Ҳушдори Кремл ба Қасри миллат: Дар баҳси Роғун Бонки ҷаҳонӣ тарафи шуморо нахоҳад гирифт

Сиёсат 05.03.2012 08:09

Bahsi_Rogun_va_UzbakoУзбакистон талош дорад, бо истифода аз тезутунд шудани вазъият дар атрофи Эрон, масъалаи сохтмони Роғунро ба "савдо" бигузорад. 

Ташдиди вазъият дар атрофи Эрон ва дар иртибот бо он афзудани ҳамлу нақли муҳимоти низомии нируҳои НАТО ба Афғонистон, ки дар сурати таҷовуз алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон нақши муҳиммеро бозӣ хоҳанд кард, Осиёи Марказиро ба минтақаи муҳимме барои амалисозии тарҳҳои низомӣ табдил кардааст. Таъминоти нируҳои низомиро маҳз мавқеъгирии бархе аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ асар мебахшад.

Дар айни замон, бо вуҷуди ин ки Вашингтон дар умури дохилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дасти дарозе дорад, аммо сатҳи нуфузаш дар ин кишварҳо барои таҳаққуқ бахшидан барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии мавриди назараш; ҷиҳати идораи равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ва дар ниҳоят нақши ғолиби худро дар минтақа тасбит кунад, мусоидат намекунад.  

Бо таваҷҷуҳ бо тамоюли ИМА, дар навбати аввал кафолати интиқоли муҳимотро ба Афғонистон таъмин менамояд, (махсусан ин дар ҳоли сард шудани равобити Амрико ва Покистон хело муҳим аст), дар навбати дуввум назорати ҳамлу нақли гидрокарбонҳо аз минтақа ба бозори ҷаҳониро тақвият мебахшад, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Кохи Сафед барои эҷоди ҳамкориҳои зич ба кишварҳои минтақа мушаххас мешавад. Аз миёни ин кишварҳо Вашингтон ҷойи вижаеро барои Узбакистон қоил аст.

Бояд зикр кард, ки дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ ошкор шуд, ки ҳукумати Обама таҳрими расонидани кумаки низомӣ ба Узбакистонро барои мустаҳкам кардани равобит ба ин кишвар, қатъ кард. Зеро ин кишвар яке аз занҷираи муҳимми стратегӣ барои таъмини нируҳои ҷангандаи НАТО дар Афғонистон ба шумор меравад.  Амрико ба сабаби нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ин кумакҳоро манъ карда буд.  Маълум аст, ки шароити марбут ба ҳуқуқи инсон дар Узбакистон ҳеч тағйир наёфтааст, аммо вазъи ҷаҳон тағйир хӯрда…

Ҳамзамон дар аввалҳои феврал маълум шуд, ки Русия ва НАТО гуфтушунид дар бораи таъсиси роҳи нави - бозгашт  барои интиқоли муҳимоти низомии нируҳои мустақар дар Афғонистонро анҷом додаанд. Ин роҳи нав тавассути Уляновск сурат хоҳад гирифт. Тибқи нақшаи нав борҳои низомии кишварҳои НАТО тавассути тайёраҳо сурат гирифта, аз ҷумла тайёраҳои Русия низ ширкат мекунанд, ки аз Афғонистон ба ФР ва аз он ҷо тавассути  роҳи оҳан ба Аврупо интиқол меёбанд. Тавре нашрияи русии "Коммерсант" овардааст,  гуфтушунидҳо дар ин мавзуъ беш аз яку ним сол идома доштаанд ва он замоне шурӯъ шуда буд, ки Узбакистон дигар нахост онҳоро дар бозгашт аз қаламрави худ, иҷозат бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол аз ҳамкориҳои ахири Амрико ва Узбакистон дар бахшҳои гуногун метавон хулоса кард, ки Тошканд ба ҳама хостаҳои Вашингтон дар мавриди ҳамлу нақли муҳимот аз Афғонистон ҳозир аст. Аммо ин танҳо дар сурате имкон дорад, ки Кохи Сафед Узбакистонро дар баҳси бунёди НБО-и Роғун бо Тоҷикистон дастгирӣ кунад. Тавре интизор мерафт, масъалаи дастёбӣ ба манобеъи об дар шаклгирии вазъияти сиёсӣ ва низомӣ дар минтақа ғолиб боқӣ мемонад.

Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки  аз ҷумлаи муассиртарини  фишанг имкон дорад, таъсири Вошингтон бар натоиҷи ҳисобот  тавассути Бонки Ҷаҳонӣ  дар бунёди НБО-и Роғун ба мақсади манъи сохтмони ниругоҳе бо чунин иқтидор дар чунин шароити хоси заминшиносӣ бошад. Аз чунин натиҷагирӣ Душанбе наметавонад сармоягузорони ғарбиро ба ин тарҳ ҷалб намояд ва бо надоштани маблағи кофӣ ин пружа дар рӯйи коғаз хоҳад монд. Бояд қайд кард, ки дар чунин шароити сангин ҳамлу нақли маводҳои зарурӣ барои нируҳои амрикоии Афғонистон ба яке аз авлавиятҳои муҳим (махсусан дар баробари муташанниҷ гаштани вазъ дар атрофи Эрон) табдил шудааст. Дастгоҳи Обама пурра метавонад ба чунин "ёрӣ"-е  ба нафъи Тошканд даст занад ва ҳеч шакке нест, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ низ (ки комилан мадюни Вашингтонанд) дақиқан он чизеро  менависанд, ки зарур аст.

Артур Вашеров, номзади илмҳои сиёсӣ - Маскав,

барои нашрияи "Миллат" - Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97