Нуфузи исломи сиёсӣ: иштибоҳи давлатҳои худкома ё кумаки Ғарб?!

Сиёсат 20.03.2012 12:59

Nufuzi_islomi_siyosiДодситонӣ нашри санадҳои маҳрамона дар интернетро таҳқиқ мекунад. То он замоне ки маълум шавад, ин ҳуҷҷатҳо аслӣ буданд ё сохта, ба як баҳси дигар мепардозем. Шарт нест, ки аслӣ будани ин санадҳо тайид шавад ва он гоҳ муносибати гурӯҳи ҳоким ва ҲНИТ ба таниш рӯ ба рӯ шавад. Вокуниши ҲНИТ аз ҳоло маълум аст ва онро ба унвони воқеъият қабул кардааст. Барои ин ҳақ низ дорад. Нашри ин санадҳо баҳси ҳукумат ва наҳзатро дубора ва бештар доғ кард. Баҳсе, ки аз баъди интихоботи соли 2010 ба ин сӯ ҳаргиз фурӯкаш накард ва аз шитоби он коста нашудааст. Бояд гуфт, ки интихоботи соли 2010 давлатро аз ҲНИТ ба шиддат нигарон кард, аммо давлат, ки таҳлилгарон ва барномарезони қавӣ надорад, натавонист аз ин иттифоқ панди дуруст бигирад. Ва иллати бархурди ахир бо ҲНИТ, хонаводаи Ҳ. А. Тураҷонзода ва бархе расонаҳо низ дар ҳамин аст. Ин бархурд дақиқан ғалат аст. Ин ҳамаи талош барои костан аз нуфузи ҲНИТ ва гурӯҳҳои дигар аст, аммо бо усули умдатан ғалат. Агарчанд бояд гуфт, ки аввалин бор дар як муқобилаи таблиғотӣ гурӯҳҳои мухолифи Ҳ. А. Тураҷонзода бештар чира шуданд, то ӯ.

Давлат аз баъди интихоботи соли 2010 ба шиддат аз афзоиши нуфузи ҲНИТ ва гурӯҳҳои мазҳабӣ нигарон аст ва ин нигаронӣ ҷо ҳам дорад. Дар он интихоботи порлумонӣ гурӯҳҳои мазҳабӣ бештар фаъол будани худро нишон доданд. Ва ҳатман раъйи бештаре ба даст оварданд, ки давлат интизори онро надошт. Интихоби мардум ғайри интизори давлат ва гурӯҳи ҳоким буд, ба ин далел мақомот то ҷое ғофилгир ва шокӣ шуданд. Ва акнун  таблиғоти имрӯзии давлат алайҳи ҲНИТ ва гурӯҳҳои исломӣ аз ҳамин зовия об мехӯрад. Дар воқеъ ин танҳо ҳукумати Тоҷикистон нест, ки аз фаъол шудани гурӯҳҳои мазҳабӣ нигарон бошад. Марказҳои таҳлилӣ ва ниҳодҳои марбутаи давлатҳои дигар, хоса кишварҳои ғарбӣ низ аз ин хусус гузоришҳои пай дар пай нашр кардаанд.

Аммо  ҳақиқати интихоботи 2010 ин аст, ки ҲНИТ аввал овози ҳамаи касонеро ба даст овард, ки мухолифи режим эътироз доштанд. Дуввум, бидуни шак раъйи ҳамаи ҷонибдорони худ ва ҷонибдорони ҳаракатҳои миллӣ ва озодихоҳиро низ ба худ ихтисос дод. Севвум, Кабирӣ ба унвони як тоҷик ва мазҳабии муътадил тавонист, орои ҷонибдорони ҳамаи шахсиятҳои ҳаракати миллӣ- озодихоҳӣ, назири Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров, Давлат Худоназаров, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ва бархе норозиён дар дохили давлат ва ҳатто афроди исломситезеро, ки бо давлат мухолифат доранд, ба худ ҷалб бикунад.

