғони Афғонистон тавассути Туркманистон ба Узбакистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол мешуд. Зуҳуров мегӯяд, бо дигар кардани масири интиқол ва кашидани каме бештар аз 100 километр лӯлаи газ дар қаламрави Афғонистон, метавон онро ба марзи ҷанубии Тоҷикистон овард ва аз он ҷо ба корхонаҳои умдаи Тоҷикистон интиқол дод. Аммо ин коршинос мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки кони Шибирғон фаъол аст ё не.

Дар ҳамин ҳол Раҳматкарими Давлат, таҳлилгари тоҷик роҷеъ ба шеваи нави мудирият ва натиҷаи сиёсати ғалати Талко, ки боиси печида шудани вазъият байни Тоҷикистону Узбакистон шуда ва хоҳад шуд, чунин ибрози назар кард: "Вазъият нишон дод, ки таблиғи масъулони ТАЛКО дар бораи он ки шеваи нави мудириятро ба роҳ мондаанд, дурӯғе беш набудааст. Акнун маълум мешавад, ки инҳо бояд ба ҷойи дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон барои худ ва дигарон дача сохтан, газогенераторҳои муъосир меоварданд ва аз ангишт тавлиди газро як соли пеш ба роҳ мемонданд. Ё ин ки лӯлаи гази Шибирғонро ба ҷануби Тоҷикистон васл мекарданд. Инҳо ба кори беҳуда машғул шуданд, ки оқибаташ ҳамин шуд. Бастани газ ба сурати мустақим барои мардум зарар надорад, аммо ба сурати ғайри мустақим баъдтар пайомади он маълум мешавад. Ин натиҷаи сиёсати ғалат аст. Тамом. Ин маънои онро дорад, ки муносибати Тоҷикистон ва Узбакистон вориди як марҳилаи хашин ва пуртаниш мешавад".

Мушкили ТАЛКО таърихи дароз дорад

Гузоришҳо аз гирдиҳамойҳое, ки дар навоҳии ҳаммарзи Узбакистон бо Тоҷикистон бар зидди фаъолияти ТАЛКО, корхонаи алюминиюми Тоҷикистон доир мешуд, ҳамчунин рӯзи 29 - уми марти соли гузашта дар шаҳри Сурхчаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон раҳпаймоии эътирозӣ доир шуд, ки эътирозгарон аз таъсири манфии фаъолияти ТАЛКО ба муҳити зисти минтақа норозигӣ изҳор намуданд ва боз чандин намоишҳои эътирозии дигар доир шуданд, ҳокӣ аз ин буданд, ки ҷониби Узбакистон монеъаҳои ҷиддитареро дар ростои ин ширкат ба миён гузоштанист.

Хандаовар ба назар мерасад, ки тай чандин сол роҳҳои ҳалли алтернативии ширкатро бо газ пайдо накарданду акнун мехоҳанд дар чанд рӯз ин проблемаро ба воситаи ангишт ҳал намоянд. Тибқи иттилои радиои "Озодӣ" ширкати ТАЛКО дар пайи қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон ба ин корхона машғули кашонидани ангиштсанг аз кони "Зиддӣ" дар Варзоб мебошад. Игор Сатторов сухангӯи ширкати ТАЛКО гуфтааст, дар ҳоли ҳозир музокирот барои аз сар гирифтани интиқоли газ идома дорад: "Дар ҳақиқат интиқоли газ ба корхона қатъ гардидааст ва дар ҳоли ҳозир мо роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ дорем"

ТАЛКО ва ҳикояти шайх Саъдиву "басня"-и Крылов

Хуб акнун хонандаи азиз худ қазоват намо ва хулосаи хешро аз гузориши сухангӯи як ширкати бонуфузи кишвар иброз намо, ки оё мешавад роҳи ҳалли чунин масоилеро дар як лаҳза ҷустуҷӯ намуд?

Касе агар ҳикояти "Булбул ва мурча" - и шайх Саъдӣ, ё "Стрекоза и муравей" -и Крыловро хонда бошад, дарк хоҳад намуд, ки амалу кори масъулини ширкати ТАЛКО ба ин ҳикояҳо шабоҳати зиёде дорад. Сухангӯи муҳтарами ширкат, ин ягон роҳи ҳалли ҷустуҷӯ надорад, ба ҷуз боз аз зорию тавалло намудан пеши Узбакистон барои дубора аз сар гирифтани интиқоли газ. Сухангӯи муҳтарам, масъулони ин ширкатро мебоист қабл аз қатъ намудани газ роҳҳои ҳалро ҷустуҷӯ мекарданд, зеро мардуми мо мегӯянд; "фикри обро дар хушкӣ мебояд намуд".

