Суйиқасди ноком кори кӣ буд?

Сиёсат 24.01.2012 09:09

suiqasdi_nokommmОхирин иттилоъ аз Додоҷони Атовулло ин аст, ки вай аз ҳуҷраи эҳёгарӣ ба утоқи умумии табобатӣ интиқол шуда ва наздикону дӯстонаш бо ӯ дидор дидаанд.
Агар ин ном Додоҷони Атовулло намебуд…

Русия… кишваре, ки наздик ба 20 сол инҷониб ҳамасола садҳо нафар тоҷик куштаву сӯхтаву сар бурида мешавад, хабари навбатии аз зарби корд захмӣ шудани як тоҷики дигар дар ин кишвар мебоист маъмулӣ ва бидуни сару садо пушти сар мешуд. Агар ин ном Додоҷони Атовулло намебуд.
Он гуна, ки ҳамин рӯзҳои ахир 5 тоҷики дигар дар яке аз шаҳрҳои Русия дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуданд, аммо камтарин таваҷҷуҳро ба худ ҷалб карданд. Вале Додоҷони Атовулло бо бардоштани ду зарби корд аз қафаси синааш аз ҷониби як фарди то кунун номаълум, фазои иттилоотии Тоҷикистонро фаро гирифта ва ҷомеъаро такон дод.
Бо таваҷҷуҳ ба иттилое, ки дар расонаҳои дохилу хориҷ паҳн шудааст, метавон ба ин натиҷа расид, ки: Додоҷони Атовулло, аз шадидтарин мухолифони ҳукумати имрӯзии Тоҷикистон, шоми 12 ба 13 январ дар наздикии тарабхонаи "Виоҷио", воқеъ дар хиёбони Комсомоли Маскав мавриди сӯйиқасд қарор гирифт ва ба бемористони Склифасофский мунтақил шуд, ки айни ҳол дар ин беморхона бистарӣ аст. Сомонаҳо аз қавли наздикон ва пайвандони Додоҷони Атовулло иттилоъ доданд, ки нафаре ӯро ба мулоқот ба тарабхонаи "Виоҷио" даъват мекунад. Аммо то ҷои мулоқот нарасида, ба ҷои касе, ки ӯро даъват карда буд, ду нафари дигар пайдо мешаванд ва яке аз онҳо Додоҷони Атовуллоро аз пушт дошта ва дигарӣ ду корд ба қафаси синаи ӯ мезанад. Бино ба қавли мутахассисон, кордзан нафари бо таҷриба будааст, зеро шеваи зарбаи ӯ ба кордзанҳои "касбӣ" монандӣ доштааст. Аммо ба рағми қасди шуми кордзану фармоишгар(-он) Додоҷон аз ин сӯйиқасд ҷони солим ба дар овардааст. Мегӯянд, як ило якуним сантиметр кордзан иштибоҳ кардааст, то дар дили нарми Додоҷон фурӯ мебурд теғро. Ин саҳна, қиссаи посухи Аҳмадшоҳи Масъуд ба сӯйиқасдгари худро ба ёд меорад, ки гуфта буд; "Ватандор, вархато шудӣ, дастот мезларзад, хуб нишонзан набудӣ". Ҳоло дили фармоишгари ин саҳна меларзад, аз тарси фош ва расво шудан.

Кӣ ба қасди ҷони Додоҷон афтодаст?

Ин воқеа ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон сару садоҳоеро ба вуҷуд овардааст. Иддае ба маҳзи дар сомонаҳо пайдо шудани ин иттилоъ ангушти иттиҳом сӯйи Тоҷикистон боло карданд. Аз ҷумла Аркади Дубнов, хабарнигори "Время новостей" ин фарзияро дар миён гузошт. Вале дар фардои ин ҳодиса Вазорати умури хориҷаи Тоҷикисон  ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро маҳкум кард ва сухангӯи вазорат гуфт, Тоҷикистон ҳар гуна шеваи муҷозоти худсаронаро маҳкум мекунад. 
Аммо нашрияи "Миллат" бо каме паст шудани эҳсосоти ҷомеа дар ин замина, назари чанде аз соҳибназарон ва аз ошноҳои собиқу имрӯзии Додоҷони Атовуллоро пурсид, ки аз кӣ гумонбаранд ва ба фарзи мисол чи омиле метавонист боиси ин сӯйиқасд бигардад. Иддае аз дӯстони пешину имрӯзи ӯ аз изҳори назар дар ин бобат худдорӣ карданд. Вале онҳое, ки бе ҳеч истиҳола нисбати Додоҷон камтаваҷҷуҳӣ намекунанд, ин навбат ҳам бардоштҳои худро ба миён гузоштанд.

