Маоши вакили мо 5 ҳазор сомонӣ, маоши донишҷӯй 60 сомонӣ, инсоф куҷост?

Сиёсат 07.01.2012 10:55

PArlamentttttҚариб дар ҳама ҷомеъаҳои ҷаҳон ва кишварҳои пешрафта ҷавонон як қишри фаъолу бедор ва ояндасозу соҳибандеша маҳсуб мешаванд ва дар раванди ҷомеъасозӣ нақши чашмгиру арзанда доранд.

Аксари давлатҳои мутамаддини олам ба кору зиндагии ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса дошта, аз нирӯи зеҳнӣ ва истеъдоди фитрии онҳо барои пешрафти кишварҳояшон ба таври шойиста истифода мебаранд.  Мо ҳамеша ва дар аксари маврид қонунҳои Русия ва амалкарди давлатдорони ин кишваррро мисол меорем ва намунаи кору фаъолияти хеш қарор медиҳем, аз ин рӯ ман ҳам ин ҷо Русияро дар маркази ин сӯҳбати худ қарор медиҳам. Дар ҳамин интихоботи Думаи давлатии Русия, ки 4 декабр баргузор гардид, мо шоҳиди он будем, ки аҳзоби сиёсии ин кишвар барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои хеш ва барои ба парлумон роҳ ёфтани онҳо талошу кӯшишҳои ҷиддие доштанд. Ҷавонтарин вакили Думаи пешини давлатии Русия Роберт Шлегел 26 сола аст, ки дар сини 22 солагӣ вакил интихоб шуда буд, дар ҳоле ки ҷавонтарин вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон синнаш аз 45 болост. Хуб, агар Русияро кишвари саноатӣ ва абарқудрат ва дорои низоми хуби демократӣ ва дар кори давлатдорӣ пешрафта бидонем, пас онро канор мегузорем ва ба Вулуси Ҷиргаи Афғонистон, ки мақоми олии қонунгузори ин кишвар аст, назар мекунем. Он ҷо ҷавонтарин вакил, журналисти ҷасуру донои телевизиони ин кишвар Яво Сиёваш ҳамагӣ 24 сол дорад. Дар ҳайати ҳукумати Русия ва Афғонистон ҳам ҷавонон мавқеъи махсус доранд. Ва ҳатто раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳамагӣ 46 сола аст. Ва дар ҳайати ҳукумати сарвазир Путин чанд тан ҷавонон, аз ҷумла ду муовини сарвазир, вазири энергетика, вазири захоири табиӣ ҷавон ҳастанд ва ҳамчунин се нафар занон вазир шуда кор мекунанд, ки дар мо чунин нест. Аксари вазирони мо ва вакилони парлумонамон пирони солашон аз нафақа гузашта ва дар остонаи синни 60 қарор дошта мебошанд. Ба истиснои ду- се тан аз ҷумла Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи радио ва ТВ ва Маликшоҳ Неъматов, раиси кумитаи кор бо ҷавонон дигар қариб ҳама мӯйсафедоне раису вазир ҳастанд, ки иддае аз эшон 15- 20 сол боз дар сари вазифа ҳастанд. Ва шояд ҳамин тафаккури кӯҳнаву шахшудаи онҳост, ки дар мо пешравӣ ва навгонӣ камтар аст. Ва бояд президент ба ҷалби ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ таваҷҷӯҳи бештар бикунад ва пирони корро ба нафақа гусел намояд. Бояд барои хидматҳояшон дар пешрафти босуръати мамлакат таҳсину офарин гуфта, роҳро барои ҷавонони соҳибистеъдоду ватандӯст боз намуд. Аҳзоби сиёсии кишвар ҳам бояд барои вакил интихоб шудани ҷавонон дар парлумон ва дар маҷлисҳои маҳаллӣ иқдом бикунанд. Ҳизби коммунист, ҳизби халқии