Соли аждар- 2012 ба гушнаҳои маънавӣ чӣ медиҳад?

Сиёсат 03.01.2012 12:20

Хатароти зоҳирӣ

DrakonnnnИнак соли 2011 ба поён мерасад. Соле, ки сипарӣ мешавад, аз ҷиҳати сиёсӣ барои Тоҷикистон соли андак вазнин буд. Андаке гуфтан барои он аст, ки соли 2012 аз ҳар ҷиҳат соли вазнинтар меояд. Зеро муборизаҳои сиёсӣ дар тамоми Осиё аз он ҷиҳат шадидтар мешаванд, ки маъракаи интихоботи президентии Русия бидуни майдоннишиниҳои сиёсӣ анҷом нахоҳад ёфт. Ва то лаҳзае, ки русҳо саргарми масоили дохилии хеш мешавад, "дастҳои боз" сӯи кишварҳои шарики Русия дарозтар мешавад. Ҳарчанд дар вохӯии охирини аъзои СПАД Нурсултон Назарбоев, Президенти Қазоқистон пешниҳод кард, ки кишварҳои узви ин созмон бидуни ризояти аъзои Созмони мазкур базаи ҳарбии дигар давлатҳои абарқудратро дар марзи кишварашон ҷойгир накунанд.

Дар ҳамин шабу рӯз мавқеи Русия нисбат ба Тоҷикистон он қадар ҳам рушан нест. Ҳолдонҳои берун аз долонҳои ҳукумат фикр мекунанд, ки то интихоби президенти нави Русия авзои сиёсӣ ҳамин тавр боқӣ мемонад. Ба истиснои ҳуҷум ба Эрон, ки метавонад боиси бозиҳои нав дар кишварҳои ҳамҷавор шавад. Дар баробари ин баъди ҳаводиси баҳории Русия муносибатҳои байнидавлатии ин абарқудрат бо тамоми кишварҳо як кам тағйир меёбад. Ба хусус нисбати Тоҷикистон ва роҳбари он ки дигар намехоҳад тамоми "принсип"-ҳои Русияро қабул дошта бошад. Русия дар масоили лоиҳаҳои стротегии Тоҷикистон ва чӣ масъалаҳои сарҳаду будубоши Двизияи 201-умаш дар Тоҷикистон аз диди манфиатҳои худӣ назар дорад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар муносибат ба Русия ногузир манфиатҳои миллату давлатро дар мадди аввал гузошта истодааст. Оё ин гунна икдоми роҳбари як кишвари аз ҷиҳати иқтисодию ҳарбӣ заифро абарқудратҳои манфиатхоҳ тахаммул хоханд кард?

Тағйирот не, ислоҳоти кадрӣ лозим

Ҷавонсозии аъзои ҳукумат аз "сиёсат"-ҳои навбатии ҳукуматдорони кишварҳое мисли Русия мебошад, ки бо ҳузури давомдори худ ва ҳамраъёнашон дар сари қудрат таваҷҷуҳи мардумро аз даст дода, ҳамакнун ба ислоҳоти кадрӣ гузаштанианд. Аммо ба ин монанд таҳаввулоти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон аз имкон берун аст. Зеро барои Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба он ҳадде, ки мебояд, мушкил аст дигаргуниҳои куллии кадриро анҷом диҳад. Дар вазъияти имрӯза иваз намудани натанҳо сарвазир, балки баъзеи дигар кадрҳои ба синни нафақа расида, ба манфиати ҳукумати кунунӣ нест. Зеро аз як ҷиҳат Оқил Оқилов, Шералӣ Хайруллоев, Ғайбулло Авзалов, натанҳо аз назари мардумӣ дасти пок доранд, балки дар баробари аз хидмати давлатӣ рафтани ин мӯйсафедон таҷрибаҳои калони сиёсиро ба нафақа мебаранд. Ва дар гумон аст, ки ҷойгузини вазифаи онҳо кадрҳое пайдо шаванд, ки мисли онҳо бо донишу малака ва "тақводорӣ" дар назди ҷомеа иззату эҳтиромро сазовор бошанд.

