Аз Дивизияи 201 то раёсати ҷумҳурӣ 10 дақиқа роҳ аст: Манбаъи хатар ё омили субот?!

Сиёсат 21.12.2011 09:01

Оё оғуши ҳарбии Русия бехатар аст?

Diviziyai_201Вақте Президенти Русия Д. Медведев садо баланд кард, ки дар сурати аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бознигарӣ нашудани ҳукми халабонҳояш тадбирҳои мутавозину номутавозин дида мешавад, шояд дар пеши назари мо тоҷикон муҳоҷирони кориамон ва Дивизияи 201 - и тирандози русҳо пеши назар омад, мардумони бесилоҳ ва якчанд манзараҳои ногувори дигаре, ки аз солҳои нооромиҳо дар хотираҳо боқӣ монда.

Дар ҳамон шабу рӯз яке аз дигар сиёсатмадорони Кремл ишора ҳам дошт, ки алъон мо ба Дивизияи 201 ягон дастуре надодаем. Хушбахтона, мунозираи Тоҷикистону Русия каме паст шуд, аммо баъди ин баҳс, ки шояд дар эҷоди он нируи сеюм даст дошт, ба эътимоду боварҳои ду ҷониб нисбати якдигар таъсири нохуб гузошт. Дар он шабу рӯз мавзӯи аз қаламрави кишвар баровардани Дивизияи 201-уми Русия аз нав ба баҳсҳои расонаӣ кашида шуд. Ҳарчанд буду боши дивизияи 201-ум ва қисмҳои ҳарбии он дар минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа масъалаҳои байнидавлатӣ аст, аммо дар муҳокимаи ин масъала тез-тез афкори умум эҷод мешавад. Акнун ба ҳукми анъана медарояд, ки ҳар лаҳзае миёни Душанбе ва Маскав «ҳавои сард мевазад» мавзӯи баровардани «дивизияи 201-ум» гарм мешавад. Ҳарчанд андешаи ғолиб ин аст, ки дар шароити кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ аз баромадани ҳарбиёни Русия аз Тоҷикистон барои яке аз даст додани мавқеъ, барои дигаре суботи ҷомеа ва амнияти марзу буми кишвар унвон мешавад.  

Воқеан, аз ҳудуди маркази маъмурии Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа баровардани МСП-191-и Дивизияи 201-уми Русия мавзӯи нав нест. Боз ҳам ҳамсоягии дар ба девори ин Полки ҳарбӣ бо Муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа суолҳои гуногунро атрофи ҳар гуна ҳодисаҳои эҳтимолӣ пайдо мекунад. Мусаллам аст, ки нақшаи сохтмони ин ду бино замоне татбиқ ва бунёд шуда буд, ки он солҳо Полки мазкур нируи ҳарбии давлати вақт маҳсуб меёфт. Дар ҳоли ҳозир яке муассисаи ислоҳии давлати Тоҷикистону ҳамсояи дар ба девор бошад, қувваи ҳарбии вазорати мудофиаи ба гуфте шарики стратегиамон - Русия аст. Аз ҳамсоягии муассисаи ислоҳии Қӯрғонтеппа ва Полки ҳарбии Дивизияи 201 дар поёнтар мегӯем, алъон даъвои маъмурияти Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав барои бозпас гирифтани бинои хобгоҳи №2-ро меорем.

Ҳуқуқ ва имконият

Нақшаи ҷуғрофии «МСТ-191»-и Двизияи 201-уми Русия сурати доси русиро мемонаду ҳудудҳои се адад манзили истиқоматӣ, муҳимтарин маҳбаси Тоҷикистон, суду прокуратураи ҳарбӣ ва коллеҷи технологии шаҳри Қӯрғонтеппа мавзеи дар домани ӯ мондаро. Дар давоми 20 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷуғрофияи «МСТ-191»-и Дивизияи 201-уми Русия як миқдор васеъ шудааст. То соли 1997 дар ҷойи бинои Прокуратура ва Суди ҳарбии маркази вилоят, Полки зудамали Маҳмуд Худойбердиев ҷойгир буд. Маҳмуд аз ҳисоби заминҳои атроф марзи Полки худро васеъ карда, ҳатто як қисми қитъаҳои замини қаламрави Полки тирандози 191-и Дивизияи 201-умро ҳам аз худ карда буд. Баъдан Полки Маҳмудро ба собиқ омӯзишгоҳи касбии техники №19-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кӯчониданд. Имрӯз дар бинои собиқ Полки зудамали вазорати мудофиа идораҳои суду прокуратураи ҳарбӣ фаъолият менамоянд. Аммо як қисми заминҳои атрофи он барои бунёди шаҳраки ҳарбӣ ба ҳудуди «МСП-191» (Мотострелковый Полк) Дивизияи 201-ум ҳамроҳ карда шудааст. Ҳамчунин дар чанд соли охир бинои №2 хобгоҳи донишҷӯёни ДДҚ ба номи Носири Хусрав ҳам ба қаламрави «МСП-191»-и Дивизияи 201-уми Русия ҳамроҳ карда шудааст.