демократӣ, ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бояд дар интихоботҳо ҷавононро вориди парлумон мекарданд, на пирони ҳизбашонро. Дар Интернет хондам, ки ҳукумати Белорусро барои синни миёнаи аъзояш 55 сола будан ҳукумати кӯҳансолон донистаанд. Ҳукумати мо чӣ гуна бошад, дар ҳоле ки сарвазирамон дар тайи 70, вазири мудофиа, вазири энергетика, вазири корҳои хориҷӣ, вазири молия, муовини сарвазир аз 60 боло ва бархе аз аъзои ҳукумат дар таги синни 60 қарор доранд. Чунин ба назар мерасад, ки ё дар Тоҷикистон ҷавонони боистеъдод нестанд ё ба ҷавонон эътимод камтар аст ё аз ба сари кор овардани ҷавонони огоҳу донишманд пирони мақомдори мо ҳарос доранд, ки яке ҷояшонро мегиранд. Вале масъулини ҳукумат бояд нотарсона иқдом кунанд ва роҳро барои сари кор омадани ҷавонони донишвару бедордилу ватандӯст боз кунанд. Мансабдорони солҳо рӯи курсӣ такя зада бояд ба ҷавонони соҳибтахассуси донишманд бовар кунанд ва умури давлату ҳукуматро ба онҳо беҳарос бидиҳанд, дар ҳақашон дуъои нек кунанд ва худ дар зери дасти ин кадрҳои ҷавон кор карданро таҳаммул бикунанд. Ин ҷо мехоҳам як нуктаро қайд бикунам, ки мутаассифона баъзе аз ҷавонони миллат, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ин ё он вазорату идора таъин мегарданд, камтар ғайрату истиқлоли фардӣ ва ҷуръат доранд. Ё тафаккури шахшудаву аз даврони султаи Шӯравӣ мерос гирифта доранд, ё чун вориди ҳукумат мешаванд он як ҷуръату ҷаҳду талошҳои ислоҳхоҳӣ доштаашон аз чӣ бошад гум мешавад. Давлату ҳукумат бояд кадрҳоро на аз рӯи садоқаташон ба ҳокимон, балки аз рӯи дониш, тахассус, ҷасорат ва шойиста буданашон ҷуста, ёфта ва дар ин ё он мақоми раҳбарӣ таъин намояд. Муҳим он аст, ки кадрҳои ба вазифа таъиншаванда афроди ватандӯст, огоҳу бедор, кордону ҳампои замон бошанд, вале агар ин кадрҳои ҷавон ба баъзе иқдомоту қарору тадобири ҳукумат диду назари мухолиф дошта бошанд,  инро набояд фоҷеъа донист. Ин амал кори ҳукуматро рангин месозад ва фаъолияти онро тақвият мебахшад. Бубинед, дар Русия ҳамин чанде қабл  вазири собиқи молия Алексей Кудрин аз сиёсати иқтисодии президент Медведев интиқод кард ва Медведев барояш гуфт, ки ё ҳарфҳояшро гашта бигирад ё ариза навишта биравад ва Кудрини огоҳу дигарандеш дуюмиро ихтиёр кард ва аз мақомаш канор рафт. Вале Путин ҳафтае пеш аз Кудрин бо некӣ ёд кард ва гуфт, ки ӯро ҳатман ба кори ҳукумат ҷалб месозад. Вале дар ҳукумати мо дар тайи ин 20 сол як Кудрин пайдо нашудааст. Ҳарчанд дар кори ҳукумати мо фикр мекунам иштибоҳу ғалатҳо ҳам будааст, вале як вазир ҷуръати гуфтани гапи ҳақро то ҳол пайдо накардааст. Як фарди масъулу мансабдор ҷуръате надорад, ки ҳукуматро интиқод бикунад. Аз умри ҳукумати имрӯзаи мо 20 сол мегузарад ва дар ин 20 сол ҷавононе, ки дар соли 1992 дар синни 20 буданд, 40 сола шуданд, вале мо онҳоро дар мақомҳои раҳбарӣ кам мебинем. Имрӯз ҳам ҳамон вазиру раисоне, ки 15- 20 сол қабл сари ин ё он вазифаи масъул буданд, ҳамонҳо дар вазифаҳои муҳими давлатӣ кор мекунанд.  