Вақте ки фармони № 622 - и раҳбари давлатро ба эътибор намегиранд...

Сиёсат 29.12.2011 11:05

ва ё мушкилоти офатрасидаҳои Кӯлоб то куҷо расидааст?

Таваҷҷуҳи Додситони Кулли ҶТ, муҳтарам Ш. О. Салимзодаро хосторем

ALAMI_02Тайи чандин моҳ аст, ки гуруҳе аз мардуми осебпазиру офатрасидаи ш. Кӯлоб, ки ҳуқуқҳои худро поймолшуда ва адолати иҷтимоиро дар сатҳи шаҳр таъминнашуда ҳисоб мекунанд, ба болотарин мақомоти салоҳиятдору зиддахл зиёд муроҷиат кардаанд. Мутаассифона, Дастгоҳи Иҷроияи Президент, шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони ҳамин дастгоҳ, Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, хосатан намояндаи мардумии шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар Маҷлиси Намояндагон, муҳтарам Сафаров А. С., Бюрои Ҳуқуқи Инсон ва Риояи Қонуният, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, муҳтарам З. Ализода ва дастгоҳи кории он, Ҳукумати вилояти Хатлон дар робита ба ин қазияю мушкилоти печида сукут ихтиёр карданд ва ё иқдомоти камеро пешаи худ қарор доданд, ки қазияи мазкур бештар аз пештар печидатар гаштан дорад…

Хулласи калом, ягона мақомот ва ягона шахсияте, ки қазияи мазкур ва муроҷиати шаҳрвандонро таҳти назорати худ гирифт - ин Додситони Кулли ҶТ, ҷаноби Салимзода Ш.О., мебошанд, вале бубинем, ки дар ин робита додситонии вилояти Хатлон ва шаҳру минтақаи Кӯлоб ба чӣ кор машғул аст.

Моҳи октябри соли ҷорӣ бо супориш ва ҳидояти Додситони Кулли ҶТ ба шаҳри Кӯлоб додситони калони шӯъбаи назорати умумии Додситонии вилояти Хатлон, ҷаноби Мусоҷонзода омада, санҷиши додситонӣ гузарониданд, вале ҳарчанд ниёзу эҳтиёҷот ва талаботи мо, ки сирф ҷанба ва хусусияти иҷтимоӣ дорад, ба тариқи мусбат ҳаллу фасли худро наёфтанд, ваҷҳу далелҳои дар муроҷиатҳои хаттии мо овардашуда тасдиқ гардиданд ва нисбати чор нафар масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии ш. Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид ва аз 26 - уми октябр то кунун дар ин робита тафтишоти додситонӣ оғоз карда шуд, ки мо аз рафту натиҷаҳои он огоҳӣ надорем. Чун мардуми таҳаммулпазири мо минбаъд бидуни огоҳию иттилоъе дар ин робита монданд, дар маҷмӯъ 105 сардори оила (агар дар ҳар як оила ҳаддиақалл 5 нафарӣ сукунат дошта бошанд - ҷамъан 525 нафар) бори дуввум ба Додситонии Кулли ҶТ муроҷиати хаттӣ намуданд ва талабу тақозои онро доштанд, ки нисбати 13 (сенздаҳ) ваҷҳ ва ё нуқсу ноадолатии иҷтимоие, ки аз мавқеъ ва нуқтаназари онҳо ҳам Ситод ва ҳам Ҳукумати ш. Кӯлоб муртакиб шудаанд, санҷишу тафтишҳое дар доираи қонунгузории миллию байналмилалӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ гузаронида шуда, мушкилоти онҳо мавриди ҳаллу фасли мусбат қарор дода шаванд ва бадин тариқ ниёзу эҳтиёҷоти онҳо мавриди қаноатмандӣ қарор дода шаванд.

Дуруст аст, ки Додситонии вилояти Хатлон бо имзои додситони вилоят, муҳтарам Сироҷиддин Нуров моро лоиқу сазовори посухи хаттие донистанд ва дар он зикр мешавад, ки аз 26 - уми октябр инҷониб тафтишоти додситонӣ дар робита ба ин мавзӯъ ва қазия идома дорад.

