Наврӯзгоҳи байналмилалӣ саҳнаи ҷанги Эрону Амрико

Сиёсат 02.04.2012 19:06

reca_Бо баҳонаи баргузории даври панҷуми Конфронси минтақаии ҳамкории иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA) Тоҷикистон мизбони ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шуд.

Сарони давлатҳои Эрон, Покистон ва Афғонистон бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи RECCA, ҳамзамон дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳузур пайдо карданд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон баъд аз зуҳри рӯзи 24 март вориди Душанбе шуданд ва ҳамчунин ҳайатҳои баландпояи 46 кишвар, 30 созмон ва олимону муҳаққиқони зиёде аз кишварҳои мухталиф дар кори ин Конфронс ва маросимҳои Наврӯзи ҷаҳонии Душанбе ширкат карданд. Ҳоло, бар асоси андешаи огаҳони ҳол, агар ҳам шиштану гуфтану шунидан ва хестану рафтани иштирокчиёни ин Конфронс ҳич натиҷае ба бор наорад, барои Душанбе ҳамин қадар кифоя аст, ки дар ин чанд рӯзи ҷаласот меҳмонхонаҳои 5 ситорадори пойтахт лабрез аз меҳмонҳои хориҷӣ буданд ва табиист, ки даромади хуб ҳам ба даст оварданд.

Аммо ҳар чи буду набуд, биёед яксар дар чанд сатри кӯтоҳ бубинем, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи ҷаҳонӣ то фарҷоми кори RECCA дар Душанбе чӣ гузашт.

------------

Тибқи барномаи аз қабл эълоншуда, Аҳмадинажод, Зардорӣ ва Карзай бо ҳайатҳои худ баъд аз зуҳри рӯзи 24 март вориди Душанбе шуданд. Ҳузури меҳмонони баландпояи хориҷӣ ҳамеша барои сокинони пойтахт мушкилотеро ба думбол дорад. Ин бор ҳам меҳмонон бо ташрифи худ аксари ҷодаҳои марказӣ ва бархе аз ҷодаҳои канории пойтахтро бастанд, ки барои рафту омади сокинон ин ҳолат сахтиҳои фаровоне овард. Аммо шояд меҳмонон ҳам аз роҳҳои пурчоҳи пойтахти Тоҷикистон дили хуше надоштанд.

То шоми 24 март мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Тоҷикистон бо сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон анҷом шуд.

Субҳи 25 март Маҳмуди Аҳмадинажод дар Душанбе муҷтамаи фарҳангии "Хонаи Эрон"-ро ифтитоҳ бахшид.

Ин муҷтамаъ бо сармояи Эрон бунёд шуда ва ҳадаф аз он муаррифии фарҳангу ҳунар ва таърихи ин кишвар будааст.

Интизор меравад, дар ин муҷтамаъ маҳфилҳои адабӣ, назири "Шоҳномахонӣ", "Ҳофизхонӣ" ва "Рӯдакихонӣ" иҷро шавад.

------------

Бо ин ки 6 ҳазор донишҷӯ ва 4 ҳазор донишомӯзи макотиби Тоҷикистон наздик ба 1,5 моҳ зери барфу борон камару кафал ҷунбонданду ба намоишҳои ҷашнии Наврӯз омода шуданд, аммо Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай нахостанд ин намоишҳоро бубинанд. Ҳукумати Тоҷикистон миллионҳо сомониро харҷи ҷашнгирии Наврӯзи ҷаҳонӣ кард, аммо 2 меҳмони баландпояи ба ин ҷашн даъватшуда, нахостанд мустақиман ин намоишҳоро тамошо кунанд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки ё ҳавои боронӣ монеи ҳузури Аҳмадинажод ва Карзай дар Наврӯзгоҳ гардид ва ё шеваи ин намоишҳо, ки муғойир ба низоми давлати Эрону Афғонистон буданд ва ин президентҳо шояд бо мақсади шоҳид нашудани камарҷунбониву кафалҷунбонии раққосаҳои мо ва "бори гуноҳи худро бештар" накардан, аз иштирок дар намоишҳо парҳез карданд. Ба ҳар сурат, бори дигар собит шуд, ки зиёни "маршировка" аз фоидааш бештар аст. Аммо ин воқеа ба хотири кас ҳамон ҳикояти меҳмонии Рӯбоҳу Лаклакро меорад, ки зарфи ғизохӯрии Рӯбоҳ барои гардани дарози Лаклак номувофиқ меояд ва Лаклак низ дар навбати меҳмон шудани Рӯбоҳ кӯзаи гардандарозеро пур аз шавла мекунад, ки бечора Рӯбоҳ наметавонад аз он ғизоро берун бикашаду нӯши ҷон кунад ва бо ҳамин дӯстии Рӯбоҳу Лаклак хатм мешавад.