Пешниҳоди Тураҷонзода ва хашми мудирони ТАЛКО

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, ки чанд муддат муовинии якуми сарвазириро дар кишвар ба уҳда дошт, дар се соли пеш доири ба фурӯш гузоштани ТАЛКО дар як мусоҳибааш ибрози назар намуд. Ӯ пешниҳод дода буд, ки ба фурӯш гузоштани ин ширкат ба Русия мушкилоти мавҷуд бо Узбакистонро рафъ хоҳад кард, ки дар натиҷа ба мухолифати шадид аз сӯйи мудирияти ТАЛКО дар он замон рӯ ба рӯ шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода аз ҷумла оварда буд: "Агар Ҳукумат ин корхонаро бо нархи хуб ба Русия бифурӯшад (на ба "Русал", чуноне, ки маро муттаҳам кардаанд- Ҳ.,А.,Т.), Русия метавонад ва имкони онро дорад, ки дар шаш моҳи камбарқии мо барқро барои ин корхона худаш аз кишварҳои минтақа таъмин намояд. Дар шаш моҳи фаровонии барқ бошад, барқро аз мо мехарад. Аммо, вақте Роғунро бисозем, он вақт корхонаи алюминий бояд тамоми сол барқро аз мо бихарад. Ин схемаи таъмини барқро метавон дар қарордоди фурӯши корхона шарт намуд. Ба ин тартиб, мо фавран, аз мушкили бебарқӣ озод мешавем. Дар ғайри ин сурат, мо агар Роғунро аз ҳисоби худ бисозем ҳам, ва иншоаллоҳ месозем, сохтмони он камаш 5-6 сол давом мекунад ва масъалаи бебарқӣ, яъне ин фоҷиаи миллӣ ҳамин муддат идома хоҳад ёфт, ки идомаи чунин вазъият аз назари сиёсӣ ва давлатдорӣ хатарнок аст".

Барои раҳоӣ аз фишорҳои Узбакистон номбурда чунин иброз намуда буд:. "Нақшае, ки ман пешниҳод кардам, як навъ схемаи раҳоӣ аз фишорҳои Узбакистон ва безарар кардани мавқеи ин кишвар буд. Агар робитаи мо бо Русия ҳарчӣ хубтару наздиктар бошад, шояд фишори Узбакистон болои мо камтар мешавад. Агар корхонаи алюминийро Русия бихарад, Узбакистон наметавонад барои русҳо дар транзити барқ монеа эҷод кунад. Зеро худи ин кишвар ҳам ба транзит аз тариқи Русия вобаста аст" " ("Миллат" №08, 26 феврали соли 2009, "Афсонаҳои алюминӣ", Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода).

Акнун ки бо гузашти се сол вазъ буҳронӣ шудааст, ин ҳақиқат пеши рӯ меояд, ки мудирияти ТАЛКО камтар дар ғами ҷустуҷӯйи роҳи ҳалҳое барои раҳоӣ аз буҳронҳои дар пешорӯ будаанд, дар ҳоле, ки мушкили дар пешорӯ дар матбуот низ матраҳ шуда буд.

Мушкили ТАЛКО ва мардум

Назари аксари таҳлилгарон бар ин аст, ки аз қатъи интиқоли газ аҳолӣ камтар зиён мебинад, ин ҷо вақте ки мавзуъи қатъи интиқоли газ ба миён меояд, ҳатман пеши назари таҳлилгарон ва мутахассисин аз аҳолӣ дида, ҳамин ширкати ТАЛКО бештар ба назар мехӯрад. Ва масъулин аз проблемаҳои аҳолӣ ва мардум дида, барои ҳали мушкилоти ин ширкат бештар ба ташвиш меафтанд. Чаро масъулин бо ҳазорҳо проблемаҳои барои мардум ва аҳолии кишвар, мисли бебарқӣ, бе газӣ ва бе системаи гармидиҳӣ дар ташвишу тараддуд намешаванд, вале аз қатъ шудани интиқоли газ ба ТАЛКО чунин дар изтиробанд. 

Аммо агар мушкили мардум мушкили ТАЛКО нест, вале мушкили ТАЛКО мушкили мардум низ ҳаст. Зеро аз ин буҳрон низ мардуми бе ин ҳам фақир боз барканор нахоҳанд монд ва ба мушкилиҳои бештаре рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Чун манфиати ТАЛКО муҳимтар ва болотар аз манфиати мардум шинохта шудааст. Аммо бояд роҳҳои алтернативие ҷустуҷӯ шавад, ки аз ҳаққи мардум барои ин корхона ҳақ ситонида нашавад, балки фаъолияти ТАЛКО барои беҳбудии рӯзгори мардум роҳандозӣ шавад. Мардум шоҳиданд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон чӣ гуна дар кунҷи хонаи сарду тираву тор дар интизори расидан ба баҳор менишастанду барқи арзон барои фаъолияти ТАЛКО интиқол мешуд. Ҳатто ёд надорем, ки лоақал барои мардуми осебдида аз сармо аз ҳисоби фоидаи ин корхона як ду кампалу ҷуроби гарм инъом шуда бошад. Аз ин рӯ агар вақте масъулони муҳтарам роҳи алтернативии таъмини ТАЛКО бо гази ватаниро ҷустуҷӯ мекунанд, беҳтар аст, ки аз газе, ки ҳаққи мардум аст ва дар манотиқи ҷанубии кишвар мардум каме аз он баҳраваранд, чашм ало накунанд. Ва роҳҳои дигари кашф, истихроҷ ва интиқоли газро фикр кунанд.  

Ва ҳам ҷониби Русия боз нархи боҷи гумрукиашро барои як тонна сӯзишворӣ 12 дар сад, яъне агар пештар барои як тонна сӯзишворӣ 411,2 доллари амрикоӣ талаб мекард, алъон 460,7 доллари амрикоӣ тақозо дорад, афзоиш додаст, ки ин ба болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боис хоҳад шуд. Фаромӯш набояд сохт, ки бархе аз нақлиётҳо, ки ба воситаи газ кор мекарданд, алъон аз набудани газ танқисӣ хоҳанд кашид ва ин боиси боз печидатар шудани вазъи мардум барои ҳамлу нақл мегардад. Ба гуфти русҳо "беда не приходит одна".

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97