Узбакистон манбаъи хатар

Эҳтимол меравад, ки соли 2012-ум барои лидери ҳамсоякишвар, ки мухолифи амалӣ шудани барномаҳои стратегии мо "унвон" гирифтааст, соли гуфтани сухани охирин бошад. Чунки аз як тараф ҳар соле сипарӣ мешавад, моро як сол ба бунёди НБО "Роғун" наздиктар мебарад. Аз ҷониби дигар лидере, ки солиёни дароз нафари худро аз ҳама одами муҳимми миллаташ меҳисобад, дар мавсими охирине, ки умури идоракуниро дар даст дорад, оё хапу хомӯш аз чунин як бозии калон мебарояд? Ислом Каримов, дар намоиши интригаҳои сиёсӣ ба қавле устухон надорад. Интизор меравад, ки ӯ аз миёни Президентҳои дарозумр нахустин сиёсатмадоре мешавад, ки дар зиндагӣ ҷойгузини худро ёфта, зоҳиран аз бозиҳои калон мебарояд. Навобаста ба ҳама зиддиятҳои пинҳонии ин ду кишвар дарозо давом намекунад. Зеро решаи ихтилоф байни ду кишвар характери байналхалқӣ надорад. Аммо мушкилоти иқтисодӣ ва муҳосираи иқтисодӣ аз ин мавсим дида, зимистони оянда барои мо таъсири сахттар мерасонад.

Фишангҳои фишор

Аз ҷониби дигар Русияи абарқудрат ду фишанги муҳиммеро дар муқобили мо дар даст дорад, ки дар ҳолати пеша кардани сиёсати чандқутбӣ аз сӯи мо, метавонад ононро мавриди истифода қарор бидиҳад. Ин мисолро дар шабу рӯзи баҳси халабонҳо расонаҳои Русия низ оварда буданд, ки; "Ҷониби Русия метавонад Дивизияи 201-умро натанҳо ҳамчун кафили суботи Тоҷикистон, балки як воситаи фишор барои ин давлат истифода бубарад. Дигар аз имкониятҳои Русия нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон,- гуфтааст коршиноси маркази Карнегӣ Алексей Малашенко,- ин садҳо ҳазор нафар муҳоҷир мебошад". Бовари кас намеояд, ки аз номи намояндаи як маркази ба номи инсондӯсти маъруф- Каргенӣ чунин суханҳои оҳанги низоъ дошта, баён шавад: "Тасаввур кардан мушкил аст, ки Москва дар як вақт тамоми муҳоҷирони тоҷикро бозпас фиристад, ҳарчанд ин имконро дорад. Агар танҳо тасаввур кунем, ки Маскав ба якборагӣ 200-300 ҳазор муҳоҷири тоҷикро ба ватанашон бозпас фиристад, ин барои худи Раҳмон оқибатҳои ногувор дорад". Онҳое, ки лоақал Дейл Карнегиро ғоибона мешиносанд, ба ин суол посух ҷӯянд; "Агар муаллифи асари оламгири "Оини дӯстёбӣ"- Дейли башардӯст зиндаву ҳаёт мебуд, оё чунин суханҳои "Марказ"-и ба ифтихораш ном гузошта шударо қабул дошт?

Хатари толибон

Толибон ин хатаре, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ ба Тоҷикистон наздиктар аст. Қаблан воҳимаҳое садо медоданд, ки дар сурати аз Афғонистон баромадани нируҳои ҳарбии ИМА толибон ба сарҳади Тоҷикистон наздик мешаванд. Аммо дар 10 соли охир такя ба қудрати ҳарбии Русия мо хатари тариқи сарҳади Афғонистон гузаштани толибонро ба марзи кишвар эҳсос намекардем. Зеро толибон бо ҳеҷ ваҷҳ ба кишварҳои шарики Русия мухолифати ошкоро намекунад. Аммо толибон бо истифода аз муҳоҷирони тоҷики муқими Русия барои мо хатар эҷод карда метавонанд. Онҳо имкони молӣ доранд, ки бо ҳар восита афкори баъзе ҷавонони муҳоҷири тоҷики муқими Русияро вайрон намуда, онҳоро ба олами терроризм ҷалб намоянд. Шояд баъзе ҳангомаҳое, ки аз Қубодиён ба гӯш мерасанд, далели ин гуфтаҳо шуда тавонанд. Охир Тоҷикистон имкони воқеӣ надорад, ки теъдоди миллионнафараи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия зери назорат бигирад. Ҳоло он ки мо дар ҳифзи маънавиёти ҷавонони кишвар ҳатто дар дохили кишварамон ҳам мушкил дорем.