Аз ин рӯ хуб мебуд, ки вақте мо меҳмон даъват мекунем, дастархон ва базми худро бо назардошти хостаҳои меҳмонони олиқадр танзим намоем, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.

Аммо ба фарқ аз ин ду президент, оқои Зардорӣ то охири намоишҳои наврӯзӣ ҳамроҳи ҳамтои тоҷики худ дар Наврӯзгоҳ ҳузур дошт.

----------

recca_05Дар саргармии таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Душанбе ин хабар даррасид, ки Афғонистону Туркманистон хостаанд, дар солҳои баъдӣ мизбони Наврӯзи ҷаҳонӣ бошанд. Зимни Ҳамоиши байналмилалии Наврӯз-2012 қарор бар ин шуда, ки соли 2013 Туркманистон ва соли баъдӣ, яъне 2014 Афғонистон мизбони Наврӯзи ҷаҳонӣ бошанд.

Ҳамоиши байналмилалии Наврӯз - 2012 дар "Кохи Сомон" бо ширкати сарони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва мақомҳои баландпояи бархе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо қабули "Баёнияи Душанбе" ба поён расид.

Паёми наврӯзии президентҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иди Наврӯзро барои кулли мардуми дунё табрик гуфт. Ҷаноби Раҳмон Наврӯзро ниёзе барои ҷаҳон арзёбӣ кард ва гуфт, "эътирофи Наврӯз аз сӯи Созмони Милал ҳаргиз иқдоми тасодуфӣ нест."

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон аз Наврӯз ба унвони ҷашни шукуфоии инсон ном бурд ва гуфт, "ин ид ба унвони ҷашни миллӣ ва бостонӣ решаҳои қавии таърихӣ дорад."

Маҳмуд Аҳмадинажод, севумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Душанберо фурсати хубе барои густариши иртиботи фарҳангӣ, тақвияти дӯстӣ ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ арзёбӣ кард ва гуфт, "аз ин фурсат бояд гомҳои муассире бардошта шавад."

RECCA - 5:

Баъд аз хатми маросимҳои наврӯзӣ, дар Душанбе панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон шурӯъ шуд. Ҳамаи ҷаласоти бахшида ба ин Конфронс дар тӯли 2 рӯз дар "Кохи Сомон"-и пойтахт баргузор гардид. Раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмимҳои чор конфронси дигари RECCA-ро умдатан иҷронашуда номид. Ҷаноби Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ҳамоиши Душанбе хоҳад тавонист, сафҳаи тозаеро дар роҳи бозсозӣ ва рушди иқтисодии Афғонистон боз кунад.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, зимни сипос аз Тоҷикистон ва кишварҳои ширкаткунанда аз онҳо даъват кард, ки аз марҳилаи ҳарф ба марҳилаи амал дар ростои барномаҳои иқтисодии Афғонистон бигузаранд. Ҳомид Карзай гуфт, дар чаҳор конфронси дигари RECCA асосан усули фикрӣ ва барномаҳои иқтисодӣ пайрезӣ шудаанд ва изҳори умедворӣ кард, ки иҷлоси панҷум марҳилаи иҷрои ваъдаҳо хоҳад буд.

Нутқи сиёсии Аҳмадинажод ва "перекури" амрикоиҳо

reca_01Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон низ гуфт, бояд санаде мураттаб шавад, ки кадом кишвар ба Афғонистон чӣ ваъда дода ва то куҷо ваъдаи худро иҷро кардааст. "Агар ҳамаи ваъдаҳои кӯмак ба Афғонистон иҷро шавад ҳам, ин роҳи ҳалли мушкили он кишвар нахоҳад буд", - афзуд ӯ. Ҳамзамон Аҳмадинажод роҳи ҳалли мушкилоти ин кишварро дар ихроҷи зудҳангоми нируҳои НАТО аз Афғонистон арзёбӣ кард. Ӯ бо ироаи чанд пешниҳод барои ҳалли мушкили Афғонистон, аз ҷумла гуфт, ки кишварҳои узви НАТО агар 5 дарсади буҷаи низомии худ ва ё 25 дарсади масрафи нируҳои НАТО дар Афғонистонро дар муддати 10 сол дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор бидиҳанд, онҳо мушкили худро ҳал хоҳанд кард. 