ALAMI_01Ахиран муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии минтақаи Кӯлоб чанде аз моро ба дафтари кории худ баъди шом даъват намуда, изҳор доштанд, ки воқеан ҳам Ҳукумати ш. Кӯлоб нисбати хароб ва тахту ҳамвор кардани хонаю ҳавлиҳоятон қарори расмие надоштааст ва биёед мову шумо аз дигар талаботҳоямон даст бикашем ва фақат атрофи ягон мақсади мушаххастарамон баёнот диҳем. Гузашта аз ин, муфаттиш изҳор намуд, ки аз даъват намудану суҳбат кардан бо қисмати боқимондаи муроҷиаткардаҳо худдорӣ мекунад ва фақат нисфи онҳоро даъват хоҳад кард! Чаро бояд чунин кунанд? Шояд ба хотири он, ки шумораи муроҷиинро ба ҳаддиақалл расонанд??? Бояд мутазаккир шуд, ки пушти ҳар як имзою муроҷиати шаҳрванд аъзои оилаи ӯ ва тақдиру сарнавиште истодааст! Пас мо бояд нисбати тақдиру сарнавишти инсоне, фарде, шаҳрванде, андозсупоре, умедворе, тақдири худро ба дастихудгирандае, адолатпешае, ҳақиқатҷӯе бояд бепарво бошем??? Гумонамон, на!

Ногуфта намонад, ки ин қазия қазияи печидаю мураккабтар аст ва он дар доираи як ва ё ду талабу тақозо ва ё ниёзу эҳтиёҷе намеғунҷад. Гузашта аз ин, мо бояд маҳз ба тамоми 13 (сенздаҳ) суоли матраҳамон посухи қаноатмандона гирем, то дар маҷмӯъ адолати иҷтимоӣ барқарор гардад. Барои мо ироа ҳам шуд, ки гӯё қисме аз муроҷиин ва муддаъиён аз идома додани даъвои худ даст кашида, аз талабу тақозоҳои минбаъдаи худ "худдорӣ" намудаанд. Суоли матраҳи дигар он аст, ки чун қисмате аз мардуми маҳаллӣ нисбати худи раиси кумитаи маҳалла, муҳтарам Қаландаров Анвар, ки узви комиссияи корӣ буданд, низ норизоятҳое ҳам доранд, пас чаро муфаттиши гиромӣ сокинони маҳаллиеро, ки камсаводтару каммаълумоттар ва камҷуръаттаранд, вале хеле боақлу бофаросат, тавассути ҳамин раиси кумитаи маҳалла даъват намуда ва ҳам дар ҳузури худи ҳамин раиси кумита мавриди суҳбат, баёнотгирӣ ва саволу ҷавоб қарор медиҳад??? Охир худи раиси кумитаи маҳалла, муҳтарам Қаландаров Анвар низ узви яке аз ин комиссияҳои кории рафъи авоқиби офат буд, ки гуруҳе аз мардум аз кору фаъолияти онҳо ноқаноатманд ва норизо боқӣ монданд!!! Чаро вақте сухан дар бораи қонуншиканӣ аз ҷониби як шаҳрванди оддӣ равад, муфаттишину масъулини додситониҳо хеле ҷиддӣ ва фаъолтаранду агар сухан роҷеъ ба масъулини мақомоти иҷроия равад, тафтишоту санҷишот ба дарозо кашида мешавад ва роҳҳои шикастани руҳияи мудаъийин пеш гирифта мешавад??? Оё мақомоти додситонӣ пурра мутеъ ва тобеъи мақомоти иҷроияанд??? То ҷое, ки мо медонем, мақомоти иҷроия тобеъи қонунгузориҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқианд, назорати риояи мушаххас ва иҷрои якхелаи қонунҳо ба души додситониҳо вогузор шудааст! Пас мантиқ куҷо мемонад??? Моддаи 7 - уми Қонуни ҶТ "Дар бораи мақомоти прокуратура дахолати мақомоти давлатӣ ва масъулини расмиро ба фаъолияти мақомоти додситонӣ расман мамнӯъ эълон намудааст. Пас чаро масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии ш. Кӯлоб аз намояндагони расмии додситонӣ дар ҷаласаҳои худ дар ҳузури тамоми ширкатдорони ҷаласа мепурсанд, ки "Аз он 105 нафари дар ариза нисбати мо имзо карда, то имрӯз чанд нафарашон аз имзои худ даст кашидаанд?". Пас ин худ нақзи ҳуқуқи инсон ва қонуншиканӣ тавассути худи ашхоси расмию масъул нест ва боз дар ҳолате, ки ҳоло тафтишот нисбати масъулини худи ҳамин мақомоти иҷроия ба охир нарасидааст??? Суоли матраҳи дигар ин аст, ки агар инсон ҷиҳати таъмин ва барқарории адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқпоймолкуниҳо, қонуншиканиҳо ва ғайраю ҳоказо як навъ эътироз ва норизоятӣ баён намуда, бо риояи муқаррароти Қонуни ҶТ "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" амалҳои номатлуб, ғайримунсифонаи масъулинеро мавриди санҷишу тафтиш қарор диҳад, чаро ин гуна инсонҳоро, ки сирф талаби иҷтимоӣ доранд иғвогар меномем??? Ин гуна таъйинот дар кадом қонун ва ё санади меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва ё байналмилалӣ зикр гаштаанд???