Кӣ ҷойгузини Ҳоҷӣ Мирзо ва Тураҷонзодаҳо мешавад?

Тайи як муддате, ки Ҳоҷӣ Мирзо ва бародарон Тураҷонзодаҳо аз минбарҳои масҷид барои мардум амри маъруф мекарданд, баъзан сару садоҳое мешуд, ки гӯиё оқибати сарҷамии ҷавонмардон атрофи ин руҳониёни мӯътабар суботи ҷомеаро зери хатар гузорад. Албатта барои ҳукуматҳое, ки аз ҷониби мардум ба нуфузу эътибори сиёсӣ ниёз доранд, пайдо шудани элитаҳои мардумӣ ба хусус лидерони динӣ суолҳои пурмуаммо пайдо мешавад. Чаро дастгоҳи идеологии ҳукумат бо ин ҳама воситаю имкониятҳое, ки дорост, дар баробари воизони дин натавонист байни нируи фаъоли ҷомеа- ҷавонмардон маҳбубият пайдо кунад? Ё худ, ки соли 2011 дигар аз минбари Ҳоҷӣ Мирзо ва ҳаминак бародарон Тураҷонзодаҳо ҳам садо намебарояд, чаро муллобачаҳои ҳукуматӣ наметавонанд, он аудитория (шунавандагон)-еро, ки воизони "хатарнок" доштанд, дар сӯҳбатҳои худ ҷалб намоянд? Воқеан ҳам як муддат ташнагони ғизои маънавӣ аз навоҳии дурдасти кишвар ва ҳатто аз Афғонистону дигар кишварҳои ҳамсоя хотири шунидани амри маъруфи эшон ба Кӯлобу Ваҳдат меомаданд. Агар гӯем, ки замоне сабти видеоии ҳар ҳафтаинаи возиони зикршуда дар бозори Русия ҳам гарм буд, муболиға напиндоред. Чаро идораҳои марбут ба маънавиёти маҳаллаҳои мазкур натавонистанд, ки барои барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии ҳукумати вақт аз ин руҳониён истифода кунанд? Ин суол ҳам беҷавоб мемонад? Охир мавзӯи бештар аз маъвизаҳои ин олимони дин дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи созандагӣ, маданияти хонадорӣ, покию озодагӣ ва омӯзиши асрори олам барои ҷомеа нақши муҳим бозида метавонист. Зеро сухани инчунин воизон ба мардум асар мекунад. Вагарна чӣ сабабҳо як сокини рустои кишварро водор мекунад, ки барои шунидани амри маъруф 100-200 километр роҳро тай карда, ба Кӯлобу Ваҳдат роҳсипор шавад. Холигии маънавӣ? Худтарбиякунӣ ва ё азбаркунии дараҷаи болотари илми дин? Ва ё сабабҳои дигар? Ба ин суол посух ҷӯед, муҳтарам масъулон!

Гушнаи маънавӣ аждари сиёҳро мемонад

Метавон мардумро аз дидану шунидану дигар ҳама чиз манъ кард. Аммо наметавон мардумро гуфт, ки чунину чунон фикр макун. Истиқлоли фикрии мардумро наметавон пешгирӣ кард.

