Президент 3 бор гуфт, гӯш накарданд, ин бор гӯш мекунанд?!

Сиёсат 30.01.2012 11:12

Шарти қозӣ то 3 бор, аз президент чӣ?!

tamalluq01Маротибаи саввум аст, ки Президенти кишвар аз мансабдорон тақозои аз байн бурдани тамаллуқро менамояд. Ин дафъа Президент дар ҷаласаи Ҳукумат, ки рӯзи 18 январ баргузор гардида буд, бо як ҷиддият аз ин бемории равонӣ ёдовар шуд ва бо исрор талаб намуд, ки дигар расму одоти тамаллуқро аз байн бибаранд  ва ба ҷои ин ҳама ҳарзагӯиву хушомадзанӣ рӯ ба зиндагии воқеӣ биёваранд ва ҳақиқатеро, ки вуҷуд дорад, ошкоро бигӯянд. Зеро, тамаллуқ дар ҳама давру замонҳо ҳиҷобе ба рӯи воқеият мекашад ва дурӯғу найрангро пирӯз ва ҳақиқати аслро пардапӯш менамояд.

Нақши телевизионҳо дар хандахариш кардани Президент

Таи чанд соли ахир мо шоҳиди он будем, ки сиёсати тамаллуқ ва шеваи хушомадгӯӣ меъёри зиндагии мансабдорони мо гардида, онҳо тавонистанд тамоми ақшори ҷомеаро ба хушомадгӯиву мадҳу сано гуфтан одат бидиҳанд. Ба хусус, расонаҳои бо ном давлатӣ байни худ мусобиқа доштанд, ки кадоме бештар Президентро хушомад бигӯяду мадҳу сано бихонад. Ҳангоми сафарҳои кории Президент ба шаҳру ноҳияҳои кишвар хонандагони мактаб ва чанд тани дигарро қаблан омода мекарданд ва онҳо матну шеърҳоеро намоишкорона мехонданд, ки бисёр хандаовару бемавқеъ буданд. Ҳамин мансабдорон тавонистанд ба хотири дароз кардани умри мансабашон ва худро муаззаму вафодор нишон додан дар назди Президент ҷумлаи халқро аз як охур ғизо медоданду ҳар тавре, ки хоста бошанд ба онҳо муносибат мекарданд.

Идеологҳои беҳунар ва аробаи шалақи мансабдорон

Мояи таассуф аст, ки дар давраи баъд аз истиқлол маҳз бо айби гурӯҳи мансабдорону идеологҳои мо шуури ҷомеъа коҳиш ёфт ва имрӯз мардум нисбат ба зиндагӣ ва рушди кишвари худ бо беэътиноӣ назар менамоянд. Вақте мансабдор ошкоро дурӯғ мегӯяд ва мардумро гӯл мезанад, дигар ин мардум ҳамаро мебинад, медонад, ки танҳо тамаллуқкору хушомадгӯ метавонад дар ҷомеа мавқеъ биёбад ва идораи раъиятро ба дасти худ бигирад. Маҳз сухани тамаллуқкор шунида мешавад ва ҳақиқат дар шаҳри орзуҳо боқӣ мемонаду ба афсонаи шаҳри тиллоӣ табдил меёбад.
Мусаллам аст, ки мансабдор ҳамеша барои манофеи шахсии хеш мекӯшад аз тамоми васила истифода намояд. Маҳз дар кишвари мо ин падида дигар ошкоро рӯи кор омада, танҳо манфиати гурӯҳеро ҳимоят мекунад, ки бештар бо ин амали зишт сару кор дошта бошанд. Ин ки кадрҳоро дар асоси озмун даъват мекунанд, афсонае беш нест. Дар ин ҷо ҳам мансабдор ба онҳое рӯ меоварад, ки минбаъд ӯро ҳимоя карда тавонанд. Аз ин рӯ, ҳар мансабдоре мекӯшад кадрҳоро аз ҳисоби фарзандони дӯстону маҳалли худ интихоб намоянд. Дар ин ҷо савияву дониш ва маҳорати фард ҳеҷ нақшеро ифо наменамояд. Пас вақте кадрҳо ҳама худӣ бошанд, дигар ягон навъ камбудӣ ошкор намешавад ва ҳама мекӯшанд бо тамаллуқ ва хушомадгӯӣ аробаашонро ба осонӣ бикашанд.