Мавқеи ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Тағойбобо Шукуров, ректори ДДҚ ба номи Н. Хусрав чанд соли охир кӯшиши бозпас гирифтани марзу биноҳои аз ҳудуди марзии донишгоҳ баровардашударо дошт. Зеро бо мурури замон талаботи донишҷӯён ба хобгоҳ зиёд шуда, дар ҳоли ҳозир ҳатто баъзе донишҷӯёни тариқи квота таҳсилдошта ҳам эҳтиёҷ ба хобгоҳ доранд. Тибқи иттилои маъмурияти Донишгоҳи мазкур айни замон дар ДДҚ ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа 519 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 308 нафар духтарон тариқи квотаи президентӣ таҳсил доранд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 310 нафар ба хобгоҳ таъмин шудаанду халос. Маъмурияти донишгоҳ даъвои намояндагони ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоятро бобати таъмини донишҷӯёни квотадор бо хобгоҳ қонеъ карда наметавонанд. Исломиддин Қараев, ҷонишини ректор иброз дошт, ки «мо бо мақсади он ки дар сурати кӯчонидани Полки ҳарбӣ ба дигар ҷой бинои хобгоҳи донишгоҳро ба истифодаи дигарон надиҳанд, мо пешакӣ ба мақомот муроҷиат кардем. Аммо маълум шуд, ки муҳлати шартномаи иҷораи бинои донишгоҳ ба Вазорати мудофиаи Русия соли 2013-ум ба анҷом мерасад. Хайр мунтазир мешавем, агар баъди фаро расидани муҳлати шартнома ҷониби Русия он биноро баргардонад, мо талаб мекунем, ки танҳо ба тавозуни ДДҚ баргардонида шавад». Аммо иҷораи он бино дар асоси шартномаи байнидавлатӣ ба имзо расидааст ва сохтору идораҳои маҳаллӣ ҳуқуқи дахолат кардан ба онро надоранд.

Аз шухиҳои мардумӣ

Оид ба ин мавзӯъ як нафар аз зиёиёни Қӯрғонтеппа як шухии сиёсӣ кард: «Дар қонуни физикӣ гуфта мешавад, ки ҷисмҳо дар натиҷаи гармӣ васеъ шуда, бар асари сардӣ баръакс хурд мешаванд. Хайр Дивизияи 201-ум ҳам ҷойи гармро ёфта, оҳиста - оҳиста ҳудуди худро васеъ кардааст». Омӯзгор афзуд: «Ман шухӣ кардам, умуман ин мавзӯъ дар сатҳи байнидавлатӣ ҳал мешавад. Мардум бошанд, фикру андешаҳояшонро мегӯянд».

Мавқеи шаҳрвандӣ

Маҳмаднабӣ Бобоев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа иброз медорад, ки воқеан дар як ҷой будани муассисаи ислоҳии мо бо қисми ҳарбии як кишвари хориҷӣ ҳарчанд нируи башардӯстона ҳам бошад, дуруст нест. Аммо ҷониби Тоҷикистон барои дар дигар мавзеъ чунин як муассисаро бунёд кардан, шояд мушкили иқтисодӣ дошта бошад, аммо Полки русҳоро метавон дар ягон майдони аз аҳолӣ дури вилоят ҷойгир кард. Агар таърихи бунёду ҷойгиркунии маҳбас ва Дивизияи 201-ум -ро ёдовар шавем, он солҳои 60-ум шояд пештар аз он бошад, ки Қӯрғонтеппа як деҳаи аҳолинишинро мемонд. Имрӯз инҷо як шаҳр аст ва дар баробари ин нақшаи генералии шаҳр татбиқ шуда истода, бояд кӯчаю хиёбонҳои шаҳри ояндаи мо мисли шаҳрҳои Аврупо шавад. Ҳарчанд дар кӯчонидани маҳбас ва қисми ҳарбӣ шитоб кардан набояд, аммо зарурият дорад, ки дар 10-15 соли оянда лоақал яке аз онҳоро ба дигар ҷой кӯчонид.