ALAMI_03Мо худро воқеан ҳам аз ихлосмандон, мубаллиғин ва мушаввиқини кору пайкор ва фаъолиятҳои густардаи раисҷумҳур, сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем! Мо сиёсатҳои хориҷию дохилии сарвари давлатро пурра ва комилан мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор медиҳем! Даҳҳо маротиба худи сарвари давлат дар мулоқоту вохӯриҳо ва ҷаласаҳое, ки бо масъулини мақомоти иҷроияи сатҳҳои мухталиф доштанд, талабу дархостҳо карданд, ки бояд ниёзу эҳтиёҷоти мардум ба инобат ва эътибор гирифта шаванд ва бояд масъулини мақомоти иҷроия ягон муроҷиати шаҳрвандро мавриди камтаваҷҷуҳию камэътиборӣ қарор надиҳанд! Пас чаро ниёзу эҳтиёҷот ва талабу дархостҳои мо мардуми маҳаллӣ тавассути мақомоти иҷроия мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода намешаванд???

Даҳҳо маротиба оид ба ин қазияю мушкилот дар шабакаи байналмилалӣ, сомонаҳои "Родиёи Озодӣ" ва "Би-Би-Сӣ", рӯзномаҳои мӯътабари "Миллат", "СССР", "Фараж", "Азия-Плюс", "Пажвок" матлабҳо, аризаю муроҷиатҳои шаҳрвандон нашр гаштанд, пас чаро Ситод ва ҳам Ҳукумати ш. Кӯлоб дидаю дониста, фармони №622 - раҳбари давлатро оид ба вокуниши мақомот ва ашхоси масъулу расмӣ нисбати матлабҳо ва мақолаҳои таҳлилию танқидӣ, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, моҳҳою солҳо беҷавоб мемонанд??? Чаро ҷаноби Алимардон М. ва масъулини Ҳукумати ш. Кӯлоб на посухе мегардонанд ва на чораҳои мусмиру муассире дар ин робита меандешанд?? Ва ё чунин матлабу маводҳо ҷавоби саҳеҳу қонунӣ, ки надоранд, масъулин наметавонанд посухе интишор диҳанд!?

Мутобиқи тавсияҳои Раёсати Гузоришгари хосаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар робита бо маскану манзили кифоятгар, аз хонаю ҳавлӣ берун кардан ва ё кӯчонидани шаҳрвандон зимни боду ҳавои номусоид ғайримкон ва мамнӯъ аст. Гузашта аз ин, усулҳои асосӣ ва дастурҳои идорӣ, ки вобаста ба кӯчонидани аҳолӣ мебошанд дар асоси мулоҳизоти башардӯстона муқаррар кардаанд, ки ба шаҳрвандон бояд имконият фароҳам оварда шавад, ки талафот ва хисороти моддию ғайримоддии худро мавриди арзёбӣ ва санаднамоӣ қарор диҳад, то битавонад онҳоро ҷуброн намояд. Кодекси Шаҳрвандӣ, Кодекси Замин, Кодекси манзили ҶТ низ ҳамчунин зимни кашида гирифтани манзил ва онро холӣ намудан муқаррар намудаанд, ки бояд ҷуброн кардани талафоту хисорот дар асоси арзиш ва нархҳои бозаргонӣ ба роҳ монда шаванд! Ҳамин тариқ, дар ин маврид ҳам афзалияту бартарият маҳз ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи интихоби манзилу маскани нав ва фароҳамории шароиту муҳити баробар бо шароиту муҳити собиқ барои моликияти хусусӣ қойил шудааст!

