Пойгоҳ бояд бе пул ва ба муҳлати 49 сол дода шавад ё не?

Сиёсат 01.03.2012 10:19

Diviziyai_201Сайфулло Муллоҷонов, ҷомеашинос :

Ин пойгоҳ ба ҳеч ваҷҳе бояд бе пул дода нашавад. Ба хотири он ки ба ҳамон андозае, ки Русия барои мо зарур аст, ҳузури низомии Русия дар ин ҷо ба ҳамон андоза бо назардошти ҷойгоҳи стротегиву ҷуғрофии Тоҷикистон барои Русия низ зарур аст.

Saifullo_MulojonovvvГузашта аз ин мо дар замони истиқлол тақрибан ягон имтиёзи вижаи ҳукумати Русия нисбат ба Тоҷикистонро надидем, ба ғайр аз дахолати рӯирост дар солҳои ҳамон муқовимати шаҳрвандӣ ва боз ҳам дар ба имзо расидани Созишномаи сулҳ. Аз ин рӯ, ҳатто барои мисол бигирем ҳамин қирғизҳоро, имтиёзоти бештаре Русия барояшон қоил шуда, масалан, дар масъалаи бензин ба қирғизҳо гузашт карданду ба мо не. Барои чӣ мо ин пойгоҳро ройгон дар ихтиёри як кишвар бояд қарор бидиҳем? Ва дуввум ин ки фикр намекунам, ки бастани ин қарордод ба муддати 49 сол зарур бошад, 49 сол, яъне ним аср. Дар ним аср маълум нест ҳаводиси дунё чи тур тағйир мехӯрад. Баъд саввум нуқта ин ки, дар ҳар сурат ҳузури низомии як кишвар дар кишвари дигар истиқлоли як кишварро камрангтар мекунад. Бо дар назардошти ин далелҳое, ки номбар кардам, чунин назар дорам, ки ба ҳеч ваҷҳ пойгоҳи низомиро ройгон ва барои дарозмуддат ба кишваре дигар надиҳем.

SUKHrob_SHArIpovvvСӯҳроб Шарипов, вакили парлумон:

Ҳоло дар ин маврид комиссия кор карда истодааст. Дар он ҷо ба фикри ман тамоми масъулияти таносуби манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва манфиатҳои миллии Русияро дар назар мегиранд ва ман фикр мекунам, ки ба манфиати миллат ва давлати Тоҷикистон қарор бояд бароварда шавад ва салоҳияти комиссия хело ҳам васеъ аст. Ба андешаи ман камтари дигар интизор шудан даркор. Гап дар сари он аст, ки кори ин комиссия хело ҳам ҷиддӣ ба охир расида истодааст. Дар асоси созишномаи сарварони ду давлат, бояд то охири март ин созишномаҳо ба ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд ва вақте ки пешниҳод карда мешавад, боз баррасӣ мешавад. Ман фикр мекунам, дар миёни ҷомеа ин баррасӣ бояд шавад, ҷамъияти Тоҷикистон, равшанфикрон, сиёсатмадорон, парламент ва дигарҳо бояд низ нуқтаи назари худро дар ин ҷо муаррифӣ кунанд. Пас ҷамъулҷамъ мо- тамоми давлати Тоҷикистон ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ, ин масъалаи хело ҳам ҷиддӣ ва нигаронкунандаро бояд ба манфиъати миллии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳал бикунем. Мавқеъи худи ман ин аст, ки ҳатман ин қарордод дар асоси пулакӣ бошад, ё ин ки дар асоси ҳимояти манфиатҳои миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошад. Ин созишнома чи гуна намуд мегирад ва чи гуна гуфтушунид анҷом меёбад, ба гуфти тоҷикон "пеш аз пода чанг андохтан" нашояд. Лекин ҳамаи мо мефаҳмем, ки ин масъала, масъалаи хело ҳам ҷиддӣ, пурмасъулият ва яке аз масъалаҳои ҳалкунандаи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Барои ҳамин вазни ин масъала барои миллату давлати тоҷик хело ҳам гарон мебошад.

Он шиорҳо ва изҳоротҳое, ки дар шароити пеш аз интихоботии Русия, ки зиёда аз 6 моҳ ба ин сӯ аз интихоботи Думаи давлатӣ ва интихоботи дар пеш истодаи президентии Русия, садо доданд, баъзе нигарониҳоро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Лекин ба андешаи инҷониб ин як намоишномае буд, ки барои сиёсати дохилии Русия равона шуда буд, то бо истифода аз он бархе аз сиёсатмадорони Русия ба ҳадафи худ бирасанд, ба Думаи давлатӣ ва ба мақоми президентӣ интихоб шаванд. Пас кори ҷиддӣ баъд аз моҳи март шуруъ мешавад. Ҳозир ҳар чи номзадҳои Русия ба мақоми президентӣ мегӯянд, барои ҷалби интихобкунандаҳои худ мегӯянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки гӯё сиёсатмадорони рус бузург ҳастанд ва манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунанд, ки ин бояд ҳамин гуна бошад.