Бобоназарова: Сӯйиқасд ба Додоҷон кори ҳукумати Тоҷикистон нест

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Перспектива+" ва аз ошноҳои деринаи Додоҷон мегӯяд: "Вақте чунин ҳодисаҳо ба вуқӯъ мепайванданд, суолҳое ба ин монанд, ки чӣ сабаб шуб, кӣ ин корро кард - худ ба худ пайдо мешаванд. Агар баъзеҳо аз Маскав ба тезӣ гуфта бошанд, ки гӯё ин бо супориши Тоҷикистон шудааст, ман ба ин бовар намекунам. Зеро бо ин тариқ рафтор кардан, шеваи мақомоти махсус нест. Барои ҳама маълум аст, ки агар ин амал супоришӣ мешуд, дар назари мардум ин корро анҷом намедоданд. Гузашта аз ин, ин амал яқинан, ки ба нафъи Ҳукумати Тоҷикистон нест, обрӯи Тоҷикистонро паст мекунад. Ба ин далел, ки худи ман ҳуқуқшинос ҳастам, ҳоло пешниҳод мекунам, ки мунтазир бошем то мақомоти тафтишотии Русия чӣ мегӯянд. Баъд гумонбариро шурӯъ кунем.
Болотар аз ин, ҳоло кӣ медонад, ки ин ҷо чӣ гап аст? Ин ҷо метавонад ягон хусумати шахсӣ бошад. Мумкин иғво аз дигар тараф бошад.
Ман фикр намекунам, ки Додоҷон тавони роҳандозии инқилоб дар Тоҷикистонро дошта бошад. Дар Тоҷикистон ҳар чӣ шавад бо сабабҳои дохилӣ мешавад, на сабабҳои берунӣ. Маълум аст, ки Додоҷон солҳои зиёде аз Тоҷикистон дур аст. Ман фикр намекунам, ки вай ягон нооромӣ биорад. Нафароне, ки ин андешаро доранд, бидонанд, ки ин бисёр андешаи соддалавҳона аст".

Темур Варқӣ: Додоҷон "фанатик" аст, ин сӯйиқасд ба касби ӯст

Темур Варқӣ, яке дигар аз дӯстони Додоҷони Атовулло назари комилан мутафовит аз Ойниҳол Бобоназароваро дорад: "Ман фикр мекунам, ки ин сӯйиқасд ба фаъолияти касбии Додоҷон рабт дорад. Фикр мекунам, ки дар Русия Додоҷон ягон душман надошт; ягон кори тиҷоратӣ ё ягон кори дигар надорад. Ман мутмаин ҳастам, ки надорад. Ягона кори Додоҷон ин буд, ки мехоҳад дар Тоҷикистон дигаргунӣ шавад. Фикрҳояш дар бораи Тоҷикистон буд. Додоҷон "фанатик" буду "фанатик" монд. Бино бар ҳамин, мо бояд сӯйиқасдгаронашро фақат дар Тоҷикистон биҷӯем.
Ман фикр мекунам, ки Додоҷон ба Ҳукумат ягон хатар надорад. Афроде мисли Додоҷон баръакс барои ҳукумат даркор ҳастанд. Ба маънои ин ки ин афрод шарти пешрафтанд. Ҳукумат баръакс бояд аз корҳои эҷодии Додоҷон истифода мебурд. Додоҷон душмани миллати тоҷик набуд ва нест, душмани Тоҷикистон набуду нест. Агар ӯ дигарандеш аст, хуб мо, ки дар асри 21 зиндагӣ мекунем. Андешаҳои гуногунро ба назар гирифтан даркор аст. Нирӯ ва зарфияти ин афродро бояд истифода барем".

