Президент раиси ободгарро ба "Харобаҳои Мадоин" фиристод

Сиёсат 26.01.2012 11:20

LotoboziЯк фармон: Таҳти фармони №1190 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2012  Раҳмонов Холмурод Зардович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таъин гардид.

Чаро Қумсангири сарватдор нообод монд?

Холмурод Раҳмонов замоне ба раисии ноҳияи Қумсангир фиристода шуд, ки ин ноҳияи аз ҷиҳати ҷуғрофӣ - стратегии Тоҷикистон дар мушкилиҳо ғутавар шудааст.

Аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ, аз гардиши кишоварзӣ мондани ҳазорҳо гектар заминҳои корами обӣ, сари вақт тоза нашудани заҳбуру заҳкашҳо, таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, бозгардонидани донишомӯзоне, ки дар мадрасаҳои динии хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, таъмири мактабу бунгоҳҳо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии малах дар ҳудуди Қумсангир, ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои маркази ноҳия, аз зумраи мушкилиҳои ин ноҳия мебошад, ки ҳамакнун раиси тозаинтихоби Қумсангир дар пайи бартараф кардани он бошад.
Дар баробари ин ҳама мушкилиҳо канораҷӯйии мардум аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ё аз мардумгурезии ҳукуматҳои маҳал шояд бошад, ки вазъи кӯчаю хиёбонҳои ҳатто маркази ноҳия дар ҳоли табоҳ қарор дорад. Шиорҳои рангпаридаю, деворҳои харобу валангор, кӯчаҳои ифлосу биноҳои аз солҳои 1935 сохтаю таъмирро надида, ҳусни баъзе биноҳои ангуштшумори дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон қоматафрохтаро коста гардонидааст. Ҳар вақте ба Қумсангир сафар мекунем, байни ҳамкорони мо як суол матраҳ мешавад, ки "Чаро Қумсангир аз мадди назарҳо дур мондааст?", "Ҷавонони ба ору номуси ин сарзамин куҷоянд?" Ё "Чаро Қумсангир симои замонавӣ пайдо намекунад?"
Дар асл қумсангириҳо мардуми дорову сарватманд менамоянд. Аввалин меҳмонхонаи замонавии даврони соҳибистиқлолӣ дар Қумсангир қомат афрохта буд. Ҳатто то солҳои 2000-ум тоҷирону соҳибкорони ин ноҳия ки дар Русияву Қазоқистон ба сар мебаранд, кӯшишҳое барои дастгирии молию ободонии ин диёр карда буданд, аммо аз чӣ буд, ки аз ин корҳо даст кашиданд. Алъон бештари аҳолии ин ноҳия аз ҳисоби фарзандони муҳоҷири хеш, ки дар хориҷ ҳастанд, зиндагӣ доранд. Ҳарчанд кӯчаҳо ва манзилҳои мардум он қадар ороста нест, аммо сатҳи зиндагии эшон хуб аст. То ҳадде зиндагии хуб доранд, ки дар тӯйҳои фарзандонашон харроҷотҳои ҳангуфт мекунанд. Маҳмадраҳим ронандаи мусофирбар нақл мекунад, ки "дар тӯйи духтарон харидани "Гарнитур"-и 1,5 ҳазор доллара қариб, ки "фарз" шуда, пеш аз тӯй таъмини духтар бо чаллаву гӯшвораи тиллоӣ ҳатмист. Албатта пайдоиши ин расму русум аз бесаводии мардум аст. Бонувони мо дар гузашта ҳам дар мактабҳо хуб таҳсил намекарданд, аммо ин қадар "инро бихару унша бихар" гуфта, даъво намекарданд. Ин демократия миёни мо мардакҳоро шикаст, бонувонамон бозоракӣ шудан, даъвоҳои духтарои Амир Олимхонро мекунанд. Аммо барои ободии деҳаву хонаву дар он қадар аҳамият намедиҳем. Мо аз аввал иштибоҳ кардем, бояд духтарҳомона мехонондем. Ҳозир як келини худам хондагӣ баромад. Духтур аст, хидмати тамоми мардуми деҳаро мекунад. Ана ӯ маданият, ки дорад, парвои чаллаву гӯшвору чизу чора надорад".