Ба ҳангоме, ки Аҳмадинажод дар нишасти панҷуми RECCA суханронӣ мекард, ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Роберт Блейк, ёвари котиби давлатии Амрико толорро тарк карданд. Ин амалкарди ҳайати амрикоӣ зоҳиран нишони эътироз ба ҳарфҳои раисиҷумҳури Эрон унвон мешавад. Ҳайати амрикоӣ танҳо пас аз анҷоми суханронии Маҳмуд Аҳмадинажод дубора ҷойҳои худро дар толори конфронс ишғол карданд.

Зардорӣ: "Омадам, то паёми сулҳи Покистонро бирасонам"

Сухангӯи дигари ин ҳамоиш Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон гуфт, Афғонистони аз нигоҳи иқтисодӣ босубот ба нафъи амнияти минтақа ва мубориза бо терроризму ноамнӣ мебошад. Покистон барои иҷрои ваъдаҳои худ дар Афғонистон то кунун сармоягузориҳои зиёде кардааст. Ӯ гуфт, "ман ин ҷо ҳузур дорам, то тааҳҳуди Покистонро барои сулҳ ва суботи Афғонистон нишон диҳам".

Бо анҷоми нишастҳои аввалияи RECCA коршиносони тоҷик аз назароти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштироккунандаи ин Конфронс бардоштҳои мутафовитеро ироа карданд. Дар расонаҳо коршиносон изҳор доштанд, ки хуруҷи зудҳангоми неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба бесуботии ин кишвар ва минтақа мерасонад ва бархеи дигар ҳам азҳори ҷонибдорӣ аз хуруҷи сареъи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистонро карданд.

Аммо Блейк паёми ҷанг дошт

Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (ба ин мақом ё вазифа таваҷҷуҳ кунед!) , дар як нишасти мутбуотӣ дар Душнабе аз кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон хоста, ки дар чорчӯби таҳримҳо алайҳи Эрон "аз ҳар гуна муомилоти тиҷорӣ бо ин кишвар" худдорӣ кунанд.

Дар ин нишасти матбуотӣ бо таваҷҷуҳ ба ин ки Амрико тайи чанд соли ахир стратегияи густариши ҳамгироии минтақаии миёни Осиёи Миёна ва Ҷанубиро дунбол дорад, ин савол матраҳ шуд, ки то чи андоза ин стратегия бидуни ширкати Эрон, ки таърихан дар минтақаи Роҳи Абрешим нақши муҳимме доштааст, имконпазир аст? Роберт Блейк дар посух гуфт, ки ин стратегия бидуни Эрон имконпазир аст. Ва ба гуфтаи ӯ кишварҳои минтақа тарҳҳои алтернативе барои рушди минтақа бидуни ҳамкорӣ бо Эрон доранд. Вай ба унвони мисол аз тарҳи кашидани лӯлаи газ аз Туркманистон ба Покистон аз тариқи Афғонистон ишора кард. Чунин барномаҳо, ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин аз тарҳҳое барои эҳёи роҳҳои байналмилалӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Покистон, дастрасӣ ба бандарҳои дарёӣ ва густариши хариду фурӯши барқ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон ва Покистон иборатанд.

Роберт Блейк дар ин нишасти матбуотии худ тарки ҷаласаи RECCA- ро аз сӯйи ҳайъати амрикоӣ чунин шарҳ дод: "Мо аз ин ки Президент Аҳмадинажод аз ҳамоиши иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон, ки қарор буд дар он масоили ҳамкориҳо бо Афғонистон матраҳ шавад, барои ворид кардани иттиҳомоти бепоя алайҳи Амрико истифода кард, ноумед шудем."

Аҳмадинажод виҷдони бедори башар аст

Аммо дар ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон, ки ду рӯз дар Тоҷикистон идома дошт, Эрон ба алоқамандии худ барои пайвастан ба шабакаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Афғонистон таъкид кард.Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар суханронии худ дар ин ҳамоиш иллати аслии буҳрони Афғонистонро "сиёсатҳои тавсеъаталабонаи НАТО ва давлатҳои узви он" хонд ва гуфт то замоне ки ин сиёсатҳо барқарор аст, ислоҳи вазъ мушкил хоҳад буд.