Дар мавриди 49 сол бастани шартнома метавон ба таҷрибаи дигар давлатҳо назар кард. Дар ин ҷо комиссияи бо салоҳият аст, албатта назар мекунад, сарварии ин комиссия ба уҳдаи муовини вазири корҳои хориҷа аст ва мебинанд, ки дар дигар давлатҳо ин пойгоҳҳо чи гуна амал мекунанд, барои чандсолаҳо созишнома баста мешаванд ва чи гуна нархҳо пешбинӣ мешавад. Худи арзиши ин пойгоҳ хело ҳам масъалаи мушкил аст, лекин навобаста аз ин, вазъи иқтисодӣ, хатарҳо, нигарониҳо ҳамаи ин бояд нарх дошта бошад. Ин масъулияти бисёр ҷиддӣ ҳам барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам аъзои парлумон ва ҳам сарвари давлат мебошад. Ман фикр мекунам, натиҷаи кори комиссияро бояд интизор шавем ва бубинем, ки чи гуна назарро Русия пешниҳод кардааст ва назари ҷониби Тоҷикистон чи гуна аст. Ба назари ман, ин ки ин созишнома моҳи март ба имзо мерасад, ин хато аст. Акнун ба таври ҷиддӣ корҳои техникӣ, нарх гузоштан, нигарониҳоро ба назари эътибор гирифтан ва ғайраҳо ҳаматарафа таҳлил мешаванд ва ба сарварони ҳарду давлат ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия барои ба як хулоса омадан, пешниҳод мешавад, яъне ки кор нав ҷиддӣ шуруъ мегардад.Ин кори як рӯзаю ду рӯза нест, мумкин аст, ки солҳо тӯл бикашад, мумкин то соли 2014 давом биёбад. Албатта мо дар ин ҷода мухолифи ҳар гуна зургӯӣ ва фишор оварданҳо ҳастем, агарчӣ баъзе сиёсатмадорони Русия ин гуна амалҳоро хосторанд. Аммо мо бояд иродаи ҷиддӣ ва масъулият доштанро пеши миллату давлат дар назар гирифта, ин масъаларо ба фоидаи ояндаи халқи тоҷик ва амнияти кишвар ҳал намоем.

Ғании Одина, муҳандис:

-Дар робита ба ҳамин суол мехоҳам ба суоли дигаре посух бигирам, ки барои кадом хидматҳои анҷомдодааш ин пойгоҳ ба Русия бе пул ва он ҳам ба муҳлати 49 сол дода шавад? Магар бар ивази ин ҳама таҳқир, мешавад, ки ин пойгоҳро ройгон дод? Умуман сиёсати замони путинӣ барои мардуми тоҷике, ки дар муҳоҷират ба сар мебурданду мебаранд, ҳеч сабукие наовард. Хуб, акнун он ҳама азобу машаққате, ки ҳамватанони мо дар Русия ба хотири хӯрондани хонаводаҳояшон мекашанд, ин чизи дигар аст, вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро онҳо таҳқир шаванд? Тамоми анвоъи азобу машаққатро метавон таҳаммул кард, аммо намешавад таҳқирро қабул кард. Ҳукумати путинӣ боре ҳам нахост ҷилави ин таҳқиргаронро бикашад. Кор то ба ҷое кашида, ки чанд нафаре гумон мекунам, ки ба амрози руҳӣ гирифторанд, ба таҳқири миллате пардохтанд, ки решаи дарахти фарҳангаш аз умқи тамаддунҳо баҳра мегирад. Ҳар кас худ боре андеша намояд, ҳамин як миллатчие бо лақаби Тесак, ки чанде пеш ба Тоҷикистон омада буд, оё гумон мекунед, ки руҳан солим буд? На, ин ҳаргиз солим нест, агар солим мебуд, модараш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаби боздошташро наменамуд. Ин айб аст, ки як миллати мутамаддин аз тарафи чунин афроди нолоиқе таҳқир шавад. Агар ба хотири ин ҳама "хидмат"-ҳо ин пойгоҳ бепул дода шавад, дигар ҳоҷати гап задан нест. Ман ҳамчун як шаҳрванди тоҷик, ки ҳамватанони дар муҳоҷират будаам дар Русия таҳқир мешаванд, ҳеч забонам намегардад, ки бигӯям, ин пойгоҳ ба Русия дода шавад, он ҳам боз бе пул ва ба муҳлати 49 сол. Дар мавриди муҳлаташ ҳаминро гуфтаниям, ки 49 сол муҳлати хело дароз аст. Ин муҳлат бояд кам карда шавад, ҳадди аққал 10 - 15 сол бошад.

Mahmadali_Hait_01Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ:

- Аслан, ҷой додани пойгоҳи кишвари бегона, ҳарчанд ба мо дӯст бошад ва ҳарчанд барои Тоҷикистон шарики стратегӣ бошад, барои 49 сол ин хуб нест. Ҳар чӣ ҳам бошад, бояд барои муддати кутоҳ бошад ва агар барои арзи вуҷуди чунин як пойгоҳ дар кишвари мо зарурат эҳсос шавад, он гоҳ он бояд ба муддати кутоҳ ба имзо расаду баъдан тамдид шавад. Аз нигоҳи дигар, буду боши пойгоҳи низомии Русия ба манфиати ҳукумати Тоҷикистон аст, вале ба манфиати мардум нест. Бинобар ин ҳам ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз розӣ шудааст, ки бар ивази ҷой, замин, макон ва умуман пойгоҳ барои як қувваи бегона бидуни дарёфти кадом маблағе онро иҷозат диҳад. Вале бори дигар мегӯям, ки ин ба зарари миллат ва давлати Тоҷикистон аст. Аз ин ба баъд бояд ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди пойгоҳ ба таври ҷиддӣ фикр кунад ва бидуни маблағ иҷозат надиҳад, кадом хориҷие дар ин ҷо ҷову маконе пайдо карда бошад. Бояд иҷораи пойгоҳ бар ивази маблағ бошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97