Сониябонуи ватандор ободии Қумсангирро мехоҳад

Аз суҳбат бо сокинони маркази ноҳия бармеояд, ки ҳамаи онҳо орзуи ободонии диёри хешро дошта, омодаанд, ки саҳми худро дар ободонии он гузоранд. Сония Ахматёрова, як бонуи нафақагири ноҳия, ки дар овони ҷавонӣ аз Русия ба ин диёр муҳоҷир шуда омадааст, нақл мекунад:
-  Ман аз соли 1976 инҷониб дар Қумсангир зиндагӣ дорам. Даврони ширину пуршӯрӣ ҷавониам дар ин диёр гузаштааст. Соли 1992 шавҳарам, ки прокурор буд, ба ҳалокат расид. Фарзандонам дар Русия кору зиндагӣ доранд, аммо ман аз ин диёри меҳмоннавоз, ки ватани асосии ман ба ҳисоб меравад, ҳеч куҷое рафтанӣ нестам. Хушбахтона баъди омадани раиси нави ноҳия аллакай баъзе дигаргуниҳо мушоҳида мешаванд. Мегӯянд, инсони ободгар аст, аммо афсӯс, ки баъди ҷангҳо маърифату фарҳанги маҳалладории мардум хароб шуда, дар ифлосии муҳит худи сокинони шаҳрак гунаҳкоранд. Ба мардуми мо сухани хуб кор намедиҳад, ҳамин қадар, ки мегӯям, боз саҳар аз хоб бедор мешавем, кӯчаву атрофи хонаҳо пур аз партоб шудааст.

Холмурод Раҳмонов то наврӯзӣ мӯҳлат гирифт

Дар нишасти матбуотӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир ҳолати меъмории маркази ноҳия рӯи даст гирифтани чорабиниҳои ободонию созандагӣ дар ин ноҳия матраҳ шуд. Холмурод Раҳмонов дар посух ба суолҳои хабарнигорон гуфт: "То рӯзи ҷашни наврӯз бояд симои шаҳраки "Дӯстӣ" ба куллӣ тағйир ёбад. Ҳарчанд дар ин муддати 2 моҳ имкони бунёди биноҳои замонавӣ вуҷуд надорад. Аммо аз ҷиҳати тозагию гулкорӣ, рангубору ороиши кӯчаю хиёбонҳо шаҳрак бояд ба талаботи маркази ноҳия ҷавобгӯй обод карда мешавад"
Канораҷӯйи бонувон аз корҳои ҷамъиятӣ мушкили аввали соҳаи маънавиёт аст. То кунун бинобар сабабҳои гуногун барномаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа дар сатҳи лозима иҷро намешавад. Масъулини ҳукумати ноҳия иброз медоранд, ки барои ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ дар мадди аввал бояд корхонаю фабрикаҳои истеҳсолиро бунёду фаъол намуд. Қумсангир аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи меваю сабзавоти вилоят маҳсуб меёбад. Алъон барои амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо машварату вохӯриҳо идома доранд. Шароити табиии ин ноҳия барои парвариши зардолу мувофиқ аст, аммо хоҷагидорон бинобар мушкили ба фурӯш баровардани ин маҳсулот аз парваришу нигоҳубини зардолу худдорӣ мекунанд.