Вай аз давлатҳои узви НАТО, бавижа Амрико, даъват кард, ки "сиёсати хасмонаи" худ алайҳи миллатҳоро тағйир диҳанд: "Ин ба нафъи худи онон аст. Давраи имперотуриҳо ба поён расидааст. Касоне, ки аз таърих ибрат нагирифтанд, муҷозот хоҳанд шуд." Рост мегӯяд! Агар Амрико ҳамчунин ниятеро надорад, чаро ҳайъаташ ҷаласаро тарк мекунад ва дар нишасте, ки барои ҳамгироии минтақаӣ баргузор мешаад, тухми нифоқу ҷудоӣ меандозад. Агарчӣ рӯйирост иқрор намекунад, мехоҳад Эронро аз харитаи ҷуғрофии минтақа ҳазф кунад. Вагарна ин ҳарфҳо чист, ки мегӯяд, ҳамгироии иқтисодӣ бидуни Эрон, пайкараи муҳими минтақа бояд сурат бигирад. Ин ҷо Амрико манфиати кишварҳои минтақаро чаро мадди назар намегирад ва мехоҳад манфиатҳои Амрикоро рӯйи ин кишварҳо таҳмил кунад? Ин магар сиёсати султаталабӣ ва имперотурӣ нест, ки Аҳмадинажод рӯйи он таъкид кард?! Оре, ҳамин аст, султаҷӯйӣ. Чӣ чизи дигар метавонад бошад?

Маҳмуд  Аҳмадинажод ҳамчунин дар ин нишаст хостори хуруҷи сареъи нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва пардохти ғаромат ба ин кишвар аз сӯйи Амрико ва НАТО шуд. Албатта ин барои Амрико хӯшоянд нест. Аммо ба нафъи мардуми Афғонистон аст.

Ҳар рӯз башарият шоҳиди ваҳшонияти нируҳои низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон аст. Куштани тифлони бегуноҳ аз сӯйи ин низомиёни зархарид чӣ шарҳе метавонад дошта бошад. Магар ин бадтар аз сиёсати толибонӣ нест?! Худое накарда, ин корро як табаъае аз минтақаи мусалмоннишин анҷом медод, валвалае Амрико ва думравонаш барпо мекарданд, ки на танҳо фарди муҷрим, балки ҷомеаеро маҳкум ба бандитизму терроризм мекарданд.

Аз ин рӯ Маҳмуди Аҳмадинажод он чӣ дар нишасти Душанбе гуфт, рост гуфт. Ӯ виҷдони бедори миллатҳост, ки дар баробари сиёсати султаҷӯёна ва имперотурхоҳии Амрико қад алам кардааст.

Блейк кист?

reca_02Ҳақикат ин аст, ки ба Блейк набояд ин ҷуръат дода мешуд, ки аз Тоҷикистон даъвати қатъи робита бо Эронро ба миён биорад.

Аммо ин Блейк кист? Кӣ ва чаро ӯро даъват кард, то чунин даъвоеро матраҳ кунад? Тарафдорони Блейк киҳо ҳастанд дар ин сарзамин? Чаро ӯ дар иди фараҳ, иди бахшиш, иди нишот, иди ваҳдат кишвари мо меояд ва бо мо амр медиҳад, ки бо узви пайкари худ Эрон қатъи ҳамкорӣ кунем. Ин даъват ба душмании тоҷик аст. Кист, ки ошкоро мехоҳад сарро аз батн ҷудо бисозад? Блейкро бояд нонград кард. Магар ин Эрон набуд, ки дар рӯзҳои сахт барои Тоҷикистон шуда, аз гулӯи Узбакистон гирифт ва гуфт, роҳро ба Тоҷикистон боз бикун, вагарна роҳат дар масири ба Эрон баста хоҳад шуд?! Амрико куҷо буд, ин ҳама дам, ки бо ҳама сиёсати нобихрадонаи Узбакистон дар қиболи мардуми тоҷик ҳеч гоҳе ангушти интиқод ба сӯи он баланд накард?! Чаро Узбакистон ҳақ дорад дар сармои шадид, интиқоли газ ва ҳатто убури барқи Туркманистонро аз қаламраваш ба сӯйи Тоҷикистон , балки ба сӯйи мардуми бечораи тоҷик қатъ кунад, сиёсаташ террористи ё фашистӣ унвон нашавад?! Аммо Эроне, ки мехоҳад барои баҳрабардории ҳарчи бештари мардумаш ба энержии ҳастаӣ даст биёбад, маҳкум аз сӯйи Амрикост? Ин сиёсатро ном якест; манфиатҷӯйии Амрико.