Акнун савол ин ҷост, ки куҷоянд ҳамон кадрҳое, ки ин раисону вазирони мо дар 20 соли раҳбариашон тайёр кардаанд? Агар ҳар сол ин масъулини мо як кадри хуб тайёр мекарданд, имрӯз дар ҳар вазорату кумита 20 ҷавоне омода буд, ки раису вазир шавад. Ва президент ҳам дар ёфтани кадрҳои шойиставу арзанда мушкил намедошт, зеро соле қабл бо таассуф изҳор дошта буд, ки ёфтани кадр кори осон нест. Ва сиёсати ҳукумати мо дар самти кор бо ҷавонон ҳам он қадар муваффақ нест. Мебинем, ки ахлоқи ҷавонон рӯз то рӯз коста мешавад ва сафи бекорӣ дар авҷ аст. Ҷавонони мо майл ба беҳудагардӣ доранд, ба амалҳои номатлуб аз қабили дуздӣ ва нашъамандӣ мезананд. Ман то ҳозир надидаам, ки чанд ҷавоне бо ҳам нишаставу дар бораи кадом як китоби хуби хондаашон баҳс карда бошанд. Варзишгоҳҳои зиёде дар ин ё он гӯшаи кишвар сохтаем, вале ин макони тарбияти бадан қариб ҳама рӯз холианд. Ба гурӯҳҳои тундраву мамнӯъи мазҳабӣ низ аъзо шудани ҷавонони мо маҳз дар ҳамин бетаваҷҷӯҳии масъулин, раисони шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо ба мушкилоти насли ояндасози ҷомеъа мебошад. Чун як ҷавон мебинад, ки касе парвои ӯ надорад, барои касе даркор нест ва дар рӯ ба рӯи мушкилоти хеш танҳо мемонад, ӯ хоҳу нохоҳ ба ҳар гурӯҳу ҷамоаи ифротиву ҷиноятӣ шарик мешавад. Бо шиорҳои мутантану болохонадори "Ҷавонон ояндаи мо", "ҳукумат ба ҷавонон таваҷҷӯҳ дорад" ва оростани чанд ҷаласаву барномаҳое аз тариқи телевизион намешавад проблемаву мушкилоти насли ҷавонро ҳал кард. Ҷавононро бояд ба кори фоиданок ба нафъи кишвару ҷомеъа ҷалб сохт. Ҷойҳои корӣ бояд омода сохт ва музди маъошро боло бардоштан зарур аст. Имрӯз маоши моҳонаи як донишҷӯ 60 сомонӣ аст, биёед аз сари инсоф бигӯем, бо ин маблағ донишҷӯ- як ояндасози ҷомеъа чӣ кореро метавонад анҷом бидиҳад, ки ҳатто ба роҳкирояш намерасад. Ё бо ин маблағ донишҷӯи бечора метавонад фақат як ҳафта ғизо тановул кунад ва тамом. Дар ҳоле ки як вакили мардум, ки бояд барои некӯаҳволии ҷомеъа қонун нависад, беш аз як ҳазор доллар барои хеш маош муқаррар мекунаду донишҷӯро дар ин замони сахтӣ бо ҳазору як мушкилоташ танҳо гузоштаву фаромӯш кардааст. Чӣ тавр инро метавон шарҳ дод, ки падарону модарони қонунгузори мо, депутатҳои мӯҳтарами парлумонамон, ки бо дарёфти раъйи мо ба курсиҳои мулоим такя задаанд, фарзандони худ, мо насли ҷавони ба истилоҳ умеди онҳо ва ояндасозро ба кӯйи фаромӯшӣ партофтаанд. Оё ҳамин вакилону вазирони мо дар замони донишҷӯй будан ҳамин қадар маоши моҳона дарёфт мекарданд, ки он ҳамагӣ барои як ҳафта зистанашон мерасид? Пас, чӣ гуна дили мо ба оянда гарм бошад ва ғайрати мо ҷӯш занад?

Миҷгонаи Амришоҳ, донишҷӯи соли 4- уми факултаи журналистикаи ДМТ 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97