Ҳокимияти шаҳри Қӯрғонтеппа

Бинобар гуфтаи Қурбонбой Муллоев, мудири шуъбаи меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа як бинои хобгоҳ ДДҚ ба номи Н. Хусрав ба муҳлати 10 сол ба Полки ҳарбии Дивизияи 201-уми Русия иҷора дода шудааст. Дар он солҳо бинои мазкур ва атрофи он вайрону валангор шуда, бекор хобида буд. Имрӯз он биноро ҷониби Дивизияи 201-ум ободу зебо кард. Ҳар вақте ки шартномаи иҷора ба охир расид, бинои мазкур ба тавозуни пешинааш баргардонида мешавад.

Темур Ҷамолов, сармутахассиси бойгонии кумитаи заминсозии шаҳри Қӯрғонтеппа ба мо санадеро аз таъихи 27 феврали соли 2003 оид ба шартномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия нишон дод. Дар асоси он шартнома бинои №2 ДДҚ ба номи Н. Хусрав ба муҳлати 10 сол ба Дивизияи 201-ум ба иҷора дода шудааст. Масоҳати мавзеи ин бино 45 сотихро ташкил медиҳад. Алъон маълум нест, ки баъди анҷоми шартнома он аз нав баста мешавад ва ё бинои собиқ хобгоҳи донишҷӯён ба тавозуни ДДҚ ба номи Н. Хусрав баргардонида мешавад.

Муассиса ва Полки тирандозии 191- дивизияи 201-ум

Собиқадорони мақомоти қудратии минтақа ба ёд меоваранд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар боре аз ҳудуди маркази вилоят баровардани ин муассисаи ислоҳӣ матраҳ шуда буд, аммо баъдан ин масъала ба таъхир монд.

Kumitai_islohiМуассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дорои низомҳои умумӣ, низоми сахт ва махсус буда, аз муҳимтарин маҳбасҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин боздоштгоҳи муваққатии минтақа низ дар назди ҳамин колонияи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Аз тарафи даромадгоҳи асосӣ колонияи ислоҳии Қӯрғонтеппаро аз Полки ҳарбии Дивизияи 201-ум се дарвозаи манзилҳои истиқоматӣ ҷудо мекунад. Аммо аз поёни ин манзили шаҳрвандон муассисаи ислоҳӣ ва қисми ҳарбии русҳоро як девор ҷудо мекунад.

Кори осоне нест, аммо

Ҳабибулло Азимов, ёрдамчии прокурори назорати иҷроиши Қонунҳо дар колонияҳои ислоҳии Хатлон иброз медорад, ки масъалаи аз ҳудуди шаҳр баровардани муассисаи ислоҳӣ чанд соле пештар пайдо шуд, аммо ин масъала расмӣ матраҳ нашудааст. Воқеан ҳам ҷойивазкунии ин ду сохтор кори осон нест, ки дар як солу ду сол ҳалли худро ёбад. Аммо зарурияти кӯчонидани лоақал яке аз ин биноҳо ба мавзеи дигар ҷой дорад. Аммо ин корҳо харроҷоти ҳангуфт талаб мекунад.

Хулоса, ба дигар мавзеъ кӯчонидани яке ё ҳардуи ин ҳамсояҳо- Муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Полки тирандози 191-и Дивизияи 201-уми Русия масъалаест, ки дар сатҳи давлатӣ ҳаллу фасл мешавад. Кадом аз ин ду роҳи ҳалли масъаларо интихоб кунем, мушкилиҳои гуногуни иқтисодию шояд ангезаҳои сиёсиро низ дар пай дошта бошад. Агар яке аз ин муассисаҳо ба дигар ҷой кӯчонида шавад, барои он аз ҳисоби ин ё он давлат харроҷоти зиёд мебояд. Ин харроҷот аз буҷети давлатҳо аст ва мардуми он кишвар ҳуқуқ доранд даъво пеш оварад, ки чӣ зарурияте барои ин тадбир пеш омадааст.

Аз ҷониби дигар ба ҳолати пештара бетағйир мондани ин ҳамсоягӣ баҳсу андешаҳои ихтилофию аммо ҷолиби диққатро эҷод мекунад; Чаро дар паси девори маҳбаси як давлат Қушунҳои ҳарбии як давлати хориҷӣ ҷойгир бошад? Ҳарчанд агар ин нируи хайрхоҳ ҳам бошад.

Ё метавон бовар кард, ки ин мавзӯъ зарурият ба нигаронӣ надорад ва ҷонибҳо ба боварии ҳамдигар сазоворанд? Пас оё метавон мардумро мутақоид кард!?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97