Аммо мардум кӯру кар нест. Ин ҳамаро бо чашмони сар мебинад. Хубро аз бад, дӯстро аз душман, фоидаро аз зарар фарқ карда метавонад. Аз ин рӯ дар рӯзи сахтӣ мардуми тоҷик бародарони ирониро дар паҳлӯйи худ дарёфтанд, аз сардӣ дар кампали иронӣ печиданд, аз гармии бухориҳои иронӣ ба ҷонашон дармон омад,  дар баробари зӯргӯйии давомдори жандарми минтақа Ислом Каримов садои бовиқори Аҳмадинажодро шуниданд. Аммо аз Амрикое, ки як гектар замини ҳамвори самаровари сарзамини камзамини моро бо бунёди бункер-сафоратхонаи худ забт кардааст, дар баробари ин ҳама бадбахтиҳои мардуми мо ва ҷабри ҳамсояи девордармиёни мо Узбакистон, ки ҳам гурӯҳи хунхори Маҳмуд, сарҳанги балвогарро ба хотири таҳдид бар мо дар оғушаш гирифтаву мепарварад, садое нашнидем. Ё шумо дар суҳбатҳои махфиёнаатон гуфтеду мо нашнидем?!

Аз ин рӯ беҳтар аст, Блейк, бирав ва дигар ҳеч гоҳе бо ин ҳадафҳои хасмонаат сарзамини поки тоҷикро олуда насоз!!!

 Ин ҳам ногуфта намонад, ки ин ҳарфҳо набояд ба унвони ҳимоят аз режими Эрон дониста шавад. Ҳақиқат ин аст, ки агар даргирие ба миён биояд, режим бо таърихи пурифтихори Эрон хоҳад сухт. Ҳимоят бояд аз ифтихори мо, аз собиқаи мо, аз ҳақиқат бошад, на аз режим.

------

Эъломияи Душанбе-2012

Билохира, 27 март RECCA-5 бо қабули Эъломияи Душанбе-2012 анҷом ёфт. Дар поёни кори ин конфронс, зимни як нишасти хабарӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Зулмай Расул, вазири умури хориҷаи Покистон баъзе аз ҷузъияти ин эъломиро ироа карданд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ҷаноби Зулмай Расул, ширкаткунандагони ҳамоиш дар мавриди иҷрои 17 тарҳи иқтисодӣ барои Афғонистон ба тавофуқ даст ёфтаанд. Бештари тарҳҳое, ки дар ин ҳамоиш пешниҳод шудаанд, эҷоди хатҳои роҳи оҳан ва автомобилгард ва ба ин васила густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ пеш аз ҳама миёни Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро дар назар дорад.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, бунёди роҳи оҳан, бунёди хатти интиқоли нируи барқ , лӯлаҳои газ аз Туркманистон ба Осиёи Ҷанубӣ аз тариқи Афғонистон, хатти интиқоли нируи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон (CASA-1000)-ро аз ҷумлаи ин тарҳҳо хонд.

Вай афзуд: "Хатти роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба воситаи Афғонистон ба Туркманистон, хатти барқ бо ҳамин масир ва ҳамчунин хатти лулаи газ ва дигар пружаҳои иқтисодие, ки ҳам дар ҷараёни кори конфронс ва ҳам дар мулоқотҳои дуҷониба, сеҷониба ва чаҳорҷонибае, ки дар ҳошияи конфронс буд, муҳокима шуданд ва бисёре аз онҳо ба хубӣ пазируфта шуданд."

Мулоқоте, ки Блейк нахост шарҳ бидиҳад

Аз сӯйи дигар, бино ба гузориши Вазорати хориҷаи Амрико, Марк Гроссман, намояндаи вижаи ин кишвар дар Афғонистон ва Покистон бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дидор карда ва масоили мавриди баррасӣ дар нишасти НАТО-ро бо ӯ дар миён гузоштааст.

Ин мулоқот рӯзи 26-уми март дар пойтахти Тоҷикистон, дар ҳошияи ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ дар умури Афғонистон баргузор шудааст. Дар ин бора Виктория Нулонд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико иттилоъ додааст. Вай ба хабарнигорон гуфтааст: "Ӯ бо Президент Карзай дар бораи нишасти қарибулвуқуъи НАТО, бахусус дар бораи коре, ки ҳамаи мо барои кумак ба нируҳои мусаллаҳи Афғонистон анҷом медиҳем, суҳбат кард." 

Аммо Роберт Блейк дар нишасти матбуотии худ аз ироаи ҷузъиёти ин нишаст худдорӣ кард.

Ба ин тартиб кори RECCA-5 баъд аз зуҳри 27 март дар Душанбе хотима ёфт ва меҳмонон Тоҷикистонро тарк карданд.

Ёкуби Саид, Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97