Барои ҳукуматдорон зарур аст, ки аз миёни олимони риштаи дин чунин нафаронеро мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Тураҷонзодаҳо пайдо кунад, то талаботи мардумро ба ғизои маънавӣ қонеъ карда тавонанд. Зеро дар шароити имрӯза муҳимтарин воситаи тарбияи нируи кории ҷомеа ҳамин масҷид буда, дигар воситаҳои фарҳангӣ он қадар коромад наменамоянд. Вагарна тафаккури мардум аз дигар нафсҳои инсонӣ нест, ки пеши роҳашро гирифта шавад. Дагар (мурғ)-и андеша аждари ҳафтсарраро мемонад, ки нафси пайваста ба ғизои маънавиро дорад. Ва фазои маънавии мардумро холӣ мондан иштибоҳ аст, иштибоҳи бузург.

Ин нозукиро дар кишварҳои пешрафта дуруст дарк мекунанд. Ҳатто Русияе, ки бо ҷумла муҳоҷирони кориаш ҳамагӣ 3% ҳам мусулмон надорад, минбари масҷиду барномаҳои телевизионие мисли "мусулмон"-ро барои тарбияи ҷомеаи худ муҳайё кардааст. Дар Эрон бошад минбари масҷид воситаи тарғиби идеологияи ҳукумати вақт аст. Оре, воизони эронӣ сиёсати ҳукумати вақти худро ошкоро тарғиб намекунанд, аммо онҳо дар "либос"-и панду андарзҳои динӣ сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишварашонро ба мардум таҳмил мекунанд.

ТАВАҶҶУҲ! "Дар деҳае, ки бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надорад, ва ё пули харобу роҳҳои ноҳамвор, ё ин ки мардумонаш ягон мушкили иҷтимоӣ доранд, бунёдгузори масҷид ягон аҷре намебардорад". Ин сухане, ки як ҷомеаи бузургро ба созандагӣ роҳнамоӣ кардааст, гуфтаи ягон воизи тоҷикистонӣ нест. Инро Шайх Муҳаммади Зиё, устоди воизони Эрон дар ҳузури ҳазорон нафар шунаванда гуфта буд. Воизе, ки болонишини маҳфилҳои мансабдорони кишвараш набуд, аммо суханаш роҳнамои як ҷомеаи худогоҳе буд, ки ҳукумати вақтро ба ҷузъ як коргузори давлат беш намешинохтанд. Пас элитаи сиёсию динии мо чӣ мушкиле байни ҳам доранд, ки ба ҷойи тарбияву танзими ҷамъият кори дигар мекунанд. Охир фазои маънавии ҷомеа партовгоҳи сиёсӣ нест, ки диндорону сиёсатмадорон эҳсосоти худро ба мардум бо ҳар восита ироа кунанд.

Ҳамин тавр муҳимтарин воситаи идеологӣ барои аксарияти мардум ба хусус гуруҳи осебпазири ҷомеа минбари масҷид аст, агар воизонаш талаботи мардумро ба ғизои маънавӣ қонеъ карда тавонанд. Аммо то куҷо ин минбар ба манфиати рушди ҷомеа дар руҳияи ободонию созандагӣ ва бунёди ҷомеаи солим хидмат мекунад, суоли дигар аст. Ё ҳанӯз вақтест, ки аз ин минбар танҳо ҳамин шиор садо диҳад: "Люди на работу!"

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

P.S. Мулло Ғаффор нақл мекунад, ки зимистони замони сталинӣ буд. Аз тарси мақомот мардум азонро паст қироат мекардаанд. Як саҳар вақте мулло хост азонро гӯяд чашмаш ба сояе, ки дар паси кундаи хушкидае панаҳ шуда буд, меафтад. Мулло Ғаффор ҳам сир бой надода, дастонашро гирди даҳон "сурнай" карда; "Люди на работу!" "Люди на работу!" -гуфта, нидо мекунаду баргашта бо хонааш меравад.

Баъди ним асри он рӯзҳо вақте, ки Тоҷикистон Соҳибистиқлол гардид, Мулло Ғаффор дар як маърака иқрор мешавад, ки агар ҳамон рӯз "хитрий"-гӣ намекард, эҳтимол то имрӯз устухонҳои танаш дар Сибир пӯсида буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97