Аммо ҳақиқати имрӯз ин аст, ки гурӯҳҳои исломӣ ё исломхоҳони сиёсӣ воқеъан фаъол ҳастанд. Вале ҳақиқати дигар ин аст, ки фаъол будани ин гурӯҳҳо ғалати худи ҳукумат аст. На танҳо аз ҳукумати Тоҷикистон, балки аз ҳамаи ҳукуматҳои дигари худкомаи ҷаҳони ислом. Хезиши гурӯҳҳои мазҳабгаро дар шарқи Африқо ва арабнишинҳо, аз Либӣ, Урдун ва Миср ва ба даст овардани мавқеъҳои порлумонӣ дар бархе аз арабнишинҳои дигар, табиист, ки гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ихвониро дар кишварҳои минтақаи мо низ илҳом бахшидааст. Акнун боло гирифтани ин гурӯҳҳо дар кишварҳои арабӣ ин манзараро (хоса дар назари ғарбиён) ба намоиш гузоштааст, ки гӯё мардуми ин мамолик саросар мазҳабгаро ва пуштибони ҳаракатҳои исломӣ ҳастанд. Феълан чунин бардоште дуруст аст. Аммо боз ҳам чунин нест. Ин иштибоҳи ҳамон режимҳои худкома ва диктатории арабист, ки ҳеч нируи дигарро, хоса нируҳои ғайри мазҳабии мухолифи худро маҷоли қад алам кардан надоданд. Ҳукуматҳои худкомаи арабӣ, ки ҳамроҳаки демократии ғарб буданд, умдатан ҳамнавъони худро аз зоти демократ ва миллигаро нест карданд, то исломгароҳоро. Гурӯҳҳои ҳокими ба истилоҳ демократӣ ё халқӣ -демократӣ дар Осиёи Миёна низ, умдатан мухолифони демократи худро саркӯб карданд. Ва гурӯҳҳои ихвонӣ бар асоси ангезаҳои мазҳабии худ ҳамчунон дар пушти парда фаъол монданд. Асли пояндагии онҳо ва ақидаи онҳо робитаи онҳо бо хориҷ ва пуштибонӣ диданашон буд. Ғарб ҳамеша пуштибони исломи сиёсӣ буд ва ҳаст. Ва умедвор аст, ки аз гурӯҳҳои исломӣ ва ҳизбҳои исломӣ-сиёсӣ истифода хоҳад кард, мисли он, ки ин истифодаро дар Урдун, Миср, Либӣ, Марокаш кард ва дар Сурия ҳоло мекунад. Танҳо ҳизби исломии минтақаи мо низ, ки ҲНИТ аст, вақте дар моҳи майи соли гузашта нахост номзади худро дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе сабти ном кунад,  сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико номаи худ аз КМИР-ро пас гирифт ва гуфт, ки нозиронаш  интихоботи рӯзи 15 майро назорат нахоҳанд кард. Ҳоло ман намегӯям, ки ҲНИТ дар паноҳи марҳамати Амрикост мисли ҳама гурӯҳҳои исломии дигар дар саросари олам. Аммо ба сароҳат ва бидуни тардид эълон мекунам, ки барои ҳеч ҳизби демократӣ ва ҷумҳурихоҳе, на дар Тоҷикистон ва на дар ҳеч куҷои олам Амрико чунин ҷон нахоҳад коҳонд. Мисли он ки қудратҳои ғарбӣ ва худи қудратҳои арабӣ агарчанд ин гурӯҳҳоро намехостанд, аммо ҳамеша аз онҳо истифода кардаанд. Хоса дар низоъҳои кишварҳои дигар, мисли Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Қафқозу Балкан.

Аз ин ҳам агар бигузарем, ҳоло вақте ин режимҳои арабӣ суқут кардаанд ва ё рӯ ба суқутанд, як нируи мунсаҷими дорои барномаи коромади сиёсӣ дар аксари ин кишварҳо мавҷуд нест, ки раҳбарии ҷомеъаҳоро ба даст бигирад. Магар боз ҳам нируҳои мазҳабгаро. Ин натиҷаи иштибоҳи ҳукуматҳои худкомаи арабист. Вақте ҳассосиятҳои мазҳабӣ, ки натиҷаи фишор ба ин гурӯҳҳо ва саркӯбии ҳамаи гурӯҳҳои дигар аст, пушти сар шавад, шоҳиди коҳиши мавҷи мазҳабгароӣ дар ин мамолик ҳам хоҳем буд. Ҳоло мо шоҳиди рӯи по истодани режимҳои мазҳабӣ ба қувваи зӯр ҳастем. Шояд ҳам аксарият ба ин қаноъат расидаанд, ки агар масалан, истифода аз зӯр набошад, режимҳои имрӯз чӣ мазҳабӣ ва ғайри мазҳабӣ, дар ҳеч интихоботе раъйи кофӣ барои пирӯзӣ ба даст намеоваранд. Бигузоред, чанд муддат арабнишинҳо озод бошанд, нируҳои дигари солим шакл бигиранд ва авзоъ ба ҳолати одӣ бар гардад, коҳиши мазҳабгароиро шоҳид хоҳед шуд. Ин як амри ҳатмист. 

