Назари Шумо дар мавриди боздоштҳои пайдарпайи низомипӯшони муттаҳам ба ҷиноят чист?

Сиёсат 10.02.2012 09:37

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили Маҷлиси Намояндагон:vatanov_mahmadali

Хабарҳое дар ҳақиқат дар бораи боздошт гардидани чанд нафаре, ки даст ба ҷинояҳои гуногун задаанд ва ин шахсон бештар афроди низомипӯш мебошанд, дар матбуот дарҷ мегардад. Ин аз як тараф ошкорову рӯирост сурат гирифтани ин ҷараёнҳо, яъне ки боздоштҳои пайиҳам мебошад. Яъне ин ҷиноятҳоро ягон хел рӯйпӯш намекунем, баръакс дар бораи онҳое, ки чунин ҷиноётро содир мекунанд, ошкор мегӯем. Ошкоргӯйи дар ин самт амали хуб аст. Албатта ин ки ин ҷиноятҳоро маҳз шахсоне содир мекунанд, ки эшон дар хидмати ҳарбӣ қарор доранд, ё дар мақомоти қудратӣ кор мекунанд, боиси нигаронӣ аст. Чунки он афроде дар тан либоси ҳарбӣ доранд ва ё дар мақомҳои қудратӣ қарор доранд, ҷоннисориашон барои мубориза бар зиди ҷиноят аст. Дар ҳоле ки онҳо даст ба ҷиноят мезананд, ин на танҳо хавфнокии чунин намуди ҷиноятҳоро бештар мекунад, балки хавфнокии ҷилавгирии ин ҷиноётро ба вуҷуд меорад . Яъне онҳо пардапӯшона, дар паси погонҳо, ё либосҳои худ пинҳон шуда, ҷиноят содир мекунанд.Аз мансаби худ суъистифода мебаранд, ки ин боиси нигаронии шадид аст.

Дар қонунгузорӣ низ, вақте ки ҷиноят бо истифода аз мақоми хидматӣ содир мешавад, ин ҳамчун як ҳолати вазнинкунандаи ҷавобгарӣ муқаррар шудааст. На танҳо ҳангоми боздошт, балки дар вақти баррасии парвандаҳои чунин шахсон бояд як таҳқиқи ҷиддие сурат бигирад, то ки барои дигарон дарс шавад, ки аз мақоми хидматии худ барои содир кардани ҷиноят истифода набаранд.

Ramziya_MirzobekovaРамзия Мирзобекова, рӯзноманигор:

- Фикр мекунам, ки ин кӯшиш ва иқдоми ҳукумат ҳамзамон чанд паҳлӯро дар бар мегирад. Қабл аз ҳама ҳукумат мехоҳад он эътимоди мардумро, ки кайҳо боз аз даст додааст, дубора ба даст оварад. Ба хусус ҳукумат алайҳи худсарии ниҳодҳои қудратӣ, ки норозигии ҷомеаро ба бор дорад, иқдом кардааст

Дар остонаи интихоботи президентӣ бояд тарафҳои мусбии фаъолияташро ба намоиш бигузорад, барои ин гӯшмол додан ва сарзаниш кардани худиҳо, монанди пешкаш кардани ширинии хушмаззае ба мардум хоҳад буд. Аз ин рӯ метавон дар ин раванд, мубориза бо рақамҳои «тилои»-ро низ шомил кард…

Аз дигар сӯ, инро метавон талоше барои боло бурдани имиҷи кишвар дар сатҳи байнулмилалӣ донист, зеро Тоҷикистон муддатҳост, ҳамчун роҳраве (коридор) барои ҳамлу нақли маводи мухаддир дар дунё шинохта шудааст.

Ба хусус дар мушоракат бо хариду фурӯши маводи мухаддир элитаи кишварро гунаҳкор меҳисобанд. Дар соли гузашта ин масъала дар минбарҳои баланди байнулмилалӣ низ садо дод. Зоҳиран ҳукумат ин қолабро мехоҳад бишканад. Вале мо ҳоло танҳо дасгир шудани амалдорони сатҳи миёнаро шоҳидем. Бисёр ҷолиб аст, донистани ин ки кадоме аз амалдорони волотари соҳибмартаба ба ин ҷиноёт даст дорад, агар воқеан даст доранд, оё онҳоро чунин сарнавишт низ интизор хоҳад буд? Мунтазир хоҳем шуд, то чи итифоқе хоҳад уфтод…

Saidibrohimi_NazarСайидиброҳими Назар, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ:

-Маълум аст, ки ин нафарҳо шахсони оддӣ набуданд. Аввалан, ки ба ин кор даст заданд ва дидем, ки болои сарашон пуштибон ҳам, ба қавли русҳо «криша» -и хуб доштанд. Бояд тафаккур кард, ҷомеъае, ки дар он машғули фурӯши маводи мухаддир чунин касонанд, вой бар ҳоли дигарон. Мо борҳо хабарҳоеро дар бораи ин ки як нафарро дар фурӯдгоҳҳо ба 40 грамму 50 грамм маводи мухаддир боздошт намуданд. Аммо қочоқгарони бузург дар либоси «дӯст» озодона гаштугузор доштанд…

Аз ин рӯ фикр мекунам, ҷомеъаи мо ба як дигаргунии хеле куллӣ ниёз дорад. Воқеъан ҳам махсусан мақомоти қудратии кишвари мо ҳамааш ҳам одами бад нестанд, мо рости гап дар мақомоти қудратӣ одамҳои хуби ба виҷдон ҳам дорем, вале он нафарон ҳам қурбони иттиҳомҳои ин гуна афрод мешаванд. Имрӯз агар прокуратура ё ягон мақоми қудратӣ бигӯӣ, мегӯянд, «инҳо ҳамааш порахӯр» ҳастанд ва боз гапи нав мӯд мешавад «ба маводи мухаддир» даст доранд. Албатта як гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ин амал сару кор доранд. Ва ин омилҳое зиёде дорад, системаи коррупсионӣ ҷо уфтодааст, маошҳои хеле паст доранд ва ҳоказо. Аз ҳама муҳим ин як система аст ва ин система фасод шудааст ва ислоҳоти куллӣ мехоҳад. Ислоҳоти куллӣ ба ин маънӣ, ки кадрҳои касбӣ бояд ҷалб шаванд ва барои ин аввалтар масъалаи маъишии онҳо бояд мадди назар гирифта бишавад. Инҳо масоиле ҳастанд, ки ҳукумат онҳоро бояд ҷиддӣ фикр кунад, чунки мо вақте ба қавли мардум, ки «дар чашмонамон хок пошем» мебинем, ки ба чи ҳол гирифтор шудаем. Инҳо масоили хеле ҷиддианд, ки ба ояндаи миллат, ҳукумат ва мардум хеле зиёни сахт доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97