Се мусибат

Хушомадгӯиву тамаллуқ задан аз мусибатҳоест, ки сахттар аз он чизи дигаре буда наметавонад. Ҳамин тамаллуқ аст, ки шарафи инсониро мешиканад, ҳақро ба ботил мекашад, ки илоҷу дармонаш пайдо намешавад.
Нақле аз Абӯбакри Шиблӣ аст, ки хеле пандомӯз барои ҷомеаи мост:
Шиблӣ гуфт:
- Маро се мусибат уфтодааст. Ҳар яке сахттар аз дигаре.
Гуфтанд: - Кадом аст?
Гуфт: - Он ки ҳақ аз дилам рафт.
Гуфтанд: - Сахттар аз ин чӣ буд?
Гуфт: - Он ки ботил ба ҷои ҳақ нишаст.
Гуфтанд: - Дигар чӣ буд?
Гуфт: - Он ки маро дарди он нагирифтааст, ки илоҷ ва дармони он кунам ва чунин фориғ шавам.

Косалесӣ ва мусобиқаи ҷоҳу ҷалол

Замонасозиву замонафурӯшӣ ҳама аз ҳамин тамаллуқу косалесӣ маншаъ мегирад. Шиор чунин шуда, ки "агар замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз". Ин шиорест, ки ниёкони мо чи аз ҷумлаи аҳли тариқат ва чи маърифат онро ҷуз фиребу найрангу гул задани мардум ва шиори муғриз чизи дигаре унвон накардаанд. Ба қавли мардум ин ҳамон "обро лой кардану моҳӣ гирифтан аст", ки дар ин ҷо манфиати танҳо шахс дар назар аст, на ҷомеаву мардум.
Агар шавкату ҷоҳу ҷалолбандӣ нест, пас чаро мансабдорони мо сарвати давлатро, ки моли мардум аст, ба осонӣ ба бод медиҳанд. Ту гӯӣ, ки байни ҳокимон мусобиқае дар амри ба даст овардани ҷоҳу ҷалол аст, ки яке мехоҳад аз дигаре болотару ҷалолтар бошад, то дигарӣ аз мақому мартабааш ҳасад бибарад. Дар мошинҳои гаронбаҳои хориҷии оинасиёҳ кару фар кардан чӣ маънӣ дорад? Агар дилу нияти раис поку соф бошад, чаро бояд ӯ аз пушти оинаи сиёҳ берунро бингарад? Масорифе, ки як раис бо мошину дигар анвои хидматрасониаш дорад, маоши солонаи чанд бенавоест, ки тамоми сол бо шиками гуруснаву орзуи хӯрдани бурдаи гӯштеву пияест, ки гоҳҳо онро танҳо дар хоб мебинаду бас. Мо дар бораи кушку қасрҳо ва дигар масорифи маъишии эшон ҳарф намезанем, ки сухан дароз мешавад. Ин ҷо танҳо як нуктаро метавон арз кард, ки ин ҳама ҷуз шӯҳратпарастиву худнамоишдиҳӣ чизи дигаре нест.

Тамаллуқ дӯстонро душман кардааст

Тамаллуқ бемории хатарноки дигареро ба бор овардааст, ки дар ҷомеаи суннатии мо ҳеҷ гоҳе қобили қабул набудааст. Танҳо ба хотири мавқеъёбӣ дӯстон дар ҳолатҳои ногувор аз якдигар рӯ мегардонанд ва дӯсташонро, ки дар вазъи ноҳинҷоре қарор гирифтааст, дигар намешиносанд. Борҳо шоҳид будем, ба ҳангоме ки шахсе аз рикоби мансаб поин шуд ва ё ба фалокате рӯ ба рӯ шуд, дӯстон дигар аз ӯ рӯ мегардонанд. Ин падида на танҳо миёни мансабдорон, балки тамоми ақшори ҷомеа вуҷуд дорад. Дар ин ҷо се нуктаи муҳим аст. Яке ба хотири он ки дар назари ҳоким бад нашавад, аз дӯсташ рӯ мегардонад ва дуввумӣ вақте манфиате аз дӯсташ намебинад, дӯстиро бо ӯ ҷоиз намедонад. Ва нуктаи севвум узлат гузоштан аст, ки ба зоҳир худро бо мардум медонанду ба ботин аз онҳо дурӣ меҷӯянд. Нашнидани сухани мардум бас мояи сарфарозӣ ва шодкомии эшон аст.

Тамаллуқ ҳиммати инсон буданро аз мо гирифт

Меваи заҳрогини дигари тамаллуқ ин аст, ки ҳиммати инсониро аз байн мебарад. Вақте инсон дар зиндагӣ тобовар нест, ҳеҷ гоҳ наметавонад мушкилотеро пушти сар намояд. Дар ин рӯзгоре чанд борҳо дидаем, ки чӣ гуна  инсонҳо байни худ дар муҷодала шудаанд ва ҳиммат аз даст додаву худро қурбони ноумедиҳову мушкилот гардондаанд. Марди ҳимматбаланд тамаллуқ дошта наметавонад ва ҳеҷ гоҳе қурбони нафсу шукӯҳу ҷоҳу ҷалол нест. Чун меваи тамаллуқ тунд аст, ҳайсият ва обрӯи инсонро ба куллӣ аз байн мебарад ва мақомашро ба зер меафганад.

Ҳатто аз рекорди тамаллуқзанӣ президент хиҷолат кашид

Тамаллуқкор худ медонад, ки тамаллуқ мегӯяд, вале шарм намедорад, ки дурӯғ гуфтааст. Зеро, ин равиш ва меъёри зиндагии эшон гардидааст. Вақте Президент дар як ноҳияи кӯҳистон бо мардум сӯҳбат дошт, тамаллуқкоре назди минбар омаду бо мадҳу саное тамаллуқ гуфт, ки дигар президент тобу тавони чунин мадҳу саноро накард ва зуд ӯро ба ҷояш шинонд ва аз ҳозирин хоҳиш кард, ки аз воқеият ҳарф бизананд. Аммо ин тоифа мардум ба тамаллуқ гуфтан одат кардаанду наметавонанд ба осонӣ хӯи бадро аз хуну пӯсташон берун бикашанд.

Натиҷаи издивоҷ бо тамаллуқ: дурӯғ

Ақл, ки мансуб ба инсон аст, дар ҷомеа гоҳҳо қурбони тамаллуқ мегардад. Бисёр дидаем, ки дурӯғ гуфтан меъёри ҳақиқат шудааст. Танҳо ба хотири пардапӯшӣ аз ҳақиқат козибон ҳамеша кӯшидаанд дурӯғро ба воқеият табдил бидиҳанд. Аз нишастҳои матбуотии вазоратҳову ташкилотҳои  марбута мехонем, ки истеҳсоли маҳсулот ва кишти мазореъ ба маротиб зиёд шуда, вале ҳамоно нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар гарон аст. Соле нест, ки миллионҳо дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида нашавад, вале ҳеҷ намебинем, ки нахле сабз шаваду ҳуснеро болои ҳусне зам намояд. Аз корхонаҳои саноатӣ дам задан дигар ҳоҷат нест. Дар кишвари мо мӯд шудааст, ки бештар рестурону толорҳои саққозанӣ (билярд) бисозему бозору моркетҳоро гардун намоем. Фикр мекунам, ки фурӯши маҳсулоти машруботӣ дар кишвари мо ба андозае рушд карда, ки шояд онро натавон ба ватани аслии истеҳсолкунандагони шароб муқоиса намуд. Ин ҷо шояд ҳикмате бошад ва беҳуда бузурге нагуфта, ки:
Агар шиками ман пур аз шароб шавад, дӯсттар дорам, то ки пур аз таъоми ҳалол.
Гуфтанд: - Чаро?
Гуфт: - Аз он ки чун шиками ман пур аз хамр (шароб) шавад, ақл биоромад ва оташи шаҳват бимирад ва халқ аз даст ва забони ман эмин шаванд. Аммо чун аз таоми ҳалол пур шавад, фузулӣ орзу кунад ва шаҳват қавӣ гардад ва нафс ба талаботи орзуҳои худ сар бароварад.
Тарки одат амри маҳол, ё ин бор супориши президент амалӣ мешавад?
Ва инак, соли нави 2012 ҳам оғоз ёфт ва он ҳам бо таъкиди Президенти кишвар, ки дигар тамаллуқ нагӯед. Вале, барои мо ҳанӯз равшан нест, ки ин хулқу хӯро метавонем ба осонӣ аз хуну пӯсти худ бикашем ва ба зиндагии воқеӣ ва ростин рӯ биорем. Агар ин бор ҳам тамаллуқу хушомадгӯӣ аз зеҳнҳои мо дур нашаваду онро тарк нанамоем, дигар мо наметавонем миллате сарбаланду мағрур бошем ва зиндагии созандаеро роҳандозӣ намоем. Тамаллуқро дигар одат нагӯем ва онро барои ҳамеша тарк намоем. Инсон набояд тамаллуқкор бошад. Ба қавли Камоли Хӯҷандӣ:
Чун одат аст расми тамаллуқ пеши халқ,
Мо орифему одати мо тарки одат аст.

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97