Акнун бирасем сари Тоҷикистон. ҲНИТ, ки як гурӯҳи сиёсӣ ва исломгарост ва давлат низ аз он, ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар нигарон аст, аслан иштибоҳи худи давлати Тоҷикистон аст. Чӣ гуна? То оғози музокироти давлат ва мухолифин, баҳси дигар аст. Дар воқеъ наҳзат нируи аслии ҷангии мухолифонро ташкил мекард. Раҳбарии ҳаракати ҷангу сулҳ дар дасти ин гурӯҳ буд. Аммо ин маънои онро надошт, ки кори баъди сулҳро низ ба ин гурӯҳ бояд супурд. Гурӯҳҳои дигар умдатан таъзиф шуда буданд ва афроди аз гурӯҳҳо ба ҲНИТ пайваста буданд. Вале аз сӯи дигар ҳамаи имтиёзи ҷангу сулҳро давлат ба ҲНИТ дод. Яъне танҳо рақиби худ ҲНИТ -ро сохт ва бузург кард. Дар интихоботи соли 1999 танҳо номзади ин ҳизб сабти ном шуд, номзадҳои нируҳои мустақил ва ғайри мазҳабӣ канор монданд. Мисли Султон Қувват. Ҳақиқат ин аст, ки номзади ҲНИТ дар ин интихобот обрӯ касб накард, балки ҳамаи сармояи андӯхтаи сиёсияшро барои ҳамеша ё ҳадди ақал то кунун аз даст дод. Раиси ҲНИТ дар рӯзи интихобот таҳримро шикаст ва бар рағми мавқеъи номзади ин ҳизб дар интихобот ширкат кард. Аммо дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳукумати дунявӣ як ҳақиқатро ба намоиш гузошт, ки агар мо набошем, муҳимтарин нируе, ки метавонад ба қудрат бирасад, ҳамин гурӯҳи исломист. Бо ин роҳ аз як сӯ мардум ва аз сӯи дигар ҷомеъаи ҷаҳониро тарсонданд. Вале дар навбати худ ба мардум гуфтанд, ки ҲНИТ нируи бузурге ҳаст. Ин таблиғот буд ва мардум ба он бовар кард.

Дар интихоботи порлумонии соли 2000 низ, ки боз ҳамин тавр тақаллуб ва натиҷааш аз пеш тайин буд, ҳукумат ду намояндаи ҲНИТ ва гурӯҳи исломиро иҷозаи вуруд дод ва ба ин бовар буд, ки "ҳаёҳуй ва ҷанг мекардагиҳо ҳамонҳо буданд, мегиранд, ором мешаванд". Ин иқдом ҳам рекламаи ҲНИТ буд. Ҳеч имкон надошт, ки дар ҳамон интихобот Аслиддин Соҳибназаров дар муқобили Сайидқул Билол шикаст хурда бошад. Омори расмӣ 48% ба нафъи Соҳибназаров буд. Вақте ин иқрори мақомоти расмӣ бошад, бояд ҳадди аққал 20 фоизи дигар ба он изофа намуд. Аммо агар дар баробари ду намояндаи мулло, ду намояндаи зиёӣ ва нируҳои демократиро ҳам ҳукумат вориди майдон мекард, ҳоло ба ин рӯз гирифтор намешуд. Агар Аслиддин Соҳибназаров ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров ё масалан, Ойниҳол Бобоназарова ҳам дар баробари ду исломӣ дар соли 2000 -ум вориди маҷлис мешуданд, ба бовар метавон гуфт, ки фазои сиёсии дигар медоштем. Аммо ба маҷлис роҳ надодани нируҳои миллӣ ва демократӣ дар соли 2000-ум мудҳиштарин иқдом дар ҷиҳати саркӯбии ин нируҳо буд. Доштани намоянда дар маҷлис барои ҳаракатҳои навпои сиёсӣ хеле муҳим аст. Чаро, зимни инқилоби Қирғизистон Роза Отунбоева раҳбари давлати муваққат шуд, на ягон мард? Зеро танҳо намояндаи барҷастаи мухолифини Боқиев буд, ки дар чашми мардум ва ҷомеаи байналмилал "легитимность" ё ҳаққонияти намояндагии мардуми қирғизистонро дошт, яъне намояндаи маҷлис буд. Албатта раҳбарони ҳаракатҳое низ дар дунё вуҷуд доранд, ки аз нигоҳи мавқеи иҷтимоӣ ҷойгоҳи онҳо болотар аз вакилии маҷлис буда ё аст, мисли устод Раббонӣ, ё Аҳмадшоҳи Масъуд ё Муҳаммади Хотамӣ, Евгений Примаков ва дигарон. Аммо дар воқеияти Тоҷикистон мо чунин шахсияте надорем. Ба ин далел, тардид надорам, ки ҳамин ҳоло ҳам, ки интихобот баргузор шавад, ҳеч касе дар Кӯлоб ва Душанбе бо номи Қувват Султон ва Аслиддин Соҳибназаров ёрои рақобатро надорад. Инро барои рӯшан шудани ҳақиқате мегӯям, ки бовар кунед, нируҳои миллӣ ва демократӣ саркӯб шуданд.

