"Был геноцид, но против таджикского народа"

Сиёсат 11.02.2012 10:21

Жириновскийи васвосӣ ва ё жожгӯйии навбатии Жирик

GirikkkkЕгор Холмогоров, журналист- ровии барномаи "Честний понедельник"-и телевизиони НТВ-и Русия , дар бораи "қатли ом" (генотсид) - и русҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба Вазорати умури хориҷаиТоҷикистон пешниҳод кардааст, ки « Аз изҳороти хилофи воқеъият даст бикашанд ва бо ҳамдастӣ бо кумитаи тафтишотии Русия комиссияе таъсис бидиҳанд, ки ин ҷинояти дар мавриди русҳо сар задаро тафтиш кунанд". Ин вокуниши Холмогоров баъди он пахш шуд, ки Вазорати умури хориҷаиТоҷикистон рӯзи 2 феврал зимни як баёния сару садоҳои бархе аз сиёсатмадорони Русияро дар мавриди наслкушии русҳоро дар солҳои навадум бе асос хонда, эълом дошт, ки дар ин бора ба мақомоти ин кишвар нота ё ёддошти эътирозӣ бифиристад. Давлат Назрӣ, сухангӯи ВКХ мегӯяд, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ мухолифат байни русу тоҷик вуҷуд надошт, далелҳои "қатли ом" - и русҳо низ дар даст нест ва ин бофтаи хаёлоти бархе аз сиёсатмадорони рус аст.

Баъди он Холмогоров, дар блоги ЖЖ (Маҷаллаи Зинда)-и худ овардааст, ки "дар натиҷаи тафтишоту тадқиқот метавон воқеияти ин қазияро рӯшан кард, ки ин амал генотсид буд ва ё поксозии қавмӣ".

Матбуоти расмии Тоҷикистон ҳамоно хомӯш аст. Мисли собиқ

Мавриди зикр аст, ки ин сару садоҳо атрофи генотсиди русҳо дар Тоҷикистон замоне сар зад, ки рӯзи 30 январи соли ҷорӣ Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва публитсист Егор Холмогоров дар шабакаи НТВ дар бораи "ҳолатҳои наслкушии русҳои муқими Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум" ширкат карданд ва Жириновский дар ин барнома аз мақомоти Русия даъват намуд, ки нируи кории беруна, махсусан азТоҷикистон ба ин кишвар ҷалб нашаванд. Бояд гуфт, ки ба ин сару садо барангезии телевизиони Русия, ки моҳҳои ахир нисбати Тоҷикистон ҳар гуна иттилоотро тавре ки дилашон бошад, пахш мекунанд, танҳо ВКХ-и Тоҷикистон вокунише нишон доду халос. Мавриди зикр аст, агар ки ба ин даъвоҳои сиёсатмадорон ва журналистони иғвоангези Русия матбуоти даврии кишвар, ба хусус расонаҳои расмӣ ҷавоб мегуфтанд, зарур набуд, ки масъулини Вазорати хориҷаи мо бо асабоният мувоҷеҳ бишаванд. Расонаҳои расмии кишвар чун ҳама вақт об ба даҳон гирифтаву хамӯшанд, ки мушкилоти бе ин ҳам мавҷудаи кишварро печидатар мекунанд. Боз мегардем, сари мавзуъ, ин даъвои Жириновский аз куҷо маншаъ мегирад?

Тоҷикон: Қурбонии дузахма

Даҳаи ахири қарни бистум рӯё рӯйи воқеаву ҳодисаҳои дар ҳам печидае гашт, ки низоми оламро бо тамом тағйир дод ва дар он рӯзҳо бузургтарин давлат ва охирин империяи ҷаҳонӣ Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳама қудрату тавоноияш Урупои шарқиро аз даст доду аз Афғонистон ноком хориҷ шуду ахиран аз дохил дар ҳам шикаст. Тоҷикистон, ки низ дар ин шикану шикан хоҳ нохоҳ вориди ҳаводис гашт ва яке аз кишварҳое, буд, ки бо рехтани хуни ҳазорҳо шаҳрванди худ тавонист соҳиби қитъаи хурде аз хоки бобогии хеш шавад. Тавре Жириновский ва Рогозину дигар миллатчиёни иғвобарангези Русия даъво доранд, ки гӯё тоҷикон русҳоро қатли ом карда бошанд ва ин доғи сиёҳи наслкуширо ба гардани ин миллати як умр зери фишору таадӣ қарор дошта бизананд. Аммо то ҳанӯз таърих ёд надорад, ки тоҷик касеро аз миллати ғайр кушта бошад, илло худаш худашро куштаву сӯхта ва бо дасти дигарон. Ин яқин аст.