Иловатан зикр карданием, ки мо нисбати ягон шахси алоҳида ғаразу кинаю адоват надорем, давлату миллатамонро хеле ва хеле эҳтиром мекунем, хосатан иқдомҳои сарвари давлат, раисҷумҳурро пуштибонӣ ва дастгирӣ дорем, вале дар сурати мусбат ҳаллу фасл нагардидани ниёзу эҳтиёҷот ва таъмину барқарор нагаштани адолати иҷтимоӣ нисбатамон, ки онро як навъ қонуншиканӣ ва ҳуқуқпоймолкунӣ медонем, омодаем ҷиҳати мусоидат намудан ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, Гузоришгари Хосаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳам Раёсати Комиссари Аршади СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон муроҷиатномаю санадҳоямонро фиристем, то бо такя ба Паймон (Конвенсия) - и байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар паймону санадҳое, ки мавриди тасдиқу тасвиб тавассути давлатмардонамон қарор дода шудаанд, тавонем аз ҳаққу ҳуқуқи худ дифоъ карда бошем!

Хулласи калом, дар натиҷаи то ин марҳила омада расидани қазияи мазкур мо мушаххас карда тавонистем, ки Ҳукумати ш. Кӯлоб дар робита бо холӣ кардани манзилҳо ва баъзан қисману баъзан пурра тахту ҳамвор кардани манзилу маскани мо қарор ва ё санаде расмию мушаххас надоштааст!

Мантиқан ва биноан талабу тақозо карда мешавад, ки;

1. Манзилҳои наве, ки тавассути ҳидоят ва дастурҳои раҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ва истифода барои сокинони осебпазиру офатрасидаи ш. Кӯлоб ҳадя шуда буданд, мавриди санҷишу тафтиши ҷиддию мушаххас қарор дода шуда, манзилу масканҳои "тасодуфан" ба ашхоси зарарнадида ва ё аз маҳаллаҳои дигар соҳибшуда "туҳфа" - шуда ба аҳолии серфарзанду хоҷагиҳои сертаркибу сероилаи маҳаллаи селобзада тӯҳфа карда шавад, то бадин тариқ битавонем ҳам адолати иҷтимоиро таъмину барқарор намоем ва ҳам пеши роҳи сӯистифода аз футуввату ҷавонмардиҳои раҳбари давлатро тавассути баъзе масъулини маҳаллӣ бигирем!!!

2. Модоме, ки қисмате аз манзилу маскани собиқи шаҳрвандон ғайримунсифона ва бидуни санаду қароре аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии ш. Кӯлоб тахту ҳамвор ва валангор шудаанд, бо назардошти нарху арзишҳои иқтисоди бозаргонӣ ин талафоту хисорот комилан ҷуброн ва барқарор карда шаванд!

3. Нисбати нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ш. Кӯлоб вобаста ба баъзе моддаҳо ва муқаррароти Сарқонун, Қонуни ҶТ "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон", Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳифзу ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табиӣ ва техногенӣ дошта, Кодекси Замини ҶТ, Кодекси Манзили ҶТ, Кодекси Шаҳрвандии ҶТ мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии ш. Кӯлоб барои мо посухи масъулонаю расмие ироа намояд.

4. Аз тахту ҳамвор намудани минбаъдаи манзилу масканҳои собиқи осебпазирону офатрасидаҳо дар ш. Кӯлоб худдорӣ шавад!

5. Қисме аз манзилу маскани тавассути раҳбари давлат тӯҳфа карда ҳоло ҳам бидуни қарори Ҳукумати ш. Кӯлоб оид ба шахсикунонии онҳо мондааст. Бо назардошти натиҷаҳои санҷиши додситонӣ, ки ба мо дастрас гаштааст, ин амал ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад ва бояд ин мардум пурра тавассути Ҳукумати ш. Кӯлоб бо қарорҳои махсус барои хусусикунонии манзилу масканҳои нави ҳадяшуда таъмин карда шаванд!

У. Исмонов

Ҷ. Алимӣ

С. Шарифов

Т. Қаландаров

О. Нурмадов

А. Сафаров

Р. Одинаев

Ф. Шукуров

Б. Қурбонов,

сокинони ш. Кӯлоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97