Муҳимтарин иштибоҳи давлат ин аст, ки мехоҳад дар муқобили мактаб бо нируи шахсият, вазир, милиса ва ҳатто давлат мубориза кунад. Аммо ҳамаи ин шахсияту мақом бо ҳам тавони мубориза бо мактабро надорад. ҲНИТ мактаб аст, мактаби исломи сиёсӣ. Дар муқобили он артиш ба кор намеравад. Дар муқобили он бояд мактаб дошт. Мактаби солим. Он мактаб мактаби ҳаракатҳои миллӣ ва демократӣ буд, ки аввал Фронти халқӣ ва баъдан ҳамин давлат онҳоро саркӯб кард. Ва ба ҷои онҳо ҲНИТ -ро бузург сохт.

Ҳоло қобили дарк нест, ки чи гуна давлат аз як тараф дар муқобили ҳаракатҳои исломи суннатӣ масҷиду мадраса иқдом мекунад, аз сӯйи дигар дар муқобили гурӯҳҳои исломхоҳ ё қудратхоҳи сиёсӣ назири ҲНИТ қарор мегирад. Ин рафтор бедаранг ҷонибдорони ҲНИТ-ро бештар мекунад.

Ба зиндон фиристодани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров як тарафи масъала буд, аммо пароканда кардан ва таъзифи ҲДТ ба нафъи кӣ буд? Чӣ зарурат дошт ин кор?  Албатта хиёнати бархе аъзои аршади ҳаракатҳои демократӣ низ аз ҳофизаи таърих зудуда намешавад, мисли Сатторзодаву Холиқаназарову Масъуд Собиру дигарон. Аммо мардони пайкоргари ин ҳизб аз ақидаи худ канор нарафтаанд.

Сохтани ин ҳизбҳои кисагӣ низ дардеро даво нахоҳад шуд. Касе, ки шахсият нест ва дастнишондаи каси дигар ва ё гурӯҳи дигар аст, чӣ гуна метавонад дар майдони сиёсӣ аз ҳаққи дигарон дифоъ кунад? Инҳо ҳизб не, ҷамъе мурдаи сухтаанд. Халос. Коре аз дасти инҳо сохта нест.

Ва бо ин ҳама тарсе, ки ҳукумат дорад, агар воқеъан ин санадҳо ҳақиқат бошад, (ки ҳоло додситонӣ ҳақиқати онро баррасӣ дорад), пас мо низ тарсидаем. Агар он ҳам набошад, муносибате, ки бо муллоҳо ва ҲНИТ давлат ахиран ба роҳ мондааст, ҷои нигаронӣ дорад. Зеро худое нахоста, агар иттифоқе назири арабнишинҳо пеш биояд, умдатарин нируе, ки дар баробари давлат қарор мегирад, ҳамин гурӯҳҳои мазҳабӣ хоҳанд буд, ки он гоҳ ҲНИТ кӯчактарини онҳо мешавад. Ин маҳсули кори ҳукумат аст. Пас ҷанобон, бидуни таъхир ба ислоҳот оғоз кунед, ҳам худатонро наҷот диҳед ва ҳам ҷомеъаро!

Ҳоло шонсе ки ҷомеаи Тоҷикистон ва ин давлат овардааст, он аст, ки раҳбарии ҳаракати исломи сиёсӣ дар Тоҷикистонро як муллои муҳофизакори мутаассиб бар уҳда надорад. Балки ҳарчӣ ҳам бошад, раҳбари ин наҳзат Кабирӣ, агарчанд бо андешаи умдатан мазҳабӣ, вале обхӯрдаи ҳаракатҳои миллӣ-демократӣ ва озодихоҳист.

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97