Нахустин бор, ки дар бораи куштори русҳо матбуоту расонаҳои даврии Шуравӣ забон баркушоданд, ҳодисаи февралӣ ё ба истилоҳ баҳманмоҳи хунин буд, ки диққати тамоми ҷаҳонро ба худ кашид. Он замон банда бо амри тақдир ба қавле дар хидмати Модар-Ватан будам. Як лаҳзаи он давр ҳич аз хотирам дур намешавад. Қисми низомии моро, ки дар ҳайати воҳиди махсуси зудамали ВКД буд, ба по хезонданду муддати се рӯз дар ҳолати "омодабоши ҷангӣ" қарор доштем.

Тахмин рӯзи 12 феврал буд, ки телевизион аз воқеаҳои Тоҷикистон хабар дод ва журналисте пай дар пай мегуфт, ки гуруҳи ҷинояткорони ҷудоихоҳи Тоҷикистон даст ба куштори русзабонҳо ва мардуми урупоинажод заданд. Ростӣ, барои мани аскар, ки дар ин бора ҳич иттилоъ надоштам, ин хабар хело нобаҳангом буд ва қумандони мо Онишенко (ба ин Онишенкои сарсанитари Русия рабте надорад, - А.Қ.) бо шунидани ин хабар ба сӯи ман чунон нигоҳ кард, ки гӯё душмани ҷону танаш бошам… Нигоҳи қумандон рамз дошту асроромез буд. Ҳоло ҳам ҳолати ҳамонрӯзаи омехта ба нафрати афсарро фаромӯш накардаам.

Аммо: Ҳақиқати баҳманмоҳи 90 чӣ буд?

Jasadi_TojikkkАҳмадшоҳи Комил, журналисти вақт ва иштирокчии бевоситаи ин ҳаводис мегӯяд, ки замоне воқеъаҳои баҳманмоҳ сар зад, ки ҳукумати шуравӣ охирин лаҳзаҳои умри худро мегузаронд. Он замон ҷумҳуриҳои Шуравӣ аз зери итоату фармонравоии русҳо ҷудо мешуданд. Кишварҳои наздибалтик дигар итоат намекурданд, бархе аз кишварҳои Қафқоз низ як миқдор саркашӣ мекарданд.Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна як ҷунбишҳое пайдо шуданд, ки мехостанд, кишварашонро озод бубинанд. Дар Тоҷикистон низ ҷунбишу ҳаракатҳое сар заданд, ки аз дигар кишварҳои минтақа фарқ доштанд. Нируҳои демократии он замон дар байни мардум хело фаъол буданд. Кремл бояд дар муқобили ҳамин нируҳо кореро анҷом медод. Бинобар ин ҳамин гуна тазоҳуротҳоро, ки пеш аз Тоҷикистон дар кишварҳои дигар низ созмон дода ва то андозае муваффақ шуда буд ва ин таҷрибаро дар Тоҷикистон низ бояд амалӣ мекард. Онҳо хеле хуб дарк мекарданд, ки агар ҳукумат дар дасти ин нируҳо биафтад ҳол бад хоҳад шуд.

Ӯ ба ин назар аст, ки нақшаи ба майдон кашидани тоҷикон дар берун тарроҳӣ шуда буд ва ин овозаҳои куштори русҳову арманиҳо танҳо як дасисае беш набуданд. "Ман дар ин воқеаҳо ширкати фаъол доштам ва бояд бигӯям, ки ин воқеаҳо аз тарафи Кремл бо ҳамдастии ҳукумати коммунистии Тоҷикистон созмон ёфта буданд. Овозаи овардани арманиҳо низ кори онҳо буд. Агар суханронии сафи аввали майдонро мушоҳида мекардӣ, ба назар мерасид, ки тазоҳурот созмон дода шудааст, гарчанде аз дур худҷӯш менамуд".

