Инҳо бояд истеъфо диҳанд: Шералӣ Гул, Абдураҳим Қаҳҳоров, Қосим Қосимов

Сиёсат 16.02.2012 11:10

 

Гар амр шавад, ки маст гиранд...


Se_vaZIRRRКрис Ҳиюн, вазири энергетикаи Бритониё барои баланд кардани суръати ҳаракати мошин, истеъфо дод. Шералӣ Гул, вазири энергетика ва Қосим Қосимов, вазири кишоварзии мо барои гум шудани миллионҳо сомонӣ дар ниҳодҳои зери роҳбарияшон такон намехӯранд.

Истеъфо барои суръати баланди мошин

Вазири энергетикаи Бритониё дар иртибот бо парвандаи тахаллуфи ронандагӣ истеъфо дод. Ин вазири Бритониё, ки ба иттиҳоми мунҳариф кардани раванди ҷазоӣ дар иртибот бо як парвандаи қадимии марбут ба тахаллуфи ронандагӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор гирифтааст, аз симати худ истеъфо дод.

Ин парванда ба як мавриди таҷовуз аз суръати маҷоз иртибот дорад ва ҷаноби Ҳиюн, муттаҳам аст, ки агарчӣ худ муртакиби ин тахаллуф шуда буд, аммо аз Вики Перис, ҳамсари собиқаш хост ба дурӯғ масъулияти ин тахаллуфро бар уҳда бигирад.

Крис Ҳиюн, яке аз аъзои баландпояи ҳизби Либерал-демократи ҳизби ақалият дар давлати эътилофии кунунии Бритониёст. Ҷаноби Ҳиюн ва ҳамсари собиқаш эълом кардаанд, ки дар иртибот бо ин парванда ҳеч кори иштибоҳе анҷом надодаанд.

Аммо вазирони тоҷик чӣ?

Ҳар сол созмонҳои пажуҳишии байнулмилалӣ Тоҷикистонро дар радифи фасодзадатарин кишварҳо ном мебаранд. Дар зимни ин Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳар сол аз ҷой доштани фасоди густарда дар бахшҳои гуногун хабар медиҳад. Тибқи омори тасдиқшудаи ин Оҷонсӣ аз рӯйи миқдори бештари маблағҳои гумшуда вазорати кишоварзӣ, вазорати маориф, вазорати беҳдошт дар радифи аввал қарор доранд ва бино ба санҷиши гузаронидашуда бештарин мавриди фасод дар ин ниҳодҳо ошкор шудааст.

Аммо бубинед, ки дар ҷаҳони имрӯз ҳатто барои босуръат ё тез рондани автомобил соҳибмансабон, ҳатто вазирон расво мешаванд, аз вазирӣ канор мераванд. Дар мо, ки ин аслан қобили қабул нест. Шералӣ Гул, Қосим Қосимов… бо ин ки миллионҳо сомонӣ дар сохторҳои тобеи идораашон дуздида мешавад, ҳич гапе намешавад. Истеъфо чӣ, ки агар ҳади касе, то бигӯяд, ин пул дуздида шудааст ва вазир бояд ҷавоб бигӯяд. Ҷойи он ки ин вазирони муҳтарам аз ба яғмо рафтани пули зиёд дар сохторҳои тобеъву зертобеъи идораашон хиҷолат бикашанд, афсӯс бихӯранд ва истеъфо бидиҳанд, дар бархе ҳолат омодаанд бо чанголу дандон аз "имиҷи"- худ дар ҷомеа дифоъ бикунанд ва роҳаттар дар курсии вазирӣ такя бизананд. Дар ҳоле ки соли 2010 фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи масъул будани вазирон барои амалҳои коррупсионии тобеъонашон содир шудааст. Ва дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "...бо мақсади таъмини иҷрои самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва тақвияти муқовимат ба коррупсия фармон медиҳам: …Ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо уҳдадории бевоситаи муқовимат ба коррупсия бо муқаррар намудани масъулияти шахсӣ вогузор карда шавад". Куҷо шуд масъулияти шахсӣ, - "персональной ответственности"?! Касе иҷрои фармонҳои Президентро назорат мекунад? Ҳоло боз мебинем.

Вазири маорифро фасод чапа кард?

24 январ Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Абдуҷаббор Раҳмонов дар пайи камбудҳои ҷиддӣ аз мақоми вазири маориф барканор шудааст. Ӯ гуфт: "Хабарнигорон ҳамеша аз мо мепурсанд, ки чаро Оҷонсӣ вазирону кабиронро боздошт намекунад. Ҳол он ки агар Оҷонсӣ дар ин маврид далели қотеъ дошта бошад, чаро пайгирӣ нахоҳад кард? Вазири маорифро дар пайи ҳисоботи мо ба сарвари давлат, аз вазифа гирифтанд. Камбудиҳои ҷиддӣ ва изофанависие, ки дар соҳаи маориф буд, ҳамаи инро мо ба сарвари давлат ҳисобот додем. Дар соҳаи маориф дар соли 2011 беш аз 80 ҳолати фасод ошкор шудааст. Дар як ноҳияи Рӯдакӣ дар интернати маъюбон беш аз 300 ҳазор сомонии хусусияти коррупсионӣ дошта фош гардид."

Абдуҷаббор Раҳмонов аввалин вазирест, ки дар пайи ҷой доштани фасоди густарда дар ниҳоди зери назараш, аз вазифа озод мешавад, балки ба вазифаи дигари роҳбарӣ интиқол дода шуд. Агар ин суханон ҳақиқат бошад, пас хуб аст. Агарчанд баъид метавон донист, ки вазирон ва масъулони мо дар пайи ифшои дуздӣ дар муассисаи зери назарашон барканор шаванд. Агар сабаби барканории Раҳмонов, расвоии молӣ дар вазорати маориф аст, пас бояд, ба мақоми ректорӣ дар донишгоҳ ҳам таъин намешуд. Зеро Донишгоҳи омӯзгорӣ даргоҳи муқаддас аст ва намешавад, касе роҳбари он бошад, ки соя бар рӯй дошта бошад. Аммо ба ҳар ҳол солҳо боз мардум шоҳиданд, ки дур андохтани бисёре аз соҳибмансабон аз қудрат дар Тоҷикистон дер давом намекунад ва дер ё зуд ба мақоми навбатии раҳбарӣ соҳиб мешаванд. Дар бисёр маврид ҳатто ба вазифаи болотаре таъин мешаванд.

Вазоратҳои "фасодзада"-и дигар чӣ?

Дар Ҷаласаи солонаи ҳукумат аз се вазорат ба унвони ниҳодҳое, ки дар он сирқати бештар ҷой доштааст, ном бурда шудааст. Дар ҷойи авввал вазорати энержӣ бо 15, 6 миллион сомонӣ ва вазорати кишоварзӣ бо 9,5 миллион сомонӣ қарор доранд. Дар гузориши худ Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия, рӯзи 24.01.2012 гуфт: "Таҳлилҳои Оҷонси назорати молиявӣ собит сохт, ки камбудиҳои зиёди молиявӣ, хусусан дар вазорати энергетика ва саноъат, 15, 7 миллион сомонӣ ва дар вазорати кишоварзӣ 9, 5 миллион сомонӣ, хадамоти гумрук 6 миллион сомонӣ, хадамоти алоқа 3,9 миллион сомонӣ, вазорати маориф 2, 3 миллион сомонӣ, вазорати мелиоратсия 1,8 миллион сомонӣ, вазорати тандурустӣ 1,3 миллион сомонӣ, ВКД 1,1 миллион сомонӣ ошкор карда шуданд. Аз 15, 7 миллион сомонии дар сохторҳои вазорати энергетика ошкоршуда, зиёда аз 12 миллиони он ба шикати холдингии "Барқи тоҷик" рост меояд.

Камбудиҳо ва норасоиҳои ҷиддӣ дар тафтиши хоҷагии молиявии вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои он ошкор, хусусан дар соҳаҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ ошкор карда шудаанд. Чунончи дар соли 2010 аз ба вазорати хоҷагии қишлоқ аз буҷети Ҷумҳурӣ барои харидории тухмии зироатҳои кишоварзӣ 6 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, ки ба ин маблағ аз Федератсияи Русия 2 ҳазору 100 тона картошкаи тухмӣ харидорӣ шудааст. Аз бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа 1 ҳазору 355 тона, ба андозаи 64, 5 фоизи он талаф дода шудааст, ки зарари молиявии он зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ ё ба қадри 58, 3 фоизи маблағи аз будҷет ҷудо гардидаро ташкил медиҳад.

Тафтиш дар хоҷагии зотпарварии ба номи Туйчӣ Эрйигитови ноҳияи Ашт муайян намуд, ки аз 15123 сар чорвои майдаи хоҷагӣ, 7500 сари он, яъне зиёда аз 50% саршумори умумии чорво ба маблағи 1 миллиону 814 ҳазор сомонӣ тасарруф, яъне дуздида шудааст. Аз 15 123 сар 7500 сар! Зиёда аз 50%. Гарчанде, ки хоҷагии мазкур дар давоми се соли охир 7 маротиба аз ҷониби ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла прокуратура мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Зарари умумӣ ба маблағи 2 миллиону 419 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Ба миқдори 2581 сар чорвои тасарруфгардида барқарор карда шуд. Таваҷҷуҳ кунед, 2581 сар. Ба таври натуравӣ, зеро бо маблағ камтар мешуд.

Тафтиш дар хоҷагии зотпарварии Ҳисори ноҳияи "Фархор" зарари молиявиро аз ҳисоби камомади 2 ҳазору 259 сар чорвои майда ва калон ва дигар камбудиҳоро ба маблағи умумии 820 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки аз он дар рафти тафтиш ба маблағи 324, 8 ҳазор сомонӣ чорво ва зарари молиявӣ барқарор карда шуд. Зиёда аз 23 объекту муассисаҳое, ки ба ҳамин хоҷагӣ тааллуқ дошту ғайри қонунӣ хусусӣ карда шуда буд, ба моликияти хоҷагӣ, яъне давлат барқарор карда шуд. Парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар мутасаддиёни хоҷагӣ тафтишаш анҷом шуда ва ба суд ирсол карда шудааст".

Вот вам господа, Косим Рахбарович ва Шерали Гул! Ин кам аст?

"Дабири бознишастаи Шӯрои амният" ё қариб бознишаста

Тааҷҷуб барангезтарин таъйинот таъйиноти Абдураҳим Қаҳҳоров ба курсии Шӯрои амният низ ҳаст. Агар мо фасоди идорӣ, яъне суъистифода аз мансабро дар вазорати дохилӣ, (хусусан боздошти афсарони ВКД дар қочоқи мухаддирот ва шиканҷаро) ки ахирнан ба сурати густарда ифшо шуд, бовар кунем. Дар он сурат ба курсии Шӯрои амният рафтани Қаҳҳоровро метавон таноқузи 10 соли охир унвон кард. Мантиқ куҷост, ки аз як сӯ бӯйи фасоде, (хонда шавад чирке, "гряз") ки аз ниҳоди зери роҳбарии ӯ баъди рафтанаш мехезад, оламро пахш мекунад, аммо ин шахс ба курсии болотаре такя мезанад, аз ҷумла нозири фаъолияти вазорати дохила хоҳад буд.

Ҷой доштани фасоди густарда, ба хусус дар ҷиноят даст доштани бархе аз мақомҳои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон (ки назми ҷомеа ба уҳдаи онҳо вогузор шудааст) ва боздошти силсилавии як теъдоди азиме аз онҳо аз он дарак медиҳад, ки фасоди идорӣ бештар аз он чи дар омор гуфта мешавад, дар вазоратҳои Тоҷикистон, ба вижа дар вазоратҳои қудратии кишвар,( ки амнияи ҷомеа ба онҳо бастагӣ дорад) мавҷуд аст. Аммо собиқ вазири корҳои дохила Қаҳҳоров дар мансаби болотаре дабири "Шӯрои амният" такя задаст. Ва ин гӯё ҳеч касеро дар ҷомеа безобита намекунад. Ва суоле ҳам матраҳ намешавад, ки пас ин "ҷинояткорони пагондор" чаро ба чунин вазифаҳои масъул дар ин ниҳод раҳ дода шуданд ва бо имзои "шариф"-и кӣ?!

Як чизи дигарро ҳам бояд таъкид кард, ки ин фикр хатост, ки дабири Шӯрои амният ҳатман бояд шахси низомӣ ё амниятӣ бошад. Ин мақом як мақоми сиёсӣ аст, на низомӣ ва амниятии комил. Ва соҳиби ин курсӣ бояд пеш аз ҳама шахсияти миллӣ, донишманд, сиёсатмадор ва ҳадафманд бошад, то манофеъи Тоҷикистонро аз зарари он ташхис дода тавонад.

Вакилони олуда ба фасод

Тибқи гузориши ахири Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия, дар вазорати маориф дар соли гузашта 85 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст. Дар ин марҳила 1 ҳазору 199 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои коррупсионии иқтисодӣ, ки 416 ё 44,6% ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин буда, 122 -тои он ҳолати ришваситонӣ будааст, ки аз 73 тои он аз сӯйи ходимони давлатӣ ва соҳибмансабон сурат гирифтааст.

Дар маҷмуъ 152 ҷинояти коррупсионӣ аз сӯйи раисони мақомоти маҳаллии ҳукумат сурат гирифтааст, аз инҳо 503 нафар кормандони вазорат ва сохторҳо буда, ки 140 нафарашон кормандони мақомоти қудратӣ ва умури дохилии кишвар будаанд. Ҳамчунин 7 нафар аз ин ҷумла вакилони мардумӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ будаанд, ки дасти олуда ба фасод доштаанд.

Аз рӯйи меъёри Бритониё ва Тоҷикистон

Хуб, ҳаволаи миллионҳо маблағи гумшуда аз ҳаққи мардуми шарифи Тоҷикистонро ба мақомоти қудратӣ вомегузорем. Ва бармегардем, ба Бритониё, ки меъёри ахлоқ дар он ҷо ба чӣ ченак карда мешавад. Вазири энергетика барои дар кадом соле вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва бо суръат рондани моншин, ва пинҳон доштани ин ҷурм аз назари мақомот, маҷбур ба истеъфо шудааст. Аммо 15,7 миллион сомонӣ аз бахши энергетикии Тоҷикистон гум мешавад, (дар ҳоле ки мардуми бечора солҳо боз ҷабри ноуҳдабароии масъулони ин соҳаро мекашанд, аммо мардуми Бритониё ҳатто як сония аз нируи барқ марҳум намемонанд), вале Шералӣ Гул вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон роҳаткурсии худро намехоҳад тарк кунад. Чаро бояд волидон барои ҷурми фарзандон тибқи муқаррароти Тоҷикистон муҷозот шаванд, аммо роҳбарону вазирон барои дуздида шудани миллионҳо сомонӣ ҷавоб нагӯянд? 9,5 миллион сомонии гумшуда аз бахши кишоварзӣ куҷо шуд? Магар онро дар як соат гум карданд, ки масъулон бехабар монданд? Чаро бояд ҷафои ин ҳамаро мардуми бечора бикашанд? Чаро бояд вазири кишоварзӣ посухгӯи амалҳои зердастонаш набошад? Чаро бояд миллионҳо сомонӣ гум шавад, ғайб занад, Қосим Қосимов вазир бимонад?

Пас биёед барои миллионҳо маблағи гумшуда аз ин вазоратҳо ва ниҳодҳои тобеъи он мукофот таъсис бидиҳем ва ҳамасола дар баробари фош кардани камбудҳо ва маблағҳои дуздидашуда барои вазирону раисони ин ниҳодҳо медал бисупорем. Ва агар лозим шавад ҳайкал ҳам мегузорем. Ин кори номумкин нест, ба ҳар ҳол ин ҷо Бритониё ҳам нест. Ин ҷо ҳама кор имкон дорад, ҳатто агар тамоми маблағи буҷа ба яғмо биравад, муҳим вазир одами "худӣ" бошад, шуд.

Вагарна қавлест маъруф:

Гар амр шавад, ки маст гиранд,

Дар шаҳр ҳар он ки ҳаст гиранд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97