Мирзои Салимпур: Ин сӯйиқасд давоми сӯйиқасдҳо ба ҷони хабарнигорони тоҷик аст

Мирзои Салимпур аз ҳамкорони собиқи Додоҷон дар "Чароғи рӯз" низ ин қазияро пурра ба касби Атовуллоев рабт медиҳад: "Ҳамла ба Додоҷони Атовулло ҳақиқати талхеро бармало мекунад, ки хабарнигорӣ як касби хатарнок боқӣ мемонад. Бахусус дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон, ки соле пеш шоҳиди ҳамла ба Ҳ. Сайфуллоҳзода шуда буд ва ин бор навбат ба Додоҷон расид. Додоҷони Атовулло, албатта, бо дидгоҳи тунду оштинопазираш нисбат ба таҳаввулоти Тоҷикистон фарқ мекард, вале ҳар чӣ мегуфт ва ҳар танқиде, ки мекард, ошкору бараҳна ва тавассути расонаҳо буд. Фикр накунам, ки бастани даҳони хабарнигор бо чунин шеваҳои барбарӣ ба эътибори онҳое, ки дар ин ҳамла даст доранд, заррае биафзояд, балки баръакс боиси рехтани обрӯ  ва ҷо шудани Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои саркӯбгари озодии матбуот хоҳад шуд.
Ба назари ман,  Додоҷони Атовулло бо он мақолаҳое, ки дар солҳои 80 навишта буд, як саҳифаи дурахшонеро дар таърихи матбуоти тоҷик дар асри 20 барои худ ихтисос додааст. Ва гӯш додан ба мавқеъ ва назари афроде, чун ӯ, сарфи назар аз он ки мо ин мавқеъ ва ин назарро мепазирем ё на, бештар шоистаи як ҷомеа ва давлати соҳиби ҳусни таҳаммул ва арҷгузор ба асли дигарандешист, то истифода аз сӯйиқасдҳои барбарона ба ҷони хабарнигор. Аммо дар мавриди омилони ин сӯйиқасд, фикр мекунам, бояд каме мунтазири поёни таҳқиқот бошем, ки оё асли қазия ва исми фармоишгарони ин ҳамларо то куҷо рӯшан хоҳад кард".

"Ин навъи сӯйиқасд 200 сол пеш "муд" буд…"

Бо ин вуҷуд, як ҳамнишини дигари Додоҷон, ки нахост номаш зикр шавад, аммо изҳори назарашро дареғ надошт, ин ҳама фарзияҳоро бе поя арзёбӣ кард. Тавре ин рафиқи "эҳтиёткори" Додоҷон мегӯяд: "Ман 32 сол дар низоми мақомоти амният фаъолият кардаам. Дар ҷаҳони муосир ин навъи сӯйиқасд аз ҷониби мақомот дигар сурат намегирад. Ду сад сол пеш буд, ки афроди мавриди назарро ба тарабхона даъват мекарданд ва баъд нақшаҳои шуми худро пиёда менамуданд. Ҳоло садҳо роҳи дигари пиёда кардани ҳадафҳо ҳаст, ки бо пиёда кардани онҳо касе аз шумо гумонбар намешавад. Ин амал як амали кӯчагӣ аст, аз ҷониби мақомот сурат нагирифтааст.
Бисёриҳо бар ин назаранд, ки Додоҷон метавонад роҳбари як ҷунбиш бошад, аммо ман мухолифи ин гуфтаҳоям. Додоҷон як рӯзноманигор аст, вай ҳамчун як шахсияти сиёсӣ матраҳ нест. Шумо, барои мисол, равед ба Варзоб ва аз сокинон пурсед, ки оё Додоҷонро мешиносанд. Ман мутмаинам, ки намешиносанд. Дар дигар манотиқ ҳам ҳамин аҳвол аст".

Алавӣ: Сӯйиқасд ба Додоҷон сӯйиқасд ба ғурури тоҷик аст

Абдулқодир Алавӣ, ҳамдарси донишгоҳии Додоҷон, ки низ дар Маскав ба сар мебарад, мегӯяд, аз ин ҳамлаи ноҷавонмардона хеле нороҳат шудааст: "Хабари сӯйиқасд бар ҷони Додоҷони Атовулло моро хеле нороҳат кард ва бояд гуфт, ки ин сӯйиқасд на танҳо бар ҷони Додоҷон аст, балки ин як навъе аз шикастани нирӯ, ғурур ва ҷавонмардии миллати ранҷдида ва ғамдидаи тоҷик аст.
Вале ҳеч гоҳ ин қувваи носолим бо ин мақсади шуми худ ба ҳадаф намерасад, чун ҷомеаи башарӣ ҳамеша ба сӯи пеш ҳаракат дорад. Бо куштани ману мову дигарон, ки фикру андешаи солим дорем, рушду раванди ҷомеаро пеш гирифтан ғайриимкон аст."

Вале ба ҷуз аз ин, назарҳову таманноҳои бештарро дар саҳифаи вижаи фейсбуки Додоҷони Атоулло аз ин нишонӣ мешавад пайдо кард:  http://www.facebook.com/profile.php?id=100000277487642

Аммо Додоҷони Атовулло кист?