Маънавиёт

Масъулини соҳаи маънавиёти ноҳия мегӯянд, ки бо дастури раиси ноҳия таъмиру азнавсозии 11 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ ва якчанд биноҳои гуногуни хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки аз сабаби паст будани нархи об нисбат ба нируи барқ пойгоҳҳои обкашӣ харроҷоти истифодаи барқро пӯшонида наметавонанд. Холмурод Раҳмон, ки то раиси ноҳияи Қумсангир таъйин шудан ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон соҳаи хоҷагии оби вилоятро роҳбарӣ мекард, мушкилиҳои хоҷагиҳои оби минтақаро чунин шарҳ дод: "Дар баъзе кишварҳои пешрафтаи дунё обро 1 евро нархгузорӣ намудаанд. Дар ҳоле ки дар мо арзиши  хидматрасонии барқро 1,5 дирам нарх гузоштаанд. Вақте мо мегӯем, ки об неъмати худодод асту онро бесарфакорӣ истифода мекунем, ин харроҷоти бенизоми об аз ду ҷониб ба мо хисорот меоварад. Агар мардум бо об ҳам, мисле ки имрӯз нируи барқро сарфа мекунанд, муносибат кунанд, тамоми мушкилоти соҳаи оби Хатлон ҳалли худро меёбанд. Ба ҳар ҳол дар соли гузашта нисбат ба як соли пештара ҷамъоварии ҳаққи хидматрасонии об се маротиба зиёд ҷамъоварӣ шуд. Акнун хоҷагидор масъулиятро эҳсос мекунад, ки пойгоҳи обкашӣ чӣ моҳият дорад. Ҷомеа марҳила ба марҳила моҳияти ин чизҳоро дарк хоҳад кард".

Мушкили №1

Мушкили асосӣ дар ноҳия пайдоиши малах мебошад, ки аллакай дар баъзе минтақаҳои куҳии ин ноҳия хуруҷ карда истодааст. Тибқи иттилои идораи кишоварзии Қумсангир хатари паҳншавии малах дар майдони 44 ҳазор гектар заминҳои водию доманакуҳҳои миёни Қумсангиру ноҳияи Румӣ  аз эҳтимол дур нест. Барои пешгирӣ аз паҳншавии малах танҳо барои ноҳияи Қумсангир камаш 5 адад трактори ОВХ лозим аст.

Доғистони Хатлон

Раиси ноҳияи Қумсангир зимни нишаст иброз дошт, ки дар баробари ҳалли дигар мушкилиҳо бояд бозори марказии ноҳия аз нав сохта шавад. Зеро Қумсангир қад-қади шоҳроҳи байналмиллалӣ ҷойгир буда, ҳар меҳмони хориҷие, ки вориди Тоҷикистон мегардад, аз назди бозори марказии ноҳия гузар мекунад. Вазъи имрӯзаи бозори колхозӣ хеле ташвишовар мебошад.
Воқеан, бозори Қумсангир доғи ноҳия аст. Доғе, ки ба ҳар баҳое бошад, онро бояд рафъ кард. Чунин ҳолатро дар ягон давру замон Тоҷикистон ёд надорад. Вақте мо аз даромадгоҳи тарафи офтобнишини бозор вориди он шудем, аз "Харобаҳои Мадоин" ёдовар шудем. Аммо дар гӯшаи дигари бозор саҳнаеро тамошо кардем, ки ба ақл рост намеояд. Дар рӯ ба рӯи ошхонаи ба ягон талаботи санитарӣ ҷавобгӯй набуда, ҳоҷатхона-вайронае воқеъ аст. Дар байни ин ду бино партовгоҳ, намозхонаи бозор ва ҷӯйи заҳоб аст, ки манбаи асосии хатари паҳншавии бемориҳои сироятист. Ман аз ин рафтори мардум дар ҳайрат будам, ки наход одамон дар рӯ ба рӯи партову хоҷатхонае, ки на дар дораду на тирезаи обод нишаста ғизо тановул мекарданд. Дар масофаи аз ошхона то ҳоҷатхона ҷавонони зиёде дар назди партовҳо таҳорат мекарданд. Мурдоби сиёҳи ҷӯйи назди мизи ғизохӯрӣ ғаши мизоҷонро намеоварда бошад? Ба гуфтаи мардуми бозорнишин ин ҳолат ҳоло беҳтар аст, зеро ба наздикӣ раиси бозорро аз кор озод кардаанду ба ҷойи он нафаре омада аст, ки гӯиё ба ободонию тартиботи дохилӣ даст задааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки масъулини санитарии ноҳия аз инҷо гузар мекарда бошанд?

Ҳаққи бозор баланд аст?