Аксари таҳлилгарон ин гуфтаҳои ҷаноби Аҳмадшоҳро тасдиқ карда мегӯянд, ки тазоҳуроти февралӣ ва баъдан ба ҷанги дохилӣ кашидани Тоҷикистон амали дасти беруна ба хусус Русия ва Узбакистон буд. "Агар мо ҳаводиси 1990-ро варақгардон кунем, сабаби асосии ба майдон кашидани мардум ва сар задани Баҳманмоҳи хунин аслан сарнагун кардан ва ё саркӯб намудани ҳаракатҳои миллӣ озодихоҳӣ дар Тоҷикистон буд", - мегӯяд Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва яке аз шоҳидони айнӣ ва барҳаёти ин ҳаводис. Ин воқеа аз 11 то 14 феврал идома ёфт ва сараввал се нафар аз раҳбарияти кишвар; Паллаев, Маҳкамов ва Ҳаёев, ба истеъфо рафтанд. Вале бо дастури Маскав ноҷавонмардона дубора ба ҳукумат баргаштанд, гарчанде аз тариқи садову симои он вақт аризаи истеъфои онҳо ба мардуми кишвар ва ҷаҳон шунавонида шуд. Бо истифода аз қувваҳои русӣ, ки рӯзи 12 ба 13-уми феврал ба Душанбе омада буданд, мардуми оддии ба майдон омадаро саркӯб карданд. То чашми мардумро битарсонанд, ба қавле "алови чашм" гирифтанд.

"Генотсид" гапи нав нест

Аммо Нуралии Давлат, таърихшинос дар робита ба ин даъвоҳои Жириновский ва ҷонибдорони даъвои наслкушии Тоҷикистон мегӯяд, ки нақшаест, ки бархе аз сиёсатмадорони рус мехоҳанд онро барои манфиатҳои хеш роҳандозӣ кунанд: "Ин гапи нав нест, чанд сол пеш Дмитрий Рогозин дар китоби хеш "Враг народа" (Душмани халқ) овардааст, ки дар Тоҷикистон беш аз ҳазору панҷсад нафар дар воқеаҳои февралии соли навадум кушта шудаанд. Душанбе як шаҳри хурд аст, агар як одамро бикушанд, фардо тамоми сокинони он хабар меёбанд. Нахуст агар ин теъдод мардум кушта мешуданд, тамоми мардум хабар меёфт, дуввум ин ки қабристони масеҳиҳо танҳо як то аст. Ку бубинанд, ки дар ин ҷо чанд гӯри дастаҷамъист? Чанд нафар дафн шудааст? Охир, инҳо одам буданд, на чизи дигар, ки аз чашм ноаён бошанд. Агар яку ним ҳазор мемурд, он гӯристон пур мешуд. Барои ҳамин ин гапҳое ҳастанд, ки диданд, тоҷикон мардуми содаанд ва вокунише на аз ҷониби мақомот ва на аз тариқи расонаҳо мешавад, дастак карда суд меҷӯянд. Вазорати корҳои хориҷа вокунише кард ва хуб ҳам кард. Аммо бояд дигар мақомот низ хомӯш набошанд.

Жириновский, Рогозин ва боз бархе аз сиёсатмадорони рус бо истифода аз як чанд рӯзноманигори миллатгарои ин кишвар на як бору ду бор аст, ки бо ин гуна овозаву дарвозаҳои бардурӯғ тавассути ВАУ ва сомонаҳо ба қавле миллатгароёни русро таҳрик медиҳанд. Маҳз, ин "қаҳрамонӣ"-и онҳост, ки ҳамасола садҳо мурдаи муҳоҷири тоҷикро ба Ватан меоранду ҳазорони дигарро маъюбу маслуқ мекунанд. Аксари ҷавонони ин кишвар, ки солҳои ахир дар рӯҳияи шовинистӣ тарбия гирифтаву созмону машқгоҳҳои шикори сиёҳпӯстон доранд, маҳз ҳамин фурсатро интизоранд, ки боз ба кадом баҳонае тоҷикеро бе сар кунанд. Аммо борҳо гуфтанду мегӯем, ки марказҳои иттилоотии кишвари мо хамӯшанд, ки хамӯшанд. Чаро онҳо метавонанд ҷомеъаи як кишвари бузургро дар муқобили як масъалаи ҷузъӣ, ё бар муқобили миллате бишӯронанду мо наметавонем аққалан аз худ дифоъ кунем? Аққалан асли воқеаро ба ҷомеъа рӯшан кунем, ки чист? Гунаҳкорони аслӣ киҳоянд ё аз куҷо реша гирифта? Ё дар асл тоҷикон касеро куштаанд ё тоҷиконро куштаанд?