Як чеҳраи мондагор дар таърихи журналистикаи тоҷик, ки аввалин нашрияи мустақилро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст. "Чароғи рӯз" аз маҳбубтарин ҳафтаномаҳои солҳои 90-уми асри ХХ буд, ки беш аз 25 ҳазор тираж дошт ва аксарияти журналистони чирадасти тоҷик маҳз дар ҳамин мактаб тарбият ёфтаанд. 
Дар соли 1992, замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ оғоз шуд, Додоҷон ба Русия фирор кард. Дар тӯли бист соли ахир, бар пояи иттилои расонаҳо, мақомоти Тоҷикистон 20 маротиба аз Русия боздошт ва истирдоди Атовуллоро дархост карданд. Додситонии Тоҷикистон соли 2008 Додоҷонро дар тавҳин ва таҳқири раиси ҷумҳур муттаҳам карда буд. 
Дар соли 2007 Додоҷон дар Маскав Ҷунбиши "Ватандор" - ро таъсис дод ва эълом кард, ки нируҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон вориди ин созмон шудаанд. Аммо то ба ҳол аз ҳеч нафари узви ин созмон ном набурдааст.
Ҳадди ақал дар як соли ахир Додоҷони Атовулло дар расонаҳои хабарии дохилу хориҷ хеле фаъол буд ва ҳамеша дар ҳар мавзӯъи марбут ба Тоҷикистон изҳори назар мекард. Ба вижа, дар қазияи халабонҳои Эстония ва Русия, ки дар Тоҷикистон маҳбус буданд, Додоҷон аз соҳибназароне буд, ки бо бештари родиову телевизионҳои Русия мусоҳиба анҷом дод ва гуфт, ки билохира халабонҳо бо бархе аз маҳбусини тоҷик дар Русия табодул мешаванд. Ҳарчанд ин табодул дар замон сурат нагирифт, аммо баъд аз раҳоии халабонҳо писари Амонуллоҳи Ҳукум, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ буд, дар охири моҳи декабр озод шуд.

 Созмонҳои рӯзноманигорӣ маҳкум мекунанд

Дар зимн, бархе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ин сӯйиқасдро маҳкум карда, хостори ҳар чӣ зудтар пайдо кардани омилони он шуданд. Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон "Афрӯз", ин ҳамларо "сӯйиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон" номид. Дар баёнияи ин созмон омадааст: "Интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти худ кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯйиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад."
Иттифоқи рӯзноманигорон, Анҷумании миллии расонаҳои мустақил ва созмони Медиа-Алянси Тоҷикистон бо пахши баёнияи муштарак навиштанд, ки дар солҳои ахир Додоҷон ба унвони як рӯзноманигор ва як нафари мухолифи давлати Тоҷикистон аз ҳуқуқи худ ба озодии баён истифода мекард. Дар ин баёния аз ҷумла омадааст: "Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ ба далели фаъолияти касбии вай сурат гирифтааст ё хайр. Вале чунин ҳалли қазия бо мухолифон ҷиноят аст ва дастандаркорони ҳамла бояд тибқи қонун муҷозот шаванд."
Ҳамчунин ин се созмони хабарнигории Тоҷикистон аз ниҳодҳои интизомии Русия дархост кардаанд, ки ҳамла ба ин хабарнигори тоҷик дар Маскавро сареъан таҳқиқ кунанд.
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз низ изҳорот пахш кард, ки аз  ҳамла ба Додоҷони Атовулло башиддат ваҳшатзада аст.
Ин созмон дар баёнияе, ки рӯзи 13 январ интишор дод, мегӯяд: "Бо таваҷҷуҳ ба фаъолиятҳои ҳирфаии ин хабарнигори саршиноси мухолифи давлат ҳамаи фарзияҳо бояд таҳқиқ шаванд". Ин созмон меафзояд: "Додоҷон бо интиқодҳои тундаш аз давлати Тоҷикистон шинохта шудааст ва бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои ҷиддӣ алайҳи ӯ давлати Олмон ба ӯ мақоми паноҳандагии сиёсиро додааст".
Ба ҳар ҳол, ин қазия ҳоло идома дорад. Ва назарҳо ба ҳодисаи сӯйиқасд ба Додоҷони Атовулло мисле, киба шахсияти худи ӯ дар Тоҷикитсон мутафовит аст. Додоҷони Атовулло дар Тоҷикистон хайрхоҳон ва бадхоҳони зиёде дорад. Аммо ҳақиқат ин аст, ки барҷастатарин ва таъсиргузортарин журналисти тоҷик дар бештар аз 20 соли охир будааст. Ва ба рағми он ки мо ӯро хуш дорем ё не, ба рағми эътиқодоти сиёсӣ ва ақидатии ӯ, ки хуб аст ё бад, Додоҷони Атовулло як шахсияти истисноӣ дар таърихи матбуот ва як чеҳраи мондагор дар зиндаги иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон низ ҳаст. Ҳоло ба рағми ҳама хушбинӣ ва бадбинӣ, биёед ба ӯ шифои комил таманно кунем. Баъд навбати гилаву даъво ҳам мерасад.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97