Мусоҳибони мо иброз медоранд, ки бозори марказӣ ба ягон талабот ва меъёр ҷавобгӯй нест, аммо мардум аз рӯи зарурият дар ин вайрона машғули тиҷорат мебошанд. Шояд ба истиснои ягон тозагии атроф аз ҷониби худи фурӯшандаҳо дигар масъулини пешинаи бозор маблағе барои таъмиру тартиботи бозор сарф накарда бошанд. Зеро дар ин бозор ба ҷузъ вайронаҳо дигар ободие ба чашм намерасад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи савдогарони ин бозор аз тамоми бозорҳои вилоят, шояд дигар вилоятҳои кишвар низ дида, "ҳаққи бозор" дар ин вайрона баланд аст. Савдогаре мегӯяд, ки ҳар рӯзе аз мо аз 5 то 7 сомонӣ "чекпулӣ" меситонанд. Дар даромадгоҳи бозор бошад, зери "чаптара"-и каҷалае марди тақрибан 55 сола ҷавононро ба "Лото"- бозӣ даъват мекард. Ман барои ба роҳат акс бардоштан дар як сомонӣ чипта мегирам.- Бачаҷун, як моро "реклама" кун, "клиент"-ҳо зиёд шаванд, гуфта, "бозингар" чархаро тоб медиҳад. Мо бурди худро ба тамошогарони хурдсол тақсим карда, тарки "Вайронбозор"  кардем.

Фиристодаи Президентро дар Қумсангир шинохтанд

Холмурод Раҳмонов яке аз кадрҳои муаррифишудаи Хатлон замоне раиси Қумсангир таъйин шуд, ки мушкилиҳои беҳад зиёде, монеи пешрафти рушди иқтисодӣ - иҷтимоии ин ноҳия шудааст. Ба хусус марказгурезии мардум, коҳиш ёфтани таваҷҷуҳи ҷомеа ба таълими фарзандон, рӯ овардани аз ҳад зиёди ҷавонон ба муҳоҷирати корӣ, коҳиш ёфтани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, бехабарӣ аз ҳаводиси марказ ва ҷаҳон кори коргузории давлатро дар чунин ноҳияҳо дучанд мушкил мегардонад.

АГАР-ҳои пас аз сафар

Воқеан ҳам ҷомеаи Қумсангир аз ҷиҳати илму саводнокии динию дунявии мардумонаш, тараққиёти соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, рушди тиҷорат, муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон дар вилоят ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ҳарчанд аз ҷиҳати ободонию созандагӣ ноҳияи қафомондаи вилоят аст, аммо захираю имкониятҳо барои ободонии ин гӯшаи диёр дар худи ноҳия зиёд аст. Мардум худ мегӯянд, ки мо қумсангириҳо сатҳи зиндагии хуб дорему бештари ҷавононамон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Пас ягона омили пешрафти ин ноҳия захираҳои кадрию иқтисодии дохилии ноҳия мебошад. Шояд ҳамаи мо мутмаин бошем, ки раиси тозатаъини Қумсангир - Холмурод Раҳмон пеш аз ҳама миёни ҳукумати маҳал ва мардум ҷомеаро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда метавонад. Зеро ӯ муаллифи "Ҳашари умумихалқӣ барои созандагии Ватан" қаблан симои деҳоти ноҳияи Шаҳритӯсро қариб ба шаҳр бадал карда буд. Барои ободонии Қумсангир бошад ҳукумат бо "кушодани роҳ" барои тоҷирони бурунмарзии қумсангирӣ метавонад, натанҳо маркази ноҳия, балки тамоми қаламрави онро мисли шаҳрчаҳои замонавӣ ободу зебо гардонад. Агар аз 100 як нафари муҳоҷирбачаи ин ноҳия як дӯкони тиҷоратӣ ё коргоҳи хурдеро дар гӯшаи диёри худ бунёд намояд, Қумсангир ба як шаҳрчаи обод табдил меёбад.
Ба умеди обод дидани Қумсангир, як гӯшае аз диёри замоне ҳамешабаҳори мо.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, Қумсангир-Қурғонтеппа

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97