Тоҷиккушӣ буд, на рускушӣ

Шоҳидони аслии воқеъа ва коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон қатли оми ягон миллате дар таърих сурат нагирифтааст. Зеро тоҷикон дар давоми мавҷудият фитратан миллати бунёдгару соҳибтамаддуну инсондӯсту хушбовар шинохта шудаанд, на қотилу хунхору инсонкуш. Таърих аз ҷаллодииЧингиз, хунхориҳои Темур, қатли кишварҳои Урупо дар қарни 17-18, ки Африқову Осиёву ахиран тақрибан тамоми аҳолии муқими қораи Амрикоро нобуд карданд, ёд дорад. Бедодиҳо ва кушторҳое, ки Империяи Руси подшоҳӣ дар Қафқоз ва Осиёи миёна кардааст, ки садҳо ҳазор сокинони онро кушта, ҳанӯз ҳам аз сафҳаҳои таърих бӯйи хун меояд. Инчунин Мусолини, Ҳитлару Сталин. Аммо дар ягон гӯшаи таърихи олам нишоне аз хунхориву бедодии тоҷик нест. Аз ин рӯ, дар солҳои навадум низ қурбонии сиёсати Кремлин ва дигар кишварҳои қудратхоҳу ташнаи хуни тоҷик боз тоҷиконро ба хун оғушта карданд.

Маҳмадалии Ҳаит мегӯяд: "Воқеият на он аст, ки Жириновский ҷилва медиҳад. Он замон генотсид нибати русҳо не, балки нисбати тоҷикон буд. Зеро дар байни 25 нафар куштагон ягон тои онҳо рус набуд. Танҳо як нафар тотор, ки номаш дар санге, ки дар пушти Кумитаи марказии вақт насб шуда буд, навишта шуда буду дигарон ҳама фарзандони тоҷик буданд. Аммо ба чӣ далеле ҳукумат он сангро аз байн бардошт ва имрӯз ҳеч нишоне аз он рӯзҳо намондааст".

Дар он замон, ки ҳукумат дар дасти режими коммунистӣ буд ва тамоми матбуот ба манфиати ҳизби ҳоким фаъолият мекард, ва ҷараёни воқеаҳо низ бештар яктарафа буд, аз куштори дастҷамъии русҳо дар куҷое нанавиштаанд.

Ҷаноби Аҳмадшоҳи Комил мегӯяд, ки ман ба унвони иштирокчии бевоситаи ин воқеаҳо ёд дорам, ки танҳо дар рӯзи аввали тазоҳуроти февралӣ як рустаборро дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе касони номаълум лату кӯб карда буданд, ки он қадар зарари ҷиддӣ надида буд, ки ин амалро мо маҳкум кардем. Тавре матбуоти вақт хабар дода буд, чунин як ҳодисаи дигар дар болои пули хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки он замон Путовский ном дошт, рух дода буд. Танҳо ин ду ҳодиса буд ва матбуоти он замони шуравӣ ин ду воқеаро ба ҳам карда, сару садоҳои зиёде бардоштанд, ки гӯё дар Тоҷикистон қавмҳои урупоиро мекушанд. Аммо тибқи иттилоъи расмӣ ва ғайри расмӣ дар воқеъаҳои солҳои навад аз 150 то 300 ҳазор тоҷик қурбон шудааст. Бештар аз тири ҳавопаймову танкҳои Русияву Узбакистон. Пас, ин генотсид неву танҳо ду ва ё се нафар латхӯрдаи рус генотсид аст?

То ба ҳол ба ҷуз Жириновскиву Рогозин, Холмогоров (аслан рус нестанд) боз чанд нафари дигар, ки тарроҳу тамошогари ин ҷангу кушторҳои мардуми тоҷик дар Кремлин буданд, дигар ҳеч як рустабори Тоҷикистон то ба ин ҳол ин суханро нагуфтааст. На дар дохилу на дар хориҷ аз Тоҷикистон. Борҳо ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба русҳои дар Тоҷикистон буда вохӯрдаам, надидаам, ки ҳич яке аз онҳо нисбат ба тоҷику Тоҷикистон бадбин бошанд, баръакс бо як меҳрубонӣ аз мо пазироӣ мекарданд. Ҳар куҷое, ки ҳамсуҳбат мешудем, онҳо моро ҳамшаҳрӣ гуфта, хитоб мекарданд ва қадри имкон агар хидмате мебуд, мекарданд.

Танҳо Антон ном милисаи шӯъбаи 51-уми минтақаи Измайловои Маскавро медонам, ки бо баҳонаи он ки дар Тоҷикистон ӯро шояд дар вақти мактабхонӣ ҷӯраҳову ҳамсинфонаш лату кӯб карда бошанд, аробакашу корҷӯёни тоҷикро шиканҷаву таҳқир мекард. Ҳатто марги чанд муҳоҷири ғариби тоҷикро низ ба ӯ нисбат медоданд.

Борҳо сиёсатмардони мо нооромиҳои соли навадро "ҷанги таҳмилӣ" унвон карданд. Вале то ба ҳол тадқиқоти амиқе дар ин бора сурат нагирифтааст. Якчанд китобҳои ёддоштие навиштаанд, ки ба ин масъала яктарафа баҳогузрӣ шудааст. Ҷангро кӣ сар кард ва чаро то ба ҳол аксари ҷомеъаи мо аз он бехабар аст. Агар ҷанг таҳмилӣ буд, пас аз тарафи кадом кишвар тарҳрезӣ шуд ва гунаҳкорони асосӣ дар куҷоянд ва киҳо буданд, бояд гуфта шавад. Коршиносон мегӯянд, ки дар ин ҷанг хукумати вақти Русия ва Узбакистон аз ҳама бештар даст доштанд. Тавре Михайил Горбачев, президенти собиқи шуравӣ дар посух ба саволи «Миллат» гуфта буд, ки дар ҳаводиси февралии Тоҷикистон гуруҳи «АЛФА» - и Маскав мардумро тирборон карда буд. 24 октябри соли 1992 - ро дар ёд доред, ҳамлаи лашкари Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанберо? Пуштаҳои аз куштагони ин ҳамла   дар Регару водии Ҳисор бо пуштибонии Тошканд ҳанӯз ҳам барҷоянд. Далели ин гуфтаҳо китоби худи «Табаддулоти Тоҷикистон» аст, ки аксари «қаҳрамон» - ҳои ӯ сокини Узбакистонанд. Борҳо бомбаҳои тайёраҳои Русия ва Узбакистон хонаву дару деҳаҳои тоҷикнишинро ба хок яксон карданд ва ҳазорон гӯристони дастҷамъии тоҷикон дар Қаротегину Вахё ва Вахшу ҳисор мавҷуданд. Магар ин ҳама мурдаҳо аз тири калашникуфи русӣ ва тонку тайёраи бегона набуд? Холмогоровро иҷозат бидиҳед, биёяд таҳқиқ кунад, то ҷиноятҳои бо пушитибонии артиши Русия содиршударо бо чашмони сар бубинад.

Ду ҷумла барои андеша

Аммо аз ҳама аҷиб ин аст, ки бону Роза Отунбоева, президенти собиқи Қирғизистон дар як муддати кӯтоҳ бо истифода аз матбуоти даврии кишвараш исбот кард, ки нооромиҳои кишвараш дасти бегонагон буд. Аммо мо, ки аз баҳманмоҳи 90 ҳадди аққал ду даҳсола фосила гирифтаем, чаро натавонистем, лоаққал номи шаҳидони гулгункафанро зинда дорем: Санги хотираи онҳоро кандему ба гӯшае ҳаво додем.

Ва инак "тӯҳфа"-и навбатии Жириновскийро дорем таҳаммул мекунем. Яъне мо- Тоҷикон дар куштори дастаҷамъии русҳо даст дорем. Фардо узбакҳо ҳам бо ин гуна даъво шояд садо баланд кунанд. Ба қавле "дузди зӯр соҳиби говро бастааст. Ё ҳам дуздиву ҳам пешхезӣ".

Сукути мо аломати